Сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Москва

№155 (3792) 28.12.2017

39314567911_2ee281c915_o26 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар карданд.

 Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

26 декабри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзиданд.

Мубодилаи афкори озоди сарони давлатҳо доираи васеи ­масъалаҳои дорои хусусияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ҳамчунин густариши минбаъдаи ҳамкории бис­ёрҷонибаро дар чорчӯбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил фаро гирифт.

Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо дар фазои ҳусни эътимод вазъи кунунии ҷаҳон ва минтақаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар робита ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳодисаю воқеаҳои нигаронкунандаи соли 2017 дар миқёси ҷаҳон ёдовар шуда, таваҷҷуҳи иштирокчиёни вохӯриро ба яке аз мавзӯъҳои асосии рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ — вазъият дар Афғонистон ҷалб намуданд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти минтақавӣ ҷонибдори тақвияти минбаъдаи ҳамдастӣ дар мубориза бо хатару таҳдид­ҳои глобалӣ мебошад.

Бо ишора ба вазифаҳои дарпешистодаи Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил Пешвои миллат ­Эмомалӣ ­Раҳмон муқаррароти асосии Консепсияро дар соли 2018 шарҳ доданд. ­Масъалаҳои вобаста ба таъм­ини амният дар сарҳадҳои берунӣ, аз ҷумла дар сарҳадҳои ҷанубии ИДМ, иҷрои пайгиронаи барномаву нақшаҳое, ки дар чорчӯбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ қабул гардидаанд, ҳамчунин пешбурди робитаҳои гуманитарӣ ба ҳайси самтҳои афзалиятноки раисии Тоҷикис­тон дар ИДМ муайян карда шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон изҳори итминон карданд, ки дар соли оянда рушди ҳамкориҳо дар чорчӯбаи ИДМ идомаи созанда хоҳад ёфт ва ба иштирокчиёни мулоқот дар Соли нав саодату рифоҳ, комёбиҳои навин дар татбиқи нақшаҳои муайян­карда орзу намуданд.

 www.president.tj