Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт – Петербург

№153 (4003) 21.12.2019

49246965212_7ef105fc58_o19 декабри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт — Петербурги Федератсияи Россия сафар карданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

49246292328_6e72c3e3f6_oШоми 19 декабр дар шаҳри Санкт — Петербург Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз фурсати муносиб бо намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар Россия кору зиндагӣ ва таҳсили илм мекунанд, мулоқот намуданд.

Бояд хотиррасон кард, ки зимни ҳар як сафар ба Федератсияи Россия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамватанони бурунмарзӣ, зодагони Тоҷикистон вохӯриҳои судманду созанда доир менамоянд.

Чунин вохӯриҳо қаблан дар шаҳрҳои Москва, Қазон, Челябинск ва Екатеринбурги Федератсияи Россия бо ҳамватанони муқими кишвари паҳновари Россия доир шуда буд.

Бо гузашти айём нуфузу эътибори тоҷикон дар Федератсияи Россия рӯ ба болоравӣ дорад. Дар зиёда аз 70 минтақаи Россия бомуваффақият фаъолият намудани ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикон гувоҳи возеҳи торафт баланд шудани обрӯи онҳо мебошад.

Чунон ки аз рафти суҳбат маълум гашт, аксари мушкилоте, ки дар мулоқотҳои пешин зикр мегардиданд, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд ҳалли худро ёфтаанд. Аз ҷумла, зимни сафари расмии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москва (16 апрели соли 2019) дар ҷараёни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ масъалаҳои фаъолияти ҷамъиятҳои тоҷикон, донишомӯзии донишҷӯёни тоҷик ва вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия баррасӣ гардида буданд.

Зимни суханронӣ бо намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тадбирҳои созандаи Ҳукумати мамлакат дар доираи «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030», дастовардҳои арзандаи мардум, аз ҷумла, ба кор андохтани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун», амалисозии лоиҳаҳои муҳим ва барномаҳои давлатӣ баҳри рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар, татбиқи ҳадафҳои чор самти асосии стратегӣ — баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар андешаронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки ба хотири истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҷиҳати фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтар барои таълиму тарбияи насли наврас ва рушди зерсохтори хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ҳар сол муассисаҳои таълимии нав сохта, ба истифода дода мешаванд.

Дар панҷ соли охир садҳо беморхона, дармонгоҳ, маркази саломатӣ ва бунгоҳи тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки соли оянда дар ҳаёти сиёсии кишвар чорабинии муҳими давлатӣ, аз ҷумла, интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, ба нақша гирифта шудаанд.

Инчунин, Сарвари давлат ба Вазорати корҳои хориҷӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва дигар мақомоти дахлдор дастур доданд, ки барои таъмин намудани раванди овоздиҳии бемамониати шаҳрвандони бурунмарзӣ дар маъракаҳои интихоботии соли оянда чораҳои муассир андешанд.

Оид ба вазъ ва сатҳи муносибатҳои шарикӣ бо Федератсияи Россия андешаронӣ карда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид дош­танд, ки ҳамкорӣ бо Россия доир ба танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҳайси яке аз мавзӯъҳои муҳими музокироту гуфтушунидҳои роҳбарияти олии ҷонибҳо боқӣ мемонад.

Зикр карда шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷанбаҳои гуногуни ин масъала, бахусус, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар таваҷҷуҳи доимӣ ва ҷиддӣ зоҳир мекунад. Аз ҷумла, дар ҳошияи музокироти сатҳи олии моҳи апрели соли 2019 Созишнома  дар хусуси ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба Федератсияи Россия ба имзо расид. Мавриди иҷро қарор гирифтани ин санад барои беҳбуд бахшидан ба шароити будубош ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россия муҳим мебошад.

Сарвари давлат таъкид карданд, ки дар баробари ин, зимни ҳар як вохӯрии ҷонибҳо мавзӯъҳои вобаста ба содагардонии гирифтани патенти корӣ, тартибу муҳлати бақайдгирӣ, будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон ва аъзои оилаи онҳо ба миён гузошта мешавад.

Дигар мавзӯи марбут ба муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор намудани маъракаи такрории «авфи муҳоҷиратӣ» мебошад, ки он низ зимни суҳбати Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муҳтарам Владимир Путин матраҳ гардида буд.

Пешвои миллат ба сохторҳои дахлдори кишвар, аз ҷумла, Сафорати Тоҷикистон дар Москва, супориш доданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ин масъаларо ҷиддан пайгирӣ намоянд.

Аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қарор доранд, даъват карда шуд, ки аз қонунгузории ин кишвар ва қоидаҳои ба расмият даровардани будубош дар қаламрави он воқиф гарданд.

Айни ҳол Тоҷикистон бо 83 субъекти Россия дар соҳаҳои гуногуни тиҷорату иқтисод, аз ҷумла, дар самтҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, ҳамкории гуногунҷанбаро ба роҳ мондааст.

Садҳо намояндаи кишвар дар муассисаҳои пешбари таҳсилоти олии Россия таълим гирифта, дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистон саҳми шоён гузош­таанд ва мегузоранд.

Шумораи умумии донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳавзаи федералии шимолу ғарб то се ҳазор нафар, аз ҷумла, дар донишгоҳҳои шаҳри Санкт — Петербург ба зиёда аз ҳазор нафар мерасад.

Вобаста ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири таҳдиду хатарҳо ба амнияти кишвар ва эмин нигоҳ доштани муҳити ҳамватанони бурунмарзӣ аз таблиғоти созмону ҳаракатҳои ифротиву террористӣ Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти ҷамъияту иттиҳодияҳои тоҷикистониён дар Россияро даъват намуданд, ки бо истифода аз воситаҳои мавҷуда корҳои маърифативу фаҳмондадиҳиро миёни шаҳрвандон васеъ ба роҳ монда, ҷиҳати пешгирӣ кардани шомилшавии онҳо ба гурӯҳу ҳаракатҳои ҷиноятпеша ҳадафмандона талош варзанд.

Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки ба корҳои маърифатпарварӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷалби бештари онҳо ба омӯзиши илму техника ва азхудкунии касбу ҳунарҳои муосир диққати махсус дода шавад.

Вобаста ба таърих ва арзишҳои миллӣ, аз ҷумла, забон ва фарҳанги миллӣ, анъанаву суннатҳои неки ниёгон ва арҷгузорӣ ба хотираи шахсиятҳои барҷастаи миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон тайи солҳои охир номинатсияҳои «Шашмақом», «Наврӯз» ва «Чакан — санъати гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.

Чанде пеш қарори ин сохтори Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси соли оянда ҷашн гирифтани 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ ва 5500 — солагии шаҳри қадимаи Саразм, ки соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид  шуд, қабул гардид. Аз ин рӯ, аз ҷамъияту иттиҳодияҳои тоҷикони Россия даъват карда шуд, ки дар рӯҳияи худшиносиву ҳувияти миллӣ, эҳтиром ба анъана ва фарҳанги ниёгон дар тарбия кардани насли наврас нақши бориз дошта бошанд.

Дар ин робита ҷамъияту иттиҳодияҳои тоҷикон дар Федератсияи Россия бояд дар баргузории мунтазами чорабиниҳои милливу фарҳангии кишвар, аз қабили ҷашни Наврӯз, Сада, Меҳргон, инчунин, маҳфилҳои шеъру суруд, фаъолтар бошанд.

Дигар самти ташвиқи фарҳангу тамаддуни тоҷикон ва ҳифзи ҳувияти миллӣ роҳандозии нашри маҷаллаву рӯзномаҳо, таъсиси шабакаҳои телевизион, радио ва интернет дар Россия мебошад.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо кӯшиши якҷоя дар роҳи шукуфоии Ватани аҷдодӣ дар оянда низ ба дастовардҳои нав ба нав ноил хоҳад шуд.

www.president.tj