Сафари кории Пешвои миллат ба навоҳии минтақаи Кӯлоб

№125 (3605) 04.10.2016

DSC_4776 - копияСеюми октябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як зумра иншооти муҳим ба ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон сафари корӣ намуданд.

Сафари кории Сарвари давлат аз ноҳияи Муъминобод оғоз ёфт. Сокинони ноҳия Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукӯҳи хоса ва эҳтироми самимӣ истиқбол гирифтанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод нахуст бо буридани лентаи рамзӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6- ро барои 624 ҷойи нишаст дар як баст дар деҳаи Чашмасор мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонии ин муассисаи таълимӣ аз солҳои 1991 ҳамчун иншооти нотамом боқӣ монда будааст.

Бо таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, инчунин дар меҳвари сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтани соҳаи мактабу маориф, корҳои сохтмонӣ дар иншоот аз моҳи сентябри соли 2015 аз нав оғоз ва дар муддати як сол бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуд.

Ҷойи зикр аст, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 — ро бо дастгирии Ҳукумати кишвар Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмони мактаб­ҳои миёна» марҳилаи III бо маблағгузории Бонки исломии рушд бунёд кардааст. Корҳои сохтмониро ҶДММ «Махсус»-и шаҳри Кӯлоб анҷом додааст.

Сарвари давлат аснои шиносоӣ бо шароити муассисаи таълимӣ ба сохтмончиён барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ изҳори миннатдорӣ намуданд. Бинои муассисаи мазкур аз се ошёна иборат буда, аз 28 синфхона, аз ҷумла ҳуҷраҳои фаннии химия ва физика, синфхонаи компютерӣ, китобхонаи электронии муҷаҳҳаз бо 15 компютери пайваст ба шабакаи Интернет, толори маҷлисгоҳ бо 288 ҷойи нишаст, ошхона бо 144 ҷой, толори варзишӣ бо 140 ҷойи нишаст ва биноҳои ёрирасон иборат мебошад. Масоҳати умумии майдони муассиса 2,3 гектарро ташкил медиҳад. Маҷмӯан, барои анҷом додани корҳои сохтмону васлгарӣ дар иншооти мазкур 16 млн. 141 ҳазор сомонӣ сарф шудааст. Хароҷоти ҷиҳозонидани муассисаи таълимӣ бо асбобу анҷоми хониш 2 млн. 428 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо омӯзгорон ва муҳассилини мактаб иброз доштанд, ки ба истифода додани боз як муассисаи нави таълимӣ бо беҳтарин шароити илмомӯзӣ туҳфаи арзандаи Ҳукумати кишвар ба сокинони ноҳияи Муъминобод дар ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати кишвар дар зарфи 25 соли соҳибистиқлолӣ ба рушди босуботи соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд ва дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мактабҳои наву замонавӣ бо беҳтарин шароити таълимӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.

Тавре Президенти кишвар таъкид доштанд, соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад ва рушди ин соҳа барои пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи воқеӣ мегузорад. Вобаста ба ин ҳайати омӯзгорони муассисаи таълимиро даъват намуданд, ки баҳри таълиму тарбияи кӯдакону наврасон талоши бештар варзида, аз усулҳои фаъоли таълим кор бигиранд ва наслеро ба воя расонанд, ки дар оянда барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани аҷдодиямон саҳми муносиб гузоранд.

www.president.tj