27 сентябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва иштирок дар ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнии 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Рашт сафари корӣ намуд.
Дар фурудгоҳи ноҳияи Рашт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукргузорӣ аз сиёсати созанда ва бунёдкорона бо шукӯҳу самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо намоиши дастовардҳои кишоварзон шинос шуданд.
Тавре маълум гардид, хоҷагидорон дар ҳама бахши соҳаи кишоварзӣ дастовардҳои назаррасро соҳиб гашта, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми фаъол мегузоранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Насим»-и деҳоти ба номи Нусратулло Махсум, ки баҳори соли 2016 дар майдони қариб як гектар боғи интенсивӣ бунёд кардааст, шинос шуданд. Дар он навъҳои ниҳоли себи «заринтоб», «бибиҷон», «шоҳҳусайнӣ» ва ноки «сантамария» шинонда шудааст, ки дар маҷмӯъ 1100 бехро ташкил медиҳад.
Бо мақсади истифодаи самараноки замин хоҷагидорон дар қатори ниҳолҳои боғ кишти зироатҳо, ба монанди мош, лӯбиё ва бодиринги навъи «беназир»- ро ба роҳ мондаанд. Дар қаторҳои боғи мевадиҳандаи «хитойӣ» низ кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла шалғам, сабзӣ, лӯбиё, турб ва мош гузаронидаанд, ки агротехникаи парвариш бо пуррагӣ риоя шудааст.
27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт ба фаъолияти дармонгоҳи ВКД расман оғоз бахшиданд.
Он бо маблағи 3,5 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд гардида, барои истироҳат ва барқарор кардани саломатии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фарзандони онҳо шароити мусоиди хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити хизматрасонии дармонгоҳ шинос шуда, ба иҷрои корҳои анҷомёфта ва бунёди биноҳои нав баҳои баланд доданд.
Дармонгоҳ, ки дар як мавзеи зебо ва хушбоду ҳавои ноҳияи Рашт бунёд ёфтааст, аз 17 бино иборат мебошад ва макони хуби истироҳату тавонбахшӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хоҳад буд. Дар биноҳои алоҳидаи осоишгоҳ шароити мусоиди истироҳат фароҳам буда, барои калонсолону кӯдакон ҳуҷраҳои махсус бунёд гардидааст.
Дармонгоҳ дорои ошхона барои 65 нафар, майдони хурди футбол, волейбол ва майдончаи бозии кӯдакона мебошад.
Биноҳои дармонгоҳ бо навтарин таҷҳизот муҷаҳҳаз гардонда шудааст ва имкон аст, ки дар як вақт то 60 нафар дар он ҷо ба истироҳату тавонбахшӣ фаро гирифта шаванд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар маросими ифтитоҳи Маҷмааи муҳташами варзишии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд.
Лоиҳаи ин иншоот аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пажӯҳишгоҳи илмӣ, лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯйии САНИИОСП» омода гардидааст ва аз ду қисм иборат мебошад.
Бинои 1-ум аз толори варзишӣ бо 1790 ҷойи нишаст ва бинои 2-юм аз 3 ошёна иборат аст.
Ошёнаи 1-ум аз ҳуҷраҳои корӣ барои роҳбарият, ошёнаи дуюм барои бозиҳои шашка, шоҳмот, тенниси рӯи миз, ҳуҷраи либосивазкунӣ пешбинӣ шудааст. Ошёнаи сеюм дорои толори машқ, фитнес-зал, ошхона, ҳуҷраҳои маъмурӣ, духтуру ҳамшираи шафқат, лавозимоти варзишӣ ва ҳуҷраҳои машғулиятҳои умумӣ мебошад.
Дар паҳлуи толори варзишӣ пешайвон бо 40 ҷой барои шореҳон ва кормандони матбуот пешбинӣ шудааст. Маблағи корҳои сохтмонию васлгарии иншоот 18 миллону 668 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Фармоишгари ин иншооти варзишӣ Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «СТС-ИНШООТ» ба анҷом расонида шудааст.
Имрӯз дар ноҳияи Рашт 16 толор, як маҷмааи варзишӣ ва як муассисаи варзишӣ барои ҷавонон ва наврасон амал мекунад. Фақат дар муассисаи варзишӣ беш аз 400 нафар аз рӯи 10 намуди варзиш машқу тамрин менамоянд.
Маҷмааи варзишии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар минтақа нахустин ва бузургтарин маҳсуб меёбад ва бо таҷҳизоти замонавии варзишӣ таъмин аст.
Дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Коллеҷи тиббии ноҳияро низ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он 3 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум даромадгоҳ, даҳлез, 4 ҳуҷраи озмоишӣ ва ғайра мавҷуд аст. Дар ошёнаи дуюм ва сеюм 12 синфхона, 6 ҳуҷраи корӣ ва толори фароғатӣ бунёд гардидааст.
Зимни шиносоӣ бо шароити бино Сарвари давлат ба кори сохтмончиёну лоиҳакашон баҳои баланд дода, ифтитоҳи иншооти навро ба донишҷӯёну омӯзгорон муборакбод намуданд.
Фармоишгари иншооти мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳакаш Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пажӯҳишгоҳи илмӣ, лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯйии САНИИОСП» мебошад. Корҳои сохтмониро коргарони корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бедак» дар се сол бо сифати баланд ба иҷро расондаанд. Арзиши лоиҳавии иншоот беш аз 10 миллион сомониро ташкил дода, дорои толори замонавӣ барои 250 ҷойи нишаст, ошхона бо 60 ҷой, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
Дар ҳамон ҷо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хобгоҳи Коллеҷи тиббии ноҳияи Раштро низ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он аз 3 ошёна ва 138 ҷойи хоб иборат буда, шароити мусоид барои донишҷӯён муҳайё карда шудааст.
Бино дорои синфхонаи компютерӣ, толори хониш, ошхона ва шустушӯйхона мебошад. Харҷномаи он тибқи лоиҳа 5 миллиону 174 ҳазор сомонӣ будааст ва он бо маблағи 5 миллиону 71 ҳазор сомонӣ сохта, бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳаз гардонда шудааст.
Инчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи рушди соҳаи боғдорӣ ва ниҳолпарварӣ дар боғи интенсивии «Пайванд-Рашт» шинос шуданд.
Он баҳори соли 2016 дар 6 гектар аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пайванд» бунёд гардида, навъҳои беҳтарини себу нок парвариш меёбанд. Дар 58 қатори боғ 7474 бех ниҳол парвариш ёфта истодааст. Баъди бунёди боғ 12 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд. Аз вазъи боғ ва нашъунамои хуби ниҳолҳо аён аст, ки мутахассисон агротехникаи парваришро хуб ба роҳ мондаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба боғдорон оид ба васеъ кардани майдони боғот, ба маҳал мутобиқ намудани навъҳои беҳтарини мева, афзоиши содироти меваҳои хуштамъи Тоҷикистон ва дигар ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба рушди боғу токпарварӣ маслиҳатҳои муфид доданд.
Таъкид шуд, ки дар ин мавзеъ, ки байни ноҳияи Нуробод ва Рашт ҷойгир аст, оянда дар ноҳияи Нуробод дар майдони 40 гектар ва дар ноҳияи Рашт 30 гектар боғи интенсивӣ бунёд ва ҷиҳати хубу бегазанд нигоҳ доштани ҳосил барои 5 ҳазор тонна сардхона бунёд намоянд.
27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди шумораи зиёди сокинони ноҳияи Рашт, ки барои вохӯрӣ дар варзишгоҳи марказӣ ҷамъ омада буданд, суханронӣ карда, барномаи рангину бошукӯҳи идонаи устодони санъат ва ҳаваскоронро ба ифтихори 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тамошо намуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ таъкид доштанд, ки дар натиҷаи ғамхориву дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат ва бо туфайли заҳмату талоши ватандӯстонаи сокинон симои ноҳияи Рашт дигаргун шудааст.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бунёди як қатор иншооти хурду калони соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимию марказҳои саломатӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва биноҳои нави хизматрасониву маъмуриро намунаи дастовардҳои ноҳия дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ маънидод карданд.
Пас аз анҷоми суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Рашт барномаи бошукӯҳи консертии устодони санъат ва ҳунармандони ноҳия ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон пешкаш гардид.
Нимаи дуюми 27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва расму оинҳои миллии сокинони ноҳияи Раштро тамошо карданд.
Дар он мардуми меҳнатқарини ноҳия бо эҳтиром ба гузаштагони бузургу тамаддунофар, арҷгузорӣ ба муқаддасот ва расму оинҳои миллӣ, анъанаҳои неку ибратбахши ниёгон, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ — маҳсули дасти устоҳои ҳунарманд ва дигар асбобҳои рӯзгорро ба тамошо гузошта буданд.
Дар ҷойи аввал кадбонуҳои ноҳия нону кулча, қаламаю чаппотӣ ва қариб 20 намуди анвои аз орд истеҳсолшавандаро пешкаши тамошобинон намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба ин ҳунари бонувони ноҳияи Рашт ба онҳо барои тайёр кардани нонҳои ҳаҷман калон, ки маҳорати хоси пухтанро талаб менамояд, баҳои баланд доданд.
Дар гӯшаи дигар маҳсулоти ширӣ, аз қабили ширу ҷурғот, чаккаю равғани маска ва қурут ба маъраз гузошта шуда буд.
Ба хотири иҷрои ҳидоятҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба захираи маҳсулоти хӯрока дар шакли консерва бонувони ноҳия дар намоишгоҳ зарфҳои шишагии пур аз меваву сабзавотро бо риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ пешниҳод карданд.
Маҳсулоти қаннодӣ, ки аз ҷониби ҷавондухтарони ҳунарманд бо меҳри хоса пухта шудаву хеле зебо ороиш ёфта буд, ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон хуш омад.
Мушоҳида гардид, ки ҳунари дӯзандагӣ, бофандагӣ, зардузӣ, чакандӯзӣ, тоқидӯзию ҷӯроббофӣ, шероздӯзӣ, атласу адрасбофӣ ва қолинбофӣ дар ноҳия ба таври назаррас рушд карда истодааст. Тавре бонувон иброз доштанд, бо васеъ кардани доираи фаъолият дар хона ва коргоҳҳои алоҳида манфиати зиёд мегиранд. Занони ҳунарманд, инчунин бо мақсади қонеъ кардани талаботи хонандагони муассисаҳои таълимӣ дӯхти сарулибосро низ васеъ ба роҳ мондаанд.
Дар Намоишгоҳ, инчунин бо маҳсули дасти заргарон — гӯшвору муҳра, бозубанд ва дастпонаву дигар ороишоти нуқрагӣ, устоҳои чӯбтарош - табақҳои гуногуншаклу қошуқ, гаҳвора, сандуқ, дару тиреза, сабад ва асбобҳои мусиқӣ шинос шудан мумкин буд.
Гарчанде дар замони навин истеҳсоли маҳсулоти оҳанӣ ва асбобҳои рӯзгор тараққӣ карда бошад ҳам, сифати маҳсулоти оҳангарон аз мадди назар дур намонд. Онҳо асбобҳои барои хоҷагӣ зарур — корд, досу болға, табар ва дигар таҷҳизотро ба тамошо гузошта буданд.
Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бештар навозандагию овозхонии як модари тоҷик, ки дуои бақои Давлату Пешвои миллатро карданд, писанд афтод ва Президенти мамлакат ба ҳунари ӯ баҳои баланд доданд.
www. president. tj