Ширкат дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои иштирокдори ИДМ

№67 (3368) 12.05.2015

12

Нимаи дуюми рӯзи ҳаштуми майи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои 70-солагии Ғалаба бар фашизм вориди шаҳри Москваи Федератсияи Россия шуд.

Худи ҳамон рӯз дар қасри Кремл мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмӣ сарони давлатҳои Беларус, Россия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ӯзбекистон ба ҳам омаданд.

Дар мулоқот масоили вобаста ба таҷлили шоиста аз пирӯзии бузург бар фашизми гитлерӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва арҷгузорӣ ба қаҳрамонию фидокориҳои мардумони ин қаламрав дар майдонҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ баррасӣ шуд.

Президенти Тоҷикистон пирӯзӣ бар фашизми гитлериро дастоварди таърихии мардумони ҳамаи кишварҳои мо ва чаҳорчӯби ИДМ-ро аз беҳтарин майдонҳои муколама миёни кишварҳои иштирокдори ин иттиҳод номида, изҳори боварӣ кард, ки ин созмон оянда ҳам идомабахши арзандаи анъанаҳои накуи кумаку дастгирии байниҳамдигарӣ хоҳад буд.

www.president.tj