Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Рӯдакӣ

№123 (4229) 03.10.2020

Якуми октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рӯдакӣ сафари корӣ намуданд. Зимни он Сарвари давлат Муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва Гимназияи хусусии «Ҳиммат»-ро, ки дар деҳаи Гулпарвари деҳоти «Чимтеппа» ҷойгир аст, мавриди истифода қарор доданд. 

Сохтмони бинои Муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва Гимназияи хусусии «Ҳиммат», ки аз ҷониби соҳибкор Саидҷалол Ғайратов моҳи январи соли 2020 дар масоҳати 0,24 гектар оғоз гардида буд, бо харҷи 3 миллиону 500 ҳазор сомонӣ дар муҳлати кӯтоҳ бо сифати баланд анҷом ёфтааст.

Дар бинои навбунёди гимназия, ки аз 3 ошёна иборат мебошад, дар як баст то 500 нафар хонанда таҳсил намуда, 40 нафар соҳиби ҷои кор гардидаанд

Гимназия дорои 34 синфхонаи таълимии муҷаҳҳаз бо муосиртарин асбобу айёнияти хониш, ду утоқи кории ҳайати омӯзгорон ва толори барҳавои варзишӣ мебошад. Бинои муассисаи томактабӣ, ки барои ба тарбия фаро гирифтани 100 нафар кӯдак бунёд гардидааст, дорои шароити муосири таълиму тарбия мебошад.

Синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраи хоб, толори бозӣ ва ҳуҷраи машғулияти кӯдакон дар муассисаи томактабӣ мутобиқ ба завқу инкишофи тафаккури кӯдакон ҷиҳозонида шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити фароҳамовардаи таълиму тарбия дар муассиса баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда ба тарбияи кӯдакон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Пешвои миллат зимни суҳбати озоду самимӣ бо хонандагон таъкид намуданд, ки ҳар чӣ бештар ба омӯзиши фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосири компютерӣ рӯй оварда, донишу малакаро сайқал диҳанд.

Дар иртибот ба солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда тадбирҳои муҳиму саривақтӣ андешанд. Барои ба таҳсил фаро гирифтани хонандагону тарбиятгирандагони Муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва Гимназияи хусусии «Ҳиммат» омӯзгорон ва мураббияҳои соҳибтаҷриба ҷалб гардидаанд.

Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ободонию бунёдкорӣ ҷиҳати таъмини рушди соҳаи маориф аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша 10 муассисаи нави таълимӣ, 104 синфхонаи иловагӣ бо 6,5 ҳазор ҷойи нишаст ва 16 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 2376 кӯдак сохта, ба истифода дода шудааст.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Чимтеппа»-и ноҳияи Рӯдакӣ гармхонаи замонавии хоҷагии деҳқонии «Отаҷон»-ро, ки сохтмони он соли 2017 оғоз гардида буд, ба истифода супурданд.

50403961596_8eb49ce898_oДар он, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Илҳом Отаҷонов дар масоҳати 0,40 гектар бунёд гардидааст, 20 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин шудаанд. Дар гармхона сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла, навъҳои серҳосили помидору бодиринг бо усули муосир парвариш карда мешавад. Дар сурати муътадил гардидани ҳарорат болопӯш ва атрофи он кушода хоҳад шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо ҷараёни парвариши сабзавот ба хоҷагидорон ҷиҳати истифодаи самараноки замин ва гирифтани ҳосили зиёд дастуру тавсияҳои муфид доданд.

Таъкид гардид, ки кишоварзони ноҳияи Рӯдакӣ бо меҳнати пурмаҳсул дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, дар шароити гармхона, дар тамоми фасли сол фаъолияти назаррас ва дар таъмини бозорҳои шаҳри Душанбе бо сабзавоти тару тоза саҳми фаъол доранд.

Хоҷагии деҳқонии «Отаҷон», дар маҷмӯъ, дорои панҷ гектар замин мебошад. Имсол кишоварзони он дар 0,75 гектар гандум, 2,25 — сабзавот, 0,85 — карам, 0,80 — бодиринг, 0,30 — помидор, 0,35 гектар дигар намуди сабзавот ва дар 2 гектар полезӣ кишт намуданд.

Хоҷагидорон дар 2,85 гектар кишти такрорӣ гузаронида, ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд. Бояд гуфт, ки кишоварзони ноҳияи Рӯдакӣ дар бунёди гармхонаҳо таҷрибаи ғанӣ доранд. Дар ноҳия айни ҳол дар ҳама шакли хоҷагидорӣ масоҳати гармхонаҳо 21 гектарро ташкил медиҳад. Тибқи нақша, оянда боз дар масоҳати 2 гектар гармхона бунёд карда мешавад.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Элоки шаҳраки ба номи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ Муассисаи таҳсилоти томактабии «Офтобак»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

50404073921_d7c0a2436e_oЗимни иҷрои корҳои сохт­монӣ дар кӯдакистон, ки соли 2017 оғоз гардида буд, қариб 200 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Кӯдакистони хусусии «Офтобак», ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Марям Юсуфова бунёд шудааст, аз се ошёна иборат мебошад. Тавре ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, дар марҳилаи аввал кӯдакистон 240 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро мегирад. Марҳилаи дуюми муассисаи таълимӣ дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд, ки он барои 240 кӯдак пешбинӣ гардидааст.

Айни ҳол 40 нафар омӯзгор ва мураббияи ботаҷриба бо кӯдакон машғулият мегузаронанд.

Дар муассисаи таълимӣ кӯдакон ба 12 гурӯҳ тақсим шуда, бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таълим мегиранд. Ҳамчунин, дар назди ҳар як синф ҳуҷраҳои алоҳида барои хобу истироҳати кӯдакон фароҳам оварда шудааст. Ошхонаи муассиса барои 60 кӯдак дар як вақт пешбинӣ гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷойи машғулиятҳо ва хобу истироҳати кӯдаконро аз назар гузаронидан ба масъулони боғчаи бачагона ҷиҳати тарбияи дурусти кӯдакон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Саҳни ҳавлии муассиса ва утоқҳои машғулиятгузаронӣ бо гулу буттаҳои рангоранг ва қаҳрамонҳои афсонавӣ зебу оро дода шудааст, ки ба дунё ва табиати кӯдакон хос аст.

Лозим ба таъкид аст, ки таваҷҷуҳи зиёд ва доимии Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба тарбия ва таълими кӯдакону наврасон боис гардидааст, ки дар ҳар гӯшаву канори мамлакат садҳо боғчаву кӯдакистони нав сохта, ба истифода дода шаванд. Маҳз фарогирии доираи васеи кӯдакон ба таълими томактабӣ имкон дод, ки насли наврас дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ тарбия ёбанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ марҳилаи аввали Маркази савдою хизматрасонии «Давлати Зафар»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Ин маҷмааи муҳташам, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Зафар Кабиров дар масоҳати 5,3 гектар бунёд шудааст, дорои садҳо дӯкону мағозаи фурӯш, ошхона, сехи дӯзандагӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Маҷмааи хизматрасонӣ калонтарин иншоотест, ки Пешвои миллат дар ин ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Тибқи иттилои масъулон, марҳилаи аввали Маркази савдою хизматрасонии «Давлати Зафар» бештар аз 4 ҳазор нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин мекунад.

Маҷмаа аз дӯкону мағозаҳои фурӯши молу маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла, мағозаҳои фурӯши маҳсулоти ғизоӣ, ҷиҳози рӯзгор, мебел, қандилҳои гуногун, қолинҳо, дорухона ва амсоли ин иборат мебошад. Ҳамчунин, дар дохил ва атрофи марказ дар масоҳати 4 гектар таваққуфгоҳи нақлиёт ба истифода дода шуд.

Дар ошёнаи дуюми бинои маҷмаа сехи дӯзандагӣ бо 100 ҷойи кор ташкил гардидааст, ки дар он асосан занону духтарони хонашин ба кор ҷалб шудаанд.

Тибқи иттилои масъулони Бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Рӯдакӣ, занону духтарон қабл аз он ки ба кор ҷалб карда шаванд, дар курсҳои кӯтоҳмуддат ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.

Дар сех даҳҳо номгӯи маҳсулот, аз қабили сарулибоси мактабӣ барои хонандагон, либосҳои духтаронаву писарона, хилъат барои табибон, куртаҳои чакану попурӣ, рахти хоб ва амсоли ин омода карда мешавад.

Ҳангоми боздид аз сехи дӯзандагӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббуси соҳибкорон дар самти таъмини занону духтарон бо ҷойи кори доимӣ баҳои баланд дода, бонувонро даъват намуданд, ки вобаста ба эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», маҳорату малакаро сайқал диҳанд ва ба ин васила муаррифгари ҳунарҳои миллӣ бошанд.

Бояд зикр кард, ки моҳи марти соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ санги асоси маркази бузурги савдо гузошта, соҳибкоронро вазифадор намуда буданд, ки онро бисёрфунксионалӣ, бо тарҳу намои муосир ва сифати баланди ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ бунёд намоянд. Ҳамчунин, дар доираи супоришҳои Пешвои миллат, соҳибкорон уҳдадор буданд, ки дар назди маркази хизматрасонӣ барои 200 кӯдак боғчаи бачагона сохта, ба истифода диҳанд. Инак, бо гузашти наздик ба чор сол, марҳилаи аввали Маркази хизматрасонӣ бо муосиртарин шароиту имконоти тиҷоратӣ ба истифода дода шуд. Корҳои бунёдӣ дар кӯдакистон, ки барои 400 нафар пешбинӣ гардидааст, бомаром идома дорад ва моҳҳои наздик пурра ба итмом мерасанд.

Марҳилаи аввали Маркази савдою хизматрасонии «Давлати Зафар» аз се қисм иборат аст, ки ҳар як қисми он бо меъмории хоси шарқиёна сохта шудааст ва намои бисёр зебо дорад.

Ҳангоми шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои маркази савдо, Президенти мамлакат ба масъулони маҷмаа ҷиҳати дар сатҳи талаботи ҷаҳонӣ ба роҳ мондани савдову тиҷорат ва фароҳам овардани шароити мусоид ба соҳибкороне, ки дар марказ ба кор ҷалб шудаанд, дастуру ҳидоятҳо доданд.

Ба иттилои соҳибкорон, марҳилаи дуюми Маркази савдою хизматрасонӣ то ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.

Марҳилаи дуюм, дар баробари кӯдакистони муосири чорошёна барои 400 кӯдак, толорҳои хурду бузурги варзишӣ ва аквапаркро дар бар хоҳад гирифт. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи дуюми марказ боз бештар аз 1000 нафари дигар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Дар саҳни ҳавлии марказ ҳамчунин, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардид, ки дар он ҳунармандони мардумӣ ва кишоварзони ноҳия маҳсули дастранҷ ба намоиш гузоштанд.

Гӯшаи ҳунарҳои мардумиро намунаи хӯроку хӯришҳои миллӣ ва анвои гуногуни нону кулча оро медод. Аз маҳсулоти дастии ба намоишгузошта аён буд, ки эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» кадбонуҳои ноҳияи Рӯдакиро ҷиҳати эҳёи қадимтарин ҳунар ва хӯрокҳои миллӣ ҳавасманд кардааст, зеро дар намоишгоҳ қадимтарин намунаи хӯроку хӯришҳои миллӣ, ки танҳо ба миллат хос аст, ба тамошо гузошта шуда буд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо бардоштани парда аз болои муҷассамаи аввалин бунёдгузори давлати тоҷикон — Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулгашти Исмоили Сомониро мавриди истифода қарор доданд.

Муҷассама, ки дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Сомониён қомат афрохтааст, дар идомаи тадбирҳои созандагӣ ба истиқбол аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳайкалтарош Алиҷон Бобошарифов бо санъати баланд омода гардидааст.

Баландии муҷассама 5,3 метр ва бо таҳкурсиаш 9,3 метрро ташкил медиҳад. Дар ду паҳлуи муҷассама ду шер ҳамчун рамзи ҷасорату тавонмандии миллат гузошта шудааст.

Масоҳати умумии замини гулгашти Исмоили Сомонӣ 0,18 гектарро дар бар мегирад. Корҳои сохтмонию паймонкориро дар иншоот кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Планета БАФ» ба анҷом расондаанд. Дар рафти корҳои сохтмони иншоот зиёда аз 30 нафар мутахассис бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.

Дар гулгашти Исмоили Сомонӣ наздик ба 8000 бех гулҳои рангоранг ва ниҳолҳо шинонида шудааст. Барои таъмини истироҳату фароғати сокинону меҳмонон дар атрофи муҷассама ду фаввора ва 15 нишастгоҳ низ мавҷуд аст. Роҳравҳои атрофи иншоот дар масоҳати 1400 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо мақсади бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудан аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақша дар ноҳияи Рӯдакӣ бунёду ба истифода додани 414 адад иншооти дорои таъиноти гуногун дар назар аст.

Дар шаҳраки Сомониён ба ифтихори ҷашни фархундаи миллӣ бунёди 44 иншоот дар назар дошта шудааст, ки аллакай 35 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта дар гулгашти Исмоили Сомонӣ баҳои баланд ва ба масъулон ҷиҳати истифодаи пурсамар аз имконоту иқтидорҳои мавҷуда барои бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳои бунёдиву сохтмонӣ дар иншооти ҷашнии боқимонда ва дар муҳлати муайянгардида мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Атрофи гулгашти Исмоили Сомониро шабонгоҳ чароғҳои гуногуни равшанидиҳанда зинат мебахшанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази хизматрасонии «Саманд» бо 50 нафар ятими кулли ноҳияи Рӯдакӣ мулоқоту суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои моддию пулӣ тақдим намуданд.

50404277362_6113a99cb5_oШодии кӯдакону наврасонро он рӯз ҳадду канор набуд, зеро онҳо бевосита аз дасти Пешвои миллат туҳфа гирифтанд ва ҳамроҳашон суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.

Дар ноҳияи Рӯдакӣ, дар маҷмӯъ, 2569 нафар кӯдаки ятим ба қайд гирифта шудааст, ки 103 нафараш ятими кулл мебошанд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи беҳтар намудани шароит ва имконоти дастрасии ятимон ба таҳсилу зиндагии арзандаро зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор додааст ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як боздиди корӣ аз шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ятимон мулоқот анҷом дода, ба масъулон ҷиҳати беҳтар намудани шароити зисту таълим ва вазъи моддиву техникии таълимгоҳҳои онҳо дастуру супоришҳо медиҳанд.

Бо дарназардошти он ки рушду пешрафти Ватан бевосита ба саъю талоши ­насли созандаву эҷодкор ва донишманд вобаста аст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро ба омӯзиши илмҳои муосир, касбу ҳунар ва аз бар кардани техникаву технологияи навин ҳидоят намуданд.

Дар 29 соли Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва будубоши ятимон дар мактаб-интернатҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва бо ҷойи кор таъмин шудани ин қишри ҷомеа корҳои назаррас ба анҷом расидааст.

Кӯдакон зимни баромад миннатдории самимии хешро ба роҳбарияти олии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгириҳои ҳамешагӣ ва сол аз сол беҳтар намудани шароити зиндагӣ баён дошта, қавл доданд, ки касбу ҳунарҳои муосирро меомӯзанд ва бо арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар пешрафти кишвар саҳми назаррас мегузоранд.

Маркази хизматрасонии «Саманд», ки мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимон дар он баргузор шуд, дар доираи тадбирҳои созандагӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ навсозӣ ва атрофи иншоот чароғон карда шудааст.

Якуми октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Рӯдакӣ мулоқот карданд.

Сарвари давлат нахуст ба мардуми меҳнаткаши ноҳияи Рӯдакӣ барои гузоштани саҳми босазо дар ободиву пешрафти Ватани маҳбуб арзи сипосу миннатдорӣ намуданд.

Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки сокинони ноҳия корҳои ободониро ба ифтихори ҷашни бузурги сисолагии Истиқлолияти давлатӣ бо азми қавӣ вусъат бахшида истодаанд.

Зикр шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани рушди ноҳияи Рӯдакӣ аз ҳисоби буҷети давлат зиёда аз якуним миллиард сомонӣ равона намудааст. Инчунин, ба маблағи 1,2 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла, 600 миллион сомонӣ сармояи мустақим ҷиҳати татбиқи 24 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ҷалб ва аз худ карда шуд. Ҳоло ҳашт лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 250 миллион сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Тибқи нақша, то таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия бунёду азнавсозии 414 иншооту бинои нав, корхонаву коргоҳи истеҳсолӣ, роҳу пулҳо, кашидани хатҳои оби нӯшокӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва дигар корҳои ободонӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар 293 адади он корҳои сохтмон ба анҷом расидааст.

Дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ободониву бунёдкорӣ ҷиҳати таъмин намудани рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ дар ноҳия аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша 10 муассисаи нави таълимӣ ва 104 синфхонаи иловагӣ бо 13 ҳазор ҷойи нишаст, 29 маркази саломативу бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода супорида, зиёда аз 40 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш, 94 километр роҳҳои дигар таъмири ҷорӣ шуданд.

Қайд гардид, ки имкониятҳо дар самти рушди истеҳсолоти саноативу кишоварзӣ, махсусан, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тараққӣ додани намудҳои гуногуни сайёҳӣ ва дигар хизматрасониҳо зиёданд ва зарур аст, ки ба ин соҳаҳо сармояи ватаниву хориҷӣ васеъ ҷалб карда шавад.

Ҳоло дар ноҳия 128 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд, ки дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 239 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Роҳбарону мутахассисони ноҳия ва соҳибмулкони корхонаҳои саноатӣ вазифадор шуданд, ки суръати афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатиро боз ҳам вусъат бахшанд, зеро барои ин захираву имкониятҳо мавҷуданд.

Дар робита ба рушду пешрафти соҳаи тандурустӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ якҷо бо роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор шуданд, ки барои бо кадрҳои баландихтисос ва техникаву таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар охир Президенти мамлакат бо итминон таъкид дош­танд, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Рӯдакӣ минбаъд низ дар самти ободу зебо кардани диёр саҳми арзишманд мегузоранд ва ба дастовардҳои боз ҳам бештари иҷтимоиву иқтисодӣ ноил мегарданд.

Сипас, сокинони ноҳияи Рӯдакӣ донишҷӯ Нафиса Худоназарова, собиқадор Зафар Яқубов ва табиб Манижа Назарова баромад карда, бо шукргузорӣ аз дастгириҳои Пешвои миллат вобаста ба рушду тараққии соҳаҳои хоҷагии халқ изҳори андеша намуданд.

www.president.tj