Сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия

№59 (4479) 17.05.2022

52077698059_8c02d72f2b_o16 майи соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари корӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия рафтанд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Зимни сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Дар шаҳри Москва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин мулоқот карданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Россия дар сатҳи шарикии стратегӣ ва дар чаҳорчӯбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигар ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқотро имкони хуби баррасии дурнамои ҳамкории ҳар ду кишвар маънидод карданд.

Аз вазъи феълии робитаҳои дуҷониба, рушди бемайлони муносибатҳо ва сатҳи ҳамкориҳои гуногунҷанба низ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ ҷиҳати баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашудаи соҳаҳои барои ҳар ду кишвар судовари бахшҳои иқтисодӣ ва ҷоннок кардани кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ табодули андеша намуданд.

Сарони давлатҳо, ҳамчунин, авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа, вазъи сиёсии кишвари ҳамсоя – Афғонистон, ҳамкорӣ дар соҳаи амният, масъалаи таъмини амният дар минтақаи СААД ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, ҳамчунин, дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар он Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим — Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ва Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас низ иштирок намуданд.

Нишаст ба 30-юмин солгарди имзои Созишнома дар бораи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СААД бахшида шуд.

Мулоқотро бо сухани муқаддимавӣ Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ифтитоҳ карда, сарони давлатҳои аъзои СААД-ро хайра мақдам гуфт.

Кори ҷаласа таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон, Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД Никол Пашинян дар ҳайати маҳдуд оғоз гардида, бо имзои санадҳо ва нишасти матбуотӣ хотима ёфт.

Аъзои Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ татбиқи қарордодҳои СААД дар 20 соли мавҷудияти он, инчунин вазъ дар кишварҳои аъзои СААД ва дурнамои рушди онро баррасӣ карданд.

Аз рӯи натиҷаи мулоқот Изҳороти Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ба муносибати 30 — юмин солгарди имзои Созишнома дар бораи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 20 — солагии таъсиси он ва Қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД «Дар бораи супоридани мукофотҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба иштирокчиёни амалиёти посдори сулҳи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон» қабул карда шуд.

www.president.tj