Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд

№139 (3776) 21.11.2017

37568496595_8dda28791c_o16 ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идонаи ҷашни 25 — умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо мардум ба вилояти Суғд сафар намуданд.

Роҳбарият ва намояндагони аҳли ҷомеаи Тоҷикистон, ҷавонону зиёиёни вилояти Суғд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдат, наҷотбахши миллат ва асосгузори давлати навини тоҷикон бо самимияти афзун ва меҳру муҳаб­бати бепоён истиқбол гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки 25 сол қабл, дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16 ноябр то 2-юми декабр дар Қасри маданияти ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев, маъруф ба Қасри Арбоб, баргузор гардид, бо иродаи депутатҳои Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон — Сарвари давлати тоҷикон интихоб гардид.

Ба муносибати таҷлили ин рӯйдоди муҳими таърихию тақдирсоз бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи тантанавӣ баргузор мегардад ва ҳамчунин дар шаҳру ноҳияҳои вилоят як қатор иншооти муҳим мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.

Воқеан, ин иҷлосия ба рушд ва таҳкими давлатдории навину истиқлолияти воқеии Тоҷикистон, якпорчагии он, ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар сарзамини бостонӣ, амалӣ гардидани ислоҳоти сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ асос гузошт.

Ҳамаи ин маҳз бо талошу ҷонбозӣ ва сарсупурдагии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад.

Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, новобаста аз вазъи мураккаби сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар он солҳо ва лаҳзаҳои тақдирсоз, ҳамчун сиёсатмадори ҷасуру далер, аз рӯи хиради азалии халқи тоҷик амал карда, барои барқарории сохти фалаҷгаштаи давлатдорӣ, иқтисодӣ ва ба даст овардани сулҳу субот дар кишвар ҷонфидоӣ намуданд.

Сулҳи тоҷикон ва пешрафту шукуфоии Тоҷикис­тони соҳибистиқлол маҳз ба ному корномаҳои ин фарзанди фарзонаи миллат марбут аст.

Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз шаҳри Истиқлол оғоз гардид.

Дар он ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи металлургии «Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой»- ро, ки бо харҷи 57 миллион доллари амрикоӣ сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сипас, Сарвари давлат бо шароити корхона, ки дар марҳилаи аввал дар он истеҳсоли металли сурб ба роҳ монда шудааст, раванди коркарди маъдан ва дигар корҳои дар минтақаи саноатӣ анҷомёфта шинос шуданд.

Пешвои миллат ба якумин сабикаи металли сурб, ки дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бори аввал истеҳсол гардид, тамғаи №1-ро ­гузоштанд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ин корхона ҳанӯз моҳи апрели соли 2014 — ум санги асос гузошта, ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд.

Иқтидори лоиҳавии Корхонаи металлургии «Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой» дар як сол 50 ҳазор тонна металли сурб мебошад. Ҳоло дар он 600 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд, баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи дуюми он ин шумора афзоиш хоҳад ёфт.

Теъдоди зиёди коргаронро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Дар корҳои сохтмонӣ ва васлгарии ин иншооти саноатӣ зиёда аз 500 нафар бинокор ва кормандони муҳандисию техникӣ иштирок намудаанд, ки беш аз нисфи онҳо сокинони маҳаллӣ буданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, пеш аз он ки ин корхона ба кор дароварда шавад, мутахассисон дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ва ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Халқии Хитой омода карда шудаанд. Онҳо навтарин технологияи тавлидотии пешрафтатарин ширкатҳои ҷаҳониро идора карда метавонанд.

Таъкид гардид, ки истихроҷи маъдан ва истеҳсоли хокаҳои сурб, руҳ ва мис дар корхонаи «Зарнисор», воқеъ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, ба роҳ монда шудааст ва аз он танҳо хокаи сурб барои коркард то ҳадди ниҳоӣ ба корхонаи навтаъсиси ин ширкат интиқол меёбад.

Ба таъкиди мутахассисони соҳа, корхона аз ҷиҳати иқтидори истеҳсолӣ, истифодаи технологияи пешрафта дар Осиёи Марказӣ назир надорад ва маҳсулоте, ки дар ин ҷо истеҳсол мешавад, ҷавобгӯйи стандартҳои байналмилалӣ мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз коргоҳҳои сурбгудозӣ, тозакунии газҳо, сурбу электоролит, кислород, коркарди кимиёвии об ва ғайра иқдоми пешгирифтаи сармоягузоронро, пеш аз ҳама, дар истифодаи самараноки захираҳои табиии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ карда, ба кори онҳо баҳои баланд доданд.

Қобили зикр аст, ки солҳои охир бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар мамлакат рушди соҳаи саноати металлургӣ таъмин гардида, корхонаҳои нав ба кор дароварда шуданд, ки дар ин замина истихроҷ ва коркарди маъдан то ба ҳадди ниҳоӣ расид ва ин иқдом дар рушди иқтисоди миллӣ, таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ натиҷаи дилхоҳ ба бор овард. Хусусан, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин раванд вусъати бештар пайдо кардааст.

Барои бо қувваи барқ таъмин намудани корхонаи металлургӣ зеристгоҳи барқӣ низ сохта, 2 адад трансформатори иқтидорашон 25 ва 16 ҳазор кВт насб карда шуд. Тибқи маълумоти масъулон, истеҳсоли металли сурб дар корхона асосан тавассути ангишт, газ ва сӯзишвории дизелӣ сурат мегирад.

Дар минтақаи саноатӣ, ҳамчунин, биноҳои маъмурӣ, ошхона ва ду хобгоҳ барои коргарон бо тарҳи муосир қомат афрохтаанд. Аз ҷумла, дар бинои якум ва дуюми хобгоҳ барои истироҳати беш аз 600 коргар шароити мусоиди зист фароҳам оварда шудааст.

Ду адад пойгоҳи обкашии пуриқтидор низ, ки дар баробари талаботи минтақа эҳтиёҷоти сокинони шаҳри Истиқлолро бо оби нӯшокӣ қонеъ менамоянд, бунёд ёфтааст.

Барои бунёди минтақаи саноатӣ, ки дар масоҳати 70 гектар доман густурда аст, дар маҷмӯъ 2 миллиарду 200 миллион сомонӣ сарф хоҳад шуд.

Дар назар аст, ки оянда дар корхонаи металлургии мазкур боз корхонаҳои нави руҳ, аккумулятор, кислотаи сулфат, нуриҳои минералӣ ва қисмҳои эҳтиётии саноати кӯҳкорӣ сохта мешаванд.

Соли равон, дар баробари бунёди корхонаи металлургӣ, аз ҷониби ширкати мазкур барои таъмири роҳҳои мошингарди шаҳри Истиқлол 12 миллион ва навсозии як боғчаи бачагона 14 миллион сомонӣ харҷ шудааст.

Хотиррасон бояд намуд, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи металлургӣ идомаи бунёди силсилаи корхонаҳои Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой мебошад. Истихроҷ ва коркарди маъдани руҳу сурб ва мис чанд сол пеш дар корхонаи «Зарнисор», воқеъ дар шаҳри Гулистон, оғоз ёфт. Ҳоло дар корхонаи мазкур беш аз 3 ҳазор нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Баъди шиносоӣ бо раванди истеҳсолот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони Корхонаи металлургии «Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой» ва роҳбарияту фаъолони шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд мулоқоти судманд баргузор намуданд.

Пас аз ифтитоҳи Корхонаи металлургии «Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой» ва шиносоӣ бо раванди истеҳсолот дар коргоҳи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони он ва роҳбарону фаъолони шаҳри Истиқлол мулоқот баргузор намуданд.

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиён ва сокинони шаҳри Истиқлолро ба муносибати ифтитоҳи боз як корхонаи бузурги саноатии мамлакат, ки ба рӯзҳои таҷлили 25 — солагии баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон рост омад, табрику муборакбод гуфтанд.

Сарвари давлат ба сармоягузорон, мутахассисону сохтмончиён, аз ҷумла ба роҳбарияти Ширкати кӯҳиву саноатии Тоҷикистону Хитой, ки дар бунёди ин корхонаи азим саҳм гузоштаанд, миннатдорӣ баён намуда, масоили вобаста ба рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрро дар бахшҳои гуногун мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Сипас, дар назди ҳозирин сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Тоҷикис­тон Юе Бин ва намояндагони касбу кори гуногун, собиқадори меҳнат Саодат Муҳаммадиева, коргарони ҷавони корхонаи навтаъсис Эмомалӣ Норов ва Абдуғаффор Ҷабборов баромад карданд.

Юе Бин доир ба рушди муносибатҳои дӯстию шарикии стратегии роҳбарон ва ҳукуматҳои ду кишвар, дастгириҳои Президенти мамлакат оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак ба нафъи мардуми Тоҷикистону Хитой андешаронӣ кард.

Сокинони шаҳри Истиқлол барои туҳфаи арзанда — корхонаи бузурги саноатӣ, ки боиси таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, ғанӣ гардидани буҷаи шаҳр мегардад, изҳори сипос намуданд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони шаҳр барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, бо итминон иброз ­доштанд, ки мардуми сарбаланди вилояти Суғди бостонӣ бо кору фаъолияти созанда дар баланд бардош­тани натиҷаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини рӯзгори шоистаи мардуми мамлакат минбаъд низ саҳми сазовор мегузоранд.

Дар рӯзи аввали сафар ба вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри ­Бӯстон ба фаъолияти коргоҳҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарории Корхонаи давлатии кишоварзии «Палос»-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози расмӣ бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарории КДК «Палос» дар шаҳраки «Палос»-и шаҳри Бӯстони вилояти Суғд тибқи дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми мазкурро барои таъминоти ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва бо шуғли доимӣ фаро гирифтани сокинон муассир арзёбӣ карданд. Коргоҳҳои мазкур дар масоҳати умумии 2,4 гектар бунёд гардидаанд.

Тибқи нақша, дар ин коргоҳҳо либосҳо барои ­сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, пойафзол барои аскарону афсарон ва либоси мактаббачагон истеҳсол карда мешавад.

Дар Корхонаи давлатии кишоварзии «Палос» коргоҳи дӯзандагӣ бо таъсиси 230 ҷойи корӣ, коргоҳи пойафзолдӯзӣ бо 50, коргоҳи дӯхти камзӯлҳои зимистонаи пашмин бо 20, коргоҳи дӯзандагии сарпӯшҳои тобистонаву зимис­тона ва либоси таҳпӯш бо 57 ҷойи корӣ дар як баст фаъолият мекунанд. Теъдоди умумии ҷойҳои нави кории ташкилшуда дар КДК «Палос» дар як баст 355 нафарро ташкил медиҳад, ки ин шумора дар сурати дар ду басти корӣ роҳандозӣ шудани фаъолият ба беш аз 700 нафар хоҳад расид.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба маҳсулоти истеҳсолии коргоҳҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, барои равнақ бахшидани фаъолият ва афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ба қавли масъулон, дар коргоҳи дӯзандагӣ давоми 8 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи умумии беш аз 3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ 30 ҳазор ҷуфт пойафзол дар як сол мебошад. Музди миёнаи моҳонаи кормандон мутаносибан 1000 — 1500 сомониро ташкил медиҳад.

Лозим ба зикр аст, ки бо шарофати сулҳу субот ва дастгириву ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ сад дар сад бо хӯрок ва сарулибоси низомӣ аз ҳисоби корхонаву коргоҳҳои Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мебошанд. Қаблан молу маҳсулоте, ки айни ҳол дар КДК «Палос» истеҳсол мегарданд, пурра аз хориҷи мамлакат ворид карда мешуд.

Сипас, дар саҳни Корхонаи давлатии кишоварзии «Палос» намоиши маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ ташкил гардид. Дар он беҳтарин намудҳои молу маҳсулоти дар корхонаҳои зертобеи Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда ба намоиш гузошта шуд.

Масоҳати умумии заминҳои Корхонаи давлатии кишоварзии «Палос» 1486,5 гектарро ташкил медиҳад, ки бештар аз 526 гектараш замини обӣ буда, дар 379 га боғу токзор бунёд ёфтааст. Дар корхона шумораи чорвои калони шохдор ба 330 сар ва моли майда ба 4400 сар мерасад. Аз ҳамин ҳисоб таъминоти ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат бо маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ ба таври матлуб ба роҳ монда шудааст.

Дар ин мавзеъ Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон хобгоҳи сарбозони Баталиёни махсуси кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз назар гузаронда, бо шароити зисти онҳо шинос шуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати назорати фаъолияти муназзами коргоҳҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарории КДК «Палос» ва истифодаи мақсадноки заминҳои дар тобеияти корхона буда роҳбарияти Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифадор сохтанд.

DCIM100MEDIADJI_0011.JPG17 ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқатро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар саҳни таълимгоҳ хонандагону омӯзгорон ва аҳли маорифи шаҳр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса ва эҳтироми беандоза истиқбол гирифтанд.

Президенти мамлакат бо шароити таълим шинос шуда, бо хонандагону таълимгирандагони ин даргоҳ суҳбати самимӣ баргузор намуданд.

Муассисаи мазкур бо шароити муосири таълимӣ барои 2600 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2006 оғоз ёфта буд. Барои сохтмони он бештар аз 25 миллион сомонӣ маблағ харҷ шудааст.

Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд ва пудратчӣ Идораи сохтмонии №1 ва №5 мебошанд. Лоиҳаи муассиса аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдлоиҳакаш» таҳия гардидааст.

Иншооти мазкур, ки дар масоҳати 2 гектар замин доман густурдааст, бо системаи гармидиҳӣ аз тариқи буғхонаи муосир фаъолият мекунад.

Таълимгоҳ аз 4 бино ва 33 синфхонаи таълимӣ иборат аст. Муассиса дорои ошхона бо 200 ҷойи нишаст, толори маҷлисӣ бо 200 ҷой, устохонаи таълимӣ, синфхонаҳои инкишофи кӯдакон, утоқҳо барои гузаронидани маҳфилҳо, толору майдончаи варзишии муосир мебошад. Ҳамзамон, синфхонаҳои алоҳида барои гузаронидани дарсҳои химия, биология ва компютер мавҷуд аст ва дар утоқҳои таълимӣ 10 адад тахтаи электронӣ насб гардидааст.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки омӯзгорон ва дигар кормандони Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд дар асоси озмун ба кор қабул гардидаанд ва устодони ботаҷрибаву пешқадаманд.

Сарвари давлат хонандагонро вазифадор намуданд, ки бо истифода аз ин шароити муосиру замонавӣ илм омӯхта, дар ҷомеа пешқадам бошанд. Таълимгирандагон дар навбати худ ба Пешвои миллат барои чунин таълимгоҳи муҷаҳҳазу боҳашамат миннатдорӣ баён карданд.

Сипас, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони шаҳри Хуҷанд мулоқот доир намуданд.

Дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 20-уми шаҳри Хуҷанд Маҷмааи миллии «Маркази оши палав»-ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд.

Фармоишгари Маҷмааи миллии «Маркази оши палав» оилаи Тоҷибоевҳо ва пудратчии иншоот «Доро Инвест» мебошанд. Маҷмаа бо сарфи 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Масоҳати зери бинои ин иншоот 625 метри мураббаъро ташкил дода, дорои 600 ҷойи нишаст дар ду толор аст. Бино аз ду ошёна иборат буда, дар канори он барои нақлиёт таваққуфгоҳ сохта шудааст. Корҳои ободонии гирду атроф низ ба анҷом расидаанд.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ 45 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардидаанд. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншоот то 60 нафар ба шуғли доимӣ фаро гирифта шуд. Дар рӯзи ифтитоҳи марказ ошпазон дар даҳ дег бо 350 кило биринҷ даҳ навъ ош пухтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон баъди шиносоӣ бо маркази нав, ки ба хотири рушди ҳунарҳо ва муаррифии таомҳои миллӣ бунёд шудааст, ба соҳибкорон баҳои баланд доданд.

Таъкид гардид, ки чунин марказҳо бояд дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла, дар маркази пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе, таъсис дода шаванд, то ин ки меҳмонони хориҷӣ бо лаззати таомҳои миллӣ шинос гарданд.

Баъди ифтитоҳи Маҷмааи миллии «Маркази оши палав» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 160 нафар ятими кулли навраси шаҳри Хуҷанд туҳфаҳои идона тақдим карданд.

Дар ин рӯз баробари тақдими туҳфаҳои хотирмону арзишманд, ҳамчунин дастурхони пурнозу неъмат ороста шуд, ки боиси болидарӯҳии ятимон гардид.

17 ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо намунаи дастовардҳои корхонаву ширкатҳои калонтарини саноатӣ шинос шуда, бо сохтмончиён мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти сохтмонии корхонаҳо, аз ҷумла намунаи фаршҳои рангаву пурнақшу нигор, дару тиреза, мизу курсӣ, ашёҳои мухталифи кандакоришуда, сутуну тахтасангҳои мармарӣ, хиштҳои ороишии аз сангҳои нодири Тоҷикистон омодашуда, чароғҳо, рангҳои ­сохтмонӣ, нақшу нигори аз гаҷ сохташуда шинос шуда, намояндагони ширкатҳоро ба истеҳсоли маҳсулоти босифати рақобатпазир ва воридотивазкунанда ҳидоят намуданд.

Пас аз тамошои намоишгоҳи дастовардҳои корхонаҳои саноатии вилоят Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ, коргарону устоҳои чирадаст, ки дар азнавсозии Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе саҳми арзанда гузоштаанд, мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз номи худ ва аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кулли сохтмончиён, ки бо меҳнати арзанда ва шоистаи таҳсину офарин Боғи устод Айниро аз  нав эҳё карданд, изҳори сипоси бепоён намуданд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ба сохтмончиёни вилоят ва ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд шоҳҷоиза ва туҳфаи пулиро дар ҳаҷми 30 ҳазор сомонӣ тақдим карданд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи октябр дар шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии бунёду азнавсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ, сохтмони майдончаҳои муосири варзишӣ ва ободонии кӯчаву хиёбонҳои пойтахт аз тарафи комиссияи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид. Аз рӯи натиҷаи озмун ҷойи аввал ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои азнавсозии Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ мансуб дониста шуд.

18 ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ба фаъолияти гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули ­гидропоникаӣ, сехи истеҳсоли масолеҳи нимтайёр аз нахҳо ва плитаҳои минералии базалтӣ расман оғоз бахшида, бо намунаи хонаҳои истиқоматии камхарҷи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант» ошноӣ пайдо карданд.

Пешвои миллат бо тарзи корбарӣ дар гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули ­гидропоникаӣ шинос шуда, бо ташкилкунандагони он суҳбат оростанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, гармхонаи мазкур таҷрибавӣ буда, дар он намудҳои сабзавот бо усули гидропоникаӣ, яъне бе хок, аз ҳисоби нахҳои базалтӣ парвариш меёбад. Қобил ба тазаккур аст, ки яке аз самтҳои фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант» истеҳсоли нахи базалтӣ буда, солона 14 ҳазор метри мукааб ин навъи ашёро истеҳсол менамояд.

Феълан дар ин гармхона парвариши меваҳои тропикӣ, помидор, бодиринг ва лимӯ ба роҳ монда шудааст, ки тибқи мушоҳида аз онҳо имконияти ба даст овардани ҳосили хуб мавҷуд аст. Тавре масъулин иттилоъ доданд, дар оянда дар ин гармхона парвариши ҳама гуна сабзавот ва гулҳои ороишӣ ба роҳ монда мешавад.

Масоҳати умумии гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули гидропоникаӣ 1800 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, дар ин ҷо дар масоҳати 1200 метри мураббаъ парвариши лимӯ ба роҳ монда шудааст. Дар дохили гармхонаи лимӯпарварӣ масъулин бо усули муосир қаҳвахонаи хурд бунёд кардаанд.

Маблағи лоиҳавии гармхонаи мазкур 4,5 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Ҳамчунин, дар дохили гармхона тарабхонаи муосир, маркази фарҳангӣ-фароғатӣ ва ташхисгоҳи наву замонавӣ сохта шудааст. Молу маҳсулоти гармхона ва дигар лавозимоти корӣ дар мағозае, ки дар ҳудуди иншооти мазкур бунёд ёфтааст, ба фурӯш бароварда мешавад.

Роҳбарияти корхона ба масъалаи омода намудани мутахассисони соҳавӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, дар дохили гармхона синфхонаи махсуси омӯзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор додаанд, ки дар он бо ҷалби кишоварзони ботаҷриба ба ҷавонон нозукиҳои парвариши маҳсулоти кишоварзӣ бо усули гидропоникаӣ омӯзонида мешавад.

Дар ҳамин ҷо аз ҷониби роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант» намунаи хонаҳои истиқоматии дуошёнаи камхарҷ ба Пешвои миллат муаррифӣ карда шуд.

Тавре иттилоъ доданд, хонаҳои мазкур аз маҳсулоти истеҳсолнамудаи ҳамин корхона омода гардида, ҳам камхарҷ ва ҳам гарминигоҳдорандаанд. Барои сохтмони ин навъи хонаҳо плитаҳои минералӣ, ки аз нахҳои базалтӣ омода мегарданд, истифода мешаванд.

Дар ин рӯз дар шафати гармхона сехи истеҳсоли масолеҳи нимтайёр аз нахҳо ва плитаҳои минералии базалтӣ, ки барои сохтани хонаҳои истиқоматии камхарҷ истифода мегарданд, ба фаъолият оғоз намуд.

Сехи мазкур бо харҷи 700 ҳазор сомонӣ бо хатти муосири истеҳсолӣ таъмин карда шудааст. Маҳсулоти коргоҳи мазкур мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ буда, ҳамчун маҳсулоти воридотивазкунанда минбаъд ба фурӯш бароварда мешавад.

Дар маҷмӯъ, барои сохтмони гармхонаи таҷрибавӣ, намунаи хонаҳои камхарҷ, сехи истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва ободонии гирду атрофи мавзеи мазкур беш аз 7 миллион сомонӣ аз ҳисоби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элегант» харҷ гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки ҷамъияти номбурда дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон соли 2000-ум бунёд ёфтааст ва ба истеҳсоли сангҳои ороишиву нахи базалтӣ машғул мебошад. Ба роҳ мондани фаъолияти гармхонаи инноватсионӣ қадами навбатие буд дар роҳи густаришу равнақ бахшидани фаъолияти корхона. Бо ташкили гармхонаи мазкур теъдоди кормандони ҷамъият ба 200 нафар расонида шуд.

Сарвари давлат ду маротиба-солҳои 2012 ва 2014 Корхонаи «Элегант»- ро аз назар гузаронида, дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани сехи истеҳсоли сангҳои ороишиву нахҳои базалтӣ иштирок карда буданд.

Гармхонаи инноватсионии парвариши сабзавот бо усули гидропоникаӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, барои парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ дорои имконияти хуб мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз густариш ёфтани фаъолияти корхона изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани парвариши маҳсулот ва ба даст овардани ҳосили дилхоҳ ба масъулин дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

37609616855_2052cdfb1b_o18 ноябри соли 2017 дар шаҳри Бӯстон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи дорусозӣ ва маводи тиббии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарм Суғд» — ро ифтитоҳ бахшида, аз масъулону мутахассисони корхона истеҳсоли дорувории баландсифат ва банду басти мутобиқ ба стандартҳоро тақозо намуданд.

Сарвари давлат, ҳамчунин, таъкид доштанд, ки дорусозони тоҷик аз имконияту иқтидори истеҳсоли доруворӣ ва маводи тиббӣ аз меваю сабзавот ва гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон фаровон истифода баранд.

Корхонаи тозатаъсиси дорусозӣ аз силсилаи коргоҳҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла, коргоҳҳои ғилофакбарорӣ (капсула), доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон, банду басти дока, пахтаҳои тиббӣ ва дар зарфҳо ҷой додани нӯшобаҳои мевагӣ иборат мебошад. Дар ин ҷо, ҳамчунин, маркази омӯзишу таҳлили дорую маводи тиббӣ ва муаррифии гиёҳҳои шифобахши табиии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Дар шакли ғилофак (капсула) истеҳсол намудани доруворӣ дар корхонаи шаҳри Бӯстон нахустин таҷриба мебошад. Дар соҳаи дорусозӣ дар шакли ғилофак истеҳсол намудани дору дар тиббӣ ҷаҳонӣ афзалият дорад ва ин тарзи истеҳсол, ки аз ҷониби мутахассисони корхона анҷом дода шуд, дастоварди нав маҳсуб меёбад. Яке аз афзалиятҳои муҳиме, ки дар ин корхона роҳандозӣ шудааст, тайёр кардани дору аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон аст.

Тибби ҷаҳонӣ дар истеҳсоли доруворӣ ба тибби қадимаи тоҷик такя намудааст, зеро тибби қадимаи тоҷик дар муддати асрҳо манфиати комили доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахшро собит сохтааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон зимни шиносоӣ бо коргоҳи истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши табиӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба масъулону мутахассисон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд, ки минбаъд навъу номгӯйи доруҳоро аз гиёҳҳои табиӣ афзун намоянд.

Сипас, Пешвои миллат бо фаъолияти сохторҳои дигари Корхонаи дорусозии «Фарм Суғд» шинос шуданд.

Дар ин корхонаи тозатаъсиc таҳлилгоҳу анбори нигоҳдорӣ, ба зарфҳо рехтани нӯшобаҳои меваю гиёҳҳо, истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон, банду басти дока ва пахтаҳои тиббӣ ташкил карда шудааст.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарм Суғд» дар шаҳри Бӯстон аз корхонаҳои нахустини дорусозӣ ва маводи тиббӣ аз гиёҳҳои шифобахш аст, ки бо иқдоми шоистаи соҳибкорони ватанӣ бо роҳбарии Диловар Қувватзода бо харҷи беш аз 4 миллион сомонӣ дар масоҳати 0,8 гектар бунёд ёфта, дорои сехҳои истеҳсолӣ ва ҳуҷраҳои корӣ мебошад.

Корхонаи мазкур бар замми истеҳсоли маводи доруворӣ, ҳамчунин, ба воридоту содирот, савдои яклухту чаканаи маводи доруворӣ, тиббӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахш машғул аст. Дар корхона беш аз 70 нафар бо ҷойи кори доимии баландмузд таъмин шудаанд.

Дар ин корхона зиёда аз 20 намуди маводи тиббӣ аз гиёҳҳои шифобахш, беш аз 20 навъи нӯшобаю дамоба, номгӯйи зиёди бандинаҳои гуногунандозаи таъмизшуда ва таъмизнашуда, 3 номгӯй пахтаи тиббӣ, 4 навъ равғани шифобахши тиббӣ, 2 намуд маҳлули спиртӣ, 3 намуд шарбати махсуси шифоӣ, зиёда аз 60 намуд маводи доруворию тиббӣ истеҳсол мешавад, ки интиқолу фурӯши он ба осоишгоҳҳо ва дорухонаҳои вилояти Суғд роҳандозӣ мегардад.

Тоҷикистон дорои иқтидору имкониятҳои соҳаи истеҳсолии дорусозӣ мебошад. Ин таҷрибаи халқи тоҷик аз қадим, хусусан, аз замони аллома Абӯалӣ ибни Сино, ки дар ҷаҳон бо номи Авитсена маъруф гардидааст, ибтидо мегирад.

Маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ин таҷрибаи ғанӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷии як қатор давлатҳои ҷаҳон баҳри пешрафти соҳаи дорусозӣ тадбирҳоро амалӣ менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои солонаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, вазорату идораҳои марбута, мутахассисони соҳа ва соҳибкорони ватаниро ба масъалаҳои пешгирӣ аз воридоту фурӯши доруҳои пастсифат ҷалб менамоянд ва тақозо мекунанд, ки баҳри ҳифзи саломатӣ ва генофонди миллат аз дорую дармони баландсифат истифода шавад. Зеро, яке аз роҳҳои ҳалли масъалаи марбут ба саломатии миллат вориду фурӯши доруворӣ, маводи тиббии ҷавобгӯйи стандарти ҷаҳонӣ ва муҳимтар аз ҳама, истеҳсоли дору ва маводи тиббӣ дар дохили кишвар мебошад.

Аз ин хотир, баҳри пешгирӣ аз воридоти дорувории бесифату қалбакӣ, паст фаровардани нархи доруворӣ, бо истифода аз гиёҳҳои шифобахши тиббӣ, меваю сабзавоти кишвар соҳибкорони ватанӣ бо дастгирии Ҳукумат ҷиҳати бунёди корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ иқдомҳои шоиста менамоянд.

Таъсиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарм Суғд» дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд аз ҷумлаи чунин амалҳои нек мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон, ҳамчунин, дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди Шабакаи таъминоти 35 ҳазор нафар аҳолии шаҳр бо оби ошомиданӣ иштирок намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо ҷараёни пурраи татбиқи ин лоиҳа шинос шуда, ба фаъолияти шабакаҳои обтаъминкунӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, барқарорсозии иншооти мазкур дар асоси созишномаи сеҷонибаи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Лоиҳаи системаи обтаъминкунии шаҳрҳои «Шимоли Тоҷикистон» анҷом дода шуд.

Иброз гардид, ки барои татбиқи ин лоиҳа 25 миллиону 532 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд, ки 13 миллиону 293 ҳазор сомониаш қарз ва 12 миллиону 240 ҳазор сомонии дигари онро грант ташкил медод.

Зимни муаррифии Лоиҳаи системаи обтаъминкунии шаҳрҳои «Шимоли Тоҷикистон» ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки лоиҳа аз моҳи марти соли 2014 оғоз шуда, 6 шаҳру ноҳияи вилояти Суғдро дар бар мегирад. То ба имрӯз дар асоси ин лоиҳа дар шаҳрҳои Бӯстону Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо харҷи 80 миллиону 659 ҳазор сомонӣ корҳо анҷом пазируфта, сокинон бо оби ошомиданӣ таъмин гардидаанд.

Корҳои барқарорсозӣ дар доираи ин лоиҳа дар шабакаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои Истиқлол, Конибодом ва Исфара босуръат идома доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардида ва анҷоми босифати корҳо дастур доданд.

Барқарорсозии Шабакаи обтаъминкунии шаҳри Бӯстон дар асоси қарордод бо паймонкории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Умед-1» бо сарфи 8 миллиону 418 ҳазор сомонӣ бо дарозии умумии хатти магистралии обтаъминкунии дорои 13 ҳазору 600 метр анҷом дода шудааст.

Татбиқи лоиҳаи обтаъминкунӣ дар вилояти Суғд дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба норасоии об муҳиму саривақтӣ арзёбӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Шабакаи таъминоти 35 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бӯстон бо оби ошомиданӣ барқарорсозии пойгоҳи обкашии кӯтали 2-юм ва хатҳои технологӣ, таъмири бинои хлоркунонӣ дар асоси қарордод бо паймонкории Ҷамъияти дорои ­масъулияти маҳдуди «ПМК-43» бо харҷи 7 миллиону 351 ҳазор сомонӣ бунёд ва бо таҷҳизоти зарурии соҳавӣ таъмин гардидааст.

Шабакаи обтаъминкунии шаҳри Бӯстон, ки дар натиҷаи фаъолияти шабонарӯзӣ ба навсозӣ ниёз пайдо карда буд, баъзан ба нороҳатии сокинони биноҳои баландошёна сабаб мегардид.

Дар доираи татбиқи лоиҳа атрофи бинои Шабака дар масофаи 1 ҳазору 500 метр панҷарабандӣ шуд ва таъмири асосии 7 чоҳи амудию насоси барқӣ, сохт­мони 4 бинои чоҳи амудӣ, навсозии пойгоҳи обкашии кӯтали 2- юм ба анҷом расид.

Ҳамчунин, 4 насоси обкашии кӯтали 2-юм бо иқтидори умумии 2 ҳазору 600 метри мукааб дар як соат иваз карда, навсозии бинои хлоркунӣ, даромадгоҳи нави бино, таҷҳизоти барқӣ ва васли ноқилҳои барқӣ дар бинои пойгоҳи обкашӣ, хатти технологӣ бо таҷҳизоти нигоҳдорандаи об, васлу насби қубури қутраш 315 ба масофаи 1 ҳазору 100 метр ва пайваст намудани он ба хатти чоҳҳои амудӣ амалӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳо дар шабакаҳои обтаъминкунии шаҳри Бӯстони вилояти Суғд баҳои баланд доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки васли ҳисобкунакҳои обӣ дар шаҳри Бӯстон аз тарафи муҳандисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷузъи зимистон» дар ҳаҷми 2 миллиону 514 ҳазор сомонӣ анҷом ёфт, ки 3 ҳазору 750 ададро дар бар мегирад.

Айни ҳол корҳои таъмиру тармим аз тарафи мутахассисон идома доранд. То ба имрӯз 1033 ҳисобкунаки обӣ дар хонаҳои баландошёна насб карда шудааст.

Техникаи махсуси коммуналӣ ва таҷҳизоти таъмирию ёрирасон бошад, ба маблағи 3 миллиону 607 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуршеди Хоразм» дастрас гардидааст.

Дастгоҳҳои махсуси соҳавӣ ва таъмири таҷҳизоти озмоиширо ба Шабакаи таъминоти 35 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бӯстон бо оби ошомиданӣ ҷамъиятҳои «МЕДКОМ» ва «Салоса» ворид намудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи Шабакаи таъминоти 35 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Бӯстон бо оби ошомиданиро туҳфаи арзандаи Давлату Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои истиқбол аз 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд.

37609767735_141fa0cc54_oДар рӯзи сеюми сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғд Пак» ташриф оварда, дар вазъияти тантанавӣ навбати дуюми Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилениро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сохтмони навбати дуюми корхона, ки 5 августи соли 2015 оғоз гардида буд, дар рӯзҳои ташрифи Сарвари давлат ба вилояти Суғд ба итмом расид.

Барои бунёди корхонаи дуюм 15 миллион сомонӣ, аз ҷумла 10 миллион сомонӣ барои хариди таҷҳизот сарф шудааст. Сармояи оинномавии корхона наздик ба 5 миллион доллари амрикоӣ мебошад. Коргоҳҳои якуму дуюм дар масоҳати 5,6 гектар бунёд шудаанд.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳ 30 миллион дона ва бо дарназардошти ба кор андохтани ҳамаи иқтидорҳо 60 миллион дона халта дар як сол мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз соли таъсис то 8 моҳи соли 2017 – ум 12,8 миллион донаро ташкил намуд. Халтаҳо барои орду семент истеҳсол карда мешаванд. Дар коргоҳи мазкур 200 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки моҳи октябри соли 2013 корхонаи аввали Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғд Пак» бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз карда буд. Ҳамон вақт соҳибкорони ватанӣ ба Сарвари давлат ваъда дода буданд, ки бо васеъ кардани корхона боз даҳҳо ҷойи корӣ таъсис дода, барои истеҳсоли молҳои воридотивазкунандаи босифат тадбирҳо меандешанд.

Дар корхонаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғд Пак» 71 адад дастгоҳи бофандагӣ, 8 адад дастгоҳи рангубор ва халтадӯзии истеҳсоли Хитой ва мамлакатҳои Тайвану Олмон насб  шудааст.

Танҳо дар 8 моҳи соли 2017 корхона дар ҳаҷми 1,5 миллион сомонӣ андоз супоридааст, ки барои ғанӣ гардидани буҷаи шаҳри Бӯстон саҳми арзанда мебошад.

Роҳбарияти корхона дар назди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон уҳдадор шуданд, ки баъди як сол дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд чунин як корхонаи нави истеҳсоли халтаҳоро бунёд менамоянд. Маҳсулоти истеҳсолкардаи корхона пурра ба содирот нигаронида мешавад.

Баъди шиносоии пурра бо шароити кор ва сифати маҳсулоти истеҳсолгардида Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон барои обод кардани як гӯшаи диёр, саҳми муносиб дар раванди саноатикунонии кишвар баҳои арзанда ва дастур доданд, ки чун маҳсулоти корхона ба кишварҳои хориҷ, аз ҷумла ба Қазоқистон, Россия, Украина, Беларус ва дигар кишварҳо содирот мегардад, ба сифати он аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.

19 ноябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар маҷлиси тантанавӣ ва ҷамъомади идона ба ифтихори ҷашни 25 — умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ин чорабинии бошукӯҳ, ки дар макони баргузории иҷлосияи таърихӣ — Қасри Арбоби ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев доир гардид, собиқ вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумати кишвар, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолони вилоят ва дигар меҳмонони ҷашнвора иштирок карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиён ва кулли мардуми кишварро бо солгарди иҷлосияи тақдирсозу таърихӣ, ки оғози марҳилаи созандагӣ ба хотири ваҳдати комили сартосарӣ ва сулҳу субот буд, табрику таҳният гуфтанд.

Ёдовар мешавем, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар Қасри маданияти ба номи Саидхӯҷа ӯрунхӯҷаеви вилояти Суғд Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва ҳамон вақт вакилон бо як овоз Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори оқилу хирадманд ва саодатпешаро Раиси Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сарвари давлати тоҷикон интихоб карданд.

Аз рӯзҳои нахустин ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи садоқат ва меҳру муҳаббати бепоёни халқи тоҷик ба ин фарзанди фарзонаи миллат мебошад.

Роҳбари хирадманду саодатпеша муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ки ба аҳдаш вафо кардаву ба мардум сулҳ овард, дар ин рӯзи пур аз нишот бори дигар аз талошҳои созандаву бобарори роҳбарияти Давлату Ҳукумат ва мардуми шарафманди кишвар баҳри ба як мамлакати воҳид табдил додани Тоҷикистон андешаронӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки оғози кори иҷлосия ибтидои умеду дилпурии мардуми Тоҷикистон буд ва дар ҳақиқат гузашти вақт собит намуд, ки вакилони Шӯрои Олӣ дар ин иҷлосияи таърихиву тақдирсоз зарурат ва аҳамияти нигоҳдории якпорчагии давлат ва ягонагии миллати тоҷикро ҷиддан дарк мекарданд.

Мардуми Тоҷикистон низ аз онҳо ҷиҳати аз буҳрони шадиди сиёсиву иҷтимоӣ баровардани мамлакат иродаи мустаҳками сиёсӣ, заковат ва ғайрату матонатро интизор буданд. Вакилони халқ бо қабули қарорҳои воқеан ҳаётӣ собит намуданд, ки онҳо ҷонибдори Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, якпорчагии Тоҷикистон ва ободиву рушди ояндаи он мебошанд.

Воқеан, ин иҷлосия дар рушд ва таҳкими давлатдории навину истиқлолияти воқеии Тоҷикистон, якпорчагии он, ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар сарзамини бостонӣ, амалӣ гардидани ислоҳоти сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ асос гузошт.

Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, новобаста аз вазъи мураккаби сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар ин солҳо ва лаҳзаҳои тақдирсоз,  ҳамчун сиёсатмадори ҷасуру далер амал карда, аз рӯи хиради азалии халқи тоҷик ҳамчун фарзанди сарсупурдаи миллат барои барқарор кардани сохти фалаҷгаштаи давлатдорӣ, иқтисодӣ ва ба даст овардани сулҳу суботи сартосарӣ ҷонфидоӣ намуданд.

Дар охири суханронӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар иштирокчиёни ҷамъомади тантанавӣ ва кулли шаҳрвандони кишварро бо ин санаи таърихию тақдирсози миллат табрику таҳният гуфтанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки минбаъд низ ҳар як фарди бонангу номус ва фарзанди худогоҳу худшиноси Ватан дар роҳи таҳкими истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон бештар талош варзида, баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳми арзандаи хешро мегузорад ва орзу намуданд, ки дар сарзамини аҷдодиамон — Тоҷикистони азиз офтоби сулҳу сафо ҳамеша дурахшон бошад.

Пас аз суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи вакилони Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқ вакили Шӯрои Олӣ Гулафзо Савриддинова баромад карда, оид ба саҳми арзандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ намуданд.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи собиқадорон, депутатҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусаввара тақдим карда шуд.

Маҷлиси тантанавиро барномаи рангину пурмуҳтаво ва ҷолиби устодони санъати ҷумҳурӣ идома бахшид.

www.president.tj