Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Ховалинг

№87-88 (4507-4508) 19.07.2022

52219521504_f6509f8bdf_o16 июли соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, мавриди истифода қарор додани иншооти гуногун, мақсаднок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигию саҳроӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қараниро зиёрат карда, баҳри пойдории ваҳдату оромӣ, рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва саодатмандию сарбаландии миллати тоҷик дуою фотиҳаи нек намуданд.

Оромгоҳи Султон Увайси Қаранӣ дар мавзеи хушбоду ҳаво ва табиати нотакрори ноҳия ҷойгир буда, ҳар рӯз онро сайёҳони дохилию хориҷӣ зиёрат мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Ховалинг ду ширкати сайёҳӣ, 15 меҳмонхона, чор мавзеи сайёҳӣ, ду тарабхона, ду осорхона, 60 ёдгории таърихӣ, ду мағозаи фурӯши армуғон, се зиёратгоҳ, боғи фарҳангиву фароғатӣ мавҷуд аст. Теъдоди сайёҳон дар нимсолаи якуми соли 2022-юм 15,6 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои зиёрат ва шиносоӣ бо имкониятҳои мавзеи сайёҳӣ боз ҳам ободу зебо гардонидани атрофи оромгоҳ ва риояи суннату анъанаҳои хоси миллиро ҳангоми ташрифу боздиди сайёҳону меҳмонон зарур шуморида, ба масъулин дастурҳои муфид доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Ҷомбахт»-и ноҳияи Ховалинг намоиши фурӯши доимии гулу гиёҳҳои шифобахш ва маҳсулоти дорувориеро, ки аз онҳо омода мешаванд, аз назар гузарониданд.

52218241442_1e1c20ffb6_oСокинон гулу гиёҳҳои шифобахши аз лиҳози экологӣ тозаро аз кӯҳ ва талу теппаҳои ноҳия ҷамъоварӣ ва дар шароити хона бандубаст менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоиш, бо дарназардошти сайёҳӣ будани минтақа, ба сокинон ҷиҳати истифодаи оқилонаи неъматҳои табиӣ ва ба ин роҳ боз ҳам беҳтару хубтар гардонидани сатҳу сифати зиндагиашон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг коргоҳи истеҳсоли макаронро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби роҳбарият ва муассисони ҶСК «Ховалинг» сохта шудааст.

52219253866_c6e5856a94_oДастрасии дастгоҳу механизми муосири соҳавӣ имкон фароҳам меорад, ки чор номгӯи макарон дар як шабонарӯз 1,5 тонна ва дар як моҳ 45 тонна истеҳсол карда шавад. Инчунин, дар оянда марҳилаи дуюми коргоҳи истеҳсоли макарон бунёд карда шуда, бо ин васила ҳаҷми истеҳсол дар як сол ба 1000 тонна расонида мешавад. Зимнан, бо мавриди истифода қарор гирифтани иншоот 10 нафар сокини маҳаллӣ, ки 8 нафарашон занону дӯхтарон мебошанд, бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ аз имкониятҳои коргоҳи истеҳсоли макарон, бо сифати баланд истеҳсол намудани маҳсулот, фаъолияти доимӣ, афзоиш бахшидани самти фаъолият ва бо ин васила зиёд намудани ҷойҳои кору таъмини саривақтии талаботи сокинон бо ин маҳсулоти хӯроквориро зарур шуморида, бо даназардошти имкониятҳои фарохи ноҳия, дар самти афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ ба масъулон дастуру супоришҳои махсус доданд.

Пас аз ифтитоҳи коргоҳи истеҳсоли макарон дар ҳамон ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи маҳсулоти саноатию кишоварзиро аз назар гузарониданд, ки дар он панҷ навъ асал, маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, аз қабили меваю сабзавот, хушкмева, шарбату консерва, ғалладонагиҳо ва маҳсулоти истеҳсолии коргоҳу корхонаҳои саноатии ноҳия ба маъраз гузошта шуд. Ҳамчунин, техникаву механизми соҳаи кишоварзӣ, ки омодаи кор мебошанд, ба намоиш гузошта шуда, иқтидори соҳаи кишоварзии ноҳия муаррифӣ гардид.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг, ҳамчунин, Коллеҷи тиббии ғайридавлатиро ба истифода супурданд.

 defaultОн дар маркази ноҳия аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Исмоил Садиров ва Абдулло Ҳасанов бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунëд ёфта, масоҳати умумиаш 0,50 гектарро дар бар мегирад.

Бинои сеошëнаи Коллеҷ аз 16 синфхонаи таълимӣ, китобхона, ду толор барои гузаронидани дарсҳои лексионӣ, маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои омӯзгорону дигар иншооти ëрирасон иборат аст. Синфхонаи компютерии он бо 20 компютер ва дастгоҳҳои зарурии муосир таъмин мебошад.

Муассиса барои ба таълим фаро гирифтани 330 донишҷӯ дар ду баст пешбинӣ шуда, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он 40 нафар, аз ҷумла 28 нафар бо маълумоти олии тиббӣ ва 12 нафар бо маълумоти олии омӯзгорӣ, соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи таълимии навбунëд аз рӯи чор ихтисос, аз қабили кори ҳамширагӣ, момодоягӣ, фарматсевтӣ ва дандонпизишкӣ таълим дода, то ба ҳол 150 довталаб аз ноҳияи Ховалинг ва дигар ноҳияҳои атроф ба қайд гирифта шудаанд.

Дар шафати бинои асосии Коллеҷи тиббӣ дар масоҳати 300 метри мурабаъ сохтмони хобгоҳ бо маром идома дорад. Тибқи лоиҳа, бинои хобгоҳ аз се ошëна иборат буда, барои истиқомати 110 донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Ҳоло сохтмони таҳкурсии иншоот ба анҷом расонида шуда, сохтмончиёни маҳаллӣ ба корҳои хиштчинӣ дар ошëнаҳо машғул мебошанд. Тибқи иттилоъ хобгоҳ то моҳи сентябри соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои бунëди чунин муассисаи замонавии таълимӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ миннатдорӣ баëн дошта, аз омӯзгорону дигар кормандони Коллеҷ истифодаи самараноки шароити мавҷударо талаб намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг, ҳамчунин, ба хонаи истиқоматии шаҳрванд Илҳом Одинаев ташриф оварда, бо маданияти истифодабарии замини наздиҳавлигӣ шинос шуданд.

Оилаи Одинаевҳо дар ноҳияи Ховалинг намунавӣ буда, дар ин хонавода фарзандони меҳнатдӯсту худшинос ва худогоҳ ба воя расидаанд. Замини наздиҳавлигии шаҳрванд Илҳом Одинаев 8 садякро ташкил медиҳад. Дар чор садяки он зироати кишоварзӣ, асосан сабзавот ва картошка кишт карда шудааст. Ҳамчунин, дар назди ҳавлӣ дарахтони мевадиҳандаи себ, олуча, зардолу, шафтолу, гелос, олу, чормағз, нок, хурмо ва ангур парвариш меëбад.

Ғайр аз замини наздиҳавлигӣ Илҳом Одинаев аз ҳисоби заминҳои президентӣ 15 садяк хоҷагии ëрирасонро дар ихтиëр дорад. Дар ин қитъа низ картошка, сабзавот ва дигар номгӯи зироати кишоварзӣ кишт карда шудааст. Ҳоло ки дар ноҳия мавсими ҷамъоварии ҳосили зироат ва мева идома дорад, оилаи Одинаевҳо дастаҷамъона ба захира намудани маҳсулот, аз ҷумла ба тайëр кардани мураббо, хӯриш ва шарбати меваю сабзавот машғул мебошанд.

Зимни шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити зиндагии оилаи мазкур маълум гардид, ки дар анбори захиравии хонадон ба миқдори зарурӣ маҳсулот, аз қабили гандум, лубиëдонагиҳо, мева, орду равған, биринҷ ва ғайра захира карда шудааст. Ҳамчунин, дар 300 зарф шарбату ширинӣ ва хӯришҳои гуногун омода кардаанд, ки барои ду соли оянда басанда мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои оилаи шаҳрванд бастаи адабиёти бадеӣ туҳфа намуда, онҳоро ба мутолиаи китоб ва воқиф будан аз таъриху маданияти баланди миллати тоҷик ҳидоят карданд. Сарвари давлат фаъолияти оилаи шаҳрванд Илҳом Одинаевро дар самти маданияти истифодаи замин шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат ҳисобиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Кооперативи истеҳсолии «Абдулло Сафолов» низ шинос шуда, ба ҷамъоварии ҳосили ғалла оғоз бахшиданд.

Он дар деҳоти «Ҷомбахт»-и ноҳияи Ховалинг ҷойгир буда, соли 1993 таъсис ёфтааст ва дорои 22 гектар замин буда, дар он 12 саҳмдор фаъолият доранд.

Дар кооперативи мазкур ҳар як қитъа замин пурсамар истифода гардида, ҳар сол аҳли заҳмат ҳосили хуби маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла ғалла ба даст меоранд.  Кишоварзон дар мавсими кишти тирмоҳӣ дар масоҳати 13 гектар ду навъ гандум, аз ҷумла «Краснодар-99» ва «Пештоз» кишт намуда, акнун умед доранд, ки аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 45-55 сентнерӣ ҳосил рӯёнанд.

Барои ҷамъоварии беталафу саривақтии ҳосили ғаллазор техникаҳои зарурӣ ҷалб шуда, дарави ғалла дар асосии риояи талаботи бехатарӣ аз сӯхтор идома дода мешавад.

Аснои шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти хоҷагидорон маълум гардид, ки соли равон дар Кооперативи истеҳсолии «Абдулло Сафолов», ҳамчунин, дар заминаи истифодаи мақсадноки қитъаҳои дар ихтиёрдошта дар як гектар ғаллаи баҳорӣ, як гектар ҷав, як гектар пиёз, як гектар помидор, як гектар картошка, се гектар боғ ва дар чор гектар юнучқа барои хӯроки чорво ва тухмӣ кишт карда шудааст.

Заҳматкашони хоҷагӣ ҳар сол аз кишту парвариши картошка низ дар асоси тавсияи мутахассисон ва интихоби дурусти тухмии босифат ҳосили хубу фаровон ба даст меоранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ аз фаъолияти ибратбахши Кооперативи истеҳсолии «Абдулло Сафолов» дар ҳамон ҷо, намоиши маҳсулоти кишоварзии сокинони ноҳияро аз назар гузарониданд. Дар он кишоварзону сокинони ноҳия маҳсули дастранҷашон, аз ҷумла ғалладона, сабзавоту полезӣ, меваҷот дар шакли тару тоза ва маҳсулоти консервашударо ба маъраз гузоштанд.

Дар як гӯшаи намоишгоҳ ҷангалпарварони ноҳияи Ховалинг гулу гиёҳҳои шифобахш ва асали табиии ин мавзеи кӯҳистони кишварро муаррифӣ намуданд. Тавре иттилоъ дода шуд, шумораи оилаҳои занбӯри асал дар ноҳия ба 4357 мерасад ва соли равон занбӯрпарварон беш аз 25 тонна асали табобативу аз ҷиҳати экологӣ тоза гирифтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон икдому талошҳои кишоварзони ноҳияро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, бахусус таъмини амнияти озуқаворӣ, шоиста хонда, ба кишоварзон барои истифодаи пурсамари имкониятҳои табиии мамлакат дар заминаи истифодаи пурсамари заминҳои корам ҷиҳати боз ҳам афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шароити ҳозираи ҷомеаи ҷаҳонӣ тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар деҳоти «Ҷомбахт»-и ноҳияи Ховалинг Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои агротехникӣ ва парвариши сабзавот дар Хоҷагии деҳқонии «Маҳмадӣ» шинос шуданд.

52219835959_9b73ea1675_oХоҷагии деҳқонии «Маҳмадӣ», ки соли 2017 таъсис ёфта, дар ихтиёр 5,8 гектар замин, аз ҷумла 1,8 гектар замини обӣ ва чор саҳмдор дорад, дар самти парваришу истеҳсоли сабзавот ва дигар навъи зироат таҷрибаи бой дошта, барои расидан ба таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми шоиста мегузорад.

Самти асосии фаъолияти хоҷагидорон сабзавоткорӣ буда, заҳматкашони хоҷагӣ соли равон дар як гектар замин парвариши сабзавотро дар асоси тавсияи мутахассисон ва бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ мондаанд. Дар заминҳои хоҷагӣ аксар навъи зироати кишоварзӣ, аз ҷумла помидору бодиринг, картошакаю пиёз, карам, лаблабу, каду, лубиё, ҷуворимакка барои дон, ҷорӯб ва дигар маҳсулот ба назар мерасад.

Истифодаи таҷрибаи пешқадам дар раванди парвариши сабзавот ва риояи агротехникаи кишту парвариш ба таъмини фаровонҳосилӣ дар қитъаҳои хоҷагии мазкур замина гузоштааст. Хоҷагидорон соли гузашта як тонна пиёз, ду тонна картошка, як тонна гандум ҷамъоварӣ намуда, дар ин баробар лубиёӣ ва помидору бодиринг низ истеҳсол ва ба миқдори зарурӣ дар қуттиҳои шартӣ захира карданд. Парвариши сабзавот ва дигар маҳсулоти хоҷагӣ асосан, барои таъмини эҳтиёҷи хонаводагӣ ва захира барои ду соли оянда пешбинӣ карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Хоҷагии деҳқонии «Маҳмадӣ» ба фаъолияти аҳли заҳмат дар самти риояи маданияти баланди истифодабарии замин баҳои баланд дода, барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил ба онҳо дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Ҳамчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг ба Хоҷагии деҳқонии «Фарангис»-и деҳоти «Ҷомбахт» ташриф оварда, бо рафти корҳои агротехникӣ, парвариши сабзавот ва лубиёиҳо шинос шуданд.

Он соли 2004 таъсис ёфта, дар ихтиёр ду гектар замин дорад. Дар хоҷагии мазкур панҷ саҳмдор фаъолият карда, роҳбари хоҷагӣ бонуи соҳибтаҷриба Хоним Аҳророва мебошад. Заҳматкашони хоҷагӣ ба кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту полезӣ ва лубиёиҳо машғул мебошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз нашъунамо ва ҳосилбандии зироати кишоварзӣ ҳам дар кишти асосӣ ва ҳам такрорӣ аз таҷрибаи заминдории кишоварзони ноҳияи Ховалинг изҳори қаноатмандӣ намуда, самараи меҳнати аҳлонаи онҳоро намуна арзёбӣ карданд. Саҳмдорон ҳар сол дар заминҳои хоҷагӣ ҷуворимакка барои дон, мошу лубиё ва сабзавоту полезӣ, аз қабили картошка, пиёз, помидору бодиринг, сабзӣ, сирпиёз, пиёзи тухмӣ, лаблабу, караму каду, қаланфур ва кабудиҳо кишт менамоянд. Хоҷагидорон дар кишти такрорӣ дар 0,60 гектар картошкаи навъи «Тоҷикистон» кишт гузарондаанд. Интихоби тухмиҳои босифати маҳаллӣ боис ба он мегардад, ки дар мавсими ҷамъоварии маҳсулоти кишоварзӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оварда шавад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки имсол баъд аз дарав кардани зироати омехтаи хӯроки чорво саҳмдорон дар замини холишуда дар кишти такрорӣ ҷуворимаккаи дон ва сабзавоту полезӣ, аз ҷумла памидору бодиринг, картошка, карам, лубиё, лаблабу ва каду кишт намуданд. Айни замон зироати кишоварзӣ нашъунамои хуб дошта, сари вақт бо оби полезӣ ва нуриҳои минералӣ таъмин карда мешавад.

Аз ҳосили бадастомада дар баробари таъмини эҳтиёҷоти хонавода, барои ду соли минбаъда низ ба миқдори зарурӣ донагиҳо ва дигар навъи маҳсулоти корсервашуда захира менамоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хоҷагидорон суҳбат ороста, барои истифодаи боз ҳам босамари замин ва истеҳсоли бештари маҳсулоти кишрварзӣ ба онҳо маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг ба деҳаи Сафедшаҳраки деҳоти «Лоҳутӣ» низ ташриф оварда, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро ифтитоҳ намуданд.

Бинои дуошёнаи он дорои 17 синфхонаи таълимӣ буда, барои таҳсили 680 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамшуда дар муассисаи таълимии мазкур баҳои баланд додаанд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст.

Дар мактаби нав кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, биология, астраномия, табиатшиносӣ, синфхонаҳои таълими меҳнат, омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, синфхонаи компютерӣ, китобхона, толори хониш, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва кормандон, нуқтаи тиббӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд мебошад.

Дар ошёнаи якуми бинои муассиса ошхона мавҷуд аст, ки 176 ҷойи нишаст дорад. Ҳамчунин, барои ба варзиш ҷалб намудани наврасону ҷавонон дар муассисаи таълимӣ толори барҳавову муосири варзишӣ бунёд гардидааст.

Бо мақсади баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни оммавию фарҳангӣ дар ошёнаи дуюми муассисаи таълимӣ толори барҳавои маҷлис бо 260 ҷойи нишаст низ мавҷуд аст, ки он бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорону хонандагон суҳбати самимӣ ороста, аз омӯзгорон талаб карданд, ки аз шароити муҳайёгардида дар муассисаи нав бо самар истифода бурда, ба омӯзондани дурусти барномаҳои таълимӣ ба хонандагон, хусусан фанҳои дақиқ, кор бо техникаю технологияи муосир ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва агнлисӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.