Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Носири Хусрав

№94 (3731) 08.08.2017

36320300506_e673eb5899_o4 августи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба ноҳияи Носири Хусрав ташриф оварданд.

Дар деҳоти «Истиқлол»-и ноҳия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият, фаъолон ва намояндагони ҷавонон бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи киштзори хоҷагиҳои деҳқонии «Авазбобо», «Каромат», «Оғобек-2012», «Одилҷон», «Каримбобо» ва маҳсулоти кишоварзии деҳқонони ноҳия, ки ба намоиш гузошта буданд, шинос шуданд.

Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ин панҷ хоҷагии деҳқонӣ дар ихтиёри худ наздик ба 32 гектар замин доранд ва шумораи коргаронашон ба 40 нафар мерасад. Хоҷагидорон ҳар сол аз кишти такрории замин ҳосили дилхоҳи кунҷит, маккадон, мош ва тарбузу харбуза ба даст меоранд. Нашъунамои пахта дар соли ҷорӣ хуб аст ва интизор меравад, ки ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд.

Заминҳои корами хоҷагиҳои зикргардида аз тариқи канале, ки аз дарёи Кофарниҳон сарчашма мегирад, обёрӣ мегарданд. Айни ҳол дар қисми асосии заминҳои ин хоҷагиҳо деҳқонон кишти такрории ҷуворимакка, тарбузу харбуза, каду, лӯбӣ, мош ва помидору бодиринг гузаронидаанд, ки тибқи мушоҳидаҳо нашъунамои хуб доранд.

Меҳнаткашони ноҳия намунаи маҳсулоти бадастовардаашонро, ки  беш аз 50 навъи маҳсулоти кишоварзиро дар бар мегирад, ба намоиш гузошта буданд.

Дар намоишгоҳ, ҳамчунин занони ҳунарманди ноҳия анвои гуногуни маҳсулоти нониву қаннодиро ба тамошо гузоштанд. Асали шаҳдбори хоҷагиҳои занбӯриасалпарварии ноҳия ҳам қисме аз намоишгоҳро ташкил медод.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки айни ҳол дар ноҳияи Носири Хусрав 250 оилаи занбӯри асал парвариш меёбад ва то имрӯз 8 тонна асали аълосифат ба даст оварда шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳаи кишоварзии ноҳия барои истифодаи самараноки ҳар порча замин, рӯёнидани ҳосили дилхоҳ ва таъмини фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои кишвар дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

36196203022_84b2ccfb9f_oАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Баҳори деҳоти «Фирӯза» муассисаи таълимии боҳашамату навро бо 1680 ҷой дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои муассисаи таълимӣ, ки бо тарҳи муосир аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи Лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» бо маблағи беш аз 18 миллион сомонӣ сармояи Фонди Саудии Рушд бунёд шудааст, туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фарзандони сокинони ноҳияи Носири Хусрав мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муассисаи таълимӣ шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорони он суҳбати самимӣ доир карданд.

Муассисаи мазкур дар масоҳати 2 гектар замин бо 32 синфхона, аз ҷумла ҳафт кабинети фаннии физика, химия, биология, лингафон, компютерӣ, таълими меҳнати духтаронаю писарона, кабинети инкишофи кӯдак, толори варзишӣ бо 300 ҷойи нишаст, толори корти теннис, толори маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст, ошхона бо 60 ҷой, китобхона бо 32 ҷойи нишаст, дигар иншооти ёрирасон, аз қабили нуқтаҳои санитарию гигиенӣ ва утоқҳои корӣ сохта шудааст.

Дар саҳни муассисаи таълимӣ майдончаҳои варзишӣ барои бозии футбол, волейбол, баскетбол ва дарси тайёрии ҳарбӣ бунёд гардидааст.

Фармоишгари сохтмон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар татбиқи лоиҳаи бунёд ва муҷаҳҳазгардонии он ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Панасия ЛТД», «Қалъасоз», «Нузам» ва «АртМедиа» иштирок кардаанд. Дар маҷмӯъ, дар корҳои сохтмону васлкунӣ беш аз 200 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд. Сарвари давлат ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.

Сипас, дар деҳаи Баҳори деҳоти «Фирӯза» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони ноҳияи Носири Хусрав мулоқот доир карданд.

Пас аз суханронии Сарвари давлат сокинони ноҳия ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳояшон изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, дар ҷавоб ба ин дастгириҳо ваъда доданд, ки бо кору пайкори хеш дар ободонию шукуфоии Ватани азиз саҳми муносиб мегузоранд.

www.president.tj