Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Файзобод

№113 (4063) 21.09.2019

70666349_2991142604289239_8561039370587471872_o20 сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба ноҳияи Файзобод сафари корӣ намуданд.

Дар даромадгоҳи ноҳия Сарвари давлат­ро сокинони касбу кори гуногун бо самимияти хоса ва эҳтироми беандоза истиқбол гирифтанд.

Барномаи рангини консертии шуъбаи фарҳанги ноҳия, ки бозгӯкунандаи меҳру муҳаббат ва садоқати мардуми Файзобод нисбат ба Пешвои миллат буд, бо маҳорати баланди эҷодӣ ва бисёр ҷолибу диданӣ баргузор шуд.

Мақсад аз ташрифи Президенти мамлакат ба ноҳияи Файзобод ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, суҳбату мулоқот бо сокинон ва шинос шудан бо вазъи зиндагии онҳо арзёбӣ гардид.

Дар ноҳияи Файзобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзонро аз назар гузаронданд.

Дар он хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, деҳқонию инфиродӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ ва сокинони меҳнатдӯст маҳсули меҳнати хешро ба тамошо гузошта буданд. Растаҳои намоишгоҳ аз фаровонии маҳсулот, ҳосили баланди ғалладонагиҳо, сабзавот, полезиҳо, картошка, мева ва ғайра дарак медоданд, ки самараи меҳнати пайваста, истифодаи самараноку оқилонаи обу замин ва риояи қоидаҳои агротехникӣ аз ҷониби хоҷагидорон мебошад.

Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки соли равон аз ҷониби кишоварзони ноҳия дар масоҳати қариб 7 ҳазор гектар зироати кишоварзӣ, аз ҷумла, дар майдони 2500 гектар ғалладонагиҳо, 700 гектар сабзавот, 820 гектар картошка, 1000 гектар зироати техникӣ ва хӯроки чорво кишт шудааст. Баъди ҷамъоварии ҳосили зироати ғалладонагӣ, картошка ва қисман сабзавоту полезӣ, кишоварзон дар майдони 83 гектар кишти такрорӣ гузаронидаанд. Тибқи иттилои масъулони соҳа майдони боғу токзор дар ноҳия 5970 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 4500 гектараш боғи себ аст. Танҳо дар ду соли охир наздик ба 650 гектар боғи нав бунёд ёфтааст.

Пешвои миллат ба себи Файзобод, ки аз лиҳози тамъ назир надорад, таваҷҷуҳ зоҳир карда, барои истифодаи самараноки имконоти мавҷуда, боз ҳам зиёд намудани масоҳати себзор, дар ин замина таъмини бозори дохилӣ бо себи хушсифат ва афзоиш бахшидани ҳаҷми содироти он ба хориҷи кишвар масъулонро вазифадор карданд.

Дар ноҳияи Файзобод, ки барои боғпарварӣ иқлими мусоид дорад, беш аз 10 навъи себ парвариш меёбад.

Сипас, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ниҳолхонаи навбунёди хоҷагии ниҳолпарварии «Хайриддин» дидан намуданд. Ба иттилои хоҷагидорон, дар ниҳолхона, ки майдони 1,5 гектарро ташкил медиҳад, 20 ҳазор бех ниҳоли дарахтони 4-солаи ороишӣ шинонида шудааст. Ниҳоли дарахтони ороишии мажавелник, санавбари элдарӣ, сарви шарқӣ ва сарвинози аризониро хоҷагидорон аз шаҳри Ваҳдат дастрас намудаанд. Ғайр аз ин, дар ин ҷо 5 ҳазор бех ниҳоли дарахтони мевадиҳандаи 2 — сола — себ, олу, олучаи пайвандӣ, гелос ва ғайра парвариш карда мешавад. Мақсад аз таъсиси ниҳолхона таъмин намудани ноҳия бо ниҳоли дарахтони ороишӣ ва хоҷагиҳои боғпарвари кишвар бо ниҳоли дарахтони мевадиҳанда мебошад.

Хоҷагии ниҳолпарварии «Хайриддин» дорои боз 0,5 гектар замин мебошад, ки дар 0,25 садяки он ҷуворимакка барои дон ва дар боқимонда картошка, помидору нахӯд кишт гардидааст. Баъди ҷамъоварии ҳосили картошка ва нахӯд хоҷагидорон боз мош кишт намудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон нашъунамои ниҳол ва навъҳои гуногуни зироати кишоварзиро мувофиқи матлаб дониста, масъулонро барои васеъ намудани масоҳати ниҳолхона ва зиёд кардани номгӯи ниҳоли дарахтони ороишию мевадиҳанда ҳидоят намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Файзобод ду майдончаи варзишӣ ва маркази хизматрасониро ифтитоҳ бахшиданд.

Иншооти варзишӣ, ки аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Ҷамшед Ғаффоров бунёд гардидааст, аз ду майдончаи универсалӣ ва ҳуҷраҳои ивази либос, мағоза ва ғайра иборат мебошад.

Атрофи иншоотро дарахтони сояафкану ҳамешасабз зинат бахшидаанд. Ҳар як майдонча, ки 40 ба 20 метр дарозӣ ва паҳноӣ дорад, тибқи талаботи меъёрҳои муосири сохтмонӣ бунёд гардидаанд.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, масъулинро ба тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш, хусусан, дар миёни ҷавонону наврасон, ҳидоят намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар деҳот ва маркази ноҳияи Файзобод айни замон беш аз 70 майдончаи варзишӣ ва  30 толори машқу тамрин фаъолият менамоянд. Маҳз ҳамин шароити созгор сабаб шудааст, ки дастовардҳои варзишгарон дар мусобиқаҳои дохилию байналмилалӣ беҳтар гардад.

Ҳамчунин, дар шафати иншооти варзишӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маркази хизматрасониро, ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфтааст, ифтитоҳ карданд.

Дар иншооти мазкур 35 сокини ноҳия бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки ҳар як иншоот аз 4 ошёнаи бисёрфунксионалӣ иборат мебошад. Қабати якуми биноҳо аз марказҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ, оҳангарӣ, чӯбтарошӣ, сехи дӯзандагӣ, мағозаи фурӯши маҳсулоти тайёр, толори арӯсӣ ва кошонаи ҳусн иборат аст. Қабатҳои болоии бино ҳамчун хонаҳои истиқоматӣ пешбинӣ гардидаанд.

Дар давраи сохтмони иншоот беш аз 40 нафар сохтмончии маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд.

Пешвои миллат ба ҳиммати ҷавонмардонаи соҳибкорон баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки ба василаи чунин марказҳои хизматрасонӣ метавон ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби ҷавонон ба ин самт мусоидат намуд.

Тибқи иттилои масъулин, дар Файзобод то ҷашни 30 — юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди беш аз 500 иншооти таъиноташон гуногун дар назар дошта шудааст.

Дар ноҳияи Файзобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузош­тани санги асос ба корҳои сохтмонии бинои маъмурии шуъбаи маориф оғоз бахшиданд.

Мувофиқи лоиҳа бино сеошёна буда, бо дарназардошти набудани шароити мувофиқу муосири фаъолият барои кормандони соҳаи маориф сохта мешавад.

Дар бинои шуъбаи маориф утоқҳои корӣ, маҷлисгоҳ бо 80 ҷой ва ҳуҷраҳои хоб ҷойгир карда мешавад. Он аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ бунёд мегардад.

Барои сохтмони иншоот аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қитъаи замин дар масоҳати 0,30 га ҷудо карда шудааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин мегарданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ ба лоиҳаи сохтмон ба масъулон ҷиҳати бо сифати баланд бунёд кардани иншоот дастуру ҳидоятҳо доданд.

Гуфтан бамаврид аст, ки рушди бонизоми соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати имрӯзаи Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Аз ин ҷост, ки барои беҳтару хубтар намудани шароити кории кормандони соҳа тадбирҳои саривақтӣ андешида мешаванд.

Дар маркази ноҳияи Файзобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади арҷгузорӣ ба яке аз рукнҳои давлатдорӣ дар назди Нишони давлатӣ гулчанбар гузоштанд.

Дар доираи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази Файзобод гулгашти зебою замонавӣ сохта шудааст, ки Нишони давлатӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муқаддасоти миллӣ дар он қомат афрохтаанд.

Мавҷудияти Нишони давлатӣ дар маркази ноҳия аз таърихи пурғановати халқи тоҷик гувоҳӣ медиҳад ва эҳсоси баланди ватандориву худшиносии ҳар як фарди шарафманд ва бонангу номусро бедор месозад.

Ҷиҳати ободу зебо гардондан ва ба макони сайругашти сокинон табдил додани гулгашт дар роҳравҳо, гирду атроф ва назди бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дарахтони сояафкани ороишӣ ва гулҳои ҳамешасабз шинонида шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо гулгашт ба роҳбарияти ноҳия ҷиҳати вусъат бахшидани созандагию бунёдкорӣ ва ба шаҳраки зебою замонавӣ табдил додани маркази Файзобод дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод намоишгоҳи дастовардҳои корхонаҳои истеҳсолиро аз назар гузаронданд.

Корхонаҳои саноатии ноҳия дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 22 миллиону 258 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва коркард карда, барои фурӯш ба бозор баровардаанд.

Аснои шиносоӣ бо дастовардҳои меҳнаткашон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону хоҷагидорон ҷиҳати истифодаи босамари замин, истеҳсоли молу маҳсулоти босифати ватанӣ, ҷамъоварии гулу гиёҳҳои шифобахш ва коркарди онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ноҳия, баробари рушди бахшҳои соҳаи кишоварзӣ, парвариши занбӯри асал васеъ ба роҳ монда шуда, истеҳсоли он нисбат ба солҳои қаблӣ бамаротиб афзун гардидааст. Занбӯриасалпарварон дар ҳашт моҳи соли равон аз 7 ҳазору 705 оилаи занбӯри асал 62 тонна маҳсулоти тозаи табиӣ истеҳсол намудаанд. Яке аз хоҷагиҳои занбӯриасалпарвари ноҳия Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҳоҷӣ Шариф» мебошад, ки соли 2004 таъсис ёфта, танҳо дар тӯли ду соли охир 12 тонна асали хушсифат истеҳсол кардааст.

Дар намоишгоҳ маҳсулоти нонӣ, аз қабили кулчаю қалама, чапотӣ, фатири гардхел, чор навъи нони армуғонӣ ва ғайра пешниҳод гардид, ки аз ҳунару маҳорати баланди кадбонуҳои ноҳияи Файзобод дарак медоданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо дастовардҳои меҳнатии заҳматкашон барои афзун намудани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ, рушди бахшҳои соҳаи кишоварзӣ ва ободу зебо намудани ҳар як гӯшаи ватани азизамон ба сокинони меҳнатқарини ноҳия ҳидоятҳои судманд доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Файзобод толори варзиширо ифтитоҳ намуданд.

Дар назди толори варзишӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷавонони саодатманду сарфарози ноҳия бо рӯҳияи болидаву самимияти беандоза ва садоқати бепоён истиқбол гирифтанд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки толори варзишӣ зиёда аз 400 ҷойи нишаст дорад ва барои баргузор намудани бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол пешбинӣ гардидааст.

Иншоот бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.

Дар толори варзишӣ ду ҳуҷраи барҳавои ивази либос, ду ҳаммом бо ҷойгиршавии 6 нуқтаи оббозӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд аст. Бо мақсади таъмини гармӣ дар мавсими сармо иншоот бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ, ки ба тавассути неруи барқ фаъолият мекунад, пайваст гардидааст.

Илова бар ин, дар иншооти варзишӣ системаи ҳавотозакунӣ васлу насб гардидааст, ки дар муътадил нигоҳ доштани ҳавои дохили толор нақши муҳим мебозад. Толори варзишӣ дар шафати Варзишгоҳи марказии ноҳия дар масоҳати умумии 957,3 метри мураббаъ бунёд ёфтааст.

Дар саҳн ва атрофи иншоот гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони ҳамешасабз шинонида шудааст. Ҳамчунин, барои таъмини бехатарӣ дар дохил ва беруни толор 8 адад камераи назоратӣ насб гардидааст.

Ҳадаф аз бунёди чунин толорҳои муосири варзишӣ дар мамлакат бо дастгирӣ ва ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва ба ин васила ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни ҷомеа мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 64 — ро, ки бо дарназардошти талаботи муосири сохтмонӣ бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Бинои мактаб, ки дар деҳаи Саричашмаи деҳоти «Ҷавонон» аз ҷониби оилаи Худоёрзодаҳо бунёд гардидааст, дорои 640 ҷойи нишаст дар ду баст мебошад.Зимни сохтмони он 64 нафар ба кор ҷалб шудаанд. Бино аз як ошёна иборат аст.

Дар муассисаи таълимӣ бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани сифати таҳсилот, 9 синфхона бо таҷҳизоти зарурии таълим муҷаҳҳаз гардидаанд. Илова ба ин, дар дохили он барои кӯдакони аз 5 то 7 — сола Маркази инкишофи кӯдак ташкил карда шудааст, ки дорои тамоми шароити таълиму тарбия буда, 32 нафар омӯзгор, аз ҷумла 22 зан бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои баргузории дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ дар ҳудуди иншоот майдончаи бозии футбол ва волейбол мавҷуд аст. Ҳамчунин, дар шафати майдончаи варзишӣ барои машқу тамрини хонандагон бо насби лавозимоти варзишӣ беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ифтитоҳи муассисаи таълимиро беҳтарин туҳфа ба хонандагон ва омӯзгорони ноҳия арзёбӣ карданд. Инчунин, кормандони соҳаи маорифро даъват карданд, ки бо пуштибонӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарбияи насли ояндасози кишвар ва рушди соҳаи маориф саҳми арзанда гузоранд.

Дар гирду атрофи мактаб дарахтони ороишиву сояафкан ва 3 ҳазор дона гули мавсимӣ шинонида шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Файзобод бо як гурӯҳ ятимон ва маъюбон мулоқот намуда, аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон нахуст наврасону ҷавонони бо амри тақдир аз падару модар маҳрумгаштаро ба муносибати 28 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, онҳоро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи арзишҳои олии давлатдорӣ ва ободу зебо кардани сарзамин ҳидоят намуданд ва ба 32 ятим аз 9 деҳоти ноҳияи Файзобод туҳфаҳои идона тақдим карданд, ки боиси шодиву хурсандии онҳо гардид. Инчунин, дар вазъияти тантанавӣ ба ду нафар маъюб аз оилаҳои камбизоат калиди хона супорида шуд. Хонаҳои истиқоматӣ аз ду ҳуҷра иборат буда, дорои беҳтарин шароити зиндагӣ мебошанд.

Дар ҳузури Роҳбари давлат, ҳамчунин, ақди никоҳи як ҷуфти ҷавон, ки як нафараш ятим буд, ба расмият дароварда шуд. Дар вазъияти тантанавӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонони хушбахт шаҳодатномаи ақди никоҳро тақдим ва ба онҳо зиндагии хушу пурсаодат орзу карданд.

Пешвои миллат ятимону маъюбонро даъват намуданд, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи Давлату Ҳукумат таҳсил намоянд, соҳибилм, соҳибкасб шаванд, Ватани худро дӯст доранд.

Он рӯз, ҳамчунин, аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 300 оилаи ноҳияи Файзобод кумаки моддӣ расонида шуд.

20 сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону сокинон мулоқоти самимӣ доир карданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба солгарди 28 — уми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик карда, ба онҳо барои пазироии гарм ва ҷонибдории сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуданд.

Президенти мамлакат бо таҳлили вазъи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия таъкид доштанд, ки бо дастгирии Давлату Ҳукумат, заҳмати мардуми шарафманди ноҳия ва саъю кӯшиши соҳибкорону шахсони саховатпеша даҳҳо иншооти иҷтимоӣ ва корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бунёд гардида, симои ноҳияи Файзобод хеле дигаргун ва садҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати кишвар дар доираи рушди ҳамаҷонибаи минтақаҳои мамлакат, бо мақсади таъмин намудани рушди иқтисодиву ­иҷтимоии Файзобод солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби манбаъҳои маблағгузории давлатӣ 445 миллион сомонӣ равона кардааст. Илова бар ин, дар доираи панҷ лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 300 миллион сомонӣ вазъи инфрасохтори ноҳия хеле беҳтар карда шуд.

Бо мақсади таъмин намудани тараққиёти ноҳия ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии он «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Файзобод барои солҳои 2016-2020» бо фарогирии 158 лоиҳа ба маблағи 269 миллион сомонӣ қабул гардид.

Инчунин, тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия бояд 352 иншоот сохта ва азнав­созӣ карда шавад. То ҳол 117 иншооту бино бунёд шуда, ба масофаи беш аз 8 километр роҳҳои дохилӣ таъмиру барқарор ва 6 километр хатти интиқоли оби нӯшокӣ сохта шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро вазифадор карданд, ки якҷо бо сохторҳои дахлдори давлатӣ дар асоси таҳлили иқтидорҳои мавҷуда масъалаи таъсис додани корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва масолеҳи сохтмонро ҳамаҷониба баррасӣ карда, ҳамкориро бо соҳибкорону сармоягузорон васеъ ба роҳ монанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумат, амалисозии барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои дар нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ нишондодашуда, боиси рушду пешрафт, таъсиси ҳазорҳо ҷои корӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ мегардад.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун баромад карда, ба Сарвари давлат барои талошҳову тадбирҳои созанда изҳори сипос намуданд.

www.president.tj