Сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Сзинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

№107 (3253) 16.09.2014

чин

Сенздаҳуми сентябри соли 2014 ҳузури Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Сзинпин дар Тоҷикистон дар доираи барномаи нахустин сафари давлатии ӯ ба кишвари мо идома ёфт.

Маросими бошукӯҳи истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Муассисаи давлатии «Қасри миллат» баргузор гардид. Ба ин муносибат дар саҳни Муассисаи давлатии «Қасри миллат» ҷузъу томҳои Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.

Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Сзинпинро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат ва 21 шиллик аз тӯпхонаҳо, ки танҳо хоси сафарҳои давлатӣ аст, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи сарбозон, ба ҷо овардани эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон, арзи саломи меҳмони воломақом ба низомиён ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду кишвар баргузор гардид.

Ин маросими бошукӯҳ бо расми гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрии Тоҷикистон аз назди сарони ду давлат ба поён расид.

Баррасии масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар дар мулоқоти хоссаи сарони ду давлат оғоз ёфта, дар музокироти расмии ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамшарикии стратегии ду кишвари ҳамсоя дар бахшҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, маориф, илму техника ва фарҳанг баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ изҳор гардид, ки ҳаҷми солонаи гардиши мол миёни ду кишвар аз ду миллиард доллари амрикоӣ гузаштааст ва умед аст, ки тайи панҷ соли оянда ин нишондиҳанда аз се миллиард доллари амрикоӣ афзун мешавад.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ санадҳои зерини ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки ин аз рушди бесобиқаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории бисёрҷанбаи ду кишвари ҳамсоя гувоҳӣ медиҳад:

Эъломияи муштарак миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории шарокати стратегӣ;

Барномаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой барои солҳои 2015-2020;

Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи экстрадитсия;

Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба боздоди маҳкумшудагон;

Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба ҳамкории иқтисодиву техникӣ (грант ба маблағи 300 млн.юани хитойӣ;

Созишномаи қолабӣ миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи ба ҷониби Тоҷикистон додани қарзи имтиёзноки содиротӣ;

Ёддошти тафоҳум оид ба пешбарии таъсиси «Навори иқтисодии роҳи абрешим» миёни Кумитаи давлатӣ оид ба рушд ва ислоҳоти Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба бунёди Маркази аграрии намоиши технологияҳои инноватсионии Хитой дар Тоҷикистон;

Созишномаи ҳамкорӣ миёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой;

Созишнома миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари асосии Донишкадаи Конфутсий оид ба ҳамкорӣ дар бунёди Маркази Конфутсий;

Созишнома оид ба усулҳои асосӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Транс-Таджик-Газ Пайплайн компани Лимитед;

Созишномаи қарзӣ миёни Тоҷиктрансгаз ва Ширкати Транс-Азия Пайплайн;

Созишномаи қарзӣ миёни Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Бонки давлатии рушди Хитой;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ аз рӯйи лоиҳаи «Минтақаи саноатии Тоҷикистон ва Хитой» дар соҳаи саноати кӯҳӣ миёни «Ширкати байналмилалӣ оид ба захираҳои Тачен»-и ноҳияи мухтори Синзян Уйғур ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Созишнома миёни ҶСК «Агроинвестбонк»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки кишоварзии Хитой оид ба ҳамкорӣ;

Созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати хитойии «Хуаксин Семент ЛТД» оид ба сохтмон ва ба истифода додани хати 2 ва 3 Корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Данғара;

Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии Синзян.

Зимни нишасти матбуотӣ сарони ду давлат ба натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ баҳои баланд дода, аз ҷумла ба имзо расидани як зумра санадҳои нав, хусусан Эъломияи муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории шарокати стратегӣ ва Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2015-2020-ро намунаи хуби ҳусни ҳамсоягии ду кишвар ва сатҳи боварию эътимод маънидод намуданд.

www.president.tj