Ҳаштуми майи соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин бо боздиди корӣ ба шаҳри Москва сафар карданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.
8-уми майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Россия шуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии «Внуково-2»-и шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Федератсияи Россия самимона пазироӣ карданд.
Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарварони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 79-умин солгарди Рӯзи Ғалаба иштирок намуданд.
Нуҳуми майи соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 79-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ба қасри Кремл ташриф оварданд.
Меҳмони олимақомро дар қасри Кремл Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин самимона истиқбол гирифтанд.
Сипас, аксгирии якҷояи роҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Ғалаба ва вохӯрии ғайрирасмии сарварони давлатҳои ИДМ ба шаҳри Москва ташриф овардаанд, баргузор гардид.
Дар маркази баргузории чорабиниҳои тантанавӣ – Майдони Сурх ба ифтихори 79-умин солгарди Рӯзи Ғалаба паради ҳарбӣ баргузор шуд, ки дар он шумораи зиёди низомиён иштирок намуданд.
Баъди анҷоми расми паради ҳарбӣ дар Майдони Сурх Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарварони давлатҳои иштирокдори чорабиниҳои тантанавӣ дар назди ёдгории Аскари номаълум гулчанбар гузошта, хотираи қурбониёни ҷангро гиромӣ доштанд.
Хотиррасон бояд намуд, ки танҳо аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар ба ҷанг рафта, аз ин шумора зиёда аз 100 ҳазор кас дар муҳорибаҳо ҳалок шудаанд. 64 нафар аз фарзандони шуҷои тоҷик барои корнамоиҳои беназир ва ҷоннисорӣ сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ шудаанд.
9-уми майи соли ҷорӣ дар ҳошияи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 79-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Москва мулоқоти хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин доир гардид.
Сараввал, сарварони давлатҳо ҳамдигар ва мардуми ҳар ду кишварро ба муносибати ҷашни 79-солагии Рӯзи Ғалаба табрик намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми мардуми тоҷикро махсус таъкид намуда, изҳор доштанд, ки 50 дарсади аҳолии қобили меҳнати ҳамон вақти Тоҷикистон дар он ҷанг иштирок намудаанд.
Ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, танзими муҳоҷирати корӣ ва муқовимати муштарак ба хатару таҳдидҳо дар соҳаи амният, бахусус терроризм, ифротгароӣ, тундгароии динӣ ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо вобаста ба муқовимат ба хатару таҳдидҳои муосир доир ба беҳсозии ҳамоҳангӣ дар фаъолияти муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси ҳар ду кишвар ба мувофиқа расиданд.
Зарурати аз ҷониби идораҳои дахлдор андешидани тадбирҳои муштараки муассир ҷиҳати рафъи мушкилот дар соҳаи муҳоҷирати корӣ бахусус таъкид гардид. Мувофиқа ҳосил шуд, ки ба ин хотир ҳайатҳои баландпояи ҳар ду ҷониб дар муҳлатҳои наздик гуфтушунид доир намоянд.
Яке аз масъалаҳои муҳими дигар ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика буд. Сарварони давлатҳо барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар ин соҳа ба қарор омаданд, ки ба сохторҳои лозимаи ҳар ду ҷониб супоришҳои зарурӣ дода шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин дар идомаи суҳбат масъалаҳои алоҳидаи байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима карданд. Дар хотима Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин барои пазироии гарм ва меҳмоннавозии анъанавӣ изҳори сипос намуданд.