Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва мулоқот бо сарони давлатҳои аъзои СҲШ

№116 (4536) 16.09.2022

52359069514_963ed19fd1_o15 сентябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.

Дар ин сафар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

Ҳамон рӯз дар Фуруд­гоҳи байналмилалии шаҳри Самарқанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, ҳокими вилояти Самарқанд Эркин Турдимов ва дигар намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон истиқбол гирифтанд.

Сафари Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Самарқанд аз зиёрати оромгоҳи нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон шодравон Ислом Каримов оғоз гардид. Дар он маросим Сарвари давлатро намояндагони олимақоми Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамроҳӣ карданд.

15 сентябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот намуданд.

52358026792_1c40096780_oСарони давлатҳо доираи васеи ­масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Хитойро баррасӣ карданд. Дар рафти мулоқот муколамаи пурмаҳсули сиёсӣ дар соли таҷлили 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатии ҳар ду кишвар ва натиҷаҳои бузурге, ки таи давраи гузашта дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ба даст оварда шудаанд, қайд гардид.

Пешвои миллат ба рушди бемайлони ҳамкории ҳар ду кишвар дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва амниятӣ баҳои баланд доданд.

Ҳамчунин, ҷараёни мусбати афзоиши гардиши мутақобилаи молҳо тасдиқ гардид, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 82 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар ин замина, сухан дар бораи мавҷудияти иқтидори калон барои густариши минбаъдаи он, аз ҷумла тавассути имкониятҳои бахши кишоварзӣ рафт.

Ҷонибҳо ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, саноат, энергетика ва технологияҳои нав, дар бахшҳои иқтисодиёти рақамӣ ва «рушди сабз» низ ҳавасмандӣ зоҳир карда, татбиқи лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузориро дар ин соҳаҳо муҳим донистанд.

Дар ин зимн ҷониби Хитой ба иштирок дар татбиқи лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун», таҷдиди иқтидорҳои истеҳсолии Ширкати алюминийи тоҷик «ТАЛКО», ҳамчунин татбиқи ҳар чӣ зудтари марҳилаи дуюми роҳи автомобилгарди Душанбе — Қулма дар қитъаи Қалъаи хумб — Ванҷ — Рӯшон ва таҳияи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Хоруғ — Қулма ­алоқамандӣ изҳор намуд.

Президенти мамлакат ба дурнамои бузурги ҳамкории кишварҳо дар бахшҳои металлургия, саноати сабук ва хӯрокворӣ ба ташкили парк­ҳои муштараки саноатӣ ишора карданд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, доир ба масъалаҳои муб­рами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла дар робита ба рушди авзоъ дар Афғонистон табодули афкор намуданд.

Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой муҳтарам Си Ҷинпин изҳор доштанд, ки ҷониби Хитой нигаронии Тоҷикистонро оид ба вазъи Афғонистон ва мушкилоти минтақавии вобаста ба онро хуб дарк менамояд ва омодаи идомаи ҳамкориҳои зич дар арсаи амниятӣ ва таҳкими ҳифзи сарҳадот бо ин кишвари ҳамсоя мебошад.

Ҷониби Хитой манфиатдор буданашро ба тавсеаи ҳамкориҳои амалии минтақавӣ дар чаҳорчӯбаи механизми «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Мардумии  Чин» низ ҳаматарафа таъкид кард.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Си Ҷинпин даъват ба амал оварданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёранд.

Дар ҳошияи мулоқоти сарони давлатҳои Тоҷикистону Хитой дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой муҳтарам Си Ҷинпин се санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

- Ёддошти тафоҳум оид ба тақвияти ҳамкориҳои сармоягузорӣ дар соҳаи рушди сабз байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Халқии Хитой;

- Ёддошти тафоҳум оид ба тақвияти ҳамкории сармоягузорӣ дар самти иқтисоди рақамӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Халқии Хитой;

- Протоколи иловагӣ оид ба татбиқи лоиҳаи сохтмони қитъаҳои қисман асосии марҳилаи дуюми шоҳроҳи Душанбе — Кулма.

Ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот намуданд.

52358331547_66b1759df2_oСарони кишварҳо масъалаҳои вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Эронро мавриди баррасӣ қарор дода, аз равандҳои мусбати солҳои охир дар муносиботи Тоҷикистону Эрон, минҷумла муколамаи созандаи сиёсӣ ва тамоюли мусбати муомилоти тиҷоратӣ байни ҳар ду кишвар, ки дар шаш моҳи сипаришуда аллакай ба беш аз 116 миллион доллар расидааст, изҳори қаноатмандӣ намуданд. Қобили зикр аст, ки ин нишондиҳанда соли 2021 ба 120 миллион доллар баробар буд.

Идомаи муваффақонаи ҳамкорӣ, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноату кишоварзӣ, энергетика ва нақлиёту коммуникатсия, инчунин, дар арсаи фарҳангиву гуманитарӣ, ба нафъи мардуми ҳар ду кишвар дониста шуд.

Дар ин замина ба рушди ҳамкориҳо миёни бахшҳои хусусиву давлатӣ, ҷалби сармоя, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, робитаҳои мус­тақими минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва шаҳракҳои саноатии ҳар ду кишвар авлавият дода шуд.

Сарвари давлати мо, дар баробари ин, аз таъсиси гурӯҳи кории муштарак бо мақсади истифодаи зарфиятҳои транзитии кишварҳо ва идомаи ҳамкориҳои мустақим миёни вилоятҳо ва шаҳрҳои Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла барқарории равобити бародаршаҳрӣ байни онҳо, ҷонибдорӣ намуданд.

Зарурати бештар фаъол гардидани абзорҳои дуҷониба, ба монанди Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ, Кумитаи муштараки сармоягузории Тоҷикистону Эрон, баргузории пайвастаи намоишгоҳҳои молу маҳсулот ва нишастҳои доираҳои соҳибкории ҳар ду кишвар барои расидан ба ҳадафҳо таъкид гардид.

Пешвои миллат, бо такя ба арзишҳои муштараки таърихиву фарҳангии мардум, нақши баргузории Рӯзҳои фарҳангии ҷонибҳоро дар қаламрави ҳамдигар дар ояндаи наздик ҷиҳати тақвияти равобити фарҳангии ҳар ду кишвар муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ роҳбарони ҳар ду давлат, ҳамчунин, дар робита ба ­масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вобаста ба вазъи Афғонистон, табодули назар анҷом доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф низ  мулоқот анҷом доданд.

52359526063_87904da53a_oЗимни он ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба муносибат ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Покистонро баррасӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст Шаҳбоз Шарифро ба муносибати интихоб гардидан ба маснади олии Сарвазири кишвари дӯсти Покистон табрик гуфта, дар фаъолияти сермасъули давлатиашон комёбиҳо орзу намуданд.

Дар баробари ин, Пешвои миллат бинобар обхезиҳои фоҷеабору харобиовар дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Сарвазир ва мардуми бародари он кишвар ҳамдардии самимӣ иброз намуданд.

Дар ин зимн Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон сипоси амиқи худ ва мардуми кишварашро ба ҷониби Тоҷикис­тон барои расонидани кумаки башарӣ изҳор намуданд.

Дар рафти суҳбат Президенти мамлакат таъкид карданд, ки таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории созанда бо Покистон аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон ба шумор меравад.

Рушди бомароми ҳамкориҳо таи 30 соли баъд аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ дар арсаҳои сиёсӣ, соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва амниятӣ низ зикр гардид.

Дар заминаи робитаҳо дар бахшҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия вусъати татбиқи тарҳҳои вобаста ба пайвасти шабакаҳои энергетикӣ ва нақлиётӣ, аз ҷумла «САSA-1000» ва баромад ба бандарҳои Покистон, ба манфиати ҳар ду кишвар хонда шуд.

Бо дарназардошти таҷрибаи ғании Покистон, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон барои таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди нахи пахта, пашму пӯст то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, коркарди санг­ҳои мармару хоро ва истеҳсоли шишаи сохтмонӣ изҳор карда шуд.

Бештар фаъол гардидани абзорҳои дуҷониба, аз ҷумла Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, Шӯрои муштараки соҳибкорон, Форуми соҳибкории Тоҷикистону Покистон ба манфиати кор дониста шуд.

Меҳвари шарикии кишварҳо дар соҳаи таъмини амният, пеш аз ҳама, ҳамкорӣ дар масъалаҳои муқовимат ба терроризм, ифротгаройӣ, қочоқи маводи мухаддир ва зуҳуроти дигари ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ ва хатару таҳдидҳои глобалӣ арзёбӣ гардиданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин, дар робита ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, бахусус вазъи Афғонис­тон, табодули назар анҷом доданд.

Сарвазири Покистон Пешвои миллатро бо сафари расмӣ ба кишварашон даъват намуданд. Сарвари давлати Тоҷикистон низ Шаҳбоз Шарифро ҷиҳати анҷом додани боздиди расмӣ аз Тоҷикистон даъват намуданд.

Мулоқот дар фазои дӯстона, ҳусни тафоҳум ва эътимоди байниҳамдигарӣ сурат гирифт.

Инчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанд бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд.

52359730149_99fc5a26bd_oПрезиденти мамлакат дар оғоз муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба муносибати раёсати муваффақонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай табрик гуфтанд.

Зимни  мулоқот сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро баррасӣ карданд. Сатҳи баланди муносибатҳои дуҷониба дар доираи шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ қайд карда шуд. Инкишофи минбаъдаи ҳамкории ҳар ду кишвар дар ин рӯҳия ба манфиатҳои бунёдӣ ва ормонҳои ҳар ду халқи бародар мувофиқ дониста шуд.

Ҷонибҳо ба натиҷаҳои музокироти боварибахш дар сатҳи баланд дар ҷараёни сафари охири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон баҳои баланд доданд. Президенти мамлакат изҳори итминон карданд, ки татбиқи мунтазами созишҳои ҳосилшуда ба ҳамкории ҷонибҳо дар ҳама ҷабҳа такони сифатан нав мебахшад.

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ самти афзалиятноки равобити ҳар ду кишвар ва сатҳи баланди гардиши савдои мутақобила номида шуд.

Ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт низ аз самтҳои ояндадор номида шуда, аз оғози татбиқи лоиҳаи сохтмони муштараки ҳар ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон, ба роҳ мондани робитаҳои мустақими роҳи оҳан байни пойтахтҳои ҳар ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Сарони давлатҳо аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитариро таъкид карда, пурмазмун кардани рӯзномаи муносибатҳои дутарафаро бо масъалаҳои нав ба манфиати ҳар ду кишвар номиданд.

15 сентябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар маросими ниҳолшинонӣ иштирок карда, аз Маҷмааи фарҳангию этнографии «Шаҳри абадӣ» боздид ба амал оварданд.

52360123811_0b4942f326_oНахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони давлатҳои аъзо ва нозири Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳудуди «Конгресс — холл» бо умеди рушду шукуфоии кишвари дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон ва саодатмандии ҳар чӣ бештари мардуми бародари ӯзбек ниҳоли дӯстӣ шинониданд.

Сипас, Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамроҳии роҳбари кишвари мизбон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва сарони давлатҳои аъзо ва нозири Созмони ҳамкории Шанхай ба Маҷмааи фарҳангию этнографии «Шаҳри абадӣ» ташриф оварда, бо имкониятҳои сайёҳии он шинос шуданд.

Дар «Шаҳри абадӣ» Маҷмааи сайёҳии «Роҳи бузурги абрешим» ташкил гардида, он аз Маркази байналмилалии «Конгресс» бо 3500 ҷой, 8 меҳмонхона, парки таърихию этнографии «Шаҳри абадӣ», кӯл ва дарахтони гуногун иборат аст.

Иттилоъ дода шуд, ки Маҷмааи фарҳангию этнографии «Шаҳри абадӣ» дар масоҳати 120 гектар доман паҳн карда, соли 2022 ба ифтихори баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ифтитоҳ гардидааст.

Маҷмааи таърихию этнографии «Шаҳри абадӣ» як намунаи шаҳри бостонии Самарқанди Ӯзбекистон мебошад. Сайёҳон дар он ҷо имкон доранд, ки зимни тамошои кӯчаҳо бо таъриху фарҳанг ва маданияти мардуми шаҳри қадима шинос шаванд.

Аз ҷониби ҳунармандони театр дар маҷмаа барномаҳои рангини консертӣ ва намоишномаҳо пешкаш карда мешавад.

Маҷмаа, ҳамчунин, муаррифгари ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии минтақаҳои гуногуни Ӯзбекистон буда, меҳмонон имкон доранд аз маҳсули ­дасти ҳунармандон барои хотира харидорӣ ­намоянд.

16 сентябри соли 2022 дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуда, вазъ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ карданд.

52362131165_01727131ac_oПрезидентҳо дар бораи таъсиси комиссия оид ба таҳқиқи сабабҳои ҳодисаи мусаллаҳона ба мувофиқа расиданд ва ба ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дастур доданд, ки фаъолияти он, аз ҷумла фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои топографӣ ва ҳуқуқӣ, фаъол гардонида шавад.

Сарони давлатҳо изҳори мавқеи ҳамсон намуданд, ки масъалаҳои бамиёномада бояд танҳо бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал карда шаванд.

www.president.tj