15 марти соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар ифтитоҳи якчанд иншооти таъиноти гуногун, инчунин мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф овард.
Дар даромадгоҳи ноҳия сокинон бо самимияти баланд, ки нишонаи возеҳи ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат мебошад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро истиқбол гирифтанд.
Сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо оғози корҳои сохтмонӣ дар иншооти Маҷмааи фарҳангию фароғатӣ, варзишию солимгардонӣ, нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ шурӯъ гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани нома ба наслҳои оянда дар маҳали бунёди ин маҷмааи бузурги хизматрасонӣ ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшид.
Тавре ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, маҷмаа дорои кӯдакистон барои 200 тарбиятгиранда, корхонаи дӯзандагӣ бо 300 ҷойи корӣ, толори варзишӣ барои машқи 200 нафар дар як баст ва маркази савдо бо 400 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст.
Маблағи умумии арзиши лоиҳа 30 миллион сомонӣ буда, дар рафти корҳои сохтмонӣ 200 нафар сохтмончӣҷалб мегардад. Баъди ба истифодадиҳии маҷмааи мазкур наздик ба се ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешавад. Бунёди маҷмаа, ки аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Заъфаралӣ Кабиров ба роҳ монда шудааст, бояд дар давоми ду сол сохта шавад.
Лоиҳаи муосир аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Селтехпроект» омода гардида, корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Саманди Сомон» анҷом медиҳад.
Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳа Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон соҳибкор ва сохтмончиёнро ба корҳои босифат ҳидоят намуд. Тибқи таъкиди Сарвари давлат ин маҷмаа бояд бо тарҳи муосири бо меъмории шарқӣ омехта хеле зебо бунёд гардад ва солҳои зиёд ба мардум хизмат расонад.
Маҷмаа дар майдони умумии панҷ гектар, дар ҳудуди шаҳраки Сомониён сохта хоҳад шуд. Ҳангоми ба фаъолият оғоз кардан имкон аст, ки дар як шабонарӯз беш аз 20 ҳазор нафар аз хизматрасонии он баҳравар гардад.
15 марти соли 2016 дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти Маркази саломатии ноҳия оғози расмӣ бахшид.
Зимни шиносоӣ бо шароити Маркази саломатӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки барои анҷоми корҳои сохтмонӣ наздик ба 9 миллион сомонӣ ва барои бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз намудан як миллион сомонӣ харҷ шудааст.
Бинои Маркази саломатӣ аз панҷ ошёна иборат буда, барои қабули 310 нафар бемор дар як баст пешбинӣ гардидааст. Дар он беш аз 300 нафар мутахассиси соҳаи тиб бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба табибон дастур дод, ки дар вақти ташхис ва табобати беморон масъулияти бештар дошта бошанд ва пеш аз ҳама, баҳри беҳдошти солимии ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.
Дар марказ барои ташхису табобати беморон технологияи нави соҳа аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Олмон, Чин ва Корея ворид карда шудааст. Таҷҳизоти ҳозиразамони соҳа, аз қабили лор комбайн, систоскоп, бронхоскоп, гастроскоп, колпоскоп, дастгоҳҳои ултрасадо ва сабти барқии дил имкон медиҳад, ки кори табибон дар самти муайяну мушаххас намудани бемориҳо осон гардад. Ҷараёни қабул ва барои ташхису маслиҳат ба табибон роҳхат додан дар Маркази саломатӣ ба воситаи барномаи махсуси компютерӣ сурат мегирад, ки ин ҳам дар ноҳия як навоварии калон аст. Инчунин, ба воситаи ин барнома тариқи «онлайн» табибон барои ташхису табобати беморон бо якдигар машварат мегузаронанд.
Ҳамзамон, Маркази саломатӣ дорои озмоишгоҳҳо, маркази таълимӣ барои корҳои амалӣ, утоқҳои муоина ва муолиҷаи гулӯ, гӯшу бинӣ, дандон, узвҳои нафаскашӣ, меъдаю рӯда, бемориҳои занона, урологӣ, чашм, дил ва ғайра мебошад. Дорухонаи табиат, ки аз гулу гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистони биҳиштосо дар он маводи доруворӣ тайёр карда мешавад, дар марказ мавқеи махсус дорад. Дар ин ҷо, ҳамзамон, сохторҳои вобаста ба тибби оилавӣ, марказҳои зидди сил, ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҳамбастагии кӯдакона, эмтаъминкунӣ, ташхиси тиббии судӣ ва зидди вируси норасоии масунияти бадан муттаҳид карда шудааст. Ин ба он хотир аст, ки нафарони ниёзманд ташхису табобатро дар як муассисаи тандурустӣ анҷом диҳанд.
Дар марказ барои солимии равонии беморон ва ташхису тавонбахшии маъюбон низ толор ва утоқҳои махсус таъсис дода шудаанд, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мебошанд. Ҳамзамон, барои мутахассисони тибби оилавӣ пойгоҳи омӯзишӣ фаъолият хоҳад кард, ки он дар баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорати касбии духтурон нақши асосӣ дорад.
Баъди шиносоии пурра бо шароити Маркази саломатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ, ки барои истиқболи Сарвари давлат ҷамъ омада буданд, суҳбати самимӣ орост.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нахуст табибон ва тамоми сокинони ноҳияро бо ифтитоҳи як қатор иншоот, аз ҷумла Маркази саломатии ноҳия, табрику таҳният гуфт. Бунёду мавриди баҳрабардорӣқарор додани иншооти гуногунро дар арафаи идҳои зебои баҳорӣ Сарвари давлат туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат ба мардум дар соли таҷлили 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон арзёбӣ кард.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Давлату Ҳукумат ҳамаҷониба барои солимии ҷомеа талош меварзад ва дар доираи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба хотири беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ташхису табобат чунин марказҳои муосири саломатӣ бо дастгоҳҳои нодир муҷаҳҳаз бунёд карда мешавад.
Сокинони ноҳия зимни суханронӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаббусҳо ва ғамхориҳои рӯзафзун изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
15 марти соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Гулпарвари деҳоти «Чимтеппа»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо фаъолияти ибратбахши Хоҷагии деҳқонии «Саъдулло» шинос шуд.
Дар назди гармхонаи хоҷагӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи кишоварзии ноҳияро тамошо кард. Дар ин ҷо маҳсули дасти деҳқонони ризқофар, ҳунарҳои дастӣ ва анъанаҳои хоси наврӯзӣ ба маъраз гузошта шуда буд.
Зимни шиносоӣ бо комёбиҳо Президенти мамлакат ҷиҳати равнақи соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи иқтидорҳои истифоданашудаи аграрии ноҳия ба хоҷагидорон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Сипас, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар гармхонаи Хоҷагии деҳқонии «Саъдулло», ки роҳбараш деҳқони ботаҷриба Ҳалим Солиев мебошад, бо парвариши помидор шинос шуд.
Тавре маълум гардид, хоҷагии мазкур дар ихтиёри худ 1,5 гектар замин дошта, 15 сол боз ба парвариши помидору бодиринги барвақтӣ ва кӯчати ин навъи зироат машғул аст.
Дар айни замон дар ин хоҷагӣ 27 нафар, аз ҷумла 13 аъзои оилаи Ҳалим Солиев бо кор таъмин буда, музди миёнаи коргарон аз 750 сомонӣ то 1500 сомониро ташкил медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кори аъзои хоҷагиро қобили таҳсин хонда, ба масъулини ноҳия доир ба васеъ кардани майдони гармхона ва истеҳсоли маҳсулоти барвақтӣ дастур дод. Дар гармхона айни замон 35 ҳазор бех помидор шинонида шудааст, ки нашъунамои хуб дорад.
Тибқи иттилои роҳбари хоҷагӣҲалим Солиев даромади софи яксолаи хоҷагӣ аз ҳисоби фурӯши помидору бодиринг 300 то 350 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз ин ҳисоб, баробари харҷи маблағ дар корҳои хоҷагидорӣ, дар пайравӣ ба сиёсати инсонпарваронаи Президенти мамлакат ҳар сол наздик ба 100 ҳазор сомонӣ ба мактаб — интернатҳо ва дигар табақаҳои ниёзманди ноҳия хайр карда мешавад.
Барои фаъолияти намунавӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати инсондӯстонаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари хоҷагӣ изҳори сипос намуд.
Барои гарм кардани гармхона аъзои хоҷагӣ аз ангишт истифода мебаранд ва талабот дар як сол ба ин намуди сӯзишворӣ 700 тонна мебошад. Роҳбари давлат ба ин усули парвариши помидору бодиринг таваҷҷуҳ зоҳир намуда, истифодаи неъматҳои табиии худӣ, аз ҷумла ангиштро судовар маънидод кард.
Ҳангоми шиносоӣ бо таҷрибаи барзгарони Хоҷагии деҳқонии «Саъдулло» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Рӯдакиро пойгоҳи калони таъмини сокинони пойтахт бо маҳсулоти кишоварзӣ арзёбӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати истеҳсоли ҳар чӣ зиёди маҳсулоти барвақтии воридотивазкунанда дастуру ҳидоятҳо дод.
Понздаҳуми марти соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Сомониён бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои истиқоматии бисёрошёна оғози расмӣ бахшид.
Бинои истиқоматии нуҳошёна аз 85 хонаи як ва дуҳуҷрагӣ иборат буда, сохтмонаш дар ҷойи манзили истиқоматии дуошёна, дар масоҳати 0,23 гектар ба нақша гирифта шудааст. Бинои мазкур аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Убайдулло Гулов бунёд мегардад. Фармоишгар ва сохтмончӣҶамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сохтмони арзон» ва лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Архиком-К» мебошад.
Арзиши лоиҳавии ин иншоот 17 миллион сомониро ташкил медиҳад ва дар ошёнаи якуми он бунёди маркази савдо ва дигар иншооти хизматрасонии маишӣ пешбинӣ гардидааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 25 нафар ва баъди бунёди бино 15 нафар аз сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор мешаванд.
Бинои истиқоматӣ дар доираи нақшаи генералии шаҳраки Сомониён, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2010 тасдиқ шудааст, бунёд мегардад. Мавриди зикр аст, ки дар асоси ин нақшаи генералӣ дар маркази шаҳрак, инчунин сохтмони биноҳои замонавии қасри фарҳанг, идораи андоз, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, меҳмонхона, тарабхона ва дигар идораҳои маъмурию иншооти гуногуни маишӣ — хизматрасонӣ сохта мешавад.
Тарҳу намои бинои истиқоматӣ ба талаботи меъмориву шаҳрсозӣҷавобгӯй буда, дар он тамоми унсурҳои миллӣ пешбинӣ гардидааст.
Сокинони манзили зисти дуошёна, ки дар ҷойи он бинои баландошёнаи истиқоматӣ сохта мешавад, иброз медоранд, ки дар хонаҳои онҳо одитарин шароити зист вуҷуд надорад. Соҳибкори ватандӯст азм дорад, ки бо бунёди бинои хуштарҳ сокинонро бо хонаҳои замонавӣ ройгон таъмин намояд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ин иқдом ба соҳибкор Убайдулло Гулов баҳои арзанда дода, сохтмончиёнро ба иҷрои корҳои босифат ҳидоят намуд.
Понздаҳуми марти соли 2016 дар маркази шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон як бинои истиқоматии панҷошёнаро ифтитоҳ намуд.
Пас аз буридани лентаи рамзӣ дар ошёнаи якум Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити зист дар хонаҳо шинос шуда, ба якчанд оилаи хуштолеъ калиди хонаҳои замонавиро тақдим намуд.
Бинои истиқоматии панҷошёна дорои 40 хона, аз ҷумла 19 якҳуҷрагӣ ва 21 дуҳуҷрагӣ мебошад. Он бо харҷи қариб 5 миллион сомонӣ аз тарафи соҳибкор Руқия Ҳамдамова сохта шудааст. Лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷмаҳал – 2010» буда, бо дарназардошти талаботи муосири коммуналӣ бо тамоми инфрасохтор бунёд шудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи дастгирии соҳибкории хурду миёна аз ҷониби Ҳукумати кишвар соҳибкорони ватандӯст дар баробари ифтитоҳи корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин дар самти бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо нархҳои дастрас саҳми муносиб мегузоранд.
Бинои нав дар маркази шаҳрак низ аз ҷумлаи чунин иншоот мебошад, ки аз тарафи соҳибкорон дар робита ба дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат сохта шудааст.
Тибқи дастуру супоришҳои мушаххаси Сарвари давлат дар асоси лоиҳа дар ин мавзеъ, ҳамчунин майдонча барои бозии кӯдакон ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд мегардад.
www.president.tj