Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин

№51 (3197) 20.05.2014

IMG_1390 - копия

Нуздаҳуми майи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шанхай бо Раиси Ҷумҳурии  Халқии Хитой Си Ҷинпин мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили кунунӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Хитой баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «тайи 12 моҳи соли гузашта се маротиба баргузор шудани мулоқотҳои сатҳи олии миёни ду кишварро нишонаи ҳусни ният ва рушди босуръати муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории самарабахш» номид.

Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин Тоҷикистонро «ҳамсояи наку, дӯсти хуб ва шарики боэътимоди стратегӣ» номида, аз рушди ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун изҳори қаноат кард.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ду сол инҷониб ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Хитой аз ду миллиард доллари амрикоӣ боло меравад. Аз оғози кори як қатор ширкатҳои хитойӣ дар соҳаи саноати кӯҳии Тоҷикистон ва амалишавии таҷрибаҳои пешқадами кишоварзии хитойӣ ҳам изҳори хушӣ карда шуд.

Доир ба идомаи ҳамкории босамар дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия ва энергетика, аз ҷумла оид ба сохтмони роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, навсозии роҳҳои мошингард ва бунёди иншооти нави истеҳсоли неруи барқ ҳам гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Хитой изҳори хушӣ карда, таъкид дошт, ки мардуми ин кишвар ҳунари санъаткорони тоҷикро бисёр хуб пазируфтанд. Зикр гардид, ки Ҳукумати Хитой тасмим дорад, шумораи бурсияҳоро барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилотии ин кишвар, аз ҷумла дар соҳаи фарҳанг,  афзун намояд.

Атрофи рӯзномаи ҳамоиши Машварати ҳамгироӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Шанхай ва омодагӣ ба ҳамоиши навбатии Сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ки имсол дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, табодули назар шуд.

 

www.president.tj