Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон

№81-82 (3561-3562) 25.06.2016

27819205886_3f1d6d2c3c_o23 июни соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай вориди шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон гардид.

Дар фурудгоҳи Тошкент Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Дар доираи иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони аввали як қатор кишварҳои аъзо ва давлатҳои нозир ба хотири густариши муносибатҳои ҳамкорӣ мулоқоту суҳбатҳои судманд баргузор намуд.

 Худи ҳамон рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот кард.

27853701105_f0695131cc_oДар ҷараёни вохӯрӣ маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин дар сатҳи дуҷониба ва дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ гардид.

Аз сатҳи рушду густариши ҳамкорӣ, ки бо талошҳои муштарак ба даст меоянд, изҳори қаноатмандӣ карда, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки таҳкими муносибатҳои стратегию шарикӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии давлати мо боқӣ хоҳад монд.

Ҷонибҳо рушди бемайлони ҳамкории гуногунҷанбаро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ — техникӣ ва гуманитарӣ омили муҳими таъмини сулҳу субот дар минтақа арзёбӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таҳкиму густариши робитаҳо дар бахшҳои иқтисодӣ, энергетика, ҷалби сармоя барои пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон, фаъолияти корхонаҳои муштарак, ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ ба хотири содироти ҳар чӣ бештари маҳсулоти кишоварзӣ ба Чин ва дигар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд баррасӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки гардиши мол байни кишварҳо дар семоҳаи аввали соли 2016 беш аз 200 миллион доллари амрикоиро ташкил дод ва изҳори умед карда шуд, ки бо талошҳои якҷоя мумкин аст ин нишондод то соли 2020 то ба 3 миллиард доллари амрикоӣ расонида шавад.

Дарёфти роҳҳои маблағгузории сохтмону таҷдиди шоҳроҳи Душанбе — Кӯлоб — Хоруғ — Кулма – Қошғар, маблағгузории лоиҳаҳои нави бунёди хатҳои нави интиқоли барқ ва дигар тарҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ аз мавзӯъҳои муҳими мулоқот буд.

Дар вохӯрӣ, ҳамчунин масъалаҳои муборизаи муштарак бо таҳдиди хатарҳои замони муосир ва дарёфти роҳҳои ҳалли муноқишаҳои сиёсӣ дар кишварҳои ҷангзада баррасӣ карда шуд.

Инчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тошкент бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон Ислом Каримов мулоқот кард.

Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карда, оид ба дарёфти роҳҳои нави рушду густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун табодули афкор намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рушди манфиатбахши муносибатҳои дӯстию ҳамкории байни ҷумҳуриҳоро, ки аз қаъри асрҳо маншаъ мегиранд, дар сиёсати хориҷии Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун самти афзалиятнок арзёбӣ намуд.

Ҷонибҳо аз раванди таҳкими судовари робитаҳо, аз ҷумла болоравии ҳаҷми гардиши мол ва фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар мулоқот сарони давлатҳо, инчунин мавзӯъҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла вазъи сиёсии Афғонистонро баррасӣ карда, ба таъмини амнияти минтақа ҳамчун шарти суботи иҷтимоию сиёсии Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Дар охири вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвари Ӯзбекистон барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда,  ӯро даъват намуд, ки дар вақти барояш мусоид ба Тоҷикистон ташриф орад.

Ҳамчунин, дар шаҳри Тошкент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот намуд.

27855925095_198309afeb_oПрезиденти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот изҳори хушнудӣ карда, таъкид дошт, ки «мо ҷонибдори тақвияти бештари низоми навини сиёсӣ ва таъмини субот ва амният дар Афғонистони бародар мебошем ва онро гарави амнияти пойдор дар Тоҷикистон ва минтақа медонем».

Ҷонибҳо аз густариши муносибатҳои дӯстонаву судманди бисёрҷониба, ки марҳила ба марҳила мазмуни амиқтарро касб менамоянд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид гардид, ки барои татбиқи ҳадафҳои барои ҳар ду ҷониб судовар фаъолияти пурсамари Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ ва фарҳангӣ метавонад нақши муҳим дошта бошад.

Тақвияти ҳамкории муштарак вобаста ба хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму ифротгаройӣ ва қочоқи маводи мухаддир, ки хусусияти умумиминтақавӣ ва ҳатто глобалӣ доранд, зарур шумурда шуд.

Дар охир изҳори умед карда шуд, ки ду кишвари ба ҳам ҳамсояву бародар бар асари талошҳои муштарак дар роҳи рушду такомули муносибатҳои дӯстӣ ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳанд гашт.

Нимаи дуюми рӯзи 23 июн дар шаҳри Тошкент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн мулоқот кард.

27578102540_3dc902db53_oПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз дошт, ки муносибот дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай имкониятҳоро баҳри густариши ҳамкории судманд ва созандаи бисёрҷонибаю минтақавии давлатҳо афзуну фарохтар хоҳад гардонд.

Сарони давлатҳо, инчунин ҷонибдории худро оид ба рушду тавсеаи робитаҳо дар  соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг, ки то имрӯз ба таври матлуб ба роҳ монда шудааст, баён намуданд.

Масъалаи васеъ намудани доираи ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар бахшҳои муҳими энергетика ва нақлиёту транзит, ки дорои аҳамияти минтақавӣ мебошанд, баррасӣ гардида, оғози сохтмони лоиҳаи минтақавии сохтмони хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи СASA-1000 дар ҳудуди Тоҷикистон дар таърихи муносибатҳои ҳамкорӣ рӯйдоди муҳим маънидод карда шуд.

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки бо истифода аз зарфиятҳои бузурги мавҷуда имкон аст, ҳаҷми мубодилаи тиҷоратӣ солҳои наздик то ба 500 миллион доллари амрикоӣ расонида шавад.

Дар ҷараёни мулоқот, инчунин масъалаҳои мубрами ҷомеа, муборизаи муштарак бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ карда шуд.

www.president.tj