Сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Қазони Федератсияи Россия

№25 (4765) 23.02.2024

21-уми феврали соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ҷиҳати анҷоми боздиди корӣ ба шаҳри Қазони Федератсияи Россия сафар намуданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

53543412569_4227cab21a_o21-уми феврали соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тоторис­тони Федератсияи Россия шуданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Қазон меҳмони олиқадр — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони расмии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тотористон самимона истиқбол гирифтанд.

 21-уми феврали соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам ­Владимир Путин мулоқот намуданд.

53543918084_620b08ea2c_oДар вохӯрӣ ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, ҳамчунин, масоили алоҳидаи байналмилалию минтақавӣ баррасӣ шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз аз имкони дидору мулоқот изҳори қаноатмандӣ карда, ҷониби Россияро барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани мусобиқаҳои байналмилалии «Бозиҳои оянда» шодбош гуфтанд.

Сарони ҳар ду давлат ба натиҷаҳои музокироти расмии сатҳи олии Тоҷикистону Россия, ки моҳи ноябри соли 2023 дар шаҳри Москва баргузор гардида буд ва ҳамчунин, нишасти навбатии Комиссияи байниҳукуматии моҳи декабри соли гузаш­та доиргардида баҳои баланд доданд.

Зикр гардид, ки ҳаҷми гардиши дуҷонибаи мол дар соли 2023-юм 2,5 фоиз афзоиш ёфта, ба 1 миллиарду 800 миллион доллари амрикоӣ расид ва Россия пешсафиро дар ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон нигоҳ доштааст.

Як зумра масъалаҳои ҳалталаб дар соҳаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ, ба мисли энергетика, кишоварзӣ, сармоягузорӣ, маориф ва фарҳанг, низ баррасӣ гардида, мувофиқаҳои зарурӣ ба даст омад.

 21-уми феврали соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсия Россия муҳтарам Владимир Путин, сарони дигар давлатҳо ва меҳмонони сершумори воломақом дар шаҳри Қазон дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии омехтаи «Бозиҳои оянда», ки дар Маҷмааи намоишии «Казан ЭКСПО» аз 21 феврал то 3 марти соли равон баргузор мегарданд, иштирок намуданд.

53543995769_514d78d97a_oИттилоъ дода шуд, ки иштирокдорони ин мусобиқаҳо беш аз ду ҳазор нафар аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон буда, аз рӯи 21 намуд бозиҳои ҷисмонӣ ва интеллектуалию маҷозӣ қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Ба гуфти созмондиҳандагони мусобиқот ин гуна бозиҳо бори аввал ташкил ва баргузор мегарданд ва онҳо бовар доранд, ки ин тасмим имрӯзу оянда таваҷҷуҳи варзишгарону ҳаводорони сершуморро ба худ ҷалб намуда, дарвоқеъ, ба бозиҳои оянда дар ҷаҳон табдил меёбанд.

Бояд таъкид дошт, ки дар ин мусобиқоти байналмилалӣ дастаи Тоҷикистон ҳам дар ҳайати 35 варзишгар иштирок доранд.

22-юми феврали соли 2024 дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тотористон баргузор шуд.

53544848053_99fc5a0d5b_oПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот ба Раиси Ҷумҳурии Тотористон ­Рустам Минниханов барои пазироии самимӣ изҳори сипос карда, ба сатҳи баргузории мусобиқаҳои байналмилалии омехтаи «Бозиҳои оянда» баҳои баланд доданд.

Таъкид гардид, ки Федератсияи Россия шарики стратегӣ ва ҳампаймони Тоҷикистон буда, ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳо як ҷузъи муҳими муносибатҳои ҳар ду кишварро ташкил медиҳад. Ҳоло беш аз ҳаштод субъекти федералии Россия бо Тоҷикистон робитаҳои мустақим доранд.

Зимни гуфтушунид таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоя­гузорӣ бо Ҷумҳурии Тотористон манфиатдор аст. Аз ҷумла, ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни саноат, ба мисли металлургия, саноати химия, сабук, хӯрокворӣ ва дорусозӣ ҳамчун самтҳои дорои дурнамои судбахш номида шуд.

Ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои барои ҳар ду кишвар судовари энергетика, истих­роҷи маъданҳо ва нафту газ, сохтмону кишоварзӣ, инчунин, таъсиси марказҳои муштараки савдои яклухт ва логистикӣ дар Тоҷикистон ва Тотористон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ низ аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.

Пешниҳод шуд, ки ҳамкорӣ барои омодасозии кадрҳои соҳибихтисос мутобиқи талаботи бозори меҳнат тақвият дода шавад.

Дар рафти мулоқоту музокирот, ҳамчунин, доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ мувофиқаҳои судбахш ҳосил шуд.

22-юми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Қазон зимни як маросими бошукӯҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия Рустам Минниханов бо мукофоти олӣ — ордени «Дуслик» («Дӯстӣ») сарфароз гардонда шуд.

53544853743_7f7906498d_oТибқи Фармони Раиси Ҷумҳурии Тотористон, ордени «Дуслик» ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми барҷастаашон дар рушди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Тотористон ва таҳкими дӯстию тафоҳум миёни мардумон дода мешавад. Ордени «Дуслик» мукофоти олии Ҷумҳурии Тотористон ба шумор меравад.

Сарвари давлати Тоҷикистон ба ­Раиси Ҷумҳурии Тотористон барои чунин қадршиносии олӣ арзи сипос намуда, ин мукофоти олиро баҳои арзанда ба тамоми мардуми Тоҷикистон мансуб донистанд.

Зимни суханронӣ ба ин муносибат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкону захираҳои фаровон барои густариши ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Тотористон ёдовар шуда, ҳавасмандии ҷониби моро ба истифодаи пурсамар аз онҳо таъкид доштанд.

Хотиррасон гардид, ки мардуми Тоҷикистон бо Тотористон робитаҳои судманди ҳамкорӣ дорад ва дар ин зимн барои муҳайёсозии заминаҳои хуби таҳсилотӣ ба донишҷӯёни сершумори тоҷик дар ин минтақа арзи сипосу қадрдонӣ карда шуд.

Дар фароварди сухан ба роҳбарият ва мардуми дӯсту бародари Тотористон дар роҳи рушду пешрафт ва шукуфоии минбаъдаи ин диёри зебо дастовардҳои навин орзу карда шуд.

www.prezident.tj