Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

№95-96 (3575-3576) 28.07.2016

28584183295_8830b901bf_o27 июли соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ нахуст дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани хатти нави оби нӯшокӣ дар маркази ноҳия иштирок кард.

Дар даромадгоҳи Корхонаи воҳиди давлатии таъминоти оби ноҳия ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рафти тат­биқи лоиҳаи «Беҳтар намудани таъмини оби нӯшокии аҳолии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» муаррифӣ карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо тофтани мурвати шоҳқубури асосии таъминоти оби нӯшокӣ ба сокинони ин ноҳия боз як пайки шодию нишот ва муждаи ободонӣ овард.

Хатти нави оби нӯшокӣ дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани таъмини оби нӯшокии аҳолии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ» бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарзи бебозгашти Ҳукумати Ҷопон амалӣ гардида, барои беҳтар намудани ҳолати таъмини оби нӯшокии марказ ва зиёда аз 20 деҳаи ноҳия пешбинӣ шудааст.

Иншооти лоиҳа бо риояи технологияи пармакунӣ бунёд гардида, ба шартҳои техникии иҷрои корҳои зеризаминии таъминоти об ҷавобгӯй мебошад. Оби мазкур, ки аз чуқурии беш аз 100 метр тавассути чоҳҳои амудӣ даст­рас карда мешавад, аз ҷиҳати меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва экологӣ дар ҷаҳон беҳамто аст.

Дар доираи лоиҳа аз ҳисоби саҳми ҷониби Тоҷикистон дар ҳафт деҳоти ноҳия 20 чоҳи амудӣ бунёд ва дар маҷмӯъ дар марҳилаҳои татбиқи лоиҳа аз нисф зиёди аҳолии ноҳия бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуд. Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 16 миллион доллари ИМА — ро ташкил медиҳад, ки аз ҳисоби саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гранти Ҳукумати Ҷопон мавриди иҷро қарор дода шуд.

Лоиҳаи мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз барномаҳои калонтарини грантии таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокии ҷавобгӯ ба меъёрҳои стандартӣ буда, саҳми ҷониби Ҷопон дар лоиҳа корҳои барқарорсозӣ, таҷдид, сох­тмони иншооту хатҳои обгузари системаи обтаъминкунии маркази ноҳия — шаҳраки «Москва», деҳаҳои Гулобод ва Навободи деҳоти «Меҳнатобод»-ро дар бар мегирад.

Дар доираи ин лоиҳа 66,7 километр хатҳои обгузар, зиёда аз 20 чоҳи амудӣ, чор манораи обтаъминкунӣ, ду иншооти ­безар­ар­­гардонии оби нӯшокӣ ва ду маркази идоракунии таҷҳизоти барқӣ, хатҳои баландшиддати барқӣ дар масофаи 1175 метр, ду истгоҳи барқӣ ва 4671 метр роҳ барои истифодаи иншоот сохта, ба истифода супорида шуданд.

Бо анҷоми ин лоиҳаи афзалиятнок маҷмӯан обтаъминкунии аз нисф зиёди аҳолии ноҳия ё тахминан ҳар як дуюмин сокини он ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқ карда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз масъулини соҳа талаб намуд, ки пайваста дар беҳтар гардонидани сатҳи хизматрасонии обрасонӣ ба аҳолӣ тадбирҳои бетаъхир андешида, корҳои фаҳмондадиҳиро вобаста ба фарҳанги волои истифодабарии оби мусаффои ошомиданӣ тақвият бахшанд.

Бо дастур ва супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи лоиҳаи мазкур моҳи апрели соли 2008 оғоз гардид. Корҳои асосӣ аз марҳилаҳои таҳвили техникаю таҷҳизот соли 2009, сохтмони чоҳҳои амудӣ соли 2011 ва корҳои сохт­мони асосӣ соли 2013 ибтидо ёфтанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ташаббускории бузургтарин чорабиниҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ дар соҳаи об масъалаи дастрасии бемамониати аҳолии мамлакатро бо оби тозаи нӯшокӣ дар меҳвари сиёсати башардӯстонаи худ қарор додааст. Маҳз бо талош ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат имрӯз шароити обрасонии наздик ба 70 ҳазор сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ беҳтару хубтар гардида, имконияти рушду пешрафт ва ободонию сабзу хуррамгардонии ноҳия ба пуррагӣ фароҳам оварда шуд.

Дар маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Маблағи масрафшуда дар сохтмони бинои шуъбаи маориф, ки аз 3 ошёна иборат аст, 2 миллиону 70 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби буҷети ноҳия 1 миллиону 60 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм 1 миллиону 10 ҳазор сомонӣ сарф карда шудааст.

Илова ба маблағҳои сохтмон барои хариди таҷҳизот, мизу курсӣ, 20 адад компютер ва дигар ҷиҳози зарурии корӣ 206 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.

Дар шуъбаи маорифи ноҳия 22 нафар кор мекунанд. Дар 50 муассисаи таълимии ноҳия 1650 омӯзгор ба тарбияи фарзандон машғул мебошанд.

Фармоишгари сохтмон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчиёни асосӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Далер сохтмон» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Манораи Лоиқ» мебошанд.

Зимни шиносоӣ бо шароити корӣ дар шуъбаи маориф Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сифати кори сохтмончиён баҳои арзанда дод.

Дар бинои шуъбаи маориф ба ғайр аз 12 утоқи корӣ, китобхона, инчунин дар ошёнаи 3 — юм барои кормандони соҳа ва омӯзгороне, ки аз мактабҳои дурдаст ба маркази ноҳия меоянд, меҳмонхона бо 3 ҳуҷраю 6 ҷойи хоб бо шароити хубу мусоид сохта шудааст.

Бинои нави шуъбаи маориф туҳфаи арзандаи Сарвари маорифпарвар ­Эмомалӣ Раҳмон барои кормандони соҳаи маорифи ноҳия дар арафаи ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бинои нави Нозироти андозро расман ифтитоҳ бахшид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз буридани лентаи рамзӣ бунёди бинои навро ба кормандони соҳа табрик намуда, онҳоро ба меҳнати садоқатмандона ба нафъи давлату миллат ҳидоят кард.

Кормандони нозироти андоз дар бинои куҳна ва шароити начандон хуб фаъолият карда, аз норасоии ҳуҷраҳои корӣ ва техникаву таҷҳизоти муосири соҳавӣ танқисӣ мекашиданд.

Бинои нав аз ду ошёна, 8 утоқи кории барҳаво, толори маҷлисгоҳ бо 60 ҷойи нишаст, таҳхона, ошхона,идораи бойгонӣ иборат буда, бо тарҳу услуби нави меъморӣ бунёд шудааст. Инчунин, бо муосиртарин шароити корӣ, аз ҷумла бо таҷҳизоти навтарини хизматрасонӣ таъмин мебошад.

Фармоишгар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон Орзу» мебошад. Сохтмони бино соли 2014 оғоз гардид. Корҳои лоиҳакаширо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Созанда 2012» анҷом додааст.

Бино бо маблағи умумии 3 миллиону 265 ҳазор сомонӣ сохта шудааст, ки 3 миллиону 189 ҳазор сомонии он барои корҳои сохтмонию васлкунӣ сарф гардидааст. Масоҳати умумии бино 1 ҳазору 20 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Дар ошёнаи якуми бино толори алоҳида бо компютерҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки дар он соҳибкорон имкон доранд бо истифода аз шабакаи интернет эъломияҳои худро ба тариқи электронӣ пешниҳод намоянд, санадҳои муқоисавӣ тартиб дода, ҳисобварақаи худро аз назар гузаронанд ва бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қонунгузории мамлакат дар бахши андоз шинос шаванд.

Мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави нозироти андоз дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ масъулияти кормандони соҳаро дар иҷрои вазифаҳои хизмати давлатӣ афзун карда, ба беҳдошти кори кормандони соҳа ва осон кардани ҳуҷҷатгузории соҳибкорон мусоидат менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  деҳоти «Қаҳрамон»- и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ ва дастовардҳои меҳнаткашон, шинос шуд.

Дар ноҳия 68 фоизи аҳолӣ ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд. Имсол аз ҳар як гектар замини обӣ деҳқонон аз 35 то 37 сентнерӣ ҳосили гандум рӯёниданд. Айни ҳол дар ин ҷо кишти такрорӣ бомаром идома дорад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз ин хоҷагӣ иброз дошт, ки заминҳои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳосилхезанд ва ҳар як ваҷаби он бояд самаранок истифода шавад. Президенти мамлакат таваҷҷуҳи сокинонро ба кишти такрорӣ ҷалб намуд, зеро ба ҳамин восита таъмини пурраи бозори истеъмолӣ имконпазир хоҳад шуд. Ҳамчунин, дар ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Дилшоди Шариф» шинос гардид. Дар хоҷагӣ, ки 18 гектар заминро дар ихтиёр дорад, асосан пахтаи навъи 65-30 кишт шудааст. Ин тухмӣ ба иқлими ноҳия хеле мувофиқ аст. Тавре иттилоъ доданд, дар 854 хоҷагии деҳқонии деҳоти «Қаҳрамон»- и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар майдони 1100 гектар пахта кишт шудааст.

Пас аз шиносоӣ бо корҳои саҳроӣ намоиши дастовардҳои деҳқонони ноҳия баргузор гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди тамошои он ба меҳнаткашон барору комёбӣ ва дар кори пуршарафи ризқофарӣ комёбиҳо орзу намуд.

Дар деҳоти «Қаҳрамон»- и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 — ро барои 624 хонанда дар як баст ифтитоҳ намуд.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳим моҳи июни соли 2015 оғоз гардид.  Тибқи дастури Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои пешинаи муассиса баъди таъмиру тармим ҳамчун боғчаи бачагона истифода бурда мешавад, ки ин ҳам як ғамхории Сарвари давлат нисбат ба насли оянда мебошад.

Барои беҳтар кардани сифати таълиму тарбия дар бинои нав 23 синфхонаи барҳаво, лаборатория, синфхонаҳои компютерӣ, китобхона, толори маҷлис бо 260 ҷойи нишаст, толори варзиш ва ошхона бо 200 ҷой муҳайё гардидааст.

Муассиса аз тарафи сохтмончиёни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҳамсафар» бо 2 миллиону 350 ҳазор доллари ИМА  маблағҳои Бонки исломии рушд бунёд шудааст.

Илова ба маблағи сохтмони муассиса баҳри таъмини таҷҳизоти хониш ва дигар ашёҳои зарурӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 2 миллион сомонӣ маблағ ҷудо кардааст. Ҳамчунин, муассиса  бо 20 адад компютер ва 10 адад принтер таъмин гардид.

Дар рафти бунёди бинои муассисаи мазкур роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҳамсафар» 150 нафар сокини маҳаллиро бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин кард. Сохтмончиён корро дар се баст ба роҳ монда, иншоотро пеш аз муҳлат бо сифати ҷавобгӯ ба талабот бунёд намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагон суҳбати самимӣ доир карда, онҳоро ба омӯзиши илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва азхудкунии нозукиҳои технологияи компютерӣ ҳидоят намуд.

Омӯзгорону хонандагон барои ғамхорӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи донишомӯзӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос карданд.

 

Дар Боғи марказии фарҳангию фароғатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоти самимӣ доир намуд.

Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми заҳматкаши ноҳия барои саҳми арзанда баҳри ободию пешрафти ин гӯшаи зебои диёр ва пазироии гарму самимӣ арзи сипос намуда, сокинони ноҳияро бо ҷашни дарпешистодаи 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфт.

Масъалаи беҳтар кардани вазъи иҷтимоии сокинон, бахусус таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, дастгирии рушди соҳибкорӣ, истифодаи самараноки замин, истеҳсолу содироти маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи иқтидору имкониятҳои истифоданашудаи саноатӣ, беҳдошти вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ аз мавзӯъҳои муҳими суҳбати Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон буд.

Баъди натиҷагирӣ аз фаъолияти хоҷагии халқи ноҳия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия барои иҷрои босифати барномаҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Пас аз анҷоми суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун, ҷавонону мардони рӯзгордида баромад карда, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои раҳнамоии миллат ба сӯи рӯшноӣ ва фатҳи қуллаҳои баланди зиндагӣ, ғамхории табақаҳои ниёзманди ҷомеа, дастгирии ҷавонон ва қадршиносии собиқадорон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз қисми низомии 2133-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дидан намуд.

Дар Отряди мазкур ба Роҳбари давлат осорхонаи таърихӣ бо дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ муаррифӣ гардид, ки дар он аз рӯи марҳилаҳои ташаккул то ба мукаммалгардонии сипари боэътимоди миллӣ, ки имрӯз номи қӯшунҳои сарҳадиро соҳиб аст, намоиш дода шуд.

Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ», ки имрӯз ҳифозат ва таъмини амниятро дар масофаи 106.3 километр хатти марзӣ бар дӯш дорад, бо имконоти муосири назоратӣ ва техникаву лавозимоти ҷангӣ муҷаҳҳаз аст ва барои ҳайати шахсӣ, афсарону сарбозон дар қисми низомӣ шароити зарурии зист муҳайё карда шудааст.

Сарвари давлат бевосита бо шароиту сифати будубоши афсарон ва фаъолияти хобгоҳу утоқҳои корӣ шинос шуда, бо изҳори хушнудӣ барои боз ҳам беҳтару хубтар муҳайё намудани шароити хизматӣ тавсияҳои муфид дод.

Баъди суҳбати самимӣ бо афсарону сарбозон дар ҳузури Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои қӯшунҳои сарҳадӣ ва отряди таъиноти махсуси милитсияи кишвар гузашти низомӣ ва намоиши техникаҳои ҳарбӣ доир гардид.

Дар оғоз Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хизматчиёни ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадиро ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфта, онҳоро ба хизмати содиқонаи халқу Ватан ва савганди ҳарбӣ ҳидоят намуд.

Дар майдони ҳавоии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ», инчунин техникаҳои зиреҳпӯши ҷангию нақлиётӣ, артиллерияҳои худгард, навъҳои мухталифи тӯп ва дигар лавозимоти ҷангии муосир, дар маҷмӯъ 20 номгӯйи техникаи ҳарбӣ ба намоиш гузошта шуд.

 www.president.tj