Шиносойӣ бо Маркази омӯзишии шоҳи Таиланд доир ба рушд

№60-61 (3045-3046) 21.05.2013

33

18 майи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Форуми дуввуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором дар мавзуи «Амнияти вобаста ба об ва таҳдидҳои офатҳои табиии марбут бо об» аз пойтахти Шоҳигарии Таиланд шаҳри Бангкок ба шаҳри Чиангмай омад.

Дар ин шаҳр Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар форуми мазкур иштирок ва суханронӣ карда, бо чанде аз иштирокдорони воломақоми ин ҳамойиш мулоқотҳои дуҷониба анҷом дод.

Дар Чиангмай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Маркази омӯзишии шоҳи Таиланд доир ба рушд ташриф оварда, бо таҷрибаҳои пешқадами кишоварзону ҷангалпарварони ин кишвар бевосита шинос шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, 30 сол пеш дар ин мавзеи фарох бо ибтикори шоҳи Таиланд барқарорсозии ҷангалҳои талафёфта ва бунёди ҷангалҳои нав оғоз ёфта будааст. Тайи ин солҳо дар ин ҷо на танҳо ҷангалзор барқарор гардидааст, балки шумораи ҳайвоноту паррандагон низ хеле афзудааст. Дар ин ҷо таҷрибаҳои нодире, ки барои бунёди обанборҳои захиравӣ, обёрии қатрагии ҷангалзор, ҳифзи табиат аз сӯхтор тавассути ҳамеша намнок нигоҳ доштани замин, парвариши зироату набототи гуногун, ҳайвоноту паррандагони нодир ва ҳамчунин чорводорӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ ва дигар фаъолиятҳои кишоварзӣ андӯхта шудааст, омӯзонда мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо ба нишони таҳкиму тақвияти дӯстию ҳамкории дарозмуддати миёни Тоҷикистону Таиланд як навниҳоли дарахти оҳанин шинонд.

www.prezident.tj