Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Франсия

№163 (3464) 01.12.2015

29 ноябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси 21 — уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба Ҷумҳурии Франсия сафар кард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

www.president.tj