Сафари давлатии Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон

№101 - 102 (3895 - 3896) 18.08.2018

42276639920_98ea19aaf2_o17 августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари давлатӣ намуданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро гурӯҳи калони ҳайати расмӣ аз ҳисоби аъзои Ҳукумат, роҳбарони муассисаву идораҳои давлатӣ, раисони вилоятҳо, соҳибкорон ва аҳли ҳунару фарҳанг ҳамроҳӣ мекунанд.

17 августи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Тошканд — пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шуданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд меҳмони олиқадр — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо нишони эҳтироми баланд Роҳбари кишвари мизбон — Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба ифтихори сафари давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони фурудгоҳ фазои идона дошт. Парчамҳои ҳар ду давлат афрохта шуда буд ва шиору овезаҳои тараннумкунандаи дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон сари ҳар қадам ба назар мерасид.

Дар доираи сафари давлатӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанги мардуми ӯзбек дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият ва башардӯстӣ» гулчанбар гузоштанд.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов ҳамроҳӣ карданд.

30219203948_c21e86968d_oМаросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қасри «Куксарой» сурат гирифт.

Меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Ӯзбекистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тошканд ҷараён гирифта, бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

17 август дар шаҳри Тошканд дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор шуд.

Дар ҷараёни мулоқоти хосаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев масъалаҳои таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои калидии ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд. Сарони ду давлат ба таври амиқ оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналхалқӣ ва минтақавӣ табодули андеша карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ, инчунин пазироии самимӣ изҳори сипос ва итминон намуданд, ки мулоқоти имрӯза ба раванди рушди босуботи маҷмӯи муносибатҳои неки ҳамсоягии кишварҳо такони ҷиддӣ мебахшад.

Сипас, муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ дар мулоқоти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду ҷониб муҳокима гардиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон ҳамеша яке аз ҷойҳои махсуси афзалиятнокро касб менамояд.

Таъкид карда шуд, ки равобити мутақобилаи Тоҷикистону Ӯзбекис­тон аз муносибатҳои ҳамҷаворию қаробати халқҳои мо, дӯстии бисёр­асра ва эҳтироми мутақобила сарчашма мегиранд. Имрӯз бастаи калони санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо мерасанд, ки фарогири бахшҳои муҳими ҳамкории дуҷониба хоҳанд буд.

- Бешубҳа, дар байни ин ҳуҷҷатҳо аз ҳама муҳим имзои Созишнома дар бораи ҳамкории шарикии стратегӣ аст, ки муносибатҳои ду кишварро ба сатҳу сифати нав мебарорад. Ин тадбир ҳамчун рӯйдоди таърихӣ бозгӯйи ҷаҳду талошҳои самимии мо барои таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад — таъкид доштанд зимни мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат дар густариши робитаҳои дуҷониба аҳамияти асосии рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ду кишварро махсус қайд карда, иброз доштанд, ки байни кишварҳо динамикаи мусбии ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ фароҳам оварда шудааст.

Президенти мамлакат аз ду баробар боло рафтани ҳаҷми гардиши мол дар давоми солҳои охир изҳори қаноатмандӣ карданд. Пешниҳод гардид, ки барои дастгирии минбаъдаи ин тамоюл соҳаҳои тиҷорати ду кишвар диверсификатсия карда шаванд. Барои беҳтар намудани шароити фаъолияти сармоягузорони тоҷику ӯзбек бошад, ҳамгироии амиқ лозим аст.

- Иштироки фаъолонаи доираи соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар намоишгоҳҳои миллӣ ва анҷуманҳои соҳибкорон дар ҳудуди ду давлат мусбат ва саривақтӣ аст, — изҳор намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ин замина, изҳори эътимод карда шуд, ки намоишгоҳи «Истеҳсоли Тоҷикистон» ва Форуми муштараки тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар чаҳорчӯби сафари давлатӣ сурат мегиранд, ба густаришу тавсеаи робитаҳои тиҷоратии соҳибкорони ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Ҳамчунин, ҷонибҳо ҷанбаҳои воқеии ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои робитаҳои нақлиётӣ, ҳамкорӣ дар сатҳи минтақавӣ, истифодаи маҷмӯи захираҳои обу энергетика, амният ва мудофиа, равобити фарҳангӣ ва гуманитарӣ баррасӣ намуданд.

- Умумияти таъриху анъанаҳо ва ҳамсоягии мардумони мо муносибатҳои зичи фарҳангию гуманитариро аз қабл муқаррар кардаанд. Диаспораҳое, ки дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зиндагӣ мекунанд, ба муносибатҳои мо гармии махсус мебахшанд. Дар робита ба ин, ҷанбаи муҳими ҳамгироӣ дар соҳаи гуманитарӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои аъзои иттиҳодияҳои диаспораи кишварҳоямон мебошад, — таъкид карданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, мавзӯи таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосирро, ки ба амнияти минтақавию байналмилалӣ халал ворид месозанд, муҳокима карданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба вазъияти Афғонистони барои ҳар ду давлат ҳамсоя зоҳир карда шуд.

Дар ин замина, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати вусъати минбаъдаи кӯшишҳои ҳамаҷонибаи рушди комили ҳамкории минтақавӣ, таҳкими фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар минтақаро таъкид намуданд.

Рушди ҳамкории ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳо, муҳим арзёбӣ гардид.

42284749680_e085592d0e_o17 августи соли 2018, пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон ва муҳтарам Шавкат ­Мирзиёев маросими имзои 26 санади нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев Изҳороти муштарак ва Аҳднома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро имзо карданд.

Сипас, санадҳои зерин имзо шуданд:

- Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва  Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон;

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати миллии телевизион ва радиои Ҷумҳурии  Ӯзбекистон дар соҳаи телевизион ва радио;

- Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон «УзА»;

- Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ — иқтисодӣ, илмӣ — техникӣ ва фарҳангӣ — гуманитарӣ;

- Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва гуманитарию фарҳангӣ;

- Созишнома байни Академияи ­илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Aкадемияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои илмиву техникӣ;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи оид ба корҳои дини назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

- Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантини растанӣ байни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Инспексияи давлатии карантини растании назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва санъат ва Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2018-2020;

- Созишнома байни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи адлия;

- Ёддошти тафоҳум байни Кумита оид ба корҳои ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои марказии Иттиҳоди ҷавонони Ӯзбекистон;

- Созишнома байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳо дар самти таҳсили хизматчиёни давлатӣ;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи геодезия, харитасозӣ, заминсозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замин;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои ҳарбиву техникӣ;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ оид ба таҳсилот;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи такмили ихтисоси омӯзгорон ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф;

- Созишнома оид ба ҳамкорӣ доир ба васлу насби техникаи кишоварзӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Коргоҳи мошинсозӣ» — и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии «Узагротехсаноатхолдинг»;

- Протокол оид ба мубодилаи ёддошт­ҳо дар хусуси ратификатсияи Шартнома оид ба қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи пешниҳоди мутақобилаи минтақаи замин барои ҷойгиркунии сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Протокол оид ба ворид намудани илова ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ  аз 12 феврали соли 2002;

- Ёддошти тафоҳум доир ба ҳамкорӣ миёни Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва  робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

- Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Тоҷикстандарт) ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон (Ӯзстандарт);

- Созишнома байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба геология ва захираҳои минералӣ барои гузаронидани корҳои иктишофию геологӣ дар майдонҳои наздисарҳадӣ;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати зиддиинҳисорӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон байни Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба мусоидат ба корхонаҳои хусусигардонидашуда ва рушди рақобат.

Баъди анҷоми маросими имзои санадҳо сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои мулоқоти сатҳи олиро барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ неку назаррас арзёбӣ намуданд.

Нимаи дуюми  17 август дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев Намоишгоҳи молу маҳсулоти миллии Тоҷикистон таҳти унвони  «Дар Тоҷикистон истеҳсол шудааст»- ро тамошо карда, бо намунаи дастовардҳои арзандаи корхонаву ширкатҳои истеҳсолии мамлакат, ки айни замон дар бозори минтақа ва ҷаҳон мавқеи бештар пайдо кардаанд, шинос шуданд.

Дар он зиёда аз 60 корхонаи азими саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили ширкатҳои «Талко гурӯҳ», «Фароз» ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Ғайюр семент», «Моҳир семент», «Қолинҳои Қайроққум», ҷамъиятҳои саҳомии пӯшидаи «Шири Душанбе», «Оби зулол», Корхонаи воҳиди давлатии «Ангишт», «Намаки Ашт ва Хоҷамуъмин»,  «Амирӣ», «Маколли», инчунин дигар корхонаҳои бузурги ватании соҳаҳои саноати маъдан, хӯрокворӣ, мошинсозӣ, мудофиа ва химия, масолеҳи сохтмонӣ, саноати ангишт ва саноати сабук ширкат варзиданд ва маҳсулоти истеҳсолкардаашонро ба намоиш гузоштанд.

Намояндагони зиёда аз 50 корхонаю ширкати ватанӣ, ҳамчунин молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда, аз қабили маҳсулоти ресандагию бофандагӣ, нӯшокиҳои ташнагишикан, қисмҳои эҳтиётии мошин, анвои хӯрокворӣ, маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ, консерваи меваю сабзавот, меваи хушк, машрубот, нон ва маҳсулоти нонӣ, маҳсулоти қаннодӣ, маҳсулоти чарм, масолеҳи сохтмон, алюминий, пластикӣ, матоъ, либос, пойафзол, маснуоти заргарӣ, адрасу атлас, дару тиреза, мизу курсиҳо ва рахти хоб барои беморхонаҳо ва ҷевонҳо, профил ва трубаҳои металлӣ, ноқилҳои пастшиддат ва баландшиддат, намунаи ҳунарҳои дастии занону духтарон ва дигар молу ашёро ба намоиш гузоштанд.

Ҳамчунин, дар намоишгоҳ дастовардҳои соҳаи сайёҳии мамлакат, захираҳои об, дорусозӣ ва тандурустӣ, энергетика, кишоварзӣ ва маҳсулоти дастранҷи  ҳунармандони мардумиро ба сарони давлатҳо муаррифӣ намуданд.

Тавре маълум аст, дар даврони соҳиб­истиқлолӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар соҳаи саноат ва истифодаи самараноки корхонаҳои мавҷуда, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, тақвиятбахшии имкониятҳои содиротии кишвар ва умуман, дар самти иҷрои барномаҳои стратегии мамлакат тадбирҳои судманд амалӣ гардидаанд.

Бо шарофати сиёсати бобарори Ҳукумати кишвар рушди соҳаҳои воқеӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва воридоти технологияҳои нави инноватсионӣ имкон фароҳам овард, ки раванди саноатикунонии мамлакат густариш пайдо карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва шумораи ҷойҳои нави корӣ мунтазам афзоиш ёбад.

Дар 6 моҳи соли 2018 корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 10 миллиарду 414 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 -ум 1 миллиарду 862 миллион сомонӣ зиёд аст. Суръати афзоиш 117 фоиз таъмин карда шуд.

Барои дар амал татбиқ кардани ҳадафи стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ — аз кишвари аграрӣ — саноатӣ ба саноатӣ — аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони корхонаҳои азими тавлидкунандаи маҳсулоти хӯрокворӣ, коркарду бастабандии маҳсулоти кишоварзӣ, ресандагию бофандагӣ, алюминӣ, маъданҳои кӯҳӣ ва масолеҳи сохтмонӣ ҷаҳду талош меварзанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки дар дохили мамлакат ашёи хом то ҳадди ниҳоӣ коркард ва бо тамғаи «Истеҳсоли Тоҷикистон» ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад.

Сифати баланди молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки дар бозори дохил ва хориҷ мизоҷони зиёд пайдо намоянд, зеро эътимоди харидор ба сифати маҳсулот яке аз талаботи асосӣ дар роҳи муваффақ шудани корхонаҳо ба ҳисоб меравад.

Истеҳсолоти саноатӣ — пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи даромади Буҷети давлатӣ ва дар маҷмӯъ, омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад. Иштироки фаъоли саноатчиёни Тоҷикистон дар намоишгоҳи молу маҳсулот дар Ӯзбекистон шаҳодати рушду пешрафти соҳа аст.

Натиҷаи муҳими ин намоишгоҳ, пеш аз ҳама, дарёфти шарикони боэътимод мебошад. Соҳибкорони Тоҷикистон бо муаррифӣ кардани молу маҳсулот, инчунин барои ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои муштарак бо доираи соҳибкорону тоҷирони Ӯзбекистон ҳамкорӣ менамоянд.

17 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти Корхонаи истеҳсоли техникаи маишӣ ва электроника — «Артел» шинос шуданд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки «Артел» соли 2011 таъсис ёфтааст ва асосан барои хоҷагии халқи кишвар таҷҳизоти электрикии рӯзғор истеҳсол менамояд.

Шумораи коргарони корхона беш аз 7400 нафарро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии корхона 600 ҳазор метри мураббаъ буда, аз 9 коргоҳи дар ҷумҳурӣ фаъолияткунанда иборат мебошад.

Иқтидори истеҳсолии онҳо зиёда аз 5 миллион дона техникаи маишӣ ва 10 миллион дона лампаи каммасрафи барқӣ мебошад. Дар маҷмӯъ, корхона тавлидкунандаи 500 номгӯйи маҳсулот аст.

Маҳсулоти истеҳсолшуда ба бозори дохилӣ ва ба кишварҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва дигар давлатҳо содирот мегардад.

17 август сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар Қасри ҳамоишҳои байналмилалии «Ӯзбекистон» дар барномаи фарҳангии ходимони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев меҳмони олимақом ва ҳайати бонуфузи Тоҷикистонро ба Ӯзбекистон хайра мақдам гуфта, ташрифи онҳоро дар роҳи таҳкиму тавсеаи муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ қадами муҳиму устувор арзёбӣ намуданд.

Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии гарму самимӣ, дӯстона ва бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва мардуми ӯзбек изҳори хушҳолӣ ва сипосу қадрдонӣ карданд.

Сарони давлатҳо оид ба идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамсоягӣ, хешу таборӣ ва рушду густариши ҳамкории гуногунҷанба ба манфиати мардуми ҳар ду кишвар андешаронӣ карда, баргузории консерти устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистонро таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ маънидод намуданд.

«Шоми дӯстӣ» бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду кишвар хеле хотирмон буд.

17 августи соли 2018 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев «Барои саҳми сазовори шахсӣ дар таҳкими робитаҳои бисёрасраи дӯстӣ, таъмиқи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни халқҳои бародари ӯзбеку тоҷик, барои хизматҳои бузург дар рушди ҳамкории самарабахши ҷумҳуриҳои Ӯзбекис­тон ва Тоҷикистон ба манфиати наслҳои имрӯзу оянда, ташаббусҳои самаранок барои таъмини сулҳ, амният ва субот дар минтақа бо мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ордени «Эл Юрт Ҳурматӣ» сарфароз гардонида шуданд.

18 август дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоилов мулоқот карданд, ки дар он масъалаҳои муҳими ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз дош­танд, ки натиҷаҳои сафар ва мулоқоту музокироти сатҳи олӣ омили муҳим барои рушди муносибатҳои ду кишвар мегарданд.

Таъкид шуд, ки ҳамкориҳо бо сатҳу сифат ва рушди босубот дар ҳама соҳа афзалияти бештар касб мекунад, зеро он бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарии барои ҳар ду ҷониб судмандро фарогир аст.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла  ҷоннок кардани фаъолияти гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ ва табодули таҷриба дар самти қонунгузорӣ иброз доштанд.

Таъмиқи ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори иқтисодӣ, фарҳангӣ, илму маориф, ҳарбиву техникӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию транзитӣ ва амниятӣ ба хотири таъмини амну субот дар минтақа аз самтҳои афзалиятноку барои мардум судманд, зарур шумурда шуд.

Дар мулоқот, ҳамчунин дигар ­масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардиданд.

Дар охири мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси палатаи қонунбарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуридин Исмоиловро даъват карданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф оранд.

18 август дар шаҳри Тошканд, ҳамчунин мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов баргузор шуд, ки дар он густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи феълии робитаҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, ба Абдулло Орипов — ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба рушд ва таҳкими робитаҳои миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон барои саҳми муносиб дар густариши муносибатҳои ҳамкорӣ баҳои арзанда доданд.

Сарвари давлат таъкид карданд, ки дар ҷараёни мулоқоти сатҳи олӣ байни ду кишвар мушкилоти мавҷуда ҳалли худро пайдо карданд ва мо ният дорем барномаҳои минбаъдаи ҳамкориро бо наздиктарин ҳамсояамон дар шакли шарикии стратегӣ таҳия намоем.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди истеҳсоли саноатӣ, таҳкими робитаҳои бахши кишоварзӣ, тухмипарварӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ, истифодаи нуриҳои минералӣ, ҳамкорӣ дар бахши туризм, илму маориф, ҷудо кардани квотаҳо барои донишҷӯёни ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

18 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Самарқанд ташриф оварда, ҷойҳои таърихию муқаддаси онро тамошо карданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Самарқанд Сарвари давлатро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон истиқбол гирифтанд.

Роҳбари мамлакат дар шаҳри Самарқанд, қабл аз ҳама, оромгоҳи нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шодравон Ислом Каримовро зиёрат карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиеёв бо нишони эҳтиром ва қадршиносӣ дар назди марқади шодравон Ислом Каримов гулчанбар гузошта, бо дуову фотеҳаи нек рӯҳашро шод намуданд.

Дар шаҳри бостонии Самарқанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти  Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиеёв, ҳамчунин Расадхонаи ба номи Мирзо Улуғбек, Осорхонаи «Афросиёб», оромгоҳи Амир Темур ва майдони «Регис­тон» — ро тамошо карда, бо таърихи бою рангини онҳо ошноӣ пайдо карданд.

Расадхонаи ба номи Мирзо Улуғбек соли 1428 сохта шудааст ва қисми асосии он аз девор бо ҳудуди 40 метр, бо қисми кории аз 20 то 80 дараҷа иборат мебошад.

Дар расадхонаи Улуғбек соли 1437 Қӯрғон — номгӯйи осмони ситоразор тартиб дода шудааст, ки дар он 1018 ситора дарҷ гардидааст. Дар ҳамон ҷо дарозии соли ситоравиро 365 рӯзу 6 соату 10 дақиқа бо саҳви 58 сония муайян намудаанд.

Расадхонаи ба номи Мирзо Улуғбек аз иншооти муҳимтарини асрҳои миёна мебошад, ки дар теппаи Кӯҳаки атрофи Самарқанд сохта шудааст.

Дар Осорхонаи «Афросиёб» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нигораҳои қадимаву нодири иншоот шинос шуданд.

Манзилгоҳи Осорхонаи «Афросиёб» аз рӯи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ дар баробари Мароқанд — пойтахти Суғдиён қадимтарин ба шумор меравад. Афросиёб тибқи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ шоҳи Турон буд.

Дар шаҳри Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба таърихи қадимаи ин шаҳри бостонӣ майдон ва ансамбли ёдгории «Регистон»- ро аз назар гузаронданд. Он аз мадрасаҳои «Улуғбек», «Тиллокорӣ» ва мадрасаи «Шердор» иборат буда, ба макони сайри сокинон ва сайёҳон мубаддал гардидааст. Майдони «Регистон» ба асрҳои XV-XVI тааллуқ дорад.

Макони дигари таърихӣ оромгоҳи Амир Темур мебошад. Ин ёдгорӣ соли 1404 аз ҷониби Амир Темур барои набераи дӯстдоштааш Муҳаммад Султон сохта шудааст. Сохтмони мақбара, баъди марги нобаҳангоми Султон Муҳаммад — меросхӯри Амир Темур соли 1403 оғоз гардида буд.

Бунёди мақбараро набераи дигари Амир Темур — Улуғбек ба охир расонидааст. Дар вақти ҳукмронии Темур, мақбара ба оромгоҳи сулолаи Темуриён табдил ёфт.

Дар он ҷо оромгоҳи Амир Темур, Мирзо Улуғбек, Муҳаммад Султон, Саид Умар, Шоҳрух Мирзо, Мироншоҳ, Абдулло Мирзо, Абдураҳмон Мирзо ва устоди Темур — Мир Саид Барака мавҷуд аст. Дар атрофи он хонаву ҳавлиҳои зиёде сохта шудааст.

Девори он бо сангҳои майда-майдаи сафеду кабуди баланд оро ёфтааст, ки аз нурҳои офтоб ҷило медиҳад.

Дар даруни мақбара санги сариқабрии Амир Темур воқеъ аст ва худи оромгоҳ аз санги мармару оникс ва қисми болоии он аз санги яклухти нефрит бунёд шудааст.

Қабри асосӣ дар қисми поёнии мақбара ҷойгир аст.

Дар даромадгоҳи оромгоҳ навиштаҷоти «Мақбараи Амир Темур. Асрҳои XIV-XV» хаккокӣ шудааст.

www.president.tj