САФАРИ РАСМИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ДАВЛАТИ КУВАЙТ

№64 (3544) 19.05.2016

27030198475_d7007b3004 2_o(Идома аз шумораи гузашта)

15 майи соли равон дар шаҳри Ал-Кувайт мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси Уммаи Давлати Кувайт Марзуқ ал-Ғоним баргузор шуд.

Дар он вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Кувайт мавриди баррасӣ қарор гирифт.

«Мо ҳамкории судманди байнипарлумониро ҳамчун рукни таркибии раванди таҳкими равобити умумии дуҷониба ва таъмини манфиатҳоямон дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ медонем», — таъкид дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳар ду ҷониб аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки равобити муосири сиёсии Тоҷикистон ва Кувайт марҳила ба марҳила сатҳ ва мазмуни воқеӣ касб карда, ҳамкории байнипарлумонӣ қисми муҳим ва таркибии муносибатҳои сиёсии дуҷонибаро ташкил медиҳад. Инчунин, ба нақши парлумонҳои ҳар ду кишвар дар таҳкими равобити дӯстона баҳои воқеӣ дода, барои дар оянда боз ҳам фаъолтар кардани муносибатҳои дуҷонибаи байнипарлумонӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯбаи гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Кувайт таклифу пешниҳодоти судманд баён гардид.

Ҳар ду ҷониб доир ба хатару таҳдидҳои нави ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва мусоидат ба раванди таъмини амнияту суботи кишвари Афғонистон табодули афкор намуданд.

15 майи соли равон дар шаҳри Ал-Кувайт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини аввали Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт шайх Сабоҳ ал-Холид ал-Ҳамад ас-Сабоҳ мулоқот кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки робитаҳои сиёсӣ байни ду давлат дар айни замон нек ва судманд ба роҳ монда шуда, Тоҷикистону Кувайт дар доираи сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла дар доираи узвият дар Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Исломӣ, Ҷомеаи давлатҳои араб ва Муколамаи ҳамкории Осиё муносибатҳои сатҳи баланд доранд.

Таъкид шуд, ки ҷониби Тоҷикистон нақшу ҷойгоҳи Давлати Кувайтро дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ баланд арзёбӣ намуда, онро аз ҷумлаи шарикони муҳими худ дар олами кишварҳои араб медонад.

Доир ба иштироки ҷониби Кувайт дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги гидроэнергетикӣ, бунёди хатҳои интиқоли неруи барқ ва дигар лоиҳаҳои инфрасохтории Тоҷикистон, тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва беҳтаргардонии кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ ҳар ду ҷониб таклифу пешниҳодоти судманд ба миён гузоштанд. Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба тақвияти ҳамкориҳо дар самти мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ ва ифротгаройӣ, амнияту суботи минтақавӣ, хусусан ҳаллу фасли ҳамаҷонибаи қазияи Афғонис­тон, эҳёи сулҳу субот ва ҳаёти осоиштаи иқтисодию иҷтимоӣ дар ин кишвари минтақа табодули афкор намуданд.

 Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Кувайт нимаи дуюми 15 майи соли 2016 дар толори бузурги Девони Амир баргузор гардид.

Зимни вохӯрии самимию дӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ ва Валиаҳд Шайх Навоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ маҷмӯи васеи масоили рушду густариши муносибатҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози музокироти дуҷониба чунин изҳор дошт: «Мақсад аз кӯшишҳои мо дар самти тақвияти минбаъдаи робитаҳои сиёсӣ, пеш аз ҳама, гузаш­тан ба марҳилаи нави муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҷанбаҳои гуногуни ҳаёт мебошад».

Зимни суҳбати созанда ва дӯстонаи тарафҳо таъкид шуд, ки табодули мунтазами боздидҳо ва тамосҳои доимӣ дар сатҳи олию баланд омили муҳими тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Кувайт мебошанд.

Баргузории машваратҳои сиёсии доимӣ василаи дигари рушду тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт арзёбӣ гардид ва пешниҳод шуд, ки ин иқдом дар оянда низ дастгирӣ ёфта, ҳар сол баргузор шаванд.

Доир ба тақвияти муносибатҳои байнипарлумонӣ ва заминаҳои қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои ду давлат низ табодули афкор сурат гирифта, ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандии худро барои ҷалби бештари сармояи Кувайт дар бахшҳои гуногуни ҳаёти иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон таъкид намуд.

Тавсеаи минбаъдаи робитаҳо дар соҳаҳои варзиш ва туризм, илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар бахшҳои афзалиятдоштаи соҳаи иҷтимоии ду кишвар омили муҳими таҳкими заминаҳои иҷтимоии дӯстии безаволу бародарии байни мардумони Тоҷикис­тон ва Кувайт арзёбӣ гардид.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти хосаи сарони давлатҳо ва ҳайатҳои васеи ҳар ду кишвар дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ шаш санад ба имзо расид:

- Протокол дар бораи доир намудани машваратҳо байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Кувайт;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкории амниятӣ;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маълумоти олӣ ва таҳқиқоти илмӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба алоқаи ҳавоӣ;

- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Кувайт оид ба рушди иқтисодиёти араб.

Дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 майи соли ҷорӣ бо собиқ Сарвазири ин давлат шайх Носир Муҳаммад ас-Сабоҳ мулоқот кард.

- Дар Тоҷикистон Шуморо ҳамчун ходими барҷаставу муваффақи сиёсиву давлатии Кувайт, олами Ислом ва арсаи ҷаҳонӣ мешиносанд ва таҷрибаи фаъолияти сиёсии Шумо дар маснади Сарвазири Кувайт шоистаи ибрату таҳсин аст, — изҳор дошт Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Бо дарназардошти мавҷудияти имконият ва заминаҳои зарурӣ ҷалби сармоя ва технологияҳои пешрафтаи Кувайт дар амалӣ гардонидани лоиҳаҳои иқтисодии Тоҷикистон, бунёди инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсоли металлҳои ранга, аз ҷумла қалъагӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тавлиди молҳои саноатии мавриди ниёзи мардум ва сайёҳӣ муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ шуд.

Ҳамчунин доир ба муҳимтарин масоили минтақавӣ, аз ҷумла таъмини амнияту субот дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва мубориза ба муқобили терроризму ифротгаройӣ табодули афкор шуд.

15 майи соли равон дар шаҳри Ал-Кувайт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, намояндаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқ мулоқот кард.

Зимни мулоқот масоили марбут ба идомаи манфиатбахши ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди байналмилалии хайрияи исломии Кувайт мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре таъкид гардид, суҳбату музокироти сатҳи олии ду ҷониб ва санадҳое, ки дар чаҳорчӯбаи ду сафари қаблӣ ва сафари навбатии расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт ба имзо расидаанд, заминаи созандаи сиёсӣ ва ҳуқуқии ҳамкории дуҷонибаро таъмин карда, барои фарогирии доираи бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ имконияти васеъ фароҳам овардааст.

Ҳар ду ҷониб омодагию ҳавасмандии хешро барои дар оянда ба сатҳу сифати беҳтару хубтар расонидани ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳими соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ таъкид намуданд.

 15 майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазири Девони Амири Давлати Кувайт шайх Носир Сабоҳ ал-Аҳмад ас-Сабоҳ мулоқот кард.

Ҷонибҳо доир ба иштироки доираи соҳибкории Кувайт дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки гидронэнергетикӣ, нақлиёту коммуникатсионӣ ва коркарди канданиҳои фоиданоки кӯҳии Тоҷикистон табодули афкор карданд.

Ҳамчунин, масоили саҳмгузории фаъол дар бунёди корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорию асалпарварӣ, содироти меваю сабзавоти хушсифат ва оби нӯшокии босафои Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бо дарназардошти имконоти бузург ва таҷрибаи беҳамтои Давлати Кувайт дар бахши сармоягузорию соҳибкорӣ изҳори умедворӣ шуд, ки иқтидору имконоти мавҷудаи рушди муносибатҳо ба нафъи ҳар ду ҷониб истифода гардида, дар ояндаи наздик тарҳҳои муштараки зиёд дар соҳаҳои афзалиятнок амалӣ хоҳанд гашт.

Субҳи 16 майи соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони доираҳои соҳибкорию молиявии Давлатии Кувайт мулоқот намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ ­Раҳмон бо истифода аз ҳузури доираи васеи намояндагони ширкатҳои Кувайт ба хотири таҳкиму тавсеаи муносибот оид ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон ва имкониятҳои он андешаронӣ намуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон имрӯз дар чаҳорчӯбаи стратегияи дарозмуҳлати рушди миллӣ барномаҳои калон ва судовари иқтисодиро амалӣ менамояд, ки татбиқашон ҷалби сармояи бештари хориҷиро тақозо дорад.

Баъди баромади пурмуҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба имкони сармоягузорӣ ва таҳияи лоиҳаҳои муштараки судовар аз номи соҳибкорону тоҷирони Давлати Кувайт раиси Палатаи савдо ва саноати Кувайт Саид Алӣ Синён ал — Ғоним суханронӣ карда, пеш аз ҳама, ба мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон ва имкониятҳои фарохи иқтисодии он дар Осиёи Марказӣ ва минтақа баҳои баланд дод. Изҳори умед карда шуд, ки дар оянда бо истифода аз имкониятҳои истифоданашуда лоиҳаҳои иқтисодию тиҷоратии гуногун таҳия ва ба нафъи ду кишвар татбиқ карда мешаванд.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, пешниҳодҳои сармоягузорони кувайтиро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории муфид дар рушди соҳаи туризм, махсусан туризми кӯҳӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок омӯзад ва дастгирӣ намояд.

16 майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии Кувайт бо устодону донишҷӯён суҳбати самимӣ ва хотирмон доир кард.

Сарвари давлати Тоҷикистон ­Эмомалӣ Раҳмонро устодону донишҷӯён бо самимияти хоси истиқболи меҳмонони олимақом пазироӣ карданд.

Зимни ин вохӯрӣ нашри арабии ҷилди чоруми китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» муаррифӣ карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки ин китоби пурарзиши таърихӣ бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт зери назари арабшиноси шинохта Нарзулло Назаров ва тарҷумаи арабии Акрам Каримов дар нашрияи Матобеъ ал — Аҳроми Кувайт чоп гардидааст.

Баъди истиқболи самимии меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлисгоҳи ин муассисаи олии таълимӣ ректори Донишгоҳи давлатии Кувайт доктор Ҳусейн Ансорӣ, декани факултаи адабу ҳунар доктор хонум Суод Абдулваҳод ва мудири шуъбаи таърих доктор Ҳодӣ Носир ал-Аҷмӣ дар бораи пуштибонии чеҳраи барҷастаи сиёсии олам, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз исломи ноб дар созмонҳои бонуфузи сайёра, ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи об, тарҷумаи китоби «Қуръон» ва ба мардум дастрас кардани он ва дигар талошҳо баҳри таҳкими муносибатҳои илмӣ, оид ба аҳамияти таърихии китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» баҳри ба ҷаҳониён муаррифӣ кардани фарҳангу тамаддуни бою қадимаи мардуми тоҷик андешаронӣ намуданд. Баромадкунандагон дар бораи шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои ӯ дар равшан кардани таърихи тоҷикон сухан карда, Сарвари давлати Тоҷикистонро ҳамчун муаррихи маъруф муаррифӣ намуданд.

Ҳамчунин, ба ҳозирин филми кӯтоҳмуддати мустанад оид ба фарҳанги оламшумули тоҷикон, оинҳои неки наврӯзи ҷаҳонӣ ва ташаббусҳои Тоҷикистон барои ҷаҳонишавии ин ҷашни ниёгон намоиш дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Эмомалӣ Раҳмон дар назди устодону шогирдони ин даргоҳи илм бо нутқи пурмуҳтаво баромад кард.

Сарвари давлати Тоҷикистон ­Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба созмондиҳандагони ин маҳфил, аз ҷумла ба роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Кувайт ва Шӯрои миллии фарҳанг, ҳунар ва адабиёт, хусусан, мудири кулли он ҷаноби Алӣ Ювҳа арзи сипос ва қадрдонӣ намуд.

Роҳбарияти донишгоҳ ба хотири қадршиносӣ аз саҳми арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду густариши ҳамкорӣ дар соҳаи илму маърифат байни кишварҳо ба Сарвари давлати Тоҷикис­тон ­Эмомалӣ Раҳмон рамзи Донишгоҳи Кувайт ва албоми аксу мусаввараҳои нашри Кувайт ба муносибати 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим карданд.

Пас аз анҷоми чорабинӣ оид ба муаррифии нашри арабии китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар назди донишгоҳ намоишгоҳи Тоҷикистон кушода шуд, ки онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ ифтитоҳ намуд.

Зимни тамошои он ҳайати ҳамроҳи Сарвари давлати Тоҷикистон ва намояндагони корпусҳои дипломатиии муқими Кувайт аксу мусаввараҳои табиати зебову нотакрори Тоҷикистонро тамошо карданд.

Дар намоишгоҳ барои муаррифии кишвари биҳиштосои мо гӯшаи китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, расму мусаввараҳои гуногуни инъикосгари таъриху тамаддун, фарҳанги оламшумули тоҷикон, меваҳои шаҳдбор ва хушкмеваҳо ва либосу асбобҳои миллӣ ташкил карда шуд.

Меҳмонон аз тамошои манзараҳои Тоҷикистон ва муаррифии китоби  «Тоҷикон дар оинаи таърих» таассуроти нек бардоштанд.

Дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт дар Маркази тиҷоратӣ — фароғатии «Авеню» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо директори генералии «Маҷмуату шарикот ал — Шоеъ» Муҳаммад Ҳамад ал-­Шоеъ мулоқот кард.

Дар вохӯрӣ бо ин соҳибкор, ки яке аз тоҷирони маъруфи Кувайт ва мамолики Халиҷ мебошад, барномаҳои иқтисодии Тоҷикистон дар соҳаҳои энергетикаи миёна ва хурд, саноати ранга, сабук ва хӯрокворӣ, сохтмон, кишоварзӣ, коммуникатсия, муаррифӣ ва зарурати ҷалби сармояи кувайтӣ барои татбиқи онҳо ба миён гузошта шуд.

Таъкид гардид, ки тарҳу лоиҳаҳо дар соҳаи иктишофу истихроҷи канданиҳои фоиданок, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, фаъолияти бонкиву суғуртавӣ ва ғайра метавонад барои ширкатҳои Тоҷикистону Кувайт хеле судовар бошад.

Имкони ҷалби қувваи корӣ ва дар сохт­мони коллеҷу муассисоти иҷтимоӣ ва маърифатӣ омода намудани мутахассисони касбии тоҷик кори ниҳоят судманд ва яке аз роҳҳои дигари ҳамкорӣ номида шуд.

Дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо мудири бахши хабарии телевизиони Давлати Кувайт Бандар Насир ал-Саидӣ мусоҳиба анҷом дод.

Сарвари давлати Тоҷикистон ­Эмомалӣ Раҳмон ба суолҳои хабарнигорон оид ба самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҳукумати кишвар, густариши робитаҳо бо мамлакатҳои арабӣ, аз ҷумла Давлати Кувайт, натиҷаҳои мулоқотҳои расмии Сарони кишварҳо баҳри пешбурд ва таҳкими ҳамкорӣ, талошҳои муштараки Тоҷикистон ва Кувайт оид ба ҳалли қазияҳои минтақа ва ҷаҳон посухҳои мушаххас дод.

Фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, мундариҷаи санадҳои ҳамкории имзошуда, нақши равобити иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар расидан ба манфиатҳои муштарак, дурнамои неки ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори туризм, ҷалби сармояи Кувайт ба бахши хусусӣ, натиҷаҳои муносибатҳои 20 — солаи дипломатӣ ва дурнамои он низ аз мавзӯъҳои мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори кувайтӣ буд.

Сарвари давлати Тоҷикистон ­Эмомалӣ Раҳмон зимни посух ба суолҳо оид ба вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо Давлати Кувайт таъкид дошт, ки Тоҷикистон ва кишварҳои арабро анъанаҳои деринаи муносиботи нек ва равобити таърихӣ, ки аз тааллуқ доштан ба фазои ягонаи тамаддунӣ ва муштаракоти зиёди иҷтимоию фарҳангӣ бармеоянд, бо ҳам зич мепайванданд.

Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти таваҷҷуҳи роҳбарияти олии Давлати Кувайт ва доираи соҳибкорон ба густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ дурнамои онро ояндадор ва барои кишварҳо бобарор арзёбӣ кард.

Ба андешаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ бо Давлати Кувайт — ташкили корхонаҳои муштараки саноатӣ, интиқоли оби нӯшокӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, нафту газ, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи бонк, андоз, сармоягузорӣ ва муносибот дар соҳаҳои илм, фарҳанг ва маориф метавонад бошад.

Ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт, мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, ки 15 май оғоз ёфт, дар васоити ахбори оммаи ин кишвари арабӣ, бахусус тавассути телевизион ва радио ба таври васеъ инъикос гардид.

 17 майи соли 2016 баъди анҷоми сафари расмӣ ба Давлати Кувайт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ватан баргашт.

Мавриди зикр аст, ки дар анҷоми сафар бо нишони эҳтироми самимӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Амири Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Ал-Кувайт гусел намуд.

Маросими расмии гусели меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар толори бузурги фурудгоҳи байналмилалии Ал-Кувайт баргузор гардида, ба ин хотир ҷузъҳои Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасии амирӣ саф оростанд.

  www. president. Tj