Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон

№31 - 32 (3825 - 3826) 10.03.2018

40664773782_af95de585d_o9 марти соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Майдони фурудгоҳ ба хотири ташрифи Роҳбари кишвари дӯсту ҳамсоя бо парчамҳои давлатии ду кишвар ва шиору овезаҳои тараннумкунандаи дӯстии мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон идона оро ёфта буд.

Пазироии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон нишона аз анъанаҳои неки аҷдодии гиромидош­ти меҳмон, самимияти мардуми тоҷик ба муносибатҳои неки дӯстию хешутабории ду халқ, таваҷҷуҳ ба рушду густариш ва таҳкиму тавсеаи равобити барои ҳар ду ҷониб судманд мебошад.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор гардида бошад ҳам, дӯстию рафоқати халқҳо таърихи қадим ва бою рангин дорад.

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дорои фазои бузурги фарҳангӣ-гуманитарӣ, сарҳади умумӣ ва робитаҳои инкишоф­ёфта буда, метавонанд рафтуомади озоди аҳолӣ ва маҳсулоту хизматрасониҳоро фароҳам оранд, барои инкишофи таъсирбахши соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҳар ду давлат мусоидат намоянд ва иқтидори транзитии якдигарро барои баромадан ба дигар бозорҳо истифода баранд.

Мавриди зикри хос аст, ки тайи рӯзҳои охир бо талошҳову ташаббусҳои неки сарони давлатҳо наздик ба 10 гузаргоҳи сарҳадӣ кушода шуд, ки мардуми ташнаи дидорро ба висоли дӯст, хешу табор ва ҳамсояи нек расонд.

Умед аст, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, имзои санадҳои нави меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳо барои таҳкими дӯстии мардуми ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

Пас аз анҷоми маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар толори пазироии меҳмонони олимақоми Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе суҳбати кӯтоҳи самимӣ доир карданд.

Сарони давлатҳо аз имкони ин дидор ва нахустин ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оғози марҳилаи нави рушду густариши муносибатҳои неки дӯстию ҳамсоягӣ мегардад, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Субҳи он рӯз бо нишони эҳтироми хоса ба мардуми дӯсту ҳамсояи ӯзбек ва Сарвари давлати Ӯзбекистон беш аз 15 ҳазор нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ, сокинони пойтахт ва наврасону ҷавонон ба истиқболи меҳмони олимақом баромаданд.

Дар маҳали истиқбол ва ду канори роҳи марказии шаҳри Душанбе аз ҳар як гӯша садои карнаю сурнай, шиорҳои тараннумкунандаи дӯстию бародарӣ шунида мешуд.

***

Нуҳуми марти соли 2018 маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар назди Маҷмааи давлатии «Қасри миллат», ки ба хотири пазироии меҳмони олимақом бо парчамҳои давлатии ду кишвар идона оро ёфта буд, баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди қатори сарбозон, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

Ҳамчунин, тибқи муқаррароти расмии маросими истиқболи сафарҳои давлатӣ ба ифтихори ташрифи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик карда шуд.

Сипас, музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар чаҳорчӯбаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон баргузор гашт.

Дар ҷараёни музокироти хосаи сарони ду кишвар дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум, ки ба робитаҳои муосири байнидавлатии ду кишвар хос аст, масъалаҳои муҳимтарини рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба дар ҳама арсаи манфиатҳои муштарак ба таври амиқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро самимона хайра мақдам гуфта, изҳори итминон намуданд, ки сафари аввалини ӯ ба Тоҷикистон дар маснади Сарвари давлат ба рушди маҷмӯи муносиботи ҳамкории ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

- Мардуми моро суннатҳои бисёрас­раи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҷонибайн муттаҳид месозанд. Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз афзалият­ҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон маҳсуб меёбад. Тасмимоти имрӯзаи мо дар доираи музокироти суратгиранда аз бисёр ҷиҳат хислати таърихӣ дошта, барои марҳила ба марҳила ба сатҳи сифатан нав бардоштани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон заминаи боэътимодро фароҳам меоваранд, — таъкид карданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.

Сарони давлатҳо оид ба ҷанбаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба дар самтҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангу робитаҳои башарӣ, иртибототи нақлиётӣ, истифодаи захираҳои обу энергетикӣ, амният ва мудофиа, ҳамчунин густариши робитаҳои байни минтақаҳои ду кишвар мубодилаи афкори судманд анҷом доданд.

Сарони ду давлат ба доираи васеи масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, дидгоҳу назари хешро оид ба роҳҳои ҳалли масъалаҳои рӯзмарраи минтақаи Осиёи Марказӣ баён намуданд.

Дар ин зимн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ташаббусу ибтикороти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекис­тонро ҷиҳати эҷоди фазои наву созандаи ҳамкории байнидавлатӣ дар Осиёи Марказӣ комилан ҷонибдорӣ менамояд.

- Мо иқдомоти Шуморо дар мавриди эҷоди фазои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ самимона истиқбол гирифтем, зеро онҳо бо ҳадафҳои мо комилан созгору ҳамонҳанг мебошанд, — иброз доштанд Эмомалӣ Раҳмон.

Пас аз анҷоми мулоқоти хоса музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон бо иштироки ҳайатҳои ҷонибҳо идома ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон музокироти ҷонибҳоро ҳамчун оғози марҳилаи нав дар муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ намуда, нақши муҳими Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро дар интиқоли ин муносибот ба маҷрои рушди созанда махсус таъкид карда, аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба ӯ барои талошҳои нек ва созандааш изҳори сипоси самимӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  низ ба Президент ва мардуми Тоҷикистон барои истиқболи бародарона ва меҳмоннавозиашон изҳори сипос намуда, қаноатмандии амиқи хешро аз натиҷаҳои музокирот иброз дошт.

Шавкат Мирзиёев аз тамоюли мусбати вақтҳои охири муносибатҳои ду кишвар ёдоварӣ намуда, афзоиш ёфтани ҳаҷми гардиши мутақобилаи мол ва фаъол гаштани ҳамкориҳои фарҳангиву башариро, ки ба арзишҳои маънавии муштарак ва анъанаҳои ғании дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ такя менамоянд, махсус таъкид намуд.

Дар иртибот ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ниятҳои баррасии ҳамаҷонибаи имконияти иштироки ҷониби Ӯзбекистонро дар бунёди иншооти гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар сохтмони НБО-и «Роғун» баён кард.

Ҳамчунин, ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018- 2028» ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими амнияти минтақавӣ мавриди дастгирии ҷониби Ӯзбекистон қарор гирифтанд.

Мувофиқаҳои дар рафти музокирот бадастомада заминаи боэътимоди ҳалли маҷмӯи мушкилотеро, ки  тайи ду даҳсолаи ахир ба рушди табиии муносибатҳои ду кишвар монеа шуда буданд, фароҳам меорад.

Имрӯз қариб ҳамаи масъалаҳои баҳсноки вобаста ба сарҳад ҳалли худро пайдо кардаанд ва ин воқеият ба ҷонибҳо имконият дод, ки шартномаи дахлдорро дар ин хусус ба имзо расонанд.

Қарор оид ба ҷорӣ намудани низоми рафтуомади бе раводиди ҷонибҳо ба муҳлати то 30 рӯз натиҷаи дигари муҳими мулоқоти сатҳи олии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба шумор меравад.

Қарори ҷонибҳо оид ба марҳила ба марҳила барқарор кардани фаъолияти ҳамаи гузаргоҳҳо дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон низ муассир мебошад.

Аҳамияти барқарорсозии ҳаракат аз тариқи роҳи оҳани қитъаи Ғалаба – Амузанг махсусан таъкид гардид. Ин иқдом на танҳо таъсири бузурги иқтисодӣ хоҳад дошт, балки  омили беҳбудии ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон, ки дар он зиёда аз сеюним миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунад, хоҳад шуд.

Қарордодҳои дар рафти гуфтушунид бадастомада, ҳамчунин, барои дар вақтҳои наздик барқарор кардани иртибототи ҳавоиву автомобилӣ байни дигар шаҳрҳо, бар иловаи хатсайри ҳавоие, ки феълан байни пойтахтҳои ҳар ду кишвар амал мекунад, заминаи зарурии ҳамкориро ба вуҷуд меоранд. Рафтуомади мутақобили шаҳрвандонро низ ба таври назаррас сабук гардонида, ба минбаъд наздиктар шудани ду халқи бародар, баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангиву башарӣ  ва дигар робитаҳои ҷонибҳо мусоидат менамоянд.

Дар рафти музокирот зарурати рушди робитаҳо байни минтақаҳои ду кишвар, ки ба фаъолнок кардани унсури бунёдии муносиботи байнидавлатӣ — ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ  мусоидат менамояд, таъкид гардид.

Ҷонибҳо аз шаш баробар зиёд шудани  тиҷорати дуҷониба дар вақтҳои охир изҳори қаноатмандӣ намуда,  таъкид карданд, ки ният доранд дар ояндаи наздик ҳаҷми онро ба ним миллиард доллар  расонанд.

Тарафҳо зарурати таъмиқи минбаъдаи ҳамкориҳоро дар соҳаи фарҳангиву башарӣ таъкид намуданд. Дар ин замина, аз ҷумла дар бораи он сухан  рафт, ки асарҳои адабии классикиву муосир ба забонҳои давлатии ду кишвар тарҷума гардида,   сатҳи омӯзиш ва таълими забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ дар муассисаҳои таълимии Ӯзбекистону Тоҷикистон мутаносибан баланд бардошта шавад.

Сарони ду давлат, бо дарназардош­ти сатҳи баланди эътимоди сиёсии байни тарафҳо ва ҷидду ҷаҳди онҳо ҷиҳати тавсеа ва таъмиқи бемайлони ҳамкориҳояшон,   дар мавриди омӯзиши масъалаҳои вобаста ба аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмият даровардани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар сатҳи шарикии байнидавлатии стратегӣ изҳори ният намуданд.

Ба ин восита тарафҳо на танҳо натиҷаҳои кори муштаракро дар марҳилаи кунунии муносибатҳояшон таҳким мебахшанд, балки самтҳои асосии рушду тавсеаи онҳоро барои дурнамои дарозмуддат, аз ҷумла дар соҳаи таъмини амният ва ҳамкорӣ дар мубориза бо хатару таҳдидҳои муосир муайян менамоянд.

Президентҳои Тоҷикистону Ӯзбекис­тон изҳори боварӣ намуданд, ки сафари онрӯза марҳилаи наверо дар муносибатҳои дуҷониба ҳусни оғоз бахшида, мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардуми ду кишвар раванди рушди мусбату созандаи онҳоро дар масири болоравии бебозгашт таҳким мебахшад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро даъват карданд, ки бо сафари ҷавобии давлатӣ ба Ӯзбекистон ташриф намоянд. Даъват бо камоли хушнудӣ пазируфта шуд.

Дар фарҷоми музокирот маросими баимзорасонии бастаи  калонҳаҷми санадҳои дуҷониба, ки аз 27 созишнома иборат буда, аксари соҳаҳои калидии ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар бар мегиранд, сурат гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Изҳороти муштараки ҷонибҳоро дар хусуси таҳкими дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ва Шартномаи байнидавлатӣ оид ба қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ба имзо расониданд.

Дар ҳузури сарони ду давлат санадҳои зерини байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расонида шуданд:

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи алоқаи автомобилии байналмилалӣ;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи алоқаи ҳавоӣ;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар таъмини фаъолияти сарбанди «Фарҳод»;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон;

- Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон;

- Созишнома байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳокимияти шаҳри Тошканд оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридании андоз аз даромад ва сармоя;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои молиявӣ;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи транзити боркашонии ҳарбӣ, махсус ва контингенти низомӣ тавассути ҳудуди давлатҳои Тарафҳо;

- Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкориҳои ҳарбӣ;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои байниминтақавӣ;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ;

- Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва илм;

- Созишнома байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии меъморӣ ва сохтмони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ;

- Созишнома байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи аҳолӣ;

- Протокол оид ба  боздошт намудани молҳо аз низоми савдои озод ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи савдои озод аз 10 январи соли 1996;

- Созишнома байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ташкили тартиби содаи амалисозии амалиёти гумрукӣ ҳангоми гузаронидани маҳсулот ва воситаҳои нақлиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

- Протокол байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мубодилаи маълумот оид ба гузаронидани маҳсулот дар савдои мутақобила байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

- Созишнома байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи фаъолияти намояндагони сарҳадӣ;

- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон;

- Ёддошти тафоҳум байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳо сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.

Нимаи дуюми 9 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии  Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок карданд.

Намоишгоҳ баъди буридани лентаи рамзӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ­Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ифтитоҳ гардида, ба фаъолият шурӯъ кард.

Дар намоишгоҳ номгӯйи зиёди маҳсулоти беш аз 100 корхонаи ӯзбекистонӣ ба намоиш гузошта шуда буд.

Асосан, ширкатҳои ҷумҳурии ҳамсоя 60 намуди техника, масолеҳи сохтмонӣ, молҳои соҳаи электротехникӣ, кимиё ва нуриҳои минералӣ, фармасевтӣ, саноати хӯрокворӣ, саноати сабук, чарм, мебел, полиграфӣ, молҳои саноатӣ ва электротехникии маиширо ба маъраз гузоштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев намоишгоҳро тамошо карда, барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, воридоту содироти маҳсулот ба кишварҳои ҳамдигар ва баҳри афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба соҳибкорон маслиҳатҳои муфид доданд.

Сарони давлатҳо баргузории намоишгоҳҳоро омили муҳими дарёфти шарикони нав ва густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ арзёбӣ карданд.

Дар ҳамон ҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо пахши тугмаи рамзӣ гузаргоҳи байнидавлатии роҳи оҳани «Ғалаба-Амузанг»-ро ифтитоҳ намуданд.

Маросими ифтитоҳи гузаргоҳи байнидавлатии роҳи оҳани «Ғалаба-Амузанг» тавассути гузориши телевизионӣ мустақиман дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон инъикос гардид.

Гузаргоҳи байнидавлатии роҳи оҳани «Ғалаба-Амузанг» вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистонро бо вилояти Хатлон пайваст мекунад.

Баъди солҳои тӯлонии баста будани қитъаи роҳи оҳани «Ғалаба – Амузанг» роҳи пайвасткунандаи қисмати ҷанубии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо шарофати сиёсати неку хирадмандонаи сарони ду кишвари бо ҳам дӯсту ҳамсоя ифтитоҳ гардид. Имрӯзҳо мардум ба марҳилаи нави муносибатҳои некбинона байни ду кишвар қадамҳои устувор мегузоранд.

Ҳаракати қатораҳо дар гузаргоҳи байнидавлатии «Ғалаба-Амузанг» ифодакунандаи воқеии заҳматҳои тӯлонӣ ва пайвастаи сарони давлатҳо — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мебошад.

Ин иқдоми хирадмандонаи сарони ҳар ду кишвар ба рафтуомади озоду бемамонияти шаҳрвандон, тақвияти робитаҳои тиҷоратию фарҳангӣ, мустаҳкам гардидани робитаҳои дӯстии миллати шарафманди тоҷику ӯзбек, афзун гардидани гардиши молу коло, самаранок истифода бурдани захираҳои ҳар ду кишвар ва дар маҷмӯъ, ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии арзандаю шоиста заминаи воқеӣ мегузорад.

Тоҷикистону Ӯзбекистонро таърихан муносибатҳои неку дӯстонаи чандинасра ба ҳам мепайванданд ва ин дар оянда бояд дар соҳаҳои хоҷагии халқ пайваста идома ёфта, мувофиқи имкониятҳо бо манфиати ҳар ду кишвар ривоҷу равнақ ёбад.

Дар баробари ин, айни замон дар вилояти Хатлон корхонаҳои азими истеҳсолӣ, аз қабили коргоҳҳои сементбарорӣ, варақаҳои гаҷӣ, коркарди нефт, креолит, нуриҳои минералӣ, корхонаҳои коркарди намаки ошӣ ва ғайра сохта шудаанд ва тибқи дурнамо дар солҳои наздик афзоиши боркашонӣ дар минтақа то 5 млн. тонна дар як сол пешбинӣ мешавад, ки ин гувоҳи ояндаи нек ва рушди соҳа мебошад.

9 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, ҳамчунин дар консерти тантанавии ходимони фарҳангу санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ», ки дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» баргузор шуд, иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур бо суханронии Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев оғоз гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар қаноатмандии худ ва мардуми Тоҷикистонро аз нахустин ташрифи давлатии меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон ба сарзамини офтобию меҳмоннавози Тоҷикистон изҳор намуда, онро қадами муҳиму устувор дар роҳи таҳкиму тавсеа ва таъмиқи муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки муносибатҳои дӯстии мардум аз қаъри таърих реша мегиранд ва бояд бо талошу ташаббусҳои муштараки халқҳо то абад поянда бимонанд.

Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз пазироии гарму самимӣ, дӯстона ва бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷик изҳори хушҳолӣ ва сипосу қадрдонӣ карданд.

Сарони давлатҳо, инчунин оид ба идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамсоягӣ, хешу таборӣ ва рушду густариши ҳамкории гуногунҷанба ба манфиати мардуми ҳар ду кишвар андешаронӣ карда, баргузории консерти устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистонро таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ маънидод намуданд.

Шоми 9 март сарони давлатҳои Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмон ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Кохи боҳашамати Наврӯз ташриф оварда, толорҳои барҳавову зебо ва бо санъати асили миллӣ ороёфтаи онро тамошо карданд.

Маҷмааи «Кохи Наврӯз» дар маркази пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷойгир буда, соли 2015 бо усули меъмории миллӣ ба истифода дода шудааст.

Маҷмаа аз 5 ошёна иборат буда, масоҳати 40 ҳазор метри мураббаи толорҳои он бо санъати волои гаҷкорӣ, оинабандӣ ва чӯбкории ҳунармандони тоҷик оро ёфтааст. Ҳамчунин, 15 айвончаи тобистонаи хурду калон, фаввораҳои ранга ба бино шукӯҳу шаҳомат мебахшанд. Дар 11 толори маҷмаа аз ҳунарҳои миллии тоҷикӣ, аз қабили гаҷкорӣ, мозаика аз шишаҳои ранга, сақфҳои рангубор, чӯбкорӣ, сангтарошӣ истифода бурда шудааст.

Кохи Наврӯз аз толорҳои боҳашамати «Дидор», «Аржанг», «Гулистон» ва «Зарандуд» иборат аст.

Толори «Дидор» аз гаҷкорӣ ва наққошӣ иборат мебошад. Даромадгоҳи он бо нақшу нигори «кундал» оро дода шудааст. Дар деворҳои он гаҷкорӣ дар рӯи оина иҷро шуда, нақшу нигори миллӣ акс ёфтааст. Сақфи он бо рангҳо хеле зебо наққошӣ гардидааст. Аз ду тараф зинапояи чӯбин бо кандакорӣ оро дода шудааст. Масоҳати толор 1100 метри муррабаъ мебошад.

Толори «Аржанг» аз 29 намуд санги нимқиматбаҳои Тоҷикистон сохта шудааст. Дар девор аксҳо аз рӯи мусаввараҳои Камолиддини Беҳзод иҷро карда шудааст. Масоҳати толор 1000 метри муррабаъ мебошад.

Толори «Гулистон» — толори намоиши кандакории тоҷик мебошад. Дар он бештар аз 6000 метри муррабаъ кандакорӣ дар чӯб иҷро шудааст. Он 16 сутун дорад. Қандили бузургаш 3 тонна буда, булӯрӣ мебошад. Масоҳати толор 1650 метри муррабаъро ташкил медиҳад.

Толори «Зарандуд» баландтарин толори бинои «Кохи Наврӯз» аст. Қандили бузургаш 6 тоннаву 700 кг вазн дошта, 1600 чароғак дорад. Дар ҳар як қисми девор рамзи тоҷи заррин бо ҳафт ситораро дидан мумкин аст. Дар сутунҳо ва болои он нақшҳо бо тиллои маҳин ороиш дода шудаанд. Аз ин ҷост, ки онро толори тиллоӣ мегӯянд. Деворҳои толор бо гаҷкорӣ дар оина ва шиша оро ёфтааст.

Бо ин шукӯҳу шаҳомат имрӯзҳо «Кохи Наврӯз» макони баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ гаштааст.

Баъди тамошои толорҳои «Кохи Наврӯз» Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҳунари волои устоҳои тоҷик ва ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри бунёди макони бузурги фарҳангӣ баҳои баланд доданд.

www.president.tj