Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Халқии Хитой

№116-117 (3417-3418) 01.09.2015

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якуми сентябри соли 2015  бо мақсади анҷоми сафари корӣ ба Ҷумҳурии Халқии Хитой сафар кард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

www.president.tj