Сафари давлатии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Халқии Хитой

№106 (3743) 05.09.2017

MNK_6524 - копия30 августи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари давлатӣ ва иштирок дар Ҳамоиши IX сарони давлатҳои узви БРИКС ба Ҷумҳурии Халқии Хитой сафар карданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, маориф ва илм, молия, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, президенти Академияи илмҳо ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

 Шоми рӯзи 30 августи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой шуданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Пекин, ки ба хотири истиқболи меҳмони олиқадр идона ороста шуда буд, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми ҳукумати ин кишвар гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба хотири пазироии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Горди фахрӣ саф ороста буд ва парчамҳои давлатии Тоҷикистону Хитой партавафшонӣ доштанд.

Дар назар аст, ки зимни ин сафар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин, роҳбарони воломақоми ҳукумати ин кишвар ва намояндагони ширкатҳои бонуфузи хитойӣ ба хотири таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ, мулоқоти судманд анҷом медиҳанд.

Ҷумҳурии Халқии Хитой шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таҳким ва густариши робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо ин давлат яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Заминаи меъёрии  ҳуқуқии ду кишварро тақрибан 200 санади дуҷониба ташкил медиҳад.

Сафари давлатии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Халқии Хитой

31 августи соли 2017 сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин бо маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ оғоз гардид.

Меҳмони олиқадр, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин самимона пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд.

Маросими истиқболи расмӣ бо сафороии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии Тоҷикистону Хитой, гузаштан аз назди қатори афсарону сарбозон, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Халқии Хитой ва бо шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт. Ба ифтихори сафари давлатии меҳмони олимақом тибқи муқаррароти истиқболи расмӣ аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик карда шуд.

Масоили ҳамкории ду кишвар дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Хитой идома ёфт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари Ҷумҳурии Халқии Хитой барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ изҳори сипосу миннатдорӣ карда, ин кишварро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсояи наздик ва шарики боэътимод арзёбӣ намуданд.

Аз сатҳу сифати ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарии Тоҷикистон ва Хитой дар давоми 25 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ изҳори хушҳолӣ намуда, ҷонибҳо барои идомаи бобарори муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба дар ҳама сатҳу зинаҳо омодагии худро таъкид доштанд.

Ҳамкории бардавом ва робитаи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой ва доираи соҳибкорию тиҷоратии ду давлат асоси рушду таҳкими муносибатҳои дуҷониба дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ арзёбӣ шуд.

Ҷонибҳо ҷиҳати рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар доираи ташаббуси таърихии «Як камарбанд-як роҳ» ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд.

Тавре таъкид гардид, дар сармоягузориҳои мустақими Ҷумҳурии Халқии Хитой имкониятҳои мавҷудаи Тоҷикистон, аз ҷумла иқтидорҳои бойи гидроэнергетикӣ то ба ҳол истифода нагардидаанд ва тақвияти ҳамкориҳоро дар соҳаҳои молия ва низоми бонкӣ тақозо менамоянд.

- Тоҷикистон ҳавасманди иштироки фаъоли ҷониби Хитой дар татбиқи лоиҳаҳои бунёди неругоҳҳои барқи обии миёнаиқтидор мебошад, — таъкид доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуданд, ки дар кишвари мо барои амалӣ намудани ин лоиҳаҳо шароити созгори сармоягузорӣ фароҳам аст.

Барои таҳкими робитаҳои байнидавлатӣ дар самти навсозии иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва нақлиёту транзитӣ, аз ҷумла сохтмони роҳи оҳани минтақавии Хитой-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, ки метавонанд шохаи ҷанубии «Роҳи бузурги абрешим»-ро эҳё созанд, фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардиданд.

Имкониятҳои бузурги ҷониби Тоҷикистон дар роҳандозии ҳамкориҳои самарабахш бо Хитой дар соҳаҳои сохтмон ва навсозии корхонаҳои истеҳсоли алюминий, воридоти техникаю технологияи муосир аз Хитой ва содироти меваю сабзавот ба Хитой махсус таъкид шуд. Ҷонибҳо барои беҳтару хубтар гардидани робитаҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, таҳким бахшидани кори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва зеркомиссияҳои дахлдор байни Тоҷикистон ва ноҳияи мухтори Синзян Уйғурро зарур шумориданд.

Дар мулоқот, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Хитой дар соҳаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, коркарди нахи пахта ва маъданҳои кӯҳию металлургӣ баррасӣ гардиданд ва ҷиҳати беҳтар гардонидани муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва фарҳанг ҳамфикрии амиқ зоҳир карда шуд.

Мавзӯи дигари меҳварии мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистон ва Хитой ҳамдастии гус­турда дар асоси дуҷониба ва дар доираи ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар таъмини амнияту суботи минтақа, мусоидат ба беҳдошти авзои сиёсию низомии Афғонистон, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҷудойихоҳӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ буд.

Дар анҷоми музокироти сатҳи баланди байнидавлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпинро даъват намуданд, ки дар вақти барояшон мусоид ба Тоҷикистон ташриф оваранд.

Сипас, аз рӯи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин 13 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

Эъломияи муштарак оид ба истиқрори шарикии стратегии ҳамаҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой;

Барномаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой;

Ёддошти тафоҳум байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати хоҷагии қишлоқи  Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба пешбурди якҷояи бунёди парки намунавии ҳамкориҳои кишоварзӣ;

Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои меҳнатӣ;

Созишнома байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор;

Ёддошти тафоҳум байни Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати аудитори миллии Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба ҳамкории фаъолияти аудиторӣ дар бахши давлатӣ;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи ҳамкориҳои техникию иқтисодӣ доир ба ҷудо намудани кумаки бебозгашт;

Созишномаи қолабӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи ҷудо намудани қарзи имтиёзнок (барои лоиҳаи сохтмони хатти интиқоли барқи 500 кВ ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ);

Ёддошти тафоҳум байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати илм ва техникаи Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба таъсис додани Комиссияи Тоҷикистон ва Хитой дар бораи ҳамкориҳои илмӣ-техникӣ;

Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии иттилоотии Чин «Синхуа»;

Созишнома оид ба барқарорсозии муносибатҳои бародарона байни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Шансии Ҷумҳурии Халқии Хитой;

Протокол оид ба майли истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Тайюани музофоти Шансии Ҷумҳурии Халқии Хитой.

Ёдовар мешавем, ки то ба имрӯз санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба наздик ба 200 санадро ташкил медоданд, ки бахшҳои муҳимро дар бар мегирифтанд.

 31 августи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ба таъриху тамаддун ва фарҳанги бою қадимаи мардуми кишвари дӯсту ҳамсояи Хитой дар шаҳри Пекин, дар назди Маҷмааи муҷассамаи «Қаҳрамонҳои миллӣ», гулчанбар гузошта, хотираи шаҳидонро пос доштанд.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамроҳӣ карданд.

 31 августи соли 2017 дар шаҳри Пекин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси умумихитойии намояндагони мардумии Ҷумҳурии Халқи Хитой Чжан Дэсзян мулоқот намуданд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаю ояндадори Тоҷикистон ва Хитой, ки дар асоси маҷмӯи санадҳои муҳими ҳуқуқии ҳамкорӣ танзим мешаванд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре таъкид гардид, дар солҳои барқароршавии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Хитой ҳар ду ҷониб ба натиҷаҳои назаррас шарафёб гардиданд ва сохторҳои зарурии тақвиятдиҳандаи ин ҳамкориҳо таъсис дода шуданд.

Аз сатҳи муносибатҳои сиёсию байнипарлумонӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва нақши парлумонҳои ҳар ду давлат дар рушду тавсеаи ин муносибатҳо таъкид гардид. Барои тақвияти бештари ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ҷонибҳо таклифу пешниҳодҳои судманд баён доштанд.

Дар мулоқот, ҳамчунин масоили ҳамдастии парлумонҳои ду давлат дар мубориза алайҳи терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои нави минтақавию ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

31 августи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Халқии Хитой Ли Кетсян мулоқот намуданд.

Ҷонибҳо атрофи вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Хитой мубодилаи афкор карда, соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, роҳу нақлиёт, саноати кӯҳию металлургӣ, молияву бонкдорӣ, кишоварзӣ, амният, фарҳанг, маориф ва туризмро аз самтҳои ояндадор ва манфиатовари ин муносибатҳо арзёбӣ намуданд.

Бо қаноатмандӣ аз раванди рушду тав­сеаи бештари ҳамкориҳо дар ин соҳаҳо, мусоҳибон изҳор доштанд, ки истифодаи имконоту захираҳои истифоданашуда дар ин самт ва дар доираи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ метавонад ба манфиати ду ҷониб бошад.

Таклифу пешниҳодҳои судманд дар атрофи иштироки фаъоли ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги минтақавии сохтмони роҳҳои оҳан ва лӯлаҳои интиқоли газ, лоиҳаи бунёди хатҳои интиқоли неруи барқ ва бунёду навсозии иншооти инфрасох­тории гуногун баён карда шуд.

Мусоҳибон, ҳамчунин атрофи масъалаҳои вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, бунёди неругоҳҳои барқи обии миёна, навсозӣ ва таҷдиди роҳҳои пайвандсози ду давлат, таъсиси паркҳои саноатию технологии муштарак, бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ ва сохтмонӣ, корхонаҳои коркарди металл ва маъданҳои кӯҳӣ, ба роҳ мондани содироти меваю сабзавоти тару тоза ва хушкмеваҳои Тоҷикистон ба Хитой, таҳкими ҳамкориҳои молиявию қарзӣ, истеҳсоли маводи доруворӣ ва беҳдошти инфрасохтори сайёҳӣ дар кишвари мо табодули афкор намуданд.

Якуми сентябри соли 2017 дар шаҳри Пекин вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати омӯзгорон ва донишӯуёни Донишгоҳи Синхуа, ҳамчунин ҳайати донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои олии таълимии Хитой таҳсил доранд, баргузор шуд.

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ректори Донишгоҳи Синхуа мулоқоти самимӣ доир карда, ҳамкории доираҳои илмии Тоҷикистону Хитойро баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки дар давоми солҳои ҳамкорӣ дар соҳаи маориф баробари дигар соҳаҳо робитаҳои муассисаҳои олии таълимии ҳар ду кишвар бо ҳам наздику қавӣ мегардад. Айни ҳол наздик ба 3000 нафар донишҷӯйи тоҷик дар донишгоҳҳои Хитой таҳсил доранд ва ин нишонаи олии ҳамкорӣ дар ин самт мебошад.

Ба ифтихори сафари давлатии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Халқии Хитой ва бинобар имзои Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Синхуа, бо иқдоми ректори донишгоҳ минбаъд дар марҳилаи якум барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи Синхуа 10 квота ва дар марҳилаи дуюм 50 квота ҷудо мегардад.

Дар ҳамон ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми арзанда дар рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Хитой ва таҳкими ҳамкории илмӣ бо унвони Профессори фахрии соҳаи иқтисод сарфароз гардонда шуданд.

Дуюми сентябри соли 2017 дар доираи сафари давлатӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як қатор ширкатҳои бонуфуз мулоқоти судбахш анҷом доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори генералии Ширкати сохтмони роҳу пулҳои Хитой (Чайна Роуд энд Бриҷ Корпорэйшн) Лу Шанро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили вобаста ба татбиқи босамари лоиҳаҳои роҳсозӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Ширкати сохтмони роҳу пулҳои Хитой доир ба сохтмон ва навсозии роҳҳои мошингарди Тоҷикистон баҳои арзанда доданд.

Ёдовар мешавем, ки бо иштирок ва маблағгузории ин ширкат дар Тоҷикистон лоиҳаҳои калони сохтмони роҳи байналмилалии «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ» бо нақби Шаҳристон ва қисмати «Душанбе-Данғара»-и шоҳроҳи «Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Қароқурум» бо нақби Чормағзак бо сифати ҷавобгӯй ба талаботи меъёрҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуданд.

Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин доир ба дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, аз ҷумла дурнамои ҳамкорӣ, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо раиси Шӯрои директорони Ширкати «Жонгсинг Телекоммуникэйшн Эквипмент Зетеи (ZTE) Хоу Вейгу мулоқот карданд.

Зимни суҳбат масоили ҳамкорӣ дар соҳаи алоқа ва телерадиокоммуникатсия баррасӣ шуд.

Ширкати Зетеӣ (ZTE) дар Тоҷикистон зиёда аз 20 сол фаъолият дорад ва намояндагони ширкат мақсад доранд, ки оянда бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои мухталиф, аз ҷумла кам кардани талафоти неруи барқ дар Тоҷикистон ва ҳукумати электронӣ ҳамкориҳоро густариш диҳанд.

Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳамкорӣ барои ҳамқадами рушди техникаю технологияи пешқадами ҷаҳонӣ будан ва амалӣ намудани ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон басо муҳим аст.

Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар дигар лоиҳаҳои ояндадори соҳа баррасӣ карда шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Ширкати «Поли Технолоҷи» Ван Синйе мулоқот карданд, ки дар он дурнамои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ширкати бонуфуз ва мас­ъалаҳои ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон тавассути бунёди корхонаҳои муштарак баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати дарҳои боз барои ҷалби сармояи хориҷӣ фазои мусоиди сармоягузориро фароҳам овардааст ва Ширкати «Поли Технолоҷи» низ метавонад дар радифи дигар ширкатҳои хитойӣ дар Тоҷикистон фаъолияти судовар дошта бошад.

Роҳбарияти ширкат бо ҳавасмандӣ аз фазои мусоиди сармоягузорӣ бо итминон иброз доштанд, ки оянда корхонаҳои муштараки саноатии истихроҷу коркарди захираҳои моддӣ, дигар коргоҳҳои навро ба манфиати ҳар ду ҷониб бунёд менамоянд ва дар самти рушди технологияҳои коммуникатсионӣ, инчунин рушди дигар соҳаҳои ояндадор ҳамкорӣ менамоянд.

Ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбари Ширкати «Ҷенерал Найс Инвестмент» хонум Сай Суй Синг мулоқоти самимӣ  ва созанда доир намуданд.

Зимни суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи соҳибкорони хитойиро ба захираҳои калони ангишти Тоҷикистон, истифодаи он дар истеҳсолот, ҷалби сармоя ва технологияи навтарини истихроҷ ва коркарди ангишт, истифодаи ангишт дар таъмини неруи гармӣ ба аҳолӣ ҷалб намуданд.

Роҳбарияти ширкат таъкид доштанд, ки айни ҳол бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи пурсамар доранд ва оянда бо дастгирии роҳбарияти Давлату Ҳукумат бо ворид кардани технологияи муосир дар самти истих­роҷу истифодаи ангишт ва дигар моддаҳои кимиёвӣ барои истеҳсолот дар Тоҷикистон ҳамкориро таҳкиму тавсеа мебахшанд.

Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ноиби президенти Ширкати технологии «Хуавей» хонум Лин Жуйтси масоили вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи телерадиокоммуникатсия баррасӣ шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти воридот ва насби технологияи муосир дар бахшҳои гуногун тақвияти ҳамкориро дар самти омода кардани мутахассисони тоҷик барои фаъолияти пурсамар дар ин соҳа таъкид намуданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамкории Ширкати «Хуавей» бо Тоҷикистон аз соли 2009 оғоз ёфтааст ва яке аз бузургтарин лоиҳаҳояш тарҳи «Шаҳри бехатар», яъне насби камераҳои назоратӣ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе мебошад. Дар намояндагии Ширкати «Хуавей» (Huawei) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 140 нафар бо ҷойи кор таъмин гадидаанд, ки 135 нафараш мутахассисони маҳаллӣ мебошанд.

Роҳбарияти Ширкати «Хуавей» омодагии худро барои дар Хитой ба омӯзиш фаро гирифтани даҳҳо нафар мутахассиси ҷавони тоҷик иброз доштанд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин доир ба дигар самтҳои муҳими ҳамкорӣ ва таҳияи лоиҳаҳои муосири ҷалби технология ба Тоҷикистон гуфтугуйи судманд намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо директори генералии Ширкати «Юнан Констракшн Энд Инвестмент Групп» Лю Гуочан мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои тақвияти ҳамкорӣ бо ширкатҳои сармоягузории Хитой баҳри рушди иқтисодиёт ва пешрафти саноати мамлакат иброз доштанд.

Ширкати «Юнан Констракшн Энд Инвестмент Групп» ташкилоти молиявию технологӣ буда, яке аз ширкатҳои пешсаф дар бахши истеҳсоли алюминий мебошад. Намояндагони ширкат ҳавасмандии худро баҳри таҳияи лоиҳаҳои муштарак, маблағгузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, воридоти технологияи наву муосир ва аз ҷиҳати экологию техникӣ дар ҷаҳон нодир барои пешрафти кори Ширкати «ТАЛКО» дар самти коркарди ашёи хом изҳор доштанд.

Сеюми сентябри соли 2017 дар шаҳри Пекин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодӣ – сармоягузории Тоҷикистон ва Хитой иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ вазири тиҷорати Ҷумҳурии Халқии Хитой Чун Жан ифтитоҳ намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сухан дод.

Баргузории ин вохӯрӣ  боз як фурсати муносиб барои муаррифии бештару хубтари имкониятҳои воқеии ҳамкориҳои минбаъдаи тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ду кишвари ҳамҷавор арзёбӣ шуд.

Таъкид гардид, ки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳдошти фазои кории соҳибкорон ва фароҳам сохтани шароити хубу мусоид барои сармоягузорони  хориҷӣ тадбирҳои ҳадафмандона андешида, рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармояро  самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки тайи солҳои охир Тоҷикистон се маротиба ба рӯйхати  «Даҳ кишвари пешсафи ислоҳотгар» шомил гашта, мавқеи худро дар рейтинги «Пешбурди бизнес» аз рӯи нишондиҳандаҳои бақайдгирии бизнес, андозбандӣ, гирифтани қарз ва тиҷорати байналмилалӣ беҳтар кардааст ва намояндагони  доираи  соҳибкорӣ  ва ширкатҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой низ имкон доранд, тақрибан аз  дусаду чил сабукии андозбандӣ ва қариб ҳафтод нав­ъи ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ   дар Тоҷикистон самаранок истифода баранд.

Барои роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисод,энергетика, инфрасохторӣ ва нақлиётию иртиботӣ,  саноати  металлгудозӣ, мошинсозӣ, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок,аз ҷумла  маъданҳои  кӯҳӣ,  саноати  кимиёвӣ, сабук ва хӯрокворӣ, истеҳсоли маводи сохтмон, комплекси  агросаноатӣ ва туризм таклифу пешниҳодҳои судманд баён карда шуд.

Чор минтақаи озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  имзои  Барномаи ҳамкории миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой, ҳамчунин  тақвияти тадбирҳо дар роҳи бунёди минтақаи саноатии Тоҷикистону Хитой аз имкониятҳои дигари тақвиятбахши муносибатҳои дуҷонибаи доираи тоҷирону соҳибкорони ду давлат маънидод гардид.

Бо қаноатмандӣ таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон шароити зарурӣ  барои роҳандозии ҳамкориҳои судманд  бо доираи тоҷирону соҳибкорони Хитой фароҳам мебошад ва истифодаи самараноки ин имкониятҳо барои ҳар ду ҷониб манфиатбор аст.

Дар Ҳамоиши иқтисодӣ – сармоягузории Тоҷикистон ва Хитой, ҳамчунин доир ба имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла, дар бахшҳои гидроэнергетика ва нафту газ, саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулоти кишоварзӣ, алюминий, бонкдорӣ ва системаи бонкӣ, сайёҳӣ ва ғайра раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Файзиддин Қаҳҳорзода муаррифиномаи муфассал пешкаш намуд.

Дар ҳамоиш ноиби президенти Бонки содироту воридот (Эксимбонк) Сун Пинг ва директори минтақавии Ширкати сохтмони роҳу пулҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой Лю Ҷинбао суханронӣ намуданд.

Сеюми сентябри соли 2017 дар шаҳри Пекин дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими имзои Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содиротию воридотии Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба ҷудо намудани қарзи имтиёзнок ба маблағи 79 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи Лоиҳаи таҷдиди хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 киловолтаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Созишномаро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири молия Абдусалом Қурбониён ва аз ҷониби Ҷумҳурии Халқии Хитой ноиби президенти Бонки содиротию воридотии  ин кишвар Сун Пинг имзо карданд.

Ҳамчунин, дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой дар шаҳри Пекин маросими имзои як қатор созишномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон ва Хитой баргузор гардид. Чунончӣ:

Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва техника байни Донишгоҳи аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур ва Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Халқии Хитой;

Ёддошти тафоҳум байни Донишгоҳи аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Халқии Хитой;

Ёддошти тафоҳум байни Академияи илм­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи миллии ҳастаии Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои ҳастаӣ бо мақсади осоишта;

Ёддошти тафоҳум байни Академияи илм­ҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии рушди авиатсионии Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди коркарди системаҳои бесарнишини ҳавоӣ, барои мақсадҳои гуногун;

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ширкати «Ғаюр Саноат» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Синхуа Тиен Чен»;

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ширкати «Ғаюр» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Джинно гласс серамик групп»;

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ширкати «ТАЛКО»- и Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ширкати «Юнан»;

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ширкати «ТАЛКО» ва Ширкати сохтмони роҳу пулҳои Хитой («Чайна Роуд энд Бриҷ Корпорэйшн»);

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ширкати «ТАЛКО» ва Ширкати сармоягузории «Ҷенерал Найс Инвестмент».

Дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой дар маҷмӯъ 24 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Чоруми сентябри соли 2017 дар роҳи сафар аз шаҳри Пекин ба шаҳри Сямэн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Далян бо котиби Кумитаи ҳизбии музофоти Ляонини Ҷумҳурии Халқии Хитой Ли Си мулоқот намуданд.

Дар мулоқот масоили роҳандозии ҳамкориҳои доманадор ва судовар байни вилоятҳои Тоҷикистон ва ин музофоти пешрафтаи Хитой мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо самтҳои сармоягузорӣ, иқтисоду тиҷорат, энергетика, коркарди маъданҳо, сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду миёна, фарҳангу маориф, хусусан ба роҳ мондани робитаи мустақими байни муассисаҳои олии таълимӣ ва тарбияи мутахассисони ботаҷриба дар муассисаҳои олии таълимии Ляонин барои Тоҷикистон ва сайёҳиро аз бахшҳои муҳим ва манфиатбори ҳамкориҳо маънидод намуданд.

Ҷалби бештари сармояи ширкату идораҳои саноатию сохтмонии Хитой ба татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла ҷалби сармоя ба соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон, таҷдиду навсозии инфрасохтори роҳу нақлиёт, коркарди канданиҳои фоиданок, кишоварзӣ ва бунёди иншооти сайёҳӣ иқдоми муҳим барои ба сатҳу сифати беҳтар расонидани муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ арзёбӣ шуд.

Дар мулоқот, ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо баррасӣ гардиданд.

www.president.tj