Сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Москва

№75 (4181) 25.06.2020

Президент РФ В. Путин на церемонии возложения цветов к Могиле Неизвестного солдата23 июни соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 75 — умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар карданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири мудофиа ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.

24 июни соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Қасри Кремл Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин истиқбол гирифт. Сипас, аксгирии якҷояи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои як қатор кишварҳои ҷаҳон ва роҳбарону намояндагони ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ки барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати ҷашни Ғалаба ба шаҳри Москва ташриф оварданд, баргузор гардид.

Военный парад в ознаменование 75-летия ПобедыДар маркази асосии баргузории чорабиниҳои тантанавӣ – Майдони Сурх паради ҳарбӣ баргузор шуд, ки дар он 15 ҳазор низомӣ иштирок намуд.

Дар паради ҳарбӣ, ҳамчунин, 225 техника ва 150 тайёраи ҳарбӣ истифода ва 24 намунаи муосиртарин техникаи ҳарбӣ — мудофиавӣ муаррифӣ гардид.

Дар расми паради ҳарбӣ, дар баробари намояндагии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ курсантони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, аскарону афсарони полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Шумораи умумии иштирокчиёни паради ҳарбӣ аз Тоҷикистон 75 нафарро ташкил дод. Гузашти низомии ҳайати шахсиро дар Майдони Сурхи шаҳри Москва командири Баталиони қаровули фахрии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Ҳафиззода Файзимуҳаммад роҳбаладӣ намуд.

Баъди анҷоми расми паради ҳарбӣ дар Майдони Сурх Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои дигар кишварҳои иштирокчии чорабиниҳои тантанавӣ дар назди Ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузош­та, хотираи қурбониёни ҷанги мудҳиши солҳои 1941 — 1945 — ро гиромӣ доштанд.

www.president.tj