Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Данғара

№84 (4034) 13.07.2019

66628277_2804773466259488_5829356366929592320_o12 июли соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон ба ноҳияи Данғара сафари корӣ намуданд.

Маросими истиқболи меҳмони олиқадр дар фурудгоҳи муваққатии деҳаи Шар-Шари деҳоти «Себистон» бо самимияти хоса сурат гирифт.

Нахуст Пешвои миллат дар деҳаи Шар-Шар бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 28-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат бо шароити таълимии муассиса шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон суҳбати самимӣ баргузор намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 28 аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 480 хонанда пешбинӣ гардидааст.

Барои таълиму тарбия дар ин ҷо шароити муосир фароҳам оварда шуда, синф­хонаҳо бо аёнияти таълимӣ, аз қабили тахтаҳои электронӣ, компютер ва дастгоҳҳои лабораторӣ таъмин мебошанд.

Бинои нав дорои 17 синфхона мебошад, ки 5 адади онро синфхонаҳои фаннӣ ташкил медиҳанд. Синфхонаи компютерӣ бо 30 компютер ва хатти алоҳидаи интернет таъмин аст. Ҳамчунин, барои соҳибҳунар намудани толибилмон дар таълимгоҳ синф­хонаҳои алоҳидаи таълими меҳнати писаронаву духтарона ташкил гардидаанд.

Як синфхонаи алоҳида барои омӯзонидани нозукиҳои бозии шоҳмот ташкил шудааст, ки бо дастгоҳ ва аёнияти зарурӣ таъмин мебошад.

Муассисаи таълимӣ дорои толори маҷлис бо 210 ҷойи нишаст, толори варзишӣ бо 200 ҷой ва ошхона бо 50 ҷойи нишаст мебошад. Толори хониши китобхонаи мактаб имконият дорад дар як вақт ба 30 нафар хизмат расонад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бинои мазкур буғхонаи алоҳида дорад, ки он дар асоси технологияи муосир бунёд ёфтааст ва дар фасли зимистон метавонад таълимгоҳро пурра бо гармӣ таъмин намояд.

Иншоот дар масоҳати 2 гектар бо дарназардошти талаботи муосири меъморӣ бунёд ва атрофи он бо гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони сояафкан зебу оро ёфтааст.

Зимни суҳбат Президенти мамлакат хонандагону омӯзгоронро ба истифодаи самараноки шароити фароҳамшуда, аз худ кардани илмҳои замони муосир ҳидоят карданд.

Сипас, дар саҳни таълимгоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинон ва аҳли маорифи ноҳия мулоқот намуда, ифтитоҳи иншооти мазкурро ба онҳо табрику таҳният гуфтанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар деҳоти «Себистон»-и ноҳияи Данғара низ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ бомаром идома дорад ва як қатор иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, бо саҳми бародарон Зубайдовҳо роҳи дохилии деҳаи Шар — Шар ба масофаи 4 километр навсозӣ гардида, мутобиқ ба талабот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Тибқи иттилои масъулин, корҳои сохтмонӣ бо дарназардошти талаботи муосири сохтмонӣ бунёд ёфта, ҷӯйборҳои ду тарафи роҳ, қубурҳои обгузар пурра нав гардиданд.

Ҳамчунин, дар доираи дас­туру супоришҳои Пешвои миллат аз ҷониби бародарон Зубайдовҳо дар деҳа бунгоҳи тиббӣ бунёд гардид, ки ин иқдом дастрасии аҳолиро ба хизматрасонии кумаки аввалини тиббӣ беҳтар намуд.

Тибқи иттилои масъулин, то таҷлили ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти «Себистон» боз чандин иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Оқсу» роҳи мошингарди «Себистон-Гулафшон»-ро ифтитоҳ бахшиданд.

Он дар доираи дастгирии сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар ва истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз тарафи соҳибкорони ватандӯст ва мардуми ноҳияи Данғара ба тариқи ҳашар бунёд гардида, 21 километр дарозӣ ва 7 метр паҳноӣ дорад.

Дар доираи навсозии роҳ корҳои тахту ҳамворкунӣ, васеъкунии роҳ ба анҷом расид. Дар мавзеъҳои обгузар 9 қубури калонҳаҷми обпарто хобонда, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ дар масофаи 1,7 километр иҷро шуд.

Зимни навсозии роҳ даҳҳо нафар муҳандису корманди техникӣ ва роҳсозони маҳаллӣ бо ҷидду ҷаҳд кор карданд. Сохтмончиён дар вақти анҷоми корҳо ба масъалаи таъмини босифати он таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз техникаи муосири роҳсозӣ истифода бурданд.

Роҳи навсозишуда деҳаҳои Себистон, Гулафшон, Талхов ва Кӯли Сӯфиёнро дар бар мегирад. 14 километри роҳ аз ҷониби бародарон Пировҳо таъмир шудааст.

Дар 14 деҳаи деҳоти «Оқсу» 3520 хоҷагӣ ба қайд гирифта шудааст ва аҳолии он 25 ҳазору 700 нафарро ташкил медиҳад.

Кӯли Сӯфиён дуртарин деҳаи деҳоти «Оқсу» мебошад, ки аз маркази ноҳия дар масофаи қариб 45 километр ҷойгир аст.

Акнун аҳолии деҳаҳои деҳоти «Оқсу» бемамониат тамоми фасли сол аз роҳи тахту ҳамвор самаранок истифода мебаранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи роҳи навро ба сокинони деҳот муборакбод гуфта, изҳор ­доштанд, ки роҳҳо на танҳо минтақаҳоро ба ҳам мепайванданд, балки ҳамчун воситаи интиқоли мусофирон ва ҳамлу нақли бор хизмат мекунанд. Роҳҳои нав ба пешрафти иқтисодиёт, сарфаи вақту маблағ, коҳиш ёфтани арзиши маҳсулот мусоидат менамоянд.

Ҳама тадбире, ки дар доираи эълони солҳои 2019-2021 чун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз тарафи Ҳукумати кишвар амалӣ мешаванд, ба хотири рушди деҳот, таъмини инфрасохтори зарурӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтари иҷтимоӣ барои сокинон роҳандозӣ мегарданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон беморхонаи марказии байниноҳиявиро дар деҳаи Талхоби деҳоти «Оқсу» ифтитоҳ намуданд.

Он, ки дар доираи иқдомҳои созанда ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бунёд шудааст, ба 3 ҳазору 500 нафар аҳолии деҳаҳои Талхоб, Олучадара, Гулизиндон, Боботӯпхона, Кӯли Сӯфиён ва Қунғуртут хизмат мерасонад.

Маркази саломатӣ ва таваллудхона бо дастгирӣ ва ғамхориҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби оилаи Ҷамиловҳо бунёд шуда, аз 22 ҳуҷра, 16 кати хоб, ҳуҷраи хатна ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат мебошад.

Аз рӯи лоиҳа дар маркази саломатӣ 7 ҳуҷра ва дар таваллудхона 9 ҳуҷраи корию хизматрасонӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои бақайдгирӣ, табибон, шикастабандӣ, муолиҷавӣ, хатна ва таваллуд бунёд шудааст. Утоқҳо барои муолиҷаи беморон, таваллуд ва нигоҳубини модару кӯдак бо рахти хоб ва дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ таъмин мебошанд.

Масоҳати умумии замини беморхонаи марказии байниноҳиявӣ 1 ҳазору 775 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Роҳравҳои атрофи он сафолакпӯш ва барои табибону сокинон ҷойи мувофиқи истироҳату фароғат муҳайё карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо маркази саломатӣ ва таваллудхона ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, табибонро ба хизмати софдилона ба аҳолии деҳот ҳидоят карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар деҳаи Кӯли Сӯфиёни деҳоти «Оқсу» муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Муассисаи таълимӣ дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва тадбирҳои вобаста ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша сохта шудааст. Масоҳати умумии он 1,8 гектарро ташкил медиҳад.

Муассисаи таълимӣ дуошёна буда, барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 480 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Он дорои 10 синф­хона, аз ҷумла синфхонаҳои компютерӣ, физика, химия, биология, китобхона ва ғайра мебошад.

Синфхонаҳо бо ашёи зарурии хониш, аз қабили мизу курсӣ ва муосиртарин таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд

Баъди ба истифода супоридани бинои муассиса Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонандагону омӯзгорон дастур доданд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ бо роҳи омӯзиши илмҳои муосир ва соҳибкасб гаштан дар ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм гузоранд.

Бо пуштибонӣ аз сиёсати муваффақона хонандагону омӯзгорони деҳа ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори минатдорӣ карданд.

Қаблан дар деҳаи Кӯли Сӯфиён муассисаи таълимӣ бо 150 ҷойи нишаст фаъолият дошт, вале бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи замони муосир ва афзоиши шумораи хонандагон сокинон ба мушкилот дучор гашта буданд.

Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар ҳама деҳоти ноҳияи Данғара бо саҳми соҳибкорону ҷавонмардони баномусу ватандӯст сохтмони иншооти гуногун бомаром ҷараён дорад, ки аз ҷонибдории сокинон аз сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара бинои асосии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51-и деҳаи Талхоби деҳоти «Оқсу»-ро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Он аз ду ошёна иборат буда, дорои 11 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои компютерӣ мебошад ва барои 528 нафар хонанда дар ду баст мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд карда шудааст.

Сохтмони мактаби нав дар деҳаи Талхоб бо дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари маорифпарвари мамлакат сохта шудааст. Зимни корҳои бунёдӣ дар он 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити нави таълимӣ дар муассиса ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, масъулинро ҷиҳати истифодаи пурсамар аз имконот ва ба боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли ояндасози миллат ҳидоят намуданд.

Бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани бинои асосии мактаби нав барои аҳолии 840-нафараи деҳаи Талхоби ноҳияи Данғара дар доираи омодагиҳо ба истиқболи бошукӯҳ аз 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзишманд дониста мешавад.

Феълан корҳои сохтмонӣ дар бинои дуюми муассиса, ки толори маҷлис барои 100 нафар, толори варзишӣ барои 128 ҷойи нишаст ва ошхона барои 28 нафарро дар бар мегирад, идома дорад.

Зимни муаррифии лоиҳаи бинои дуюми муассисаи таълимӣ иттилоъ дода шуд, ки аслан татбиқи барномаи бун­ёди он ду солро дар бар мегирад, вале муҳандисону сохтмончиён дар асоси дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош намуданд, ки бинои асосии онро пеш аз муҳлат мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Масоҳати умумии замини мактаб 1,5 гектарро дар бар мегирад ва бо татбиқи пурраи лоиҳа дар он барои таъмини беҳтари илму ҳунаромӯзӣ ва ба машқу тамрин фаро гирифтани фарзандони сокинони деҳаи Талхоб муосиртарин шароит фароҳам оварда мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити илмомӯзии насли наврасу ояндасози миллат дар бинои нави муассиса, лоиҳаи бунёди бинои дуюм ва дигар иншооти ёрирасон хонандагонро ба омӯзиши илмҳои муосир ҳидоят намуда, ба масъулин ҷиҳати истифодаи пурсамар аз имконоти фароҳамкардаи Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва боғу токпарварӣ бо фаъолияти Кооперативи тиҷоратии «Чашмаи Нуқра» шинос шуданд.

Мавриди зикр аст, ки бо ташаббус ва тадбирҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи ҳадафи стратегӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи боғу токпарварӣ солҳои охир дар мамлакат садҳо гектар замини бекорхобида обёрӣ ва ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуд.

Заминҳои боғи «Чашмаи Нуқра», ки дар як мавзеи беоб ҷойгир буд, дар натиҷаи меҳнати аҳлонаи коргарон дар давоми се — чор соли охир ба як минтақаи обод мубаддал гардид.

Аз масоҳати умумии заминҳои Кооперативи тиҷоратии «Чашмаи Нуқра», ки 1130 гектар мебошад, 402 гектарашро боғу токзор ва боқимондаро талу теппа ва чарогоҳ ташкил медиҳад.

Боғдорон дар майдони 32,6 га ангур, дар заминҳои боқимонда навъҳои беҳтарини дарахтони биҳӣ, бодом, гелос, зардолу, нок, олу, олуча, олучабандак, себ, хуч, чормағз ва ғайраро парвариш мекунанд.

Зимни шиносоӣ бо боғу токзори «Чашмаи Нуқра» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргаронро ба истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, нигоҳубини хуби дарахтон, истеҳсол ва содироти мева ҳидоят карданд.

www.president.tj