Ташаббускории Президент боиси дар се сол иҷро шудани барномаи панҷсола гашт

№58 (3204) 03.06.2014

Якуми июни соли ҷорӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Боғи 15-солагии Истиқлоли Тоҷикистон, ки бунёдаш ҳашт сол пеш — 18 феврали соли 2006 бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат оғоз ёфта буд, ташриф овард.

 Тавре аён шуд, ин боғи 450-гектара пурра ба ҳосил омада, соли дуюм аст, ки аз он ҳазорон нафар баҳраваранд.

Аз 450 гектар 130 гектараш боғи навъҳои содиротии гелос аст, ки 100 гектараш ҳосилдеҳ шудаву 30 гектари дигар соли оянда ба ҳосил меояд.

Чунонки зикр гардид, ҳар як гектари боғ ба аҳли як оила иҷора дода шудааст ва ҳамин тариқ дар он беш аз 2400 нафар соҳиби кор мебошад. Дар мавсими ҷамъоварии ҳосил бошад, ҳар як иҷоракор боз 5-6 нафар қувваи кории иловагӣ мегирад, ки беш аз якуним ҳазор нафари дигар мешавад.

Тавре иттилоъ доданд, аз ҳар гектар боғи гелос то 6 тонна ва аз 100 гектар 600 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ мешавад, ки ҳосили хеле фаровон аст ва нисбат ба ғаллакории пешина даҳҳо баробар фоидааш зиёд аст.

Ба иттилои боғпарварон, ҳосили фаровони боғҳои гелос соли дуюм аст, ки ғайр аз бозорҳои шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон ба Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва дигар давлатҳо содирот мешавад. Соли 2013 аз ҳамин боғи 100-гектараи гелос беш аз 600 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намуда, зиёда аз 110 тоннаашро ба Россия ва Хитой содир намуданд. Имсол бошад, то имрӯз аллакай 170 тонна гелоси аълосифат ба хориҷи кишвар содирот шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид бо боғпарварон ва масъулини соҳа суҳбат намуда, доир ба ривоҷ додани ин таҷрибаи пешқадам, ҷалби сайёҳон ба ин боғ ва роҳҳои фоидаи бештар ҳосил намудан маслиҳатҳои муфид дод.

Аҳли заҳмати ин боғҳо ва мардуми атрофи он аз бунёди боғ дар ин заминҳои лалмӣ аз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки ташаббускори бевоситаи ин иқдоми наку аст, басо шоду сипосгузоранд, зеро ба гуфти худашон, пештар дар ин мавзеъҳо ғаллаи лалмӣ корида, аз он ҳосили ночиз мегирифтанд.

Дарвоқеъ маҳз ташаббускорӣ ва иштироки бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди боғу токзори нав ва эҳёи боғоти куҳна замина фароҳам овард, ки барномаи панҷсолаи рушди боғутокпарварӣ дар се сол иҷро шуда, 27 августи соли 2009 боз Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғутокпарварӣ барои солҳои 2010-2014» ба тасвиб расид. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки мутобиқи он дар майдони қариб 50 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд меёбад.

www.president.tj