Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Нуробод

№74 (4336) 08.06.2021

51231835110_9ce0525602_o7 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёд­корию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оғози корҳои сохтмонӣ дар як қатор иншооти нав ва мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Нуробод ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар шаҳраки Дарбанд -  маркази ноҳияи Нуробод роҳбарият, фаъолон ва намояндагони ҷавонону аҳли фарҳанг бо самимияти беандоза ва рӯҳияи болида истиқбол намуданд.

 Сарвари давлат дар ноҳияи Нуробод нахуст бо лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди Роғун — Обигарм — Нуробод шинос шуданд.

Лоиҳа ба се марҳила ҷудо шуда, марҳилаи якуми он роҳи асосии Обигарм — Тагикамар масофаи 30,2 километрро дар бар мегирад.

Зимни муаррифии он иттилоъ дода шуд, ки дар ин марҳила сохтмони нақбҳои «Қандак» бо дарозии 1,6 километр ва «Қарағоч» бо  дарозии 1,7 километр, бунёди 5 пули нав, таҷдиди 1 пул, 28 истгоҳ, пиёдароҳ бо масоҳати 14 ҳазору 860 метри мураббаъ ва гузоштани аломатҳои роҳ бо дарозии 102,5 километр пешбинӣ шудааст.

Маблағгузории марҳилаи якум 178,1 миллион долларро ташкил медиҳад, ки 110 миллион гранти Бонки осиёии рушд, 40 миллион қарзи фонди Созмони кишварҳои содиркунандаи нефт (ОПЕК) ва 28,1 миллион доллар саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Марҳилаи дуюми лоиҳа аз 44,1 километр роҳи асосии Тагикамар — Нуробод ва аз 45 километр роҳи байнидеҳавӣ иборат буда, ба роҳи нави асосӣ пайваст мешавад.

Дар доираи ин марҳила низ сохтмони нақби «Тагикамар» бо дарозии 2,6 километр, 6 пули нав, таъмир ва таҷдиди 1 пули мавҷуда, 1 пули минтақавӣ, 54 истгоҳ, пиёдароҳ бо масоҳати 27 ҳазору 312 метри мураббаъ ва нишонагузории 107,2 километр роҳ дар назар дошта шудааст.

Инчунин, дар доираи лоиҳа 70 километр роҳҳои маҳаллии ноҳияҳои зикргардида низ бунёду навсозӣ карда мешаванд.

Сарчашмаи маблағгузории марҳилаи дуюм аз ҳисоби қарзи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд буда, 150 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Марҳилаи сеюми лоиҳа сохтмони пули бузург буда,  бо дарозии 760 метр бунёд карда мешавад.

Маблағгузории пули бузург аз ҷониби Бонки осиёии сармоягузориҳои зерсохторӣ амалӣ мегардад, ки ҳаҷми он 50 миллион доллари амрикоӣ мебошад.

Барои тайёр кардани лоиҳаи муфассал ва асосноккунии техникӣ — иқтисодии пули мазкур созишнома байни Вазорати молия ва Бонки осиёии сармоягузориҳои зерсохторӣ ба маблағи 3,2 миллион доллар ҳамчун кумаки техникӣ ба имзо расонида шудааст.

Ҳамчунин, воситаҳои техникии роҳсозӣ, ки иборат аз мошинолоти пешрафта мебошанд, ба маҳали сохтмони асосӣ дастрас гардидааст.

Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 4,3 миллиард сомонӣ (беш аз 381 миллион доллар)-ро ташкил медиҳад, ки маб­лағҳои грантӣ ва қарзҳои имтиёзноки шарикони рушдро дар бар мегирад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо ҷараёни татбиқи лоиҳа  дар ҳамон ҷо  бо бардоштани парда аз болои санги рамзӣ ба корҳои сохтмонии роҳи мошингарди Роғун — Обигарм — Нуробод расман оғоз бахшида, дар назди сокинон ва меҳмонони ноҳияи Нуробод суханронӣ карданд.

Сарвари давлат нахуст сокинони водии Рашт, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳозиринро ба муносибати оғози корҳои сохтмонӣ дар роҳ, ки иқдоми нек дар раванди бунёдкориву созандагӣ ба ифтихори 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба шумор меравад, табрик карданд.

Таъкид гардид, ки ҳадафи Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бунёди зерсохтори нақлиётӣ дар минтақаи Рашт аз он иборат аст, ки рушди соҳаҳои гуногуни ноҳияҳои водӣ ва Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшонро аз тариқи роҳи алтернативӣ таъмин ва дар ин замина даҳҳо ҳазор ҷойи кории нав таъсис ва сатҳу сифати зиндагии мардум боз ҳам баланд бардошта шавад.

Президенти кишвар муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханронӣ таъкид доштанд, ки бунёди роҳи мошингарди Ваҳдат — Роғун — Нуробод — Рашт — Лахш бо дастгирии шарикони рушд соли 2005 оғоз гардида, дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ беш аз 310 километр роҳи дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва 138 километр роҳи маҳаллӣ ба маблағи умумии 1,9 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон роҳбари намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Айтен Рустамова ва сокинони ноҳияи Нуробод баромад карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод ба корҳои сохтмонии Боғи фарҳангӣ — фароғатии ноҳия оғоз бахшиданд.

Он дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар масоҳати 12,6 гектар замин бунёд шуда, корҳои сохтмонӣ дар ду марҳила амалӣ гардида, марҳилаи аввали он то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад.

Лоиҳаи иншооти хуштарҳу замонавӣ аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар» таҳия гардида, бо харҷи 37,8 миллион сомонӣ бунёд мегардад.

Дар марҳилаи якуми татбиқи лоиҳаи Боғи фарҳангӣ — фароғатии ноҳияи Нуробод дар иншоот бунёди муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бо баландии 10 метр, Нишони давлатӣ бо баландии 28 ва Парчами давлатӣ бо баландии 48 метр ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин, дар марҳилаи якуми корҳо, сохтмони 12 фаввора, ҳавзи обгирӣ, гузаронидани хатҳои муҳандисии оби нӯшокӣ, корезӣ, интиқоли барқ ба истифода дода мешавад ва дигар тадбирҳои созандагӣ низ амалӣ мегарданд.

Барои бунёди Парчам ва Нишони давлатӣ масолеҳи зарурии сохтмонӣ дар базаи моддӣ — техникии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рамзи Ваҳдат» аллакай пурра дастрас гардида, барои омода намудани муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳайкалтарошон ва мутахассисони варзида ҷалб шудаанд.

Бунёду ба истифода додани Парчаму Нишони давлатӣ ва муҷассамаи нахустин Асосгузори давлати тоҷикон дар маркази ноҳияи Нуробод ҷиҳати тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва бедор сохтани ифтихори миллӣ дар замири онҳо такони тоза мебахшад.

Бо мақсади дастрас намудани тамғаи зарурии бетони истеҳсолшаванда дар рафти корҳои сохтмонии Боғи фарҳангӣ — фароғатии ноҳияи Нуробод корхонаи хурди истеҳсоли бетон бо иқтидори 250 метри мукааб дар як шабонарӯз пурра ба кор дароварда шудааст.

Дар ҷараёни корҳои паймонкорию васлгарӣ 30 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб фаро гирифта шуда, зиёда аз 10 адад техникаи махсуси пуриқтидор ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо сохтмончиёну масъу­лони лоиҳа ҷиҳати истифодаи пурра аз имконоту шароити мавҷуда барои бо сатҳу сифати баланд ва дар муҳлати муайянгардида ба истифода додани иншооти муҳим барои сокинону меҳмонони ноҳияи Нуробод дастурҳои мушаххас доданд.

Дар ноҳияи Нуробод ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду ба истифода додани наздики 250 иншоот дар соҳаҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай қисми бештари онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Ба истифода дода шудани марҳилаи аввали лоиҳаи Боғи фарҳангӣ — фароғатӣ дар шаҳраки Дарбанд туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни бузурги миллӣ ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои сокинону меҳмонони ноҳияи Нуробод хоҳад буд.

 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод бо роҳбарону фаъолони ноҳияҳои водии Рашт мулоқоти самимию созанда доир карданд.

Ҳадаф аз он шиносоӣ бо вазъи корҳо дар ноҳияҳои минтақа, рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷараёни омодагӣ ба ҷашни умумимиллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ шуд.

Мавриди зикр аст, ки тибқи нақшаи корҳои бунёдкориву ободонӣ дар ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш ва Сангвор, дар маҷмӯъ, сохтмони беш аз 1100 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба маблағи умумии зиёда аз 240 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, то ҳол корҳо дар 760 иншоот ба анҷом расидаанд. Ин нишондиҳанда 69 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, бо дарназардошти он ки то ҷашн муҳлат тамоман кам мондааст, роҳбарони мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақаро вазифадор ва соҳибкорону аҳолии ноҳияҳоро даъват намуданд, ки ҷиҳати иҷрои пурраи нақшаи тасдиқшуда тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Умуман, дар давраи соҳибистиқлолии кишвар аз сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои минтақа беш аз 5,7 миллиард сомонӣ, аз ҷумла ба ноҳияи Нуробод 2,2 миллиард сомонӣ, Рашт 1,4 миллиард сомонӣ, Сангвор 914 миллион сомонӣ, Лахш 624 миллион сомонӣ ва Тоҷикобод 528 миллион сомонӣ равона шудааст.

Ҳамчунин, дар ин давра дар ноҳияҳои минтақа беш аз 70 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ гардида, дар доираи онҳо беш аз 500 миллион сомонӣ маблағ аз худ карда шудааст.

Ҳоло дар ноҳияҳо татбиқи 21 лоиҳаи дигар идома дошта, дар доираи онҳо 184 миллион сомонӣ аз худ гардидааст. Бо мақсади таъмин намудани тараққиёти ноҳияҳои водии Рашт ва ҳалли масъалаву мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ дар доираи барномаҳои рушди ноҳияҳои мазкур садҳо лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 200 миллион сомонӣ амалӣ шудааст.

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақаи Рашт вазифадор шуданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, инчунин, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони ватаниву хориҷӣ татбиқи сифатнок ва саривақтии барнома ва лоиҳаҳои пешбинишударо таъмин намоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳарчанд минтақаи Рашт дорои имкониятҳои фарохи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, вале дар ноҳияҳои он 5 корхонаи саноати хӯрокворӣ фаъолият менамояд, ки ба талабот ҷавобгӯ нест.

Бинобар ин, роҳбарону масъулини ноҳияҳои минтақа аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва бо ҷалби соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ҷиҳати таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, дар асоси технологияҳои муосир фаъол гардонидани иқтидорҳои мавҷуда ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тадбирҳои мушаххас ва ҷиддӣ андешанд.

Ҳамчунин, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки дар самти баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, истифодаи тухмиҳои хушсифат, беҳсозии ҳолати мелиоративии заминҳо, афзоиш додани истеҳсоли картошка, зиёд намудани майдони боғҳо, алалхусус, боғҳои интенсивӣ, бунёди инфрасохтори нигоҳдорӣ, бастубанд ва содироти меваю сабзавот ва ба ҳамин васила муҳайё кардани ҷойҳои нави кор эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Бо дарназардошти он ки соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар ноҳияҳои водии Рашт 292 бинои нав ва синфхонаҳои иловагӣ барои 54 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Танҳо соли 2021 сохтмони 13 бинои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 7000 хонанда ба нақша гирифта шудааст.

Ҳукумати мамлакат барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар муассисаҳои тиббии ноҳияҳои водии Рашт пайваста чораҷӯӣ менамояд. Бо ин мақсад танҳо соли 2020 ва панҷ моҳи соли ҷорӣ ба ноҳияҳои водӣ ба маблағи беш аз 26 миллион сомонӣ таҷҳизот ва маҳсулоти доруворӣ дастрас шудааст.

Вобаста ба вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ дар давраи пандемияи коронавирус ва таъсири он ба иқтисоди кишварҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки мардум аз захираву имконият, пеш аз ҳама, обу замин, хусусан, заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ оқилонаву самаранок истифода бурда, ҳар чӣ бештар маҳсулот истеҳсол намоянд, то ки дар фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода танқисиву азият накашанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону масъулон ва фаъолонро вазифадор карданд, ки мардумро ба корҳои ободониву ҳар як хонаву кошона, маҳалли зист, кӯчаву хиёбон ва шаҳраку деҳот, инчунин, сарфаю сариштакорӣ сафарбар намоянд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мардуми ватандӯст ва созандаву бунёдкори ноҳияҳои водии Рашт барои боз ҳам ободу зебо гардонидани диёр, сарзамини аҷдодӣ ва таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол ва истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бештар талош хоҳанд кард.

www.president.tj