Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Шри-Ланка

№152 (3632) 15.12.2016

------------13122016_30804954673_o12 декабри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка сафари давлатӣ намуданд.

 Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Фаррух Ҳамрализода, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода, сардори Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳи Ғоиб ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

12 декабри соли 2016 дар Фурудгоҳи байналмилалии Бандаранайкеи пойтахти Шри — Ланка — шаҳри Коломбо, ки бо шиору навиштаҷоти шодбошӣ оро ёфта, аз ду ҷониби роҳрав Горди фахрӣ саф ороста буд, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Ранил Викремесингҳ самимона истиқбол гирифт. Ба истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Шри – Ланка саф ороста буданд.

Баъди анҷоми муқаррароти истиқбол Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо орзуи шукуфоии беш аз пеш ва таҳкими дӯстии мардуми Тоҷикистон ва Шри – Ланка дар Китоби тиллоии меҳмонони олимақом соядаст гузоштанд.

Хотиррасон менамоем, ки ин нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка ва фарогири чорабиниҳои муҳими байнидавлатӣ, аз ҷумла мулоқоту музокироти сатҳи баланди дуҷониба, суҳбату вохӯриҳои хоса бо роҳбарияти олимақоми ин кишвар ва маросими имзои маҷмӯи санадҳои нави ҳамкории дуҷониба мебошад.

13 декабри соли 2016 сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри — Ланка бо маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр дар назди Қасри Президенти Шри-Ланка оғоз гардид.

Барои пазироии Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони назди қаср идона ороста шуда буд ва парчамҳои давлатии Тоҷикистону Шри — Ланка парафшонӣ мекарданд.

Дар расми истиқболи меҳмони олимақом Горди президентӣ, оркестри фахрӣ саф ороста, ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб ҳузур доштанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри — Ланка Майтрипала Япа Сирисена гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд.

Сипас, маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди президентӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, бо садо додани сурудҳои миллии ҳар ду кишвар ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҷонибҳо анҷом ёфт. Тибқи муқаррароти сафарҳои давлатӣ ба хотири пазироии меҳмони олимақом аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик карда шуд.

Масоили таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри — Ланка дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Майтрипала Япа Сирисена ва музокироти байнидавлатии сатҳи олии Тоҷикистону Шри — Ланка бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб баррасӣ гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки «Мулоқоту вохӯриҳои имрӯза аввалин музокироти сатҳи олӣ миёни кишварҳои мо мебошанд ва изҳори умед менамоям, ки онҳо дар таърихи муносиботи Тоҷикистону Шри-Ланка саҳифаи наверо боз хоҳанд кард».

Таъкид гардид, ки рушди ҳамкории судманд ва мавриди истифодаи васеъ қарор додани имконоти фарохи робитаҳо ба манфиати мардуми ду кишвар мебошад.

Ҷонибҳо оид ба дарёфти роҳҳо ва дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Шри — Ланка табодули андеша карда, таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Шри — Ланкаро мувофиқи мақсад шумурданд. Ҳамчунин, ташаккули заминаи ҳуқуқии муносибатҳо омили муҳими истифодаи захираҳо ва имконоти мусоид баҳри тавсеаи ҳамкории судманд дар соҳаҳои иқтисоду саноат дониста шуд.

Зимни мулоқот ҷалби сармояи Шри — Ланка барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахши гидроэнергетика, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ ва хатҳои интиқоли неруи барқи дорои аҳамияти минтақавӣ зарур шумурда шуд.

Аз ҷониби Тоҷикистон роҳандозии татбиқи амалии лоиҳаҳои иқтисодӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои таъсиси корхонаҳои муштараки гуногуни саноатӣ оид ба истихроҷ ва коркарди сангҳои қиматбаҳо, инчунин истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти он барои омӯзиш пешниҳод гардид.

Дар ҷараёни мулоқот, инчунин масоили ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ, рушди индустрияи сайёҳӣ ва инфрасохтори он, робитаҳо дар бахши илму маориф баррасӣ шуда, таъкид гардид, ки сайёҳӣ ҳам метавонад соҳаи ояндадору фарохи ҳамкорӣ бошад.

Дар доираи ҳамкорӣ дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар сохторҳои минтақавию байналмилалӣ оид ба ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир ва муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгаройӣ, қочоқи маводи мухаддир, дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва қазияи Афғонистони ҳамсоякишвари мо ҷонибҳо гуфтугӯйи судманд доир намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Шри — Ланка баҳри дастгирии ташаббуси нави Тоҷикистон — Даҳсолаи байналмилалии «Об — барои рушди устувор» миннатдории самимӣ изҳор доштанд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии сатҳи баланди ҳукумат ва мардуми Шри — Ланка изҳори сипос намуданд ва Майтрипала Япа Сирисенаро даъват намуданд, ки ба Тоҷикистон бо сафари дӯстона ташриф орад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Шри — Ланка Майтрипала Япа Сирисена маросими имзои ҳуҷҷатҳои нави ҳамкорӣ сурат гирифт:

Баёнияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри — Ланка оид ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба қабул гардида, чор санади дуҷониба ба имзо расид:

- Ёддошти тафоҳум оид ба машваратҳои сиёсӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри — Ланка;

- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри — Ланка оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ;

- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри — Ланка оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

- Ёддоштнома байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати стратегияи рушд ва тиҷорати байналмилалии Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри — Ланка дар мавриди мувофиқасозии созишнома оид ба ҳамкории мутақобила.

Бо ҳамин маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба охир расид.

14 декабри соли 2016 дар Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири ин кишвар Ранил Викремесингҳ мулоқот намуданд.

Дар он масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мутақобилаи судманди Тоҷикистону Шри-Ланка ва густаришу тавсеаи минбаъдаи онҳо баррасӣ  шуд.

Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба дарёфти роҳу усулҳои нави рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, саноати нассоҷӣ, коркарди захираҳои табиӣ, сайёҳӣ ва инфрасохтори он, инчунин илму фарҳанг табодули афкор намуданд.

Муштаракоти зиёди иқтисодии Тоҷикистону Шри-Ланка омили муҳими фароҳамсози заминаи хуби ҳамкориҳо арзёбӣ гардид ва изҳори итминон карда шуд, ки ба имзо расидани санадҳои нави дуҷониба барои тавсеаву таҳкими ҳамкориҳои байниҳукуматӣ дар соҳаҳои гуногун нақши муҳим бозида, барои таъсиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Шри-Ланка оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ва Шӯрои тоҷирону соҳибкорони ду давлат заминаҳои мусоид фароҳам месозанд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба масоили мубрами минтақавию байналмилалӣ, вазъи ҷаҳони муосир, амнияту суботи минтақа, бо дарназардошти вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии Афғонистон ва муборизаи муштарак бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ сурат гирифт.

Ҳамчунин, 14 декабри соли 2016 мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Парлумони Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Кару Ҷаясурия баргузор гардид, ки дар он масоили вобаста ба роҳандозии муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки ҳамкориҳои байнипарлумонӣ омили муассири рушди муносибатҳои фарогири байнидавлатӣ буда, дар ташаккули заминаи ҳуқуқии онҳо нақши муҳим мегузоранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мавзӯи ба роҳ мондани робитаҳои байнипарлумонӣ бояд дар маркази таваҷҷуҳи доимии ҷонибҳо қарор гирад ва дар ин замина, ҷиҳати таъсис додани Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Шри-Ланка тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Ҷонибҳо барои тақвият бахшидани ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо, аз қабили иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва дастгирии бахши хусусӣ тавассути оғози бобарори робитаҳои байнипарлумонӣ фикру андешаҳои ҷолиб баён карда, изҳори боварӣ намуданд, ки дар оянда барои беҳтар гардидани сатҳу сифати муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Шри-Ланка парлумонҳои ҳар ду давлат нақши босазо хоҳанд гузошт.

Дар мулоқот, ҳамчунин масоили ҳалли фарогири қазияи Афғонистон, ки бо Тоҷикистон марзи тӯлонии муштарак дорад, муборизаи беамон бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ки дар Стратегияи амниятии Тоҷикистон мақоми аввалиндараҷаро касб менамояд, баррасӣ шуд.

www.president.tj