Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Ёвон

№109 (3903) 06.09.2018

44457575532_e08ddd8464_oСубҳи 6 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар расми ифтитоҳи як қатор иншооти саноатӣ, таълимӣ, хизматрасонӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар соҳаи кишоварзию мулоқот бо мардум ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон сафар карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар корхонаи «Ҷунгтсай Моҳир семент» ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли қубурҳои оҳану бетонӣ оғоз бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори коргоҳи истеҳсоли қубурҳои оҳану бетонӣ дар як шабонарӯз 72 метр қубурҳои қутрашон аз 500 то 2000 миллиметраро ташкил медиҳад.

Талабот ба маҳсулоти истеҳсолнамудаи коргоҳи мазкур дар мамлакат зиёд буда, аз он бештар дар соҳаи кишоварзӣ ва сохтмони иншооти обёрӣ истифода мебаранд.

Дастгоҳу таҷҳизоти коргоҳи истеҳсоли қубурҳои оҳану бетонӣ аз хориҷи кишвар ворид карда шудаанд, ки истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ тавассути он босифат ва мутобиқ ба талаботи муосир анҷом дода мешавад.

Дар коргоҳи истеҳсоли қубурҳои оҳану бетонӣ масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла, якчанд намуд сафолак, сутунпояи ҳимоявии шафати роҳ ва болопӯши бетонӣ истеҳсол карда мешавад. Масъулини коргоҳ азм доранд, ки оянда истеҳсоли пояҳои оҳану бетониро, ки барои интиқоли неруи барқ истифода бурда мешаванд, ба роҳ монанд.

Баъди мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳи истеҳсоли қубурҳои оҳану бетонӣ зиёда аз 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон баъд аз шиносоӣ ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли қубурҳои оҳану бетонӣ баҳои баланд ва барои афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ, тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ба масъулин дастур доданд.

Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли халтаҳои полупропилении «Моҳир пластик», ки дар назди корхонаи «Ҷунгтсай Моҳир семент» ҷойгир мебошад, шинос шуданд.

Мавриди зикр аст, ки коргоҳи истеҳсоли халтаҳои полупропилении «Моҳир пластик» — ро масъулини корхонаи «Ҷунгтсай Моҳир семент» дар асоси дастуру ҳидояти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 бунёд намуда буданд.

Коргоҳи мазкур бо дарназардошти талаботи корхонаҳои бузурги истеҳсоли семент ба халтаҳои полупропиленӣ ба истифода дода шудааст. Аз маҳсулоти истеҳсолнамудаи он ба ғайр аз корхонаи «Ҷунгтсай Моҳир семент» дигар корхонаҳои азими истеҳсоли семент низ истифода менамоянд.

Дар корхона муосиртарин таҷҳизоти технологии пешқадамтарин ширкатҳои хориҷӣ ­васлу насб гардидааст ва раванди истеҳсолот аз тариқи дастгоҳҳои электронӣ танзим ва назорат карда мешавад.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳи халтаҳои полупропилении «Моҳир пластик» дар як шабонарӯз 119 ҳазор ва солона 40 миллион дона халтаро ташкил медиҳад.

Дар коргоҳи мазкур зиёда аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо шуғли доимӣ фаро гирифта шудаанд, ки шумораи зиёди онҳо занону духтарон мебошанд.

Фаъолият дар коргоҳи мазкур дар се баст сурат гирифта, барои коргарон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Бунёди коргоҳҳои истеҳсолии муҷаҳҳаз бо хатти технологии муосир имкон фароҳам меорад, ки дар баробари истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, инчунин даҳҳо ҷойи нави корӣ муҳайё гардад.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон намоишгоҳи маҳсулоти соҳаи кишоварзиро тамошо карда, бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар хоҷагии деҳқонии «Баракат», воқеъ дар деҳоти «Даҳана», шинос шуданд.

Дар он намунаи беҳтарини маҳсулоти соҳаи кишоварзии ноҳия, аз қабили зироати донагӣ, меваю сабзавот, полезӣ, навъҳои гуногуни пахта ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ намоиш дода шуд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ноҳияи Ёвон дорои беш аз 25 ҳазор гектар замини корам аст, ки 22 ҳазору 142 гектари онро обӣ ва боқимондаро лалмӣ ташкил медиҳад. Шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ноҳия ба 4 ҳазору 443 адад расидааст, ки 2 ҳазору 620 — тои он ба киштукори пахта машғуланд. Аз масоҳати умумии 25 ҳазору 142 гектар заминҳои корам 6 ҳазору 969 гектарро зироати донагӣ, 1017 гектарро полезӣ, 2015 гектарро сабзавот, 11 ҳазору 500 гектарро пахта ва боқимондаро кишти дигар навъи зироат ташкил менамояд.

Аҳли заҳмати ноҳия бо истифода аз иқлими мусоид ва таъмини шароиту имконоти хос ба соҳаи кишоварзӣ бо тавсияи олимони соҳа ва дуруст ба роҳ мондани агротехникаи кишоварзӣ ҳар порча заминро самаранок истифода мебаранд. Онҳо ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, ҳам сатҳи зиндагии хешро беҳтар менамоянду ҳам дар ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ мусоидат мекунанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо намунаи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ соҳаи кишоварзиро яке аз самтҳои муҳим дар такон бахшидани рушди иқтисоди миллӣ ва омили расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ маънидод ва заҳмати кишоварзони ноҳияро шоистаи таҳсин арзёбӣ карда, ба онҳо барои боз ҳам васеъ намудани майдони кишти зироат ва ба даст овардани ҳосили фаровон маслиҳатҳои муфид доданд.

Сипас, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар хоҷагии деҳқонии «Баракат» шинос шуданд.

Хоҷагии мазкур, ки соли 2003 таъсис ёфтааст, соҳиби 13 гектар замини кишт мебошад ва баробари саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории кишвар, инчунин барои бо ҷойи кор таъмин намудани сокинон саҳми назаррас дорад. Алҳол дар «Баракат» 25 нафар фаъолият менамоянд, ки бо маоши хуб таъминанд.

Масъулин нақша доранд, ки бо васеъ намудани майдони кишт ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, шумораи коргаронро низ бештар намоянд. Ҳоло дар заминҳои хоҷагӣ 7,5 гектар пахта, 1,3 гектар сабзавот ва 4,2 гектар хӯроки чорво, аз қабили юнучқа, кишт карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон деҳқонону боғпарварони асил ва роҳбарияти ноҳияро ба афзун намудани нишондиҳандаҳои боғу токпарварӣ, хусусан васеъ намудани майдони кишти пахта, ҳидоят карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, ҳамчунин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 80-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат бо имконият ва шароити муассисаи нави таълимӣ аз наздик шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон суҳбат намуданд.

Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо маблағи 17 млн. сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Баҳриддин Ҷӯрахонов дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат барои 1500 ҷойи нишаст дар ду баст бунёд гардидааст. Бинои хуштарҳу замонавии муассиса аз се ошёна иборат буда, дар он 30 синфхона, озмоишгоҳҳои фаннӣ, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, хонаи муаллимон ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгир шудаанд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар муассиса таълиму тадрис бо ду забон — тоҷикӣ ва русӣ сурат мегирад ва баҳри баланд бардоштани савияи дониши хонандагону забономӯзии онҳо аз Федератсияи Россия омӯзгорон ҷалб гардидаанд.

Тавре иттилоъ доданд, корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот 24 августи соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта, бо дарназардошти талаботи меъмории муосир ва сатҳу сифати баланд бунёд гардидааст.

Синфхонаҳои таълимӣ бо техникаву таҷҳизоти муосир ва аёнияти фаннӣ таъмин шудаанд.

Дар муассисаи таълимӣ, ки дар масоҳати 1,23 гектар бунёд ёфтааст, 40 нафар омӯзгори соҳибтаҷриба ба хонандагон таълим медиҳанд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 80, ҳамчунин, дорои синфхонаҳои алоҳида ва муҷаҳҳаз бо техникаву технологияи муосир барои гузаронидани дарсҳои физика, химия, биология ва омӯзиши касбу ҳунар, синфхонаҳои фаннӣ бо аёнияти дарсӣ ва тахтаҳои электронӣ мебошад.

Барои касбомӯзии толибилмон дар муассиса синфхонаҳои таълими меҳнат бунёд ёфтаанд. Бо истифода аз шароити мусоид онҳо метавонанд ба омӯзиши ҳунарҳои дуредгарӣ, кандакорӣ, дӯзандагӣ ва ғайра машғул шаванд.

Толибилмон бо дарки баланди моҳияти омӯзиши касбу ҳунар ва муҳим будани ҳунарҳо дар зиндагӣ, ба Пешвои миллат барои муҳайё намудани шароити муосири таълиму омӯзиш арзи сипос карданд.

Ҳамчунин, дар таълимгоҳ синф­хонаи омӯзиши информатика ва техникаи компютерӣ бо 29 компютер муҷаҳҳаз гардонда, 5 тахтаи электронӣ дар синф­хонаҳо насб карда шудааст. Шароити фароҳам­овардашуда имконият медиҳад, ки хонандагон бо компютеру дигар дастгоҳҳои замонавӣ ҳамаҷониба илмҳои муосирро омӯзанд.

Зимни суҳбат хонандагон ифтитоҳи муассисаи таълимиро туҳфаи арзандаи Ҳукумати кишвар, махсусан Сарвари давлат, дар рӯзҳои аввали соли нави хониш арзёбӣ карда, барои дастгириву таваҷҷуҳи пайваста нисбат ба соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ба Пешвои миллат изҳори сипос намуданд.

Маҷлисгоҳи муассиса дорои 140 ҷойи нишаст аст, ки бо шароити муосир ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст. Ошхонаи муассисаи таълимӣ барои 64 нафар пешбинӣ ва бо яхдон, мизу курсӣ, зарфу дигар лавозимот таъмин гардидааст.

Таълимгоҳ дорои 1 ҳуҷра барои омӯзгорон, ҳуҷраи техникӣ ва нуқтаи тиббӣ, китобхона бо феҳрис­ти зиёди китобҳои фанниву бадеӣ ва осори пурарзиши фарзандони фарзонаи миллат мебошад.

Толори варзишии муассиса барои баргузории бозиҳои варзишӣ, тамрин ва обутоби бадан нигаронида шудааст. Дар он ба хонандагон навъҳои гуногуни бозиҳои варзишӣ, аз қабили гӯштини миллӣ, волейбол, футбол, бозии теннис ва ғайраро мутахассисони соҳибтаҷриба таълим медиҳанд. Ҳамчунин, дар толори варзишӣ ду ҳуҷраи оббозӣ ва ду ҳуҷра барои ивазкунии либос бунёд ёфтааст.

Дар шафати муассисаи таълимӣ майдонча барои бозии футбол сохта, атрофи иншоот бо гулу буттаҳои ороишӣ сабзазор карда шудааст.

Барои бо гармӣ таъмин намудани синфхонаҳои таълимӣ системаи махсуси гармитаъминкунӣ бо таҷҳизоти гармидиҳии барқӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Ҳамчунин, муассиса бо як адад трансформатор таъмин мебошад.

Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо синфхонаҳои муассисаи нави таълимӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон омӯзгоронро барои соҳибмаълумот намудани насли наврас, дар рӯҳияи хештаншиносӣ ба камол расондани онҳо, хонандагонро бештар барои аз худ кардани донишҳои муосир, махсусан омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияи нав, ҳидоят карданд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи ба номи Асадулло Ғуломови шаҳраки Ёвон дар вазъияти тантанавӣ бинои Коллеҷи технологӣ-фармасевтии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин иншооти муҳими соҳаҳои маорифу тандурустӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Акбар Ғуломов дар доираи дастгирии сиёсати созандаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи зиёда аз 23 миллион сомонӣ бунёд шудааст.

Он аз ду бинои 5 — ошёна иборат буда, 60 синфхонаи таълимӣ, 8 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорон, 8 ҳуҷраи кории мудирони кафедра, 8 маҷлисгоҳи хурду калон, 6 озмоишгоҳ, 2 китобхона, ошхона, бойгонӣ ва майдончаи варзишии тобистонаю зимистона дорад.

Айни ҳол қабули омӯзгорон ва донишҷӯён ба коллеҷ идома дорад. Дар он 1440 нафар донишҷӯ ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд ва 70 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки соли 2016 дар доираи сафари корӣ Президенти мамлакат дар ноҳияи Ёвон зимни ба истифода супоридани корхонаи истеҳсоли гаҷкартон қайд карда буданд, ки бинобар сабаби зиёд шудани корхонаҳои азими саноатӣ, зарурати бунёди Коллеҷи технологӣ-фармасевтӣ пеш омадааст.

Ҳамон вақт Сарвари давлат соҳибкоронро ба бунёди коллеҷи муосир ва дар ин замина, тайёр кардани кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ барои корхонаҳои саноатии кишвар ҳидоят карда буданд.

Ҳамин тавр, бо ҳидояти Пешвои миллат корҳои сохтмонӣ моҳи октябри соли 2016 оғоз гардида, августи соли 2018 анҷом ёфтанд.

Дар вақти бунёди коллеҷ аксари масолеҳи сохтмонӣ аз худи корхонаҳои саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғаюр» таъмин карда, таҷҳизот ва лавозимоти таълимӣ барои муҷаҳҳазгардонии синфхонаҳо аз истеҳсолкунандагони ватанӣ харидорӣ шудаанд.

Коргарони Ҷамъияти дорои ­масъулияти маҳдуди «Ғаюр» нақша доранд, ки оянда барои мукаммал кардани пойгоҳи Коллеҷи технологӣ — фармасевтии Тоҷикистон дар шафати он коргоҳи замонавии техника ва таҷҳизоти дорусозӣ бунёд намоянд.

Баъди ифтитоҳи Коллеҷи технологӣ-фармасевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии ин муассисаи таълимӣ бо устодону донишҷӯён ва фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.

 Дар доираи вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи ҷашни бузурги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар ноҳияи Ёвон навсозии роҳҳои шаҳраки Ёвон оғоз гардид.

Бунёду навсозии роҳу пулҳои мошингард ва таҷдиди як қатор инфрасохтори муҳими мамлакат, дар заминаи дастуру супоришҳои мушаххаси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳия ва ҳисси баланди миллӣ анҷом дода хоҳад шуд.

Навсозии роҳҳои мошингард дар ҳудуди шаҳраки Ёвон мувофиқи меъёрҳои муосир амалӣ гардида, тибқи лоиҳа, 16 километрро дар бар мегирад.

Аснои шиносоӣ бо лоиҳаи таҷдиду навсозии роҳҳо иттилоъ дода шуд, ки роҳҳои мошингарди ноҳияи Ёвон солҳои 70-ум — 80-уми асри гузашта сохта шудаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо лоиҳаи навсозии роҳҳо дар кӯчаи Абдураҳмони Ҷомии шаҳраки Ёвон ба корҳои таҷдиди он расман оғоз бахшиданд.

Дастур дода шуд, ки зимни татбиқи лоиҳаи навсозии роҳҳо нозукиҳои роҳсозӣ, хоса инфрасохтори зарурии он ба инобат гирифта, таҷдиди роҳ бо сифати баланд анҷом дода шавад.

Тавре иттилоъ доданд, дар маҷмӯъ, 16 километр роҳҳои шаҳраки Ёвон бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдид мегарданд. Дар асоси тарҳи навсозӣ паҳноии қисмати ҳаракати нақлиёт то 18 метрро дар бар гирифта, мутобиқ ба меъёри муосири шаҳрсозӣ сохта мешавад.

Таъмири куллӣ ва мумфаршсозии сифатноки роҳҳо аз ҷониби мутахассисони ширкатҳои ватании роҳсозӣ, аз ҷумла, «Ғаюр-1», иҷро ва дар ҷараёни он техникаҳои пур­иқтидори роҳсозӣ ҷалб мегарданд.

 Дар ноҳияи Ёвон 6 сентябри соли 2018 дар кӯчаи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави меҳмонхонаи замонавиро ба истифода доданд.

Он аз ҷониби соҳибкор Акбар Ғуломов бо харҷи бештар аз 4 миллион сомонӣ сохта шудааст ва утоқҳои он бо лавозимоти муосири истироҳату фароғат таъмин мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ошёнаи якуми бино бо шароити ҳуҷраҳои махсус, аз ҷумла, ҳуҷраҳои оилавии истироҳату хоб шинос шуданд.

Дар қабати якуми меҳмонхона, ҳаммом, ҳавзи шиноварӣ бо услуби хизматрасониҳои муосир, толори машқу тамрини бадан бунёд ёфтааст.

Имконоти хизматрасонии меҳмонхона дар як вақт барои 20 нафар пешбинӣ гардидааст. Бошандагони он метавонанд дар худи бино аз хизматрасониҳои маишӣ, аз ҷумла ошхона ва дигар имконоти хобу истироҳат, пурсамар истифода намоянд.

Меҳмонхона аз 12 ҳуҷраи махсус иборат мебошад. Дар қабати 2-юми он 8 ҳуҷра ва нуқтаи алоҳидаи ошпазӣ, қабулгоҳ барои меҳмонон ва толори мулоқотҳои расмӣ ҷой гирифтааст.

Тибқи иттилоъ, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ, ки 1,5 сол идома ёфт, беш аз 40 нафар ба кор ҷалб гардидаанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имконот ва шароити хизматрасонии маҷмааи тозабунёд, ки тибқи услуби хоси меъморӣ бунёд шудааст, шинос гардида, ба сифати корҳои анҷом­ёфта баҳои баланд доданд.

Дар саҳни меҳмонхонаи тозабунёд шаршара сохта шудааст, ки атрофи онро гулу буттаҳои ороишиву сояафкан, аз ҷумла ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, оро додаанд.

www.president.tj