Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Рӯдакӣ

№118 (3755) 05.10.2017

37439226582_3c0ea9b039_oСеюми октябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.

Дар деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59-ро барои 1280 ҷойи нишаст дар ду баст дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд.

Сипас, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таълим ва ҳунар­омӯзӣ дар ин муассисаи таълимии наву замонавӣ шинос шуданд.

Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 59 аз 4 ошёна иборат буда, дар он 27 синфхонаи таълимӣ, кабинетҳои фаннии химия, физика, биология, география, технология барои писарону духтарон, синфхонаҳои компютерӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои маъмурият, толори варзишӣ бо 190 ҷойи нишаст, ошхона бо 120 ҷой, толори маҷлисгоҳ барои 360 ҷойи нишаст ва биноҳои ёрирасон, аз қабили дегхона барои гармидиҳии биноҳо, сохта шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2015 оғоз гардида, моҳи августи соли 2017 ба анҷом расидааст. Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 59 бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва маблағгузории Ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Халқии Хитой бунёд гардидааст. Корҳои сохтмониро ширкати ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Союз Сохтмон» бо сифати ба талаботи меъморӣ ҷавобгӯй ба анҷом расонидааст.

Бинои пешинаи муассисаи таълимӣ, ки дар шафати бинои нав ҷойгир аст, ба талаботи рӯз ҷавобгӯй набуд ва бинобар афзоиши шумораи хонандагон дар ин ҷо дар маҷмӯъ беш аз 4000 нафар таҳсил мекард.

Пас аз шиносоӣ бо шароити муассисаи таълимӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни он бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқоти самимию созанда доир карданд.

Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот аз номи сокинони ноҳия кормандони касбу кори гуногун, фаъолон ва соҳибкорони ватандӯст баромад карда, ба Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста ва ваҳдату оромӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

www.president.tj