Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Ёвон

№115 (3595) 06.09.2016

29178238250_cd6aaee972_oПанҷуми сентябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат иштирок намуданд.

Боз як иқдоми бузург ва талоши бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди бемайлони соҳаи саноат, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, паст намудани шиддати воридоти маҳсулоти хориҷӣ ба Тоҷикистон ва афзун кардани нишондиҳандаҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар остонаи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон самараи дилхоҳ ба бор овард.

3-юми марти соли 2010 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нияти неку созанда барои таъмини рушди иқтидори истеҳсолӣ ва тараққиёти иқтисодии мамлакат, бо ҷойи кор таъмин кардани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва муҳимтар аз ҳама, паст кардани сатҳи вобастагии Ширкати алюминийи тоҷик «Талко» аз ашёи хоми воридотӣ, ҳамчунин мавриди истифода қарор додани имконияту захираҳои дохилӣ дар ин маҳаллаи саноатии ноҳияи Ёвон ба сохтмони Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат санги асос гузошта буданд.

Баъд аз шаш соли ҷаҳду талоши шабонарӯзӣ, дар роҳи расидан ба нақшаю ниятҳои манфиатбор Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо пахши тугмачаи рамзӣ расман ба фаъолияти ин корхонаи азими саноатӣ оғоз бахшиданд.

Криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат аз маҳсулоти асосӣ дар саноати истеҳсоли алюминий ба ҳисоб меравад. Ин номгӯйи маҳсулот асосан аз кишварҳои назди Балтика, Беларус, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои эҳтиёҷоти Ширкати алюминийи тоҷик ворид карда мешуд. Баробари ба кор шурӯъ кардани Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат Ширкати алюминийи тоҷик аз вобастагӣ ба воридоти ин намуди маҳсулот пурра раҳо ёфта, ба шароиту имкониятҳои содиротӣ ноил мешавад. Аллакай як қатор давлатҳои истеҳсолкунандаи алюминий, аз ҷумла, корхонаҳои алюминийи Қазоқистон, Озарбойҷон, Эрон, Ҳиндустон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қатар, Баҳрайн, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин барои харидории криолит ва фториди алюминийи Тоҷикистон пешниҳоди ҳамкорӣ намудаанд.

Дар даромадгоҳи асосии корхона ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи дурнамои рушди Корпоратсияи кимиёвию металлургии тоҷик, ки сохтмони Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат марҳилаи якуми он мебошад, муаррифӣ карда шуд. Бояд таъкид кард, ки барои пешбурди истеҳсолот дар Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат ба ҳайси ашёи хом флюорит истифода мешавад, ки ҷиҳати коркард ва истихроҷи он дар Комбинати маъдантозакунии «Такоб» корҳо дар моҳи августи соли равон аллакай оғоз гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи 20 кишвари бузурги ҷаҳон аст, ки захираҳои бойи флюорит дорад. Бо дастгирии бевосита ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат, имрӯз яке аз мавзеъҳои дорои захираҳои бойи флюорит дар мамлакат ва ҷаҳон — «Такоб» эҳё гардид. Акнун кори Комбинати маъдантозакунӣ фаъол ва дар ҳама марҳилаҳои истеҳсолии он зиёда аз 1200 нафар ба кор таъмин мегардад. Барои фаъол гардонидани кори ин манбаи истеҳсоли ашёи хоми зарурӣ ва бунёди коргоҳи истихроҷ ва коркарди флюорит аллакай 70 млн. сомонӣ сармоя ҷалб, истихроҷ ва коркарди флюорит оғоз гардидааст. Мувофиқи маълумоти пешакӣ захираи умумии флюорит дар мавзеи Такоб ба 623 ҳазор тонна баробар буда, ҳар сол дар конҳои алоҳидаи ин мавзеъ беш аз 50 — 60 ҳазор тонна флюорит тавассути ғанигардонии маъдан истихроҷ ва коркард мешавад. Комбинати маъдантозакунии «Такоб» ягона манбаи таъминкунандаи Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат бо ашёи хоми зарурӣ нест. Дар оянда Ширкати алюминийи тоҷик «Талко» нақша дорад, ки истихроҷ ва коркарди флюоритро дар мавзеи Мағови дараи зебоманзари Ромит низ ба роҳ монад.

Истеҳсоли маҳсулот дар Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат нахуст аз марҳилаи истеҳсоли кислотаи сулфат дар коргоҳи алоҳида оғоз мегардад. Ашёи хом барои истеҳсоли кислотаи сулфат аз хориҷи кишвар тавассути роҳи оҳани ба тозагӣ бунёдёфта ба корхона дастрас карда, дар марҳилаҳои гуногуни технологӣ кислотаи сулфат истеҳсол карда мешавад.

Сипас, дар коргоҳи истеҳсоли кислотаи гидрогенфторид бо роҳҳои кимиёвӣ ин намуди маҳсулот ҳосил карда, барои истеҳсоли алюминийи фтордор ва криолит ба коргоҳҳои истеҳсоли ин намуди маҳсулот интиқол дода мешавад.

Дар коргоҳи истеҳсоли алюминийи фтордор, ки баъди гузаронидани марҳилаҳои кимиёвии дар боло номбаршуда ин намуди маҳсулот ба даст оварда мешавад, ҳар сол истеҳсоли 18 ҳазор тонна алюминийи фтордор дар назар дошта шудааст. Месазад таъкид кард, ки талаботи солонаи Ширкати алюминийи тоҷик ба ин намуди маҳсулот нисбатан камтар аст ва корхона имкон дорад, ки ҳар сол алюминийи фтордори барзиёд истеҳсолшударо ба хориҷи кишвар содирот намояд.

Тавре таъкид намудем, криолит аз ашёи хоми асосӣ дар истеҳсоли алюминий ба ҳисоб рафта, фториди табиӣ мебошад ва он бо назардош­ти минерали нодир ва камёфт буданаш асосан дар шакли сунъӣ омода шуда, дар истеҳсоли он флюорит васеъ истифода бурда мешавад.

Дар се коргоҳи бузурги як корхонаи азими саноатӣ, ки дар онҳо истеҳсоли нодиртарин маҳсулоти зарурӣ барои саноати алюминий амалӣ мешавад, баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан барои зиёда аз 800 нафар ҷойи кории доимӣ  муҳайё мегардад, ки дар ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ ва афзун намудани қудрати содиротии мамлакат нақши бузург хоҳанд гузошт.

Барои фаъолияти муназзами ин корхонаи азим ангиштсанг истифода мегардад, ки истихроҷ ва дастрас кардани он аз Кони ангишти «Фон-Яғноб»-и ноҳияи Айнӣ аз ҷониби Ширкати «Талко-Ресурс» анҷом дода мешавад. Дар лоиҳаи сохтмони корхона, ҳамчунин коргоҳи истеҳсоли гази технологияи сатҳи баланд бо фарогирии ду муҳаррики истеҳсолӣ пешбинӣ шудааст.Агар як бартарияти корхонаи нав ин истеҳсоли гази технологияи баланд бошад, пас бартарияти дигар ин дар натиҷаи марҳилаҳои технологию кимиёвии коркарди ашёи хом истеҳсоли зиёда аз 2,7 мегаватт қувваи барқ мебошад, ки нисфи талаботи худи корхонаро бо неруи барқ қонеъ мегардонад. Барои фаъолияти бенуқсони ин иншооти бузурги саноатӣ инфрасохтори зарурӣ муҳайё карда шуда, дар як давраи кӯтоҳ аз ҷониби Ширкати алюминийи тоҷик «Талко»  аз ҷумла 5 км роҳ  ва 12 км хатҳои  об бунёд гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон коргоҳҳои истеҳсолӣ, маркази идоракунӣ, анборҳои нигоҳдории маҳсулоти тайёр ва дигар иншооти ҳудуди корхонаро аз назар гузаронда, ба мутахассисони ҷавон барои пешбурди корҳои истеҳсолӣ маслиҳату тавсияҳои судманд доданд. Назорат ва идораи истеҳсолот дар дастгоҳи марказии корхона асосан аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ, ки дар хориҷи мамлакат курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисосро гузашта, нозукиҳои кори идоракунӣ ва истеҳсолотиро аз худ кардаанд, ба иҷро расонида мешавад.

Бештари мутахассисони дастгоҳи маркази идоракунӣ ҷавонони маҳаллии ноҳияи Ёвон — хатмкарда­гони донишгоҳу донишкадаҳои олии хориҷи кишвар, аз ҷумла, муассисаҳои таълимии олии шаҳрҳои Москва ва Остона мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки дар корхонаи навбунёд ҳар сол 12 ҳазор тонна криолит, 18 ҳазор тонна фториди алюминий ва 130 ҳазор тонна кислотаи сулфат истеҳсол мегардад. Лоиҳаи бунёди он 126 млн. доллари ШМА-ро дар бар мегирад. Ҳамчунин, дар корхонаи мазкур ба таври иловагӣ тавассути дастгоҳҳои эҳтиётӣ истеҳсоли криолит дар ҳаҷми 18 ҳазор тонна ва фториди алюминий дар ҳаҷми 27 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст.

Баъди шиносоии бевосита бо кори истеҳсолот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нияти фаъолияти густурда ва самарабахши корхона дар оянда парда аз рӯи лавҳа бо навиштаҷоти рӯз, моҳ ва соли мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ин иншооти саноатӣ бардошта, дар ҳузури мардуми сершумор ва аҳли заҳмати корхона суханронӣ намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудани Корхонаи азими истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфатро аз ҷумлаи ­даст­о­вард­ҳои бузургу беамсоли соҳаи саноати мамлакат дар 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод намуда, изҳори боварӣ карданд, ки дар оянда марҳилаҳои дигари лоиҳаи бунёди силсилакорхонаҳои дар доираи сохт­мони Корхонаи истеҳсоли криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат пешбинишуда идома дода мешаванд.

 

Дар Корпоратсияи кимиёвии металлургии тоҷик «Талко кимиё» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони ноҳия ва коргарону мутахассисони ин корхонаи калони саноатии мамлакат суҳбати самимӣ доир намуданд.

Нахуст Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳозирин ва саноатчиёни кишварро бо ҷашни бузурги умумимиллӣ — 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи корхонаҳои саноатӣ табрику таҳният гуфтанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ ­Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор дош­танд, ки дар рӯзҳои таҷлили ин санаи муҳими таърихӣ дар ноҳияи Ёвон боз се корхонаи нави истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки ин падидаи нек идомаи мантиқии сиёсати саноатикунонии мамлакат мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ ­Раҳмон, ҳамчунин зикр карданд, ки стратегияи рушди соҳаи саноати мамлакат ба иваз кардани маҳсулоти воридотии саноатӣ бо маҳсулоти ватанӣ нигаронида шудааст ва бо итминон таъкид доштанд, ки истеҳсол ва истифодаи криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат дар дохили мамлакат дар баробари кам кардани хароҷоти истеҳсоли алюминий, имконият медиҳад, ки ба таври маҷмӯӣ фаъолияти якчанд корхонаи алоқаманд мунтазам ба роҳ монда, ҳазорҳо нафар сокини кишвар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шаванд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба азму иродаи саноатчиён ва ташаббусҳои соҳибкорони ватандӯсти ноҳияи Ёвон баҳои баланд дода, онҳоро ба идомаи тадбирҳои накуи созандагию ободонии Ватан ҳидоят намуданд.

Сокинони ноҳияи Ёвон ва коргарону мутахассисони корхонаҳои нави саноатӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини сарҷамъии миллат, фазои сулҳу ваҳдат, дастгирии соҳибкории хурду миёна, ифтитоҳи корхонаҳои калони саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва зиндагии сазовор барои мардум изҳори сипос намуданд.

www.president.tj