Сафари давлатии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Халқии Хитой

№107 (3744) 07.09.2017

36648827110_f4435293d5_oЧоруми сентябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Халқии Хитой барои иштирок дар Муколамаи кишварҳои рушд­ёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС бо президенти Ширкати кӯҳкории «Зиҷин» Чэн Ҷин Хэ мулоқот карданд.

Ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои минбаъдаи миёни Ширкати кӯҳкории «Зиҷин» ва Тоҷикистон дар бахши афзоиши истихроҷ ва коркарди саноатии тилло дар Корхонаи муштараки «Зарафшон» мубодилаи афкор намуданд.

Зикр гардид, ки ин ширкат тайи 10 соли фаъолияти хеш дар Тоҷикистон беш аз 450 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намудааст. То имрӯз истеҳсоли тилло ба 20 тонна ва шумораи коргарон ба бештар аз 2 ҳазор нафар расонда шудааст, ки 98 дарсади онро мутахассисони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

Тибқи нақшаҳои оянда ширкат ният дорад, ки дар Тоҷикистон як корхонаи истеҳсолии коркарди мис бо тамоми таҷҳизоту технологияи муосир бунёд намояд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба татбиқи як қатор лоиҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла барои кормандони Корхонаи муштараки «Зарафшон», сурат гирифт.

Дар доираи Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сиси, Президенти Бразилия Мишел Темер, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди, Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Мексика Энрике Пеня Нето, Президенти Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума, Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Прают Чан-Оча доир ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба мулоқотҳои самимию дӯстона анҷом доданд.

Дар мулоқот бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Прают Чан-Оча назари неки ҳар ду ҷониб ба дурнамои муносибатҳои ҳамкории байнидавлатӣ таъкид карда шуд ва рушду тав­сеаи робитаҳои байни кишварҳо ҷавобгӯйи манфиатҳои муштарак арзёбӣ гардид.

Аз сатҳи муколамаи сиёсии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Таиланд ҳар ду ҷониб изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагию ҳавасмандии худро барои рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, туризм, маориф ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид доштанд.

Барои ба сатҳу сифати нав расонидани нишондиҳандаҳои муносибатҳои дуҷониба таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ, ҷалби имкониятҳои сармоягузории ҷониби Таиланд дар соҳаи энергетика ва инфрасохтори нақлиётию транзитии Тоҷикистон, ташкили гурӯҳи кории муштарак оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, туризм ва ифтитоҳи сафоратхонаҳои муқими кишварҳо ва хатсайри ҳавоии байниҳамдигарӣ зарур шуморида шуд.

Ҷонибҳо аз афзоиши хатару таҳдидҳои глобалӣ – терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ изҳори нигаронӣ карда, тақвияти амалҳои дастаҷамъона ва бештару муассири давлатҳои худро ҷиҳати мубориза алайҳи ин зуҳуроти номатлуб таъкид намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми суҳбати самимӣ Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Прают Чан — Очаро даъват намуданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф оваранд. Даъват бо камоли майл пазируфта шуд.

Панҷуми сентябри соли 2017 дар шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Халқии Хитой Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар муколама, ҳамчунин Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Бразилия Мишел Темер, Президенти Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди, Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сиси, Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Мексика Энрике Пеня Нето, Президенти Гвинея Алфа Конде ва Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Прают Чан-Оча иштирок карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин барои даъвати ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар кори ин чорабинии сатҳи баланд изҳори сипосу миннатдорӣ карда, баргузории ин ҳамоишро имконияти мусоиди баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар арсаи минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ намуданд.

Бо таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳони муосир ҳар лаҳза ба зуҳуроти номатлуби нав рӯ ба рӯ мегардад, баргузории чунин муколамаҳои сатҳи баланд аҳамияти бузургу муҳим доранд.

Дар суханронии Сарвари Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати татбиқи дастаҷамъонаи Барномаи нави дастрасӣ ба рушди устувор, ки аз ҷониби СММ дар соли 2015 тасдиқ гардидааст, таъкид шуда, иқдомҳои муштараки давлатҳои ҷаҳон дар роҳи амалӣ шудани ин барнома ба нафъи насли оянда арзёбӣ гардид.

Гуфта шуд, ки давлатҳои рушдкунанда, аз ҷумла Тоҷикистон, барои азхуднамоии ин барномаи нав талош менамояд ва Ҳукумати мамлакат барои ҳалли саривақтии мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ тадбирҳои бетаъхир меандешад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни чорабинии сатҳи баландро даъват намуданд, ки ба масъалаи афзоиш додани кумакҳои расмӣ барои рушд, таҳкими иқтидорҳои тиҷоратию сармоягузорӣ, дастрасӣ ба энергияи боэътимод тавассути сармоягузорӣ ба соҳаи гидроэнергетика ва афзун намудани истеҳсоли энергияи аз лиҳози экологӣ тозаю барқароршаванда ё худ «энергияи сабз»  аҳамияти зарурӣ диҳанд.

Ҳамчунин, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокчиёни нишасти БРИКС-ро ба мушкилоти дигари байналмилалӣ-тағйирёбии иқлим, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ оқибатҳои ногувор дорад, ҷалб намуданд ва таъкид доштанд, ки агар шарикии давлатҳо дар пешгирии ин ҳолати ногувор тақвият бахшида шавад, ба даст овардани нишондиҳандаҳои баланди дастрасӣ ба рушди устувор имконпазир мегардад.

Яке аз роҳҳои дигари дастрасӣ ба рушди устувор тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии минтақавӣ ва фаъолияти боэътимоди сохтори амалкунандаи нақлиёти миллӣ ва минтақавӣ арзёбӣ шуда, ҳамкорӣ дар доираи Рӯзномаи 2030, сохторҳои «Як камарбанд-як роҳ» ва «Ҷануб- Ҷануб» ҳамчун воситаи муҳими тақвиятбахши ҳамгироӣ дар самти пешрафти ҷараёнҳои глобалӣ ва идораи иқтисодӣ маънидод гардид.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагию ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои таҳкими ҳамкорию ҳамбастагии кишвари мо бо тамоми ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар масъалаҳои муҳиму рӯзмарра таъкид намуданд.

Халқии Хитой

Панҷуми сентябри соли 2017 дар шаҳри Сямэни Ҷумҳурии Халқии Хитой, дар Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС, мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума баргузор шуд.

- Мо аз таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ, ки дар қитъаи Африка ва дар арсаи байналмилалӣ эътибори баланд дорад, ҷонибдорӣ менамоем, — таъкид доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуданд, ки ҷониби Тоҷикистон аз ҳузури доираҳои иқтисодию сармоягузории Африкаи Ҷанубӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ истиқбол хоҳад кард.

Муколамаи имрӯзаи кишварҳои рӯ ба тараққӣ ва давлатҳои аъзои БРИКС имконияти бузурги баррасӣ ва дарёфти роҳу усулҳои нави таҳкими муштаракоти давлатҳои минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ гардид.

Ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон барои роҳандозии ҳамкориҳои манфиатбор бо Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва фарҳангию гуманитарӣ таъкид карда шуд.

Дар ҳамин замина пешниҳод гардид, ки барои тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои номбурда ҳайати намояндагони доираҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва ширкатҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ дар аввалин фурсати муносиб ба Тоҷикистон ташриф биёранд.

Ҳар ду ҷониб, ҳамчунин доир ба масъалаи мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар хатару таҳдидҳои нави ҷаҳони муосир дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи ташкилоту созмонҳои муътабари минтақавию байналмилалӣ, аз қабили СММ, табодули афкор намуданд.

Дар доираи Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сиси, Президенти Бразилия Мишел Темер, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди, Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Мексика Энрике Пеня Нето, Президенти Гвинея Алфа Конде, Президенти Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума, Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Прают Чан-Оча доир ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба мулоқотҳои самимию дӯстона анҷом доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ин мулоқотҳои судманд бо сарони кишварҳои номбурда тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, бахшҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Урумчи бо аъзои Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ, котиби Кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синзиян Уйғур Чен Чуангуо ва раиси ҳукумати мардумии Ноҳияи Мухтори Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой Шуҳрат Зокир мулоқот намуданд.

Аз сатҳу сифати ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Хитой, ки дар асоси боварӣ ва дастгирии муштарак рушду тавсеа меёбанд, изҳори қаноатмандӣ карда, ҷонибҳо барои идомаи бобарори ин ҳамкориҳо дар ҳама самтҳо ҳавасмандии худро таъкид доштанд.

Мусоҳибон татбиқи муваффақонаи Созишномаи ҳамкории Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой ва тақвияти кори зеркомиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синзиян Уйғурро воситаи муҳими таҳкимбахши муносибатҳои дуҷониба дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷчуҳ арзёбӣ намуданд.

Фаъолияти назарраси ширкатҳои бонуфузи ин ноҳияи пешрафтаи Чин дар Тоҷикикстон таъкид гардид ва изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда низ нақши онҳо дар рушду тавсеаи муносибатҳои иқтисодию иҷтимоии дуҷониба бештар гардонида мешавад.

Ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ,молиявию бонкӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, илмию фарҳангӣ ва сайёҳӣ ба таври муфассал баррасӣ шуданд. Дар ин замина барои омодасозии мутахассисони сатҳи баланди соҳаҳои гуногун дар муассисаҳои олии таълимии Ноҳияи Мухтори Синзиян Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой барои Тоҷикистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид.

www.president.tj