Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Баҳрайн

№55 (3201) 28.05.2014

Бисту ҳафтуми майи соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари расмӣ ба Шоҳигарии Баҳрайн сафар кард.

Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон, вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, вазири молия Абдусалом Қурбонов, вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбеков, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нусратулло Салимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ Нурмаҳмад Ахмедов ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

www.president.tj