Сафари давлатии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қатар

№11 (4751) 22.01.2024

121-уми январи соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ ба Давлати Қатар сафар карданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, фарҳанг, молия, кишоварзӣ, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Бонки миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

21-уми январи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар гардиданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Давҳа меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос вазири давлатии Вазорати корҳои хориҷии Қатар доктор Муҳаммад ибн Солеҳ ал-Хулайфӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Ба муносибати сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони фурудгоҳ бо парчамҳои ҳар ду давлат идона оро ёфта, аксҳои сарони давлатҳо гузошта шуд. Ба хотири пазироии сатҳи баланди меҳмони олимақом дар роҳрав қолини сурх густурда шуда, аз ду канори он қаровули фахрӣ саф кашид.

21-уми январи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа бо Раиси Маҷлиси Шурои Давлати Қатар Ҳасан ибн Абдуллоҳ ал-Ғоним мулоқот карданд.

2Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз меҳмоннавозии самимонаи дӯстони қатарӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, дидору гуфтугӯи имрӯзаро идомаи мантиқии муколамаи сиёсии сатҳи олӣ ва баланд арзёбӣ карданд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили густариши робитаҳои байнипарлумонии ҳар ду кишварро муҳокима карда, нақши парлумонҳо ва гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумониро дар самти фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии муносиботи байнидавлатии ҳар ду кишвар дар ҳавзаҳои гуногун муҳим арзёбӣ намуданд.

Зимни мулоқот, ҳамчунин, дигар ҷанбаҳои ҳамкории байни давлатҳо, тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратӣ миёни ҳар ду кишвар, ҷалби сармояи қатарӣ ва иштироки ширкатҳои давлатию хусусии Қатар дар тавсеаи ҳамкориҳо миёни ҳар ду кишвар баррасӣ гардид.

Масъалаи таҳкими робитаҳо дар арсаҳои гуманитарию фарҳангӣ низ мавриди муҳокима қарор дошта, дар рафти мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ табодули андеша намуданд.

21-уми январи соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа бо раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шурои мудирони гурӯҳи ширкатҳои «Файсал Ҳолдинг» Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ мулоқот карданд.

Дар рафти суҳбат масоили ҳамкорӣ ҷиҳати рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни ҳар ду кишвар баррасӣ шуда, баргузории форумҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва таъсиси «Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузорӣ» омили муҳими густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ оид ба истифодаи имконияту иқтидорҳои бузурги Тоҷикистон дар самтҳои афзалиятноки саноат, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, роҳҳои транзитӣ ва бахши сайёҳӣ табодули андеша намуда, изҳори итминон карда шуд, ки татбиқи ин пешниҳодҳо барои густариш додани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии кишварҳо саҳми босазо мегузоранд.

21-уми январи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа бо мудири бахши сармоягузории ширкати «Диёри Қатар» Аҳмад Муҳаммад Тайиб мулоқот карданд.

3Дар рафти мулоқот масоили ҳамкорӣ бо ширкат дар самти амалисозии лоиҳаи бунёди шаҳраки «Диёри Душанбе» ва як қатор иншооти муҳим баррасӣ гардида, татбиқи саривақтии марҳилаҳои дигари бунёди шаҳрак дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе зарур шуморида шуд.

Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки бо назардошти беҳтар шудани шароити иҷтимоию иқтисодӣ талаботи аҳолии кишвар ба инфрасохтори замонавӣ, аз ҷумла манзилҳои зист ва таъсиси марказҳои савдои замонавии бузург, дар Тоҷикистон афзоиш меёбад.

Ҷалби сармояи ширкати қатарӣ ҷиҳати бунёди иншооти иҷтимоӣ ва рушди зерсохтори сайёҳӣ дар кишвари мо барои ҷонибҳо судманд арзёбӣ гардид.

21-уми январи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа бо мудири иҷроияи Фонди қатарии рушд Халифа бин Ҷосим ал-Куворӣ мулоқот намуданд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо оид ба имконияту иқтидорҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон ва баҳрабардорӣ аз ин неъматҳо ба манфиати ҳар ду давлат табодули андеша карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки кишвари мо барои рушду тавсеаи минбаъдаи муносибатҳо бо Давлати Қатар дар соҳаҳои саноату энергетика таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Таъкид гардид, ки бо мақсади рушди «иқтисоди сабз» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» барои солҳои 2023-2037»- ро қабул намудааст ва Тоҷикистон имкон дорад 100 фоиз бо «энергияи сабз» таъмин гардад.

Бо назардошти захираю имкониятҳои бузурги соҳаи гидроэнергетика пешниҳод гардид, ки ҷониби Қатар дар татбиқи тарҳҳои муҳими соҳа барои манфиати ҳар ду кишвар саҳм гузорад.

Ҳамзамон, бо мақсади ҷалби маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар кишвар таъсиси «Фонди муштараки иқтисодию сармоягузорӣ» зарур шуморида шуд.

Дар охири мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки татбиқи ин пешниҳодҳо барои густариш додани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни ҳар ду кишвари дӯст саҳми босазо мегузоранд.

21-уми январи соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа бо раиси Шурои мудирони Ширкати энергетикии «Небрас» Муҳаммад Носир ал-Ҳоҷирӣ мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти мазкурро барои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни кишварҳо муҳим арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дорои иқтидори бузурги манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия мебошад. Бо мақсади рушди «иқтисоди сабз» Ҳукумати кишвар «Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» барои солҳои 2023 — 2037»- ро қабул намудааст.

Дар Тоҷикистон ба мақсади истеҳсоли неруи барқ аз дигар сарчашмаҳои барқароршаванда, ба монанди манбаъҳои офтобӣ ва бодӣ, пайваста тадбирҳои амалӣ андешида мешавад.

Аз ҷониби Давлати Қатар даъват ба амал оварда шуд, ки имконияти сармоягузорӣ дар ин соҳаҳоро омӯхта, дар татбиқи амалии лоиҳаҳои афзалиятнок ба манфиати ҳар ду ҷониб ва ҷиҳати густариши ҳамкориҳо байни кишварҳо саҳми босазо гузоранд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба дигар мавзуоти  мавриди таваҷҷуҳ андешаронӣ карданд.

21-уми январи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа бо раиси бахши сармоягузории Фонди давлатии сармоягузории Қатар Шайх Файсал ибн Сонӣ Оли Сонӣ мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Давлати Қатарро яке аз шарикони муҳими тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон арзёбӣ карданд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масоили рушду тавсеаи минбаъдаи робитаҳоро дар соҳаҳои саноату энергетика мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки дар самти ҷалби сармояи Қатар ба Тоҷикистон имкониятҳои бузург мавҷуд ҳастанд. Аз ин рӯ, пешниҳод карда шуд, ки ҷониби Қатар дар татбиқи чанде аз тарҳҳои афзалиятнок ба манфиати ҳар ду ҷониб иштирок намояд.

Дар рафти мулоқот масоили баҳрабардорӣ аз иқтидори бузурги транзитии Тоҷикистон дар минтақаи АвруОсиё, энергияи таҷдидшавандаи кишвари мо, ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок муҳокима карда шуд. Бо назардошти имконияту иқтидори Тоҷикистон сармоягузории ҷониби Қатар дар кори таъсиси марказҳои тақсимоти яклухт ва логистикӣ ҷиҳати коркард, бандубаст ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Қатар барои ду ҷониб боманфиат арзёбӣ гардид.

Ҳамчунин, зимни мулоқот пешниҳод карда шуд, ки бо мақсади маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон «Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузорӣ» таъсис дода шавад.

22-юми январи соли 2024 дар шаҳри Давҳа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Давлати Қатар бо футболбозони дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  футбол мулоқот карданд.

4Зимни суҳбати самимӣ Сарвари давлат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди футбол дар Тоҷикистон, дастгирии давлатии соҳа, оммавигардонии футбол ва фаъолияти пурсамари Федератсияи футболи Тоҷикистон андешаронӣ карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба ватандӯстию ватанпарварӣ ва ифтихори ватандорӣ ҳидоят намуда, таъкид карданд, ки ҷавонон ҳар чӣ бештар ба машқу тамрин машғул шаванд ва бо дастовардҳои арзанда Парчами давлатиро дар арсаи олам баланд бардоранд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бори нахуст дар Ҷоми Осиё иштирок мекунанд. То имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи «А» шомил мебошад, дар доираи Ҷоми Осиё -2023 бо дастаҳои Чин ва Қатар рақобат карданд.

Шоми рӯзи 22-юми январ дастаи мунтахаби футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Давҳа дар доираи 18-умин бозиҳои футболи Ҷоми Осиё -2023 бо дастаи мунтахаби футболи Лубнон рақобат хоҳад кард.

Дар охири суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба футболбозони тоҷик барору комёбӣ орзу карданд.

22-юми январи соли равон дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар баргузор шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қатар, ки бо иштироки вазири савдо ва саноати Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Ҳамад бин Қосим Оли Сонӣ баргузор гардид, суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат зикр намуданд, ки ҳадафи мулоқоти имрӯза муаррифии бештару хубтари имконияти воқеии ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ҳар ду давлати ба ҳам бародар мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, оид ба вазъи кунунии иқтисодии Тоҷикистон ва арсаҳои алоҳидаи ояндадори ҳамкорӣ, аз ҷумла роҳҳои рушди минбаъдаи соҳаҳои стратегии иқтисоди мамлакат, андешаронӣ карданд.

Дар ҳамин ҳол соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, молияву бонкдорӣ ва сайёҳӣ бахшҳои афзалиятнок маънидод гардиданд.

Ҷалби сармоя ба соҳаҳои гуногуни иқтисод ва рушди соҳибкорӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номида шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар Тоҷикис­тон мутобиқ ба татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, имкониятҳои васеи сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, василаҳои марбут ба имтиёзҳои андозу гумрук ва кафолатдиҳӣ фаъолона истифода мегарданд.

Таъкид гардид, ки узвияти Тоҷикистон дар Созмони умумиҷаҳонии савдо ва як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон низ гувоҳи мутобиқ будани қонунгузории мо ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.

Ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои ҳар ду давлат номида шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон дорои сарватҳои фаровони табиӣ, бахусус об ва канданиҳои фоиданок, мебошад.

Зимни суханронии пурмуҳтаво Президенти мамлакат, ҳамчунин, оид ба имконоти фарохи сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла саноати сабуку хӯрокворӣ, металлургия, мошинсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва дорусозӣ, андешаронӣ карданд.

Таъкид шуд, ки истифодаи самараноки имкониятҳое, ки дар бахшҳои зикргардида мавҷуданд, ворид намудани технологияҳои муосир ва ҷалби сармояро тақозо менамояд. Дар Тоҷикистон панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият мекунад ва дар онҳо барои сармоягузорону соҳибкорони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар суханрониашон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба имконоти васеи ҳамкорӣ бо ширкатҳои қатарӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, зерсохтори нақлиётӣ, таъсиси марказҳои логистикӣ, авиатсияи гражданӣ ва сайёҳӣ, бахусус саёҳати кӯҳнавардӣ, экологӣ ва беҳдоштӣ низ андешаҳо баён карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон омода аст, ки пешниҳодҳои сармоягузорони қатариро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории судманд дар самтҳои афзалиятноки зикргардида бодиққат омӯзад ва дастгирӣ намояд.

Дар фарҷом, аз доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар ҷиҳати боздид аз Тоҷикистон бо мақсади шиносоии наздик аз имкониятҳои ҳамкорӣ бо кишвари мо дар самтҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн даъват ба амал оварда шуд.

22-юми январи соли 2024 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар муқаррароти истиқболи расмӣ дар назди Қасри Амирӣ самимона ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро Волоҳазрат Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ бо эҳтироми хос истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ дар долони Қасри Амирӣ даъват намуд.

Ба ифтихори ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар дар макони пазироии расмии меҳмони олимақом парчамҳои давлатӣ афрохта шуда, сурудҳои миллии ҳар ду давлат садо доданд ва фармондеҳи Қаровули фахрии Давлати Қатар ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз омодагии ҳайати низомӣ барои истиқболи расмӣ гузориш дод.

Зимни гузаштан аз назди Горди фахрӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба парчами ин давлат эҳтиром ба ҷо оварданд.

Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар дохили Қасри Амирӣ ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Волоҳазрат Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ҳайатҳои расмии ҳукуматҳои ҳар ду кишвар муаррифӣ карда шуданд.

22-юми январи соли равон дар пойтахти Давлати Қатар — шаҳри Давҳа дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қатар баргузор гардид.

Баррасии масоили ҳамкории ҳар ду кишвар дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Волоҳазрат Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ оғоз гардида, зимни музокирот бо иштироки ҳайатҳои расмии давлатҳо идома ёфт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти имрӯзаро ҳамчун идомаи муколамаи сиёсии сатҳи олии ҷонибҳо ва рӯйдоди муҳим дар муносибати ҳар ду кишвар арзёбӣ карданд.

Роҳбари давлат махсусан таъкид намуданд, ки кишвари мо ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо Давлати Қатар дар соҳаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳавасманд мебошад.

Тазаккур дода шуд, ки бастаи санадҳои нави ҳамкорӣ, ки тобистони соли гузашта зимни сафари Амири Давлати Қатар ба Тоҷикистон ба имзо расид, барои тавсеаи робитаҳои дарозмуддати ҳар ду кишвари дӯст заминаи мустаҳками ҳуқуқию шартномавиро фароҳам сохт.

Зимни суҳбат Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо таъсис додани механизмҳои нав аз доираи манфиати ҷонибҳо берун нест.

Гурӯҳи кории алоҳидаи муштарак барои омӯзиш ва мушаххас намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкории ҳар ду кишвар ва Бунёди муштараки сармоягузориҳои Қатар ва Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳоянд.

Зимни мулоқот изҳори умед карда шуд, ки бо талошҳои муштарак ба рушду нумӯи бештари ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, даст хоҳем ёфт.

Бо назардошти имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ҷалби сармоя барои амалисозии лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика, саноати сабук, хӯрок­ворӣ, истихроҷи маъдан ва дорусозӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва сайёҳӣ зарур шуморида шуд.

Пешниҳод гардид, ки ҷиҳати тавсеаи шабакаҳои логистикии миёни ҳар ду давлат барои мусоидат ба ҳамлу нақли бор ва мусофирон, инчунин, транзит ба кишварҳои дигар лоиҳаҳои нақлиётӣ-транзитии муштарак роҳандозӣ карда шавад.

Ҳамкориҳо дар бахшҳои маориф, илм ва фарҳанг аз унсурҳои муҳими тақвияти робитаҳои башарӣ миёни ҳар ду давлат номида шуд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ба вазъи байналмилалию минтақавӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Инчунин, роҳбарони ҳар ду давлат ҳамкориҳои босамари ҳар ду ҷонибро дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ қайд намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро барои идомаи ҳамкориҳои зич дар самти таъмини амният таъкид намуданд.

Дар фарҷоми гуфтушунид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки муколамаи имрӯзаи сатҳи олиро ҷониби Тоҷикистон омили калидии рушди минбаъдаи робитаҳо медонад ва ҳавасманди пешбурди пайвастаи он ба манзури таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ҳар ду кишвари ба ҳам дӯст мебошад.

22-юми январи соли ҷорӣ пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қатар дар ҳузури сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Аз рӯйи натиҷаи музокироти сатҳи олӣ 9 санад ба имзо расид:

- Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати мудофиаи граждании Вазорати корҳои дохилии Давлати Қатар;

- Барномаи аввалини амал дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ тибқи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ барои солҳои таҳсилӣ (2024/2025-2025/2026-2026/2027);

- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар барои солҳои 2024-2026;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди осорхона байни  Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи осорхонаҳои Давлати Қатар;

- Изҳороти муштарак дар бораи рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Давлати Қатар;

- Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди молиявии Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти кашшофии молиявӣ вобаста ба ҷиноятҳои алоқаманд ба қонунигардонии (расмикунонии) маблағҳо ва маблағгузории терроризм;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти хайриявӣ ва башар­дӯстона байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти танзимкунандаи фаъолияти хайриявӣ дар Давлати Қатар;

- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти минтақаҳои озоди Қатар.

www.prezident.tj