30 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳринав сафари корӣ намуданд.
Сарвари давлатро фаъолону сокинон бо эҳтироми хоса ва самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.
Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Чуст» Комплекси агросаноатии хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Аҳмад»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки аз Корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Россия — «Марва-мебел», коргоҳи дӯзандагӣ, меҳмонхона, ошхона, гармхона, ҳавзи моҳӣ ва боғу токзор иборат мебошад.
Корхонаи муштараки «Марва-мебел» дар ошёнаи якуми бинои дуошёна ҷой гирифта, аз Аврупо 16 дастгоҳи замонавии мебелсозӣ ворид ва дар он васлу насб карда шудааст. Вобаста ба фармоиш дар корхона беш аз 300 номгӯи мебел, аз қабили ҷевону рахти хоб, мизу курсӣ барои хона, корхона, ошхона ва муассисаҳои таълимӣ, инчунин дарҳои байниҳуҷрагӣ ва кату нишасткурсиҳои гуногунҳаҷм истеҳсол карда мешавад.
Инчунин, имкон аст, ки дар як шабонарӯз беш аз 8 метри мукааб тахта коркард карда шавад.
Маҳсулоти он, ки асосан вобаста ба фармоиш истеҳсол мешавад, аз лиҳози тарҳ ва сифат ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Чӯбу тахта, фурнитура ва дигар ашёи хом аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид мегардад.
Кандакорӣ дар чӯб, ки барои миллати тоҷик меросист, дар корхона васеъ ба роҳ монда шудааст. Ба ин кор нафарони соҳибкасб ва дорои таҷриба ҷалб шудаанд. Дарҳои байниҳуҷрагӣ ва дигар мебели истеҳсолшаванда бо усули дастӣ ва бо истифода аз дастгоҳи муосир кандакорӣ мешаванд. Дар корхонаи мебелсозӣ 30 кас бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.
Сарвари давлат ба масъулин барои васеъ намудани доираи фаъолияти корхона ва ба роҳ мондани содироти маҳсулот ба хориҷи мамлакат дастур дода, мутахассисонро ба омӯзонидани нозукиҳои кори мебелсозӣ, аз ҷумла кандакорӣ дар чӯб, ба насли ҷавон ҳидоят карданд.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ, меҳмонхона ва ошхона, ки дар ошёнаи дуюми бино ҷой дода шудаанд, 50 нафар занону бонувони маҳаллӣ ба кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Он бо 40 адад мошинаи дарздӯзӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии замонавӣ таъмин аст ва номгӯи гуногуни либоси мактабӣ, тиббӣ, муҳофизатӣ ва махсуси соҳавӣ барои корхонаҳои ватанӣ, инчунин, либосҳои миллии занона ва мардона истеҳсол менамояд.
Иқтидори корхона дар як шабонарӯз ба коркарди 600 метр матоъ баробар аст. Маҳсулоти дар корхонаи мебелсозӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ истеҳсолшаванда ивазкунандаи воридот мебошад.
Дар меҳмонхонаи корхона барои қабули 18 нафар дар як вақт шароит муҳайё шуда, ошхонаи замонавии иншоот аз 100 ҷойи нишаст иборат ва дорои шароити хуби хизматрасонӣ барои кормандон ва меҳмонону дигар корафтодагон мебошад.
Дар ҳамон ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти гармхонаи замонавӣ, ки он ҳам навбунёд аст, ошно гардиданд, ки дар асоси талаботи замони муосир ва бо истифода аз технологияи пешрафта бунёд шуда, масоҳати умумии он 0,20 гектарро ташкил медиҳад. Дар он айни замон помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ ва ғайра парвариш меёбад. Обёрии гармхона қатрагӣ ва гармидиҳии он мутамарказ мебошад. Дар шафати гармхона ҳавзи моҳӣ сохтаанд, ки дар он айни замон 1000 адад гулмоҳӣ парвариш меёбад.
Дар ҳамин мавзеъ боғ низ бунёд кардаанд, ки масоҳаташ 6 гектарро ташкил медиҳад ва дар он 1800 бех ангури навъи гуногун ва 200 бех ниҳоли себ шинонида шудааст.
Бо мақсади самаранок истифода бурдани замин дар қатори ниҳолҳои боғ зироати кишоварзӣ, аз қабили лӯбиёгиҳо, полезиҳо, сабзавот ва картошка кишт гардидааст.
Дар атрофи комплекси навбунёд, хоса, дар талу теппаҳои мавзеъ, саҳни корхона ва шафати роҳравҳо беш аз 1100 бех дарахти ороишии ҳамешасабз шинонидаанд.
Барои таъмини гармхона, ҳавзи моҳӣ, боғу токзор ва дигар корхонаҳои истеҳсолӣ бо об чоҳи амудӣ бо чуқурии 120 метр сохта шудааст. Тавассути он аҳолии деҳаҳои атроф низ бо оби нӯшокӣ таъмин мешаванд. Айни ҳол дар комплекси агросаноатӣ 130 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.
Комплекс аз тарафи соҳибкори ватанӣ Наврӯзи Раҳмиддин бо истифода аз маблағҳои даромади хоҷагии деҳқонӣ ва дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст.
Дар ҳамин мавзеъ, ҳамчунин, сохтмони корхонаи азими парандапарварӣ барои парвариши 15000 сар мурғи бройлерӣ идома дорад, ки то таҷлили ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Роҳбарияти корхона дар оянда боз бунёди як сардхонаро бо ғунҷоиши 300 тонна маҳсулот ба нақша гирифтаанд.
Аз роҳи автомобилгарди Душанбе — Турсунзода то корхона ба масофаи 1 километр пурра асфалтпӯш гардидааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди комплекси муосири агросаноатиро аз ҷониби соҳибкори ватанӣ шоистаи таҳсин ҳисобида, зикр намуданд, ки ин иқдом дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунони босуръати кишвар заминаи мусоид мегузорад.
Дар ноҳияи Шаҳринав Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамъияи дорои масъулияти маҳдуди «Кишоварз» ташриф оварданд.
Сарвари давлат бо нашъунамои ниҳолҳои себ дар боғи навбунёди интенсивӣ шинос шуда, ба ҷамъоварии ангур оғоз бахшиданд.
Бояд гуфт, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кишоварз» дорои 2574 гектар замин, аз ҷумла 145 гектар замини корами обӣ мебошад. Масоҳати боғи интенсивии нав 2 гектарро ташкил дода, дар он ду навъи себ — «Жармен»-и фаронсавӣ ва гардолудкунандаи навъи «Голден Дюшес» шинонида шудааст. Бо дарназардошти хурд будани ниҳолҳо ва бо мақсади истифодаи самараноки замин, дар байни қаторҳо зироати кишоварзӣ, аз ҷумла, дар масоҳати 1,5 гектар помидор, 15 садяк картошка ва 30 садяк сирпиёз кишт намуда, дар масоҳати 10 садяк гули садбарг шинонидаанд. Тибқи иттилоъ, ҳосилнокии помидор то ҳол 600 сентнерро ташкил додааст.
Картошка ва сирпиёз дар хоҷагӣ кишти такрорӣ мебошад. Пеш аз картошка ва сирпиёз хоҷагидорон зироати ғалладонагӣ ва пиёз кишт намуда, ҳосили хуб ба даст овардаанд. Аз садбаргзор бошад, ҳар сол хоҷагидорон 20 ҳазор қаламча гирифта, барои сабзу хуррам гардонидани кӯчаву гулгаштҳои ноҳия истифода мебаранд.
Дар боғи ангури ҶДММ «Кишоварз», ки 2 гектарро ташкил медиҳад, ангури навъи «Ҳусайнии сиёҳ» парвариш мешавад. Ҳосили ҷамъоваришуда аз боғу токзори ҷамъият асосан дар бозори дохилӣ ба фурӯш гузошта, қисман ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла ҷумҳуриҳои Афғонистону Ӯзбекистон, Федератсияи Россия ва Қазоқистон содирот мешавад. Ҷамъият дорои сардхона низ ҳаст, ки дар он ангуру дигар намуди мева ва ҳосили зироати кишоварзӣ барои давраи зимистону баҳор беталаф захира мегардад.
Соли гузашта токпарварони ҷамъият аз ҳар гектар 400 сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд, ки ба андешаи олимони соҳа, нишондоди хуб аст. Имсол низ ҳосил дар токзор фаровон мебошад.
Масоҳати умумии боғу токзор дар ҷамъият 19,95 гектарро ташкил медиҳад, ки 12 гектараш боғи ангур аст. Дар «Кишоварз» 35 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошанд.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзони ноҳияро аз назар гузаронданд, ки ҳосили зироати ғалладонагӣ, сабзавот, полезӣ, картошка, зироати техникӣ ва ғайра ба тамошо гузошта шуд.
Ба маълумоти масъулони соҳа, имсол кишоварзони ноҳияи Шаҳринав дар масоҳати 9365 гектар, аз ҷумла, 4380 гектар ғалладонагӣ, 1500 — сабзавот, 130 — полезӣ, 1000 — зироати техникӣ ва 334 гектар картошка кишт намудаанд. Онҳо, бо дарназардошти ҳосилхез будани замин, дар як сол то чор ҳосил ба даст меоранд. Соли равон дар ҳама шакли хоҷагидорӣ дар масоҳати 1570 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки 200 гектарро картошка ташкил медиҳад. Масоҳати боғу токзор бошад, 2480 гектар, аз ҷумла, 690 гектар токзор ва боқимонда боғҳои тухмакдору донакдор мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳнати кишоварзони ноҳия баҳои баланд дода, онҳоро ба истифодаи самараноку оқилонаи замин, бештар намудани майдони кишт, аз ҷумла, кишти такрорӣ ва бо ин роҳ саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи стратегии мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ ҳидоят намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Шаҳринав Майдони Парчами давлатиро ифтитоҳ бахшиданд.
Масоҳати умумии майдони он, ки дар маркази ноҳия сохта шудааст, 2100 метри мураббаъро ташкил дода, баландии сутунпояи он 55 метр мебошад. Матои парчам 7 метр паҳноӣ ва 15 метр дарозӣ дорад. Майдони Парчами давлатӣ сафолакпӯш карда, бо гулу буттаҳои ороишӣ зебу зинат дода шудааст.
Ба хотири таъмини истироҳату фароғати сокинону меҳмонон, дар Майдони Парчами давлатӣ нишастгоҳҳои замонавӣ ва чароғпояҳои гуногунҳаҷму гуногуншакл насб гардидааст. Ҳамчунин, фаввора сохта шуда, барои баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ, сайругашт ва тамошои сокинон шароит фароҳам гардидааст.
Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди Майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Шаҳринав ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худогоҳии ҷавонону наврасон ва гиромӣ доштани арзишҳои милливу давлатӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Қаҳрамони деҳоти «Сабо» бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро мавриди истифода қарор доданд.
Муассисаи таълимии дуошёна аз се бино иборат мебошад. Бинои асосии он, ки соли 1960 қомат афрохта буд, аз сабаби корношоям гаштан пурра аз байн бардошта шудааст. Баҳри иҷрои корҳои сохтмонии иморати нав, ки аз моҳи декабри соли 2018 оғоз ёфт, масъулин сохтмончиёни маҳаллиро ҷалб намуданд.
Бинои муассисаи таълимӣ дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат бо дастгирии оилаи Рӯзиевҳо бунёд шуда, дар он 800 хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Бино, ки бо тарҳи замонавӣ бунёд шудааст, аз 12 синфхона иборат мебошад. Синфхонаҳо бо дастгоҳу лавозимоти таълимӣ муҷаҳҳазанд. Аз ҷумла, бо дарназардошти эълони солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», синфхонаҳои фанни физикаву химия барои гузаронидани озмоишҳо ва дарсҳои амалӣ ба таври муосир таҷҳизонида шудаанд.
Дар муассисаи таълимӣ, ки 650 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст, 43 омӯзгор дарс мегӯянд. Аз ин шумора 35 нафарро занон ташкил мекунанд. То ба истифода додани бинои нави муассиса, таълим дар ин мактаб дар се баст сурат мегирифт, яъне мушкили норасоии ҷойи нишаст эҳсос мешуд.
Дар баробари сохта, ба истифода додани бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, оилаи Рӯзиевҳо боз 1 километр роҳи асосии кӯчаи Қаҳрамонро асфалтпӯш ва чароғон намудаанд.
Баъд аз шиносоӣ бо имкониятҳои мактаб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси сокинони ватандӯстро барои обод кардани диёр шоистаи таҳсин ва дастгирӣ хонда, омӯзгоронро даъват намуданд, ки бо истифода аз шароити фароҳамгардида хонандагонро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ тарбия намоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Ҳаёти Нав»-и ноҳияи Шаҳринав бинои Муассисаи томактабии хусусии «Назокат»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он дуошёна буда, ба хотири сазовор ҷашн гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкори ватандӯст Аҳмадзода Ҷамолиддин сохта шуда, метавонад 100 нафарро бо беҳтарин шароит ба таълиму тарбия фаро гирад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия, ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, онро туҳфаи арзанда барои сокинони деҳоти «Ҳаёти Нав» маънидод карданд.
Корҳои бунёдӣ дар он аз ҷониби мутахассисону сохтмончиёни ҶДММ «Муҳаммадҷон» иҷро гардидааст.
Синфхонаҳо пурра бо мизу курсӣ, айёнияти дарсӣ ва дигар лавозимоти хониш муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Ҳуҷраҳои фароғатӣ ва хоби кӯдакон бошанд, бо рахти хоб ва роҳаткурсиҳои замонавӣ таъмин гардидаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо омӯзгорону кормандони кӯдакистон таваҷҷуҳи онҳоро ба масъалаи дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ояндасоз ҷалб карданд.
Дар саҳни ҳавлии кӯдакистон барои бозии кӯдакон шароит фароҳам гардида, аз ҷумла, чор айвонча сохта шудааст, ки барои гузаронидани машғулиятҳои фароғатӣ бисёр мувофиқанд. Дар атрофи бинои муассиса гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони сояафкан шинондаву сарсабзу хуррам гардонида шудааст.
Воқеан ҳам, соҳибкорони бонангу номуси ноҳияи Шаҳринав сиёсати созанда ва дастурҳои раҳнамунсози Пешвои миллатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар корҳои ободонию созандагӣ, махсусан, бунёди иншооти соҳаи маориф, саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Ин раванд дар амалӣ намудани ҳадафҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳар чӣ бештар ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, қобили тазаккур аст, ки бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Аҳмадзода Ҷамолиддин ба масофаи 250 метр роҳи деҳот асфалтпӯш шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Ҳаёти Нав» Маркази ташхисӣ — табобатии «Муҳаммадҷон» — ро ифтитоҳ бахшиданд.
Он низ бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Аҳмадзода Ҷамолиддин дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар масоҳати 15 садяк замин бунёд гардидааст.
Дар Маркази ташхисӣ — табобатии «Муҳаммадҷон» намудҳои зиёди ташхис, муолиҷа ва хизматрасониҳои тиббӣ — санитарӣ, аз қабили табобати касалиҳои дарунӣ, урологӣ, системаи асаб, амрози занона бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ ба роҳ монда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муассиси марказ ва табибону кормандон дастур доданд, ки ба сифати хизматрасонии тиббӣ, муошират бо беморон диққати ҷиддӣ диҳанд ва қоидаю талаботи санитарию гигиениро риоя намоянд.
Дар ин ҷо тамоми шароити меъёрии талаботи тиббӣ-санитарии безараргардонӣ, тамйизгардонии дастгоҳу таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ фароҳам гардидааст. Ҳуҷраҳои дандондармонӣ барои калонсолон ва кӯдакон аз хизматрасониҳои дигари он ба шумор меравад.
Дар муассиса 20 нафар мутахассиси дорои донишу таҷриба ва корманди миёнаи тиб ба кор ҷалб шудаанд.
Зимни иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншоот, ки соли 2018 оғоз гардид, 20 нафар коргари маҳаллӣ ҷалб гардидаанд.
Саҳни беморхона сафолакпӯш карда, даромадгоҳ ва ҳавлии он бо гулу буттаҳои ороишӣ зебу зинат карда дода шудааст.
Пешвои миллат аснои шиносоӣ бо шароити маркази тозатаъсис ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд ва ба кормандони соҳаи тандурустӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Ҳаёти Нав» майдончаи варзишии болопӯшидаро ба истифода доданд.
Он дар идомаи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ғозизода Азиз бо тарҳи зебову замонавӣ сохта шудааст. Майдонча бо дарозии 43 ва паҳноии 23 метр мутобиқ ба талаботи стандартҳои соҳаи варзиш бунёд гардидааст.Зимни иҷрои корҳои сохтмонии он 20 нафар сокини маҳаллӣ ҷалб шудаанд.
Феълан дар ноҳияи Шаҳринав 62 иншооти варзишӣ, аз ҷумла, 38 майдонча, ба истифода дода шудааст, ки ҷавонону наврасон аз онҳо истифода мебаранд.
Ёдрас мешавем, ки танҳо соли 2020 варзишгарони ноҳияи Шаҳринав дар мусобиқаҳои варзишӣ сазовори 27 медал, аз ҷумла, 12 медали тилло ва 15 медали нуқра гардидаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллиро намунаи ибрат хонда, ҷавонону наврасонро ба истифодаи самаранок аз имконияту шароити мусоид ҳидоят карданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Шаҳринав мавриди истифода қарор доданд.
Дар қабати якуми бинои дуошёна утоқи кории кормандон, китобхона бо 1200 нусха адабиёти шоирони муосиру классик ва соҳавӣ, толори хурди маҷлисӣ ҷойгир мебошад.
Дар ошёнаи дуюм толори калони маҷлисӣ барои 70 ҷойи нишаст, утоқи роҳбарият ва дигар иншооти ёрирасон ҷой гирифтааст. Зимни шиносоӣ бо шароити он Пешвои миллат ба корҳои сохтмонии анҷомёфта баҳои баланд доданд.
Мавриди зикр аст, ки бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав аз ҷониби соҳибкорон ва аъзои фаъоли ҳизб дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
Пешвои миллат зимни суҳбат бо кормандон ва роҳбарияти ҳизб таъкид доштанд, ки фаъолиятро беш аз пеш ҷоннок намоянд ва дар рушду пешрафти кишвар, ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳиссагузор бошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Шаҳринав Боғи фарҳангӣ-фароғатии Шоҳ Исмоили Сомониро мавриди истифода қарор доданд.
Он аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия якҷо бо соҳибкорону шахсони саховатпеша дар масоҳати умумии 1,98 гектар бунёд шудааст ва яке аз бандҳои нақшаи корӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Шоҳ Исмоили Сомонӣ маҳсулоти сохтмони ватанӣ истифода ва корҳои бунёдӣ аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ иҷро гардидааст.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат аз пайкараи тозабунёди Асосгузори аввалин давлати тоҷикон — Шоҳ Исмоили Сомонӣ бардоштанд, ки бо дарназардошти зерибино 5 метрро ташкил медиҳад ва аз ҷониби рассом, ҳайкалтарош Сафарбек Қосимов таҳия шудааст.
Пешвои миллат ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ифтитоҳи боғро дар маркази ноҳия ҷиҳати рушд ва густариши соҳаи фарҳанг неку назаррас маънидод намуданд.
Дар боғ ҳафт атраксион барои бозии кӯдакон, беш аз 40 нишастгоҳ, ҳайкали даҳ ҳайвончаи афсонавӣ ва амсоли инҳо мавҷуд аст. Зиёда аз 10 ҳазор метри мураббаи ҳудуди он бо гулу дарахтони ороишию сояафкан оро дода шудааст, ки ба ҳусни гулгашти мазкур таровати тоза зам менамояд. Роҳраву гузаргоҳҳои дохилу атроф сафолакпӯш ва чароғон карда шудааст, ки барои сайругашти шабона мусоид мебошад.
Дар ҳамон ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи ҳунарҳои мардумиро аз назар гузаронида, ба маҳорати волои бонувони ноҳия баҳои баланд доданд.
Сарвари давлат вобаста ба эълони сесолаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таъкид намуданд, ки ҳунармандон бояд пурмасъулият бошанд ва дар ҳифзу эҳёи ҳунарҳои аҷдодӣ саҳми назаррас гузоранд.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Шаҳринав то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ тибқи нақша бунёди беш аз 434 иншоот пешбинӣ мегардад, ки то ба ҳол 285-тои он мавриди истифода қарор гирифтааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Шаҳринав мулоқот карданд.
Сарвари давлат бо қаноатмандӣ аз ободу зебо гардидани ин гӯшаи диёр ва беҳтар шудани шароити зиндагии мардуми он таъкид доштанд, ки сокинони ноҳия бо дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи Давлат ва Ҳукумати мамлакат ва бо заҳмати аҳлона ба дастовардҳои назаррас ноил шуданд.
Дар ноҳияи Шаҳринав бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду таҷдиди 413 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора то ҳол дар 252 адади он корҳо ба анҷом расидаанд.
Таъкид гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар зарфи 29 соли гузашта барои рушди ноҳияи Шаҳринав аз ҳисоби буҷети давлат қариб 520 миллион сомонӣ маблағ равона карда шудааст. Ғайр аз ин, солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 18 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 567 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло татбиқи ҳашт лоиҳаи дигар идома дорад, ки маблағи дар доираи онҳо азхудшуда қариб 40 миллион сомониро ташкил медиҳад. Инчунин, давраи зикршуда танҳо ба сармояи асосӣ 317 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардидааст.
Тибқи маълумот, дар ноҳия 15 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад, ки онҳо дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 17 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 800 ҳазор сомонӣ кам мебошад.
Вобаста ба истифодаи нокифояи имкониятҳои рушди соҳаи саноат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро вазифадор карданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва вазорату идораҳои марбута фавран нақшаи чорабиниҳои дахлдорро вобаста ба бунёди корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ, ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда ва васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои муосир таҳия карда, бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва дастгирии ташаббусҳои бахши хусусӣ амалӣ намоянд.
Ба хотири рушди соҳаи кишоварзӣ роҳбарони ноҳия, Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ вазифадор шуданд, ки ҷиҳати бартараф кардани норасоиву мушкилоти ҷойдошта ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ имкониятро сафарбар созанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор гардиданд, ки бо истифода аз манбаъ ва имкониятҳо ҷиҳати пурра таъмиру таҷдид намудани роҳҳои маҳаллӣ чораҷӯӣ намояд.
Дар Шаҳринав аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ даврони соҳибистиқлолӣ 70 бинои муассисаи таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 4500 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳамчунин, ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба барои соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, тибқи Квотаи президентӣ 320 нафар, аз ҷумла, 190 нафар духтар, ба муассисаҳои олии касбии кишвар қабул гардидаанд, ки 225 нафари онҳо баъди хатми таҳсил дар соҳаҳои гуногун муваффақона фаъолият карда истодаанд.
Барои пешрафти кори соҳаи тандурустӣ роҳбарону масъулони ноҳия супориш гирифтанд, ки якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доир ба рафъи камбудиву мушкилоти дар муассисаҳои тиббӣ ҷойдошта, бо мутахассисони баландихтисос ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардани беморхонаву марказҳои саломатӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва пурзӯр кардани корҳои фаҳмондадиҳиву пешгирикунанда тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дар охир Президенти мамлакат бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми меҳнатдӯсти ноҳияи Шаҳринав бо дастгирии Ҳукумати кишвар барои ноил шудан ба ҳадафҳои созанда ба комёбиҳо ноил мегарданд.
Пас аз суханронии Сарвари давлат сокинони ноҳия Абдуғаюр Саломов, Холзода Лайлобону ва пири 101-сола Абдулазиз Қодиров баромад ва шукри ободии Ватанро карданд.
www.president.tj