Бисту ҳаштуми августи соли соли 2014 дар дараи Ромит Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Корхонаи парвариши гулмоҳӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои ривоҷу равнақ додани ин соҳаи сердаромад ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Чунонки иттилоъ доданд, ҳоло дар ҳавзҳои сунъии ин корхона беш аз 15 ҳазор дона гулмоҳӣ ва 50 ҳазор моҳичаи хурд парвариш меёбанд. Дар ин ҷо шаш намуд гулмоҳӣ мавҷуд аст, ки ду намудаш дарёии маҳаллӣ мебошад. Аз ҳама зебо гулмоҳии зарди тиллоранг аст.
Аз аввали соли равон аз ин ҷо беш аз се тонна гулмоҳӣ ба бозор пешниҳод ва ҳоло 15 тоннаи дигар барои фурӯш омода шудааст. Ҳар килограмми моҳӣ бо нархи 50 сомонӣ ба мизоҷон пешниҳод мешавад. Як гулмоҳӣ аз 2 то 5 кг вазн дорад.
Корхона ҳамчунин инкубатори худро дорад, ки дар он аз тухм моҳича бароварда мешавад.
www.president.tj