Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Таиланд ва Ҷумҳурии Халқии Хитой

№60-61 (3045-3046) 21.05.2013

17 майи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Шоҳигарии Таиланд ва Ҷумҳурии Халқии Хитой рафт.

Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири молия Сафаралӣ Наҷмуддинов, вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Зимни сафар Сарвари давлати Тоҷикистон нахуст аз Шоҳигарии Таиланд боздиди расмӣ анҷом медиҳад. Мулоқотҳои судбахш бо Подшоҳи Таиланд Рама 9 Пумипон Адулядет, Сарвазири ин кишвар Йинглак Шинаватра ва Раиси Сенати Парлумони Шоҳигарии Таиланд дар назар аст. Ҳамчунин як зумра санадҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла созишномаи байниҳукуматӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя ва баёния аз натиҷаҳои сафари расмӣ ба имзо мерасад.

Дар Шоҳигарии Таиланд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар Форуми дуввуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором дар мавзуи «Амнияти вобаста ба об ва таҳдидҳои офатҳои табиии марбут бо об» иштирок ва суханронӣ карда, бо чанде аз иштирокдорони ин ҳамоиш мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад. Вохӯриҳои дуҷониба, аз ҷумла бо Президенти Бонки Осиёии Рушд Такехико Накао ва ёвари Дабири кулли СММ, Котиби иҷроияи Комиссияи масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ин созмон барои Осиё ва уқёнуси Ором Ноэлин Ҳайзер дар назар аст.

Зимни сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Халқии Хитой бошад, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси ин давлат Си Ҷинпин, Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси Умумихитойии намояндагони мардумӣ Чжан Дэҷян, муовини якуми Сарвазири Шӯрои давлатии Хитой Чжан Гаоли, Раиси Шӯрои мудирони Бонки давлатии рушди Хитой Ху Хвэйбан, Президенти Бонки содироту воридоти Хитой Ли Жео Гу ва Губернатори музофоти Хэнан Се Фучжан мулоқотҳо анҷом хоҳад дод.

Дар Ҷумҳурии Халщии Хитой ҳамчунин интизор меравад, ки беш аз 10 санади нави ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба имзо расад. Дар миёни онҳо Эъломияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Хитой, созишномаи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодӣ-техникӣ ва санадҳои дигар доир ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, бонкдорӣ, сайёҳӣ ва маблағгузории лоиҳаҳои нави зербиноӣ хоҳанд буд.

Таъкид бояд дошт, ки бо барқарор шудани муносибатҳои шарикии стратегӣ дар таърихи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Хитой саҳифаи тозае боз хоҳад шуд.

www.prezident.tj