Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун

№95 (3396) 16.07.2015

19523339469_209c52a88b_o15 июли соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим, мулоқот бо фаъолони шаҳр, шиносоӣ бо рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, ки зимни сафарҳои қаблӣ дода шуда буданд, боздид аз маҳали барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба шаҳри Роғун ташриф овард.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва фаъолони шаҳри Роғун самимона истиқбол гирифтанд.

Сафари кории Сардори давлат дар шаҳри Роғун нахуст аз иштирок дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Роғун оғоз ёфт. Дар даромадгоҳи муассиса Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро хонандагону омӯзгорон самимона пазироӣ намуданд.

Бинои муҳташами мактаб, ки аз чор ошёна иборат буда, намуди зебову тарҳи меъмории нодир дорад, дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре маълум шуд, бунёди ин муассисаи таҳсилоти миёна соли 1980 оғоз гардида, сохтмонаш нотамом монда буд. Инак, бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мактаб аз тарафи маъмурияти Муассисаи зериобшавандаи Роғун бо харҷи беш аз 22 миллиону 460 ҳазор сомонӣ сохта ва муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Мактаби мазкур барои 1300 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Масоҳати умумии ҳудуди он 3,6 гектар мебошад. Дар чор ошёнаи мактаб 44 синфхона, аз ҷумла се синфхонаи компютерӣ, чор синфхонаи лингофонӣ, кабинети биология бо лаборатория, синфхонаҳои химия, физика, математика, синфхонаи омодагии ибтидоии ҳарбӣ, чор устохонаи ҳунаромӯзӣ барои духтарон ва писарон бо асбобу воситаҳои дӯзандагию пухтупаз ва дуредгарию оҳангарӣ муҷаҳҳаз мавҷуд аст. Дар чор синфхона тахтаи электронӣ насб шуда, дар маҷмӯъ 60 компютери муосир ба ихтиёри хонандагон вогузор шудааст. Мактаб дорои ошхонаи замонавӣ бо 300 ҷой мебошад. Барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун толори барҳаво бо 260 ҷойи нишаст бунёд шудааст.

Зимни шиносоии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ин толор хонандагон намоишномаи пурмазмунеро дар васфи Ватан — Модар, ташаббусҳои созандаи Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ва гиромидошти арзишҳову муқаддасоти миллӣ пешниҳод карданд, ки ба ҳозирин хеле писанд омад.

Ба хотири тарғиби ҳаёти солим ва рушди варзиш дар мактаб инчунин барои дарси тарбияи ҷисмонӣ се толори варзишӣ, аз ҷумла барои бозиҳои волейбол, баскетбол ва гӯштӣ бунёд ёфтааст.

Дар саҳни мактаб майдони футбол бо 3000 ҷойи нишаст сохта шудааст. Дар шафати он бошад, майдони бозии волейбол, баскетбол ва роҳравҳо барои давидан бунёд гардидааст. Китобхона бо толори хониш ва хазинаи нигоҳдории беш аз даҳ ҳазор китоб низ дар мактаб мавҷуд аст. Дар ошёнаи якум бошад, анбор барои нигоҳдории маводи гуногун, як ҷойи тирпарронӣ барои омодагии ҳарбии ҷавонон сохта шудааст.

Барои бе мушкилӣ гузаронидани фасли сармо мактаб бо системаи гармидиҳии маркази шаҳр пайваст карда шудааст. Инчунин мактаб дорои панҷ генератори барқдиҳанда мебошад. Барои бехатарии хонандагон бошад, 18 камераи назоратӣ насб карда шудааст. Мавриди зикр аст, ки тарҳи замонавии мактаб нодир буда, бо назардошти релефи маҳали сохтмон бунёд ёфтааст.

Дар ин мактаб 55 нафар омӯзгорони дорои маълумоти олӣ ба хонандагон аз фанҳои гуногун дарс мегӯянд. Хонандагон аз минтақаи поёнии шаҳр, деҳаҳои Паси муҳраҳо, Сариқамиш, Каҷбед ва деҳаи Кичроғ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тадрис дар синфхонаҳои барҳавои мактаби мазкур бо таълимгирандагон мулоқоти самимӣ доир кард. Зимни ин суҳбатҳо хонандагон дар бораи шароити замонавии таҳсил, ки бо супориши Президенти мамлакат барои фарзандон ва наврасону ҷавонон муҳайё шудааст, сухан карда, ба Сардори давлат изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи мактаби навро ба хонандагон, созандагони фардои кишвар муборакбод гуфта, дар бораи дастгирии соҳаи маориф, иқдому ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат оид ба рушди соҳаи маориф, беҳдошти сатҳу сифати таълим, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандон, ғамхории роҳбарияти Давлату Ҳукумат барои баланд бардоштани савияи донишу маърифати хонандагон ва шиносонидани онҳо бо илмҳои муосир андешаҳои ҷолиб баён кард.

Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон хонандагонро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз худ кардани илмҳои нав ва барномаҳои компютерӣ ҳидоят намуд, зеро ба андешаи Президенти мамлакат донистани забонҳои хориҷӣ ва кор бо компютер талаботи замони муосир аст.

Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон инчунин хонандагонро ба дӯст доштани Ватан, гиромидошти арзишҳои он, эҳтироми забони давлатӣ, таъриху фарҳанг ва маданияти аҷдодони бонангу номуси хеш, ватандорию ватанхоҳӣ ва зиракию ҳушёрӣ ҳидоят намуд.

Баъди шиносоӣ бо шароити муосири таълим дар саҳни ҳавлии мактаб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони шаҳр ва устодону хонандагон мулоқоти самимию судманд доир кард.

Дар оғози суханронӣ Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон бунёди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Роғунро туҳфаи арзандаи Президенти мамлакат ба фарзандони сокинони шаҳр арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки ин иқдом аз ҷониби роҳбарияти Давлату Ҳукумат ба хотири рушду пешрафти соҳаи маориф ва бо ин роҳ баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати фарзандон амалӣ шудааст.

www.president.tj