Субҳи 20 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба Соли нави миллӣ — Иди байналмилалии Наврӯз, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ифтитоҳи як зумра иншооти таъиноти гуногун ба шаҳри Нораки вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилояти Хатлон, аҳли илму фарҳанг ва ҷавонони шаҳри Норак бо рӯҳияи болида ва дар фазои шукӯҳманди наврӯзӣ истиқбол гирифтанд.
Сипас, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» оғози расмӣ бахшида, бо ҷараёни навсозии агрегатҳо шинос шуданд.
Неругоҳи барқи обии «Норак» бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Корҳои сохтмонии он соли 1961 оғоз гардида, 26 марти соли 1966 маҷрои дарёи Вахш баста шуд. Агрегати якуми неругоҳ бо иқтидори 300 МВт 15 ноябри соли 1972 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Неругоҳ аз 9 агрегат иборат буда, аз соли 1979 бо иқтидори пурраи 2700 МВт кор кардааст. Соли 1988 дар натиҷаи таҷдиди агрегатҳо иқтидори лоиҳавии неругоҳ 8 агрегат бо иқтидори 335 МВт ҳар кадом бо 320 МВт ба 3000 МВт расонида шуд.
Алҳол дар Неругоҳи барқи обии «Норак» 710 корманд, аз ҷумла 160 зан фаъолият доранд. Шумораи ҳайати муҳандисӣ-техникии неругоҳ 204 нафарро ташкил медиҳад.
Обанбори «Норак» обанбори танзими солона ба ҳисоб рафта, аз саргаҳи дарғот дар масофаи 70 километр тӯл кашидааст. Ҳаҷми обанбор 10,5 километри мукааб буда, 4,5 километри мукааби он барои истеҳсоли неруи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон истифода мешавад. Дарғоти (садди) неругоҳ маҷмааи гидротехникии сангу гилӣ буда, бо баландии 300 метр дар ҷаҳон баландтарин дарғоти сангу гилӣ ба шумор меравад.
Истеҳсоли миёнасолонаи неруи барқ дар неругоҳ 11,2 миллиард киловат-соатро ташкил дода, аз давраи бакорандозӣ то дар неругоҳ 448,4 миллиард киловат — соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 306,8 миллиарди он ба давраи соҳибистиқлолии кишвар рост меояд.
Айни замон, бинобар куҳнаю фарсуда гардидани таҷҳизоти асосӣ, неругоҳ тахминан бо иқтидори 2600 МВт фаъолият менамояд.
Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак» иқтидори лоиҳавии неругоҳ аз 3000 ба 3300 МВт бардошта шуда, дар маҷмӯъ бо дарназардошти тавоноии барқароршаванда иқтидори истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳ 700 МВт зиёд, сатҳу сифати хизматрасонӣ дар неругоҳ беҳтар ва таъминоти неруи барқ дар кишвар баланд хоҳад гардид.
Бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дарназардошти аҳамияти неругоҳ дар рушди иқтисодиёти кишвар ва татбиқи яке аз ҳадафҳои сиёсию стратегӣ, яъне ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ солҳои 2015-2016 дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ ва ҷалби ширкати мушовирӣ аз Франсия асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии Норак ва таъмини бехатарии садд»-и он омода карда шуд. Маблағи умумии таҷдиду навсозии неругоҳ то 700 миллион доллари америкоӣ арзёбӣ гардидааст. Муҳлати умумии татбиқи лоиҳа 10 солро ташкил дода, бо дарназардошти дастрасии маблағ лоиҳа дар ду марҳила амалӣ хоҳад шуд.
Марҳилаи якуми лоиҳа аз 4 қисм — иваз намудани 3 агрегат ва таҷҳизоти ёрирасони онҳо, иваз намудани автотрансформаторҳо (6 адад автотрансформаторҳои якфазаи 220/500кВ) ва таъмини бехатарии садд иборат буда, муҳлати татбиқи он 5 сол (солҳои 2019-2023) пешбинӣ гардидааст.
Дар маҷмӯъ, то ҳол барои маблағгузории лоиҳа 326,9 млн. доллари америкоӣ ҷалб гардидааст, ки аз он 169 миллиону 134 ҳазор доллар қарз ва 57 миллиону 800 ҳазор доллар гранти Бонки ҷаҳонӣ, 60 миллион доллар қарзи Бонки осиёгии сармоягузории инфрасохторӣ ва 40 миллион доллар қарзи Бонки авруосиёгии рушд мебошад.
Марҳилаи дуюми лоиҳа таҷдиди 6 агрегат ва таҷҳизоти ёрирасони неругоҳро дар бар гирифта, он дар 5 сол (солҳои 2024-2028) бо харҷи 148, 6 млн. доллар татбиқ хоҳад гардид.
Бояд гуфт, ки дар вақти татбиқи лоиҳа, ҷиҳати таҷдиди босамари агрегатҳои Неругоҳи барқи обии «Норак» пудратчиён аз техникаву технологияи муосири ҷаҳонӣ истифода мебаранд.
Таъкид кардан зарур аст, ки баъди анҷоми таҷдиду навсозӣ тамоми системаи неругоҳ бо технологияи навтарин ва пешрафтаи соҳа иваз карда мешаванд.
Зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳаи таъмири асосии Неругоҳи барқи обии «Норак» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ барои назорати иҷрои босифати корҳо супоришҳои мушаххас дода, ба ширкати пудратии лоиҳа — ширкати австриягии «Andritz Hydro», мушовири лоиҳа — ширкати шветсариягии «Stucky Ltd» ва зерпудратчии лоиҳа — ширкати ватании «Тоҷик СГЭМ» ҷиҳати татбиқи саривақтии лоиҳа маслиҳатҳои муфид доданд.
«Андритз Гидро» (ANDRITZ HYDRO) яке аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ оид ба истеҳсоли таҷҳизоти электромеханикии неругоҳҳои барқи обӣ, таҷдиду навсозӣ ва баланд бардоштани иқтидорҳои агрегатҳои неругоҳҳои барқи обӣ, пойгоҳҳои обкашӣ ва турбогенераторҳо ба шумор рафта, дар таҷрибаи 175-сола зиёда аз 31 ҳазор адад турбинаҳоро бо иқтидори умумии 430 ҳазор МВт истеҳсол ва таҳвил додааст.
Ширкат намояндагии худро дар тамоми минтақаҳои дунё, аз ҷумла Ҳиндустон, Чин, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Канада ва Бразилия дошта, дар даҳҳо давлати ҷаҳон фаъолият намудааст. Айни замон дар раванди амалисозии 16 лоиҳаи калонҳаҷм иштирок дорад.
Мавриди зикр аст, ки аз соли 2005 бо дастгирии шарикони рушд корҳо вобаста ба тоза намудани сатҳи поёноби неругоҳ, мониторинги бехатарии садди неругоҳ, насби дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 ва 220 кВ, иваз намудани трансформатори генератори рақами 8 бо иқтидори 450 МВА ва бо маблағгузории ШСХК «Барқи Тоҷик» иваз намудани чархи кории агрегати рақами 3 амалӣ шуд. Аз ҷумла, солҳои 2010-2016 бо дастгирии Бонки олмонии рушд ва Бонки рушди Осиё лоиҳаҳои барқарорсозии дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220/500 кВ дар Неругоҳи барқи обии «Норак» аз ҷониби ширкати олмонии «АLSTOM Grid GmbH» татбиқ карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои корӣ ба шаҳри Норак дар доираи амалӣ намудани лоиҳаи «Барқарорсозии дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи 220 кВ» ва «Барқарорсозии дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи 500 кВ» 13 августи соли 2013 дар Неругоҳи барқи обии «Норак» муҳимтарин қисмати ин иншооти стратегӣ — дастгоҳи нави барқтақсимкунии элегазии 220 — киловолта ва 27 апрели соли 2016 дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500 — киловолтаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Таҷҳизоти асосии лоиҳаҳо дар корхонаҳои Аврупо, аз ҷумла дар Швейтсария, Франсия, Италия, Германия, Полша ва Испания истеҳсол, ба ҷумҳурӣ таҳвил ва васлу насб карда шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо рафти корҳои навсозии агрегатҳои неругоҳ ва бехатарии садди он ба масъулини дахлдор барои иҷрои босифати таҷдиди агрегатҳо ва таҳкимбахшии ҳолати бехатарии садди неругоҳ дастуру супоришҳои мушаххас доданд ва муҳимияти иншооти бузурги гидроэнергетикии мамлакатро дар таъмини пешрафту тараққиёти бештари иқтисодию иҷтимоии кишвар, хусусан дар татбиқи ҳадафи чоруми миллии Тоҷикистон-саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ махсус таъкид намуданд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба хотири амалӣ сохтани нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва амалӣ кардани ҳадафҳои неки Сарвари давлат баҳри таъмини зиндагии шоиста барои мардуми шарафманди тоҷик, бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ, сохтмону таҷдиди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд карда шуданд.
Оғози корҳои барқарорсозӣ ва бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», ба кор андохтани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун», ба истифода додани хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и «Душанбе-Роғун», ба кор андохтани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВ ва 220-киловолтаи Неругоҳи барқи обии «Роғун», мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда — 1», «Сангтӯда — 2», «Помир — 1», Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи дурдасти Мурғоб, Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2», зеристгоҳҳои барқии 500-киловолтаи «Душанбе» ва «Суғд», хати интиқоли барқи 500-киловолтаи «Ҷануб-Шимол», дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 ва 500 киловолта дар Неругоҳи барқи обии «Норак», зеристгоҳҳои барқии 220 киловолтаи «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», «Геран — 2», хатҳои интиқоли барқи 220 киловолтаи «Лолазор-Хатлон», «Тоҷикистон-Афғонистон», «Хуҷанд-Айнӣ», «Қайроққум-Суғд», «Айнӣ-Рӯдакӣ» ва оғози татбиқи лоиҳаи САSA-1000 аз ҷумлаи комёбиҳои бузурги Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошанд, ки таҳти роҳнамоии бевоситаи Пешвои хирадманду дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда шудаанд. Бо татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар даҳ соли охир иқтидорҳои истеҳсолии системаи энергетикии кишвар 1320 мегават зиёд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 500, 220 ва 110-киловолта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Иқдомҳои навбатии созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти расидан ба ҳадафҳои неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» мебошад.
Айни ҳол таҷдиду навсозии Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» дар вилояти Хатлон идома дошта, моҳи майи соли 2019 таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» дар вилояти Суғд оғоз мегардад.
Иқтидори лоиҳавии Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» 240 мВт-ро ташкил дода, он 4-умин неругоҳи калон аз лиҳози иқтидор баъд аз неругоҳҳои барқи обии «Норак» (3000 МВт), «Сангтӯда — 1» (670 МВт) ва «Бойғозӣ» (600 МВт) ба ҳисоб меравад. Сохтмони неругоҳи мазкур, ки аз 6 агрегат иборат мебошад, ҳанӯз соли 1956 оғоз гардида, аввалин агрегати он соли 1962 ба кор дароварда шудааст. Аз ҳамон вақт ба ҷуз аз як агрегат — агрегати рақами 4, барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва самаранокии кори неругоҳ таҷдид ва навсозӣ анҷом дода нашудааст. Ба ғайр аз ин, бинобар аз кор мондани системаи назорат ва танзими баландшавии об соли 1993 ва соли 1994 агрегати рақами 2 қисман зери об монда буд.
Ҳамчунин бинобар истифодаи тӯлонӣ қисми зиёди таҷҳизоти электромеханикӣ ва гидромеханикии неругоҳ ва дастгоҳи тақсимкунандаи кушодаи он фарсуда шудаанд.
Бинобар кам шудани фоиданокии агрегатҳо ва зиёд гардидани хароҷоти истеҳсолӣ ҷиҳати дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани агрегатҳо бо дастуру супоришҳои Президенти мамлакат таъмиру таҷдиди неругоҳ оғоз гардид.
Бояд гуфт, ки тадбирҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодии мамлакат, ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини зиндагии шоистаи халқи тоҷик равона гардидааст, ки натиҷаҳояш барои рушду пешрафти кишвар неку бобарор хоҳад буд.
Дар идомаи сафари корӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии меҳмонхонаи замонавӣ, ки на чандон дуртар аз Неругоҳи барқи обии «Норак» дар мавзеи хушбоду ҳавои соҳили дарёи Вахш сохта мешавад, оғози расмӣ бахшиданд.
Он дар масоҳати 0,46 га аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мешавад.
Бинои меҳмонхона аз 4 ошёна иборат буда, дар таҳхонаи он бунёди толори варзишӣ, ду ошхона, ҳаммом, буғхона, ҳавзи шиноварӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ошёнаи якум ҷойи таомхӯрӣ, толори баргузории конфронс, утоқҳои корӣ ва як ошхонаи дигар низ сохта мешаванд. Тибқи лоиҳа, бунёди ҳуҷраҳои хоб, толори фароғатӣ, ҳаммом, ҳуҷраҳо барои меҳмонони олиқадр ва толори хурди варзишӣ дар ошёнаҳои сеюму чорум пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин, дар ҳудуди меҳмонхона биноҳои ёрирасон ва таваққуфгоҳ низ сохта мешаванд.
20 марти соли ҷорӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи нави истеҳсоли кошинҳои резинии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи таҷрибавӣ - механикӣ»-и шаҳри Норак мавриди истифода қарор гирифт.
Он бо харҷи зиёда аз 3 миллион сомонӣ бунёд ёфта, иқтидори истеҳсолиаш дар як рӯз 35 метри мураббаъ ва дар як сол 9 ҳазор метри мураббаъ кошинҳои резиниро ташкил медиҳад.
Дар коргоҳ бори нахуст аз шинаҳои автомобил, ки фарсуда шудаанд, се намуди маҳсулот истеҳсол гардида, ин номгӯи масолеҳи сохтмонӣ дар бунёди майдончаҳои варзишӣ, саҳни боғчаҳои кӯдакона ва роҳравҳо васеъ истифода мешавад.
Хати технологии коргоҳи нави истеҳсоли кошинҳои резинӣ аз Ҷумҳурии Халқии Хитой дастрас гардида, тавассути он тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва ҷавобгӯи замони муосир ба роҳ монда шудааст. Баъди ба истифода супоридани коргоҳи нав зиёда аз 20 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, шумораи коргарону мутахассисон дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи таҷрибавӣ- механикӣ» ба зиёда аз 150 нафар расид.
Пешвои миллат зимни шиносоӣ ба фаъолияти коргоҳҳои нав, ки дар онҳо истеҳсоли масолеҳи сохтмонии дорои сифати баланд ва рақобатпазир сурат мегирад, баҳои баланд дода, ба масъулон дастур доданд, ки дар баробари таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаро афзун намоянд.
Маврид ба таъкид аст, ки дар коргоҳҳои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи таҷрибавӣ – механикӣ» якчанд номгӯй масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла, қолаб ва аркҳо барои бунёди нақбҳо, электроди кафшергарӣ, шишаи моеъ, сеткаҳои деворбандӣ ва армасеткаҳо, симхор, бомпӯшҳои оҳанӣ, профилҳои тунукагӣ, бетони молӣ бо технологияи компютерӣ ва симтаноб барои кранҳои борбардор истеҳсол мегарданд, ки онҳо воридотивазкунанда буда, қаблан аз хориҷи кишвар дастрас мешуданд.
Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона асосан барои бунёди неругоҳҳои барқи обӣ, аз ҷумла, НБО «Роғун» истифода карда мешавад ва зиёда аз 600 коргару мутахассисони корхонаи мазкур дар ин иншооти аср дар самти корҳои зеризаминӣ ва харротӣ бо истифода аз техника ва технологияи муосир, ки назирашон дар Осиёи Марказӣ нест, фаъолияти босамар доранд.
20 марти соли 2019 дар минтақаи саноатии шаҳри Норак Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали Корхонаи «Гидромехсаноат»-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидромонтаж»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Самти фаъолияти корхона истеҳсоли таҷҳизоти гидромеханикӣ ва металлоконструксияи неругоҳҳои барқи обӣ ва дар Тоҷикистон ягона мебошад. Иқтидори истеҳсолии он дар як моҳ то ҳазор тонна таҷҳизоти гидромеханикӣ ва металлоконструксияи неругоҳҳои барқи обӣ аст.
Дар Корхонаи «Гидромехсаноат» истеҳсоли ҳама намуди дарвоза, аз ҷумла дарвозаҳои таъмирӣ, асосӣ, садамавӣ ва қубурҳои обрасони турбина барои неругоҳҳои барқи обӣ ба роҳ монда, 250 нафар бо ҷойи кор доимӣ таъмин шудааст.
Барои истеҳсоли маҳсулот дастгоҳу таҷҳизоти муосир, аз ҷумла, дастгоҳи амудӣ-фрезерӣ, харротӣ-мурватбурӣ, уфуқӣ — қиргиранда, чорвалкагии гидравликии даврагӣ, тасмабурӣ, вараққаткунӣ, варақросткунанда ва ғайра бо маблағи беш аз 15 миллион сомонӣ аз хориҷи кишвар ворид ва васлу насб гардидаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Қайд гардид, ки таҷҳизоти барои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, ки вазни ҳар як кадоми он аз 50 то 190 тоннаро ташкил медиҳад, то кунун аз Федератсияи Россия ва Украина оварда мешуд.
Алҳол дар доираи дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти олии Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳибкорон ва расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат бунёди корхонаҳои азими саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъат дода шудааст. Ин раванд барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамчунин, ба коҳиши воридоти дастгоҳу таҷҳизот оварда мерасонад.
Сипас, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутахассисони Институти лоиҳакашии сохтмони неругоҳҳо, ки дар назди корхона таъсис дода шудааст, муаррифӣ гардиданд. Тавре таъкид шуд, ба ин институт беҳтарин мутахассисони соҳа ҷалб гардидаанд, ки дар рушди соҳаи энергетикаи мамлакат саҳми назаррас хоҳанд гузошт.
Бо бунёди марҳилаҳои дуюму сеюми Корхонаи «Гидромехсаноат», дар баробари афзун гардидани иқтидори истеҳсолӣ, шумораи ҷойҳои корӣ дар он бештар карда мешавад.
Аз рӯи маълумоти масъулин, айни ҳол барои маъмурият бинои нав сохта шудааст. Бунёди бинои дуошёна барои коргоҳи дӯзандагӣ ва хобгоҳ барои кормандони корхона идома дорад.
Бояд гуфт, ки дар назди корхона коргоҳи дӯзандагӣ фаъолият мекунад, ки занону бонувон бо истифода аз шароиту имконоти фарохи муҳайёгардида ба дӯхти либоси корӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ барои кормандони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидромонтаж» машғуланд. Дар ҷойи биноҳои маъмурӣ ва коргоҳи дӯзандагии қаблӣ сохтмони марҳилаҳои ояндаи корхона оғоз хоҳад гардид.
Корхонаи «Гидромехсаноат» дар баробари истеҳсол ҳамчунин, дарвозаҳои таъмирӣ, асосӣ, садамавӣ ва қубурҳои обрасони турбинаро бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ дар неругоҳҳои барқи обӣ васлу насб менамояд ва имкон медиҳад, ки бо харҷи ками маблағу сарфаи вақт таҷҳизоти зарурӣ бо сифати баланд дар дохили мамлакат истеҳсол ва дастрас гардад.
20 марти соли 2019 дар шаҳри Норак Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода доданд.
Он дар майдони 1570 метри мураббаъ бунёд ёфтааст. Баландии сутунпояи Нишони давлатӣ аз сатҳи сақф 20 метр ва худи Нишон қариб ду метрро ташкил медиҳад ва аз масолеҳи хушсифату тобовар сохта шудааст.
Майдони Нишони давлатӣ аз се қисмат иборат мебошад, ки бо санги мармар коркард ва зебу оро дода шудаанд. Ҳамчунин, дар гирду атрофи иншоот гулу буттаҳои ороишиву мавсимӣ шинонидаанд. Роҳҳои мошингарди атрофи иншоот мумфарш ва ба талаби замон мувофиқ гардонида шудааст.
Майдони Нишони давлатиро шабонгоҳ 76 чароғаки поядор ва сутунпояву Нишонро 10 чароғаки пуриқтидор равшанӣ хоҳанд дод. Аз ду ҷониби майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯшаҳои алоҳида барои шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ бунёд ва пурра бо тавораҳои панҷарадори алюминӣ зебу оро ёфтааст.
Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои нигоҳубини дурусти иншоот ва сабзу хуррам кардани атрофи он ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.
Дар ҳудуди иншоот наздик ба 40 адад нишастгоҳ насб гардида, то 200 дарахти сояафкану ҳамешасабз шинонида шудааст. Дар дохили иншоот як қаҳвахона низ бунёд ёфтааст.
Майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва атрофи он, бахусус, шомгоҳон, бо системаи муосири равшанидиҳӣ зебову нотакрор ба назар мерасад.
Дар шафати Нишони давлатӣ ду майдони сайру саёҳат низ барои сокинон сохта шудааст.
20 марти соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Варзишгоҳи марказии шаҳри Норак барои бунёди майдони варзишӣ санги асос гузошта, бо сохтмончиёни он суҳбат намуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, майдони варзишӣ, ки дар заминаи варзишгоҳи марказии шаҳр бунёд меёбад, барои 10 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.
Тибқи лоиҳа, майдони ҳозираи футбол бетағйир нигоҳ дошта мешавад ва дар атрофи он нишастгоҳҳои замонавӣ бунёд мегарданд. Иншооти нав дар масоҳати 4,3 гектар сохта хоҳад шуд. Дар ин ҷо, дар баробари нишастгоҳ, шароит барои машқу тамрин фароҳам оварда мешавад.
Дар варзишгоҳи нав барои 4 даста ҳуҷраҳои варзишгарон бунёд мегардад. Иншоот, ҳамчунин, бо утоқҳои либосивазкунӣ, ҳаммом, нуқтаи тиббӣ, дафтари кории маъмурият ва ҳуҷраҳои техникӣ мувофиқи талаботи замони муосир таъмин хоҳад шуд. Барои обутоби бадан дар ин ҷо толорҳои алоҳидаи машқу тамрин дар назар дошта шудааст, ки ҳар кадом бо ҳуҷраҳои либосивазкунӣ ва мағоза таъмин мегарданд.
Тибқи лоиҳа, дар варзишгоҳ биноҳои ёрирасони дигар — зеристгоҳи барқӣ, майдон барои партов, ҳавзи оташхомӯшкунӣ, таваққуфгоҳ барои нақлиёт ва майдон барои бозии баскетболу волейбол низ сохта мешаванд.
Баъди ошноӣ бо тарҳи варзишгоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулину сохтмончиён барои иҷрои саривақтии корҳо, назорати қатъии сифат ва истифодаи масолеҳи баландсифат дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
20 марти соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак, чун анъанаи аҷдодӣ, ба 250 нафар ятими кул, ки муҳассилини муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон буданд, туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим намуданд.
Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таманниёти нек наврасону ҷавонони бо амри тақдир бесаробонмондаро бо фарорасии ҷашни зебои баҳор — Наврӯзи оламафрӯз ва Соли нави миллӣ табрику муборакбод гуфта, онҳоро ба хониши аъло, одоби ҳамида, рафтори намунавӣ ва ҳамчун фарди соҳибилму бомаърифат ба воя расидан ҳидоят карданд.
Туҳфаҳои идонаи Сарвари давлат аз маҷмӯи сарулибоси тобистона ва зимистона, аз ҷумла, шиму костюм, курта, ҷӯробу пойафзол, болопӯш, барои духтарон 12 метрӣ матои хушсифати атлас ва шириниҳои гуногун иборат буданд.
Он рӯз, ҳамчунин, барои ятимон зиёфати идона ороста, аз ҷониби Пешвои миллат ба ҳар яки онҳо маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд.
Тибқи маълумот, алҳол дар вилояти Хатлон 648 нафар ятими кул ба қайд гирифта шудааст ва туҳфаҳои идонаи Роҳбари давлат ба 400 нафари боқимонда низ дастрас карда мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дасти ёрӣ дароз кардан ба нафарони ниёзманд аз беҳтарин хислатҳои инсонӣ маҳсуб меёбад ва ин амалро дар ҷумҳурӣ чун анъанаи накуи ниёкон дар арафаи ҳама иду ҷашнҳо шахсони саховатпеша ва хайрхоҳ анҷом медиҳанд.
Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати иҷтимоӣ фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил барои наврасону ҷавонон, бахусус, нафарони бепарастор ва фарзандони оилаҳои ниёзмандро дар навбати аввал, қарор додааст. Ҳамин аст, ки ҳар сол барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таълим ва будубоши ятимон дар мактаб — интернатҳои мамлакат ва бо ҷойи кор таъмин шудану шарафёб гардидани онҳо ба зиндагии арзанда корҳои назаррасу самарабахш анҷом дода мешавад.
Ятимони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки илмҳои муосирро аз бар манамоянд ва ҳамчун донишманд ба воя расида, бо эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ дар рушду пешрафти минбаъдаи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.
Он рӯз хушнудиву болидарӯҳии ятимони кулро ҳадду канор набуд, зеро, на танҳо ҳар кадоми онҳо соҳиби туҳфаҳои арзишманди идона гардиданд, балки бо Сарвари саховатпешаву дурандеши кишвар суҳбати самимӣ анҷом доданд.
20 марти соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак дар вазъияти тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатиро барафрохтанд.
Баландии пояи Парчами давлатӣ 50 метрро ташкил медиҳад. Дарозии матои он 14 метр ва паҳноиаш 7 метр мебошад.
Иншоот дар масоҳати 40 садяк бунёд ва атрофи он бо гулу буттаҳои ҳархела, дарахтони ҳамешасабз, чароғҳои равшанидиҳанда бо тарҳи муосир оро дода шудааст.
Парчами давлатӣ дар макони сераҳолии шаҳр ба хотири арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ бунёд гардидааст.
20 марти соли 2019 дар майдони марказии шаҳри Норак Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз рӯи муҷассамаи асосгузори аввалин давлати тоҷикон — шоҳ Исмоили Сомонӣ онро ифтитоҳ бахшиданд.
Баландии пояи он 7,5 ва худи муҷассама 7 метрро ташкил медиҳад.
Муаллифони муҷассама ҳайкалтарошон, аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Мансур Маҷидов ва Рустам Ҳоҷибоев мебошанд.
Маҷмааю муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бо маблағҳои соҳибкорони ватанӣ, сокинони саховатпешаи шаҳри Норак ба ифтихори истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
Майдони назди муҷассама бо фаввораҳо, гулгашту хиёбон бо гулҳои тару тоза ва растаҳо бо чароғҳои рангаву курсиҳо оро дода шудаанд. Соҳибкорон, ҳамчунин, роҳҳои назди муҷассамаро мумфарш карда, барои сайру тамошои сокинону меҳмонони шаҳри Норак басо мувофиқ гардондаанд.
Дар рафти корҳои сохтмонии маҷмаа беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.
Мавриди зикр аст, ки бунёди муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ, Нишони давлатӣ ва барафрохтани Парчами миллӣ дар саросари мамлакат аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи олии қадршиносию арҷгузорӣ ба гузаштаи неку ибратбахши давлату миллати тоҷик ва рамзҳову муқаддасоти он мебошад.
Баъдан, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди меҳмонони ҷашнвораи Наврӯзи байналмилалӣ ва роҳбарону фаъолони шаҳри Норак, ки дар базмгоҳи наврӯзӣ ҷамъ омада буданд, суханронӣ карданд.
Сипас, маросими тантанавии ҷашни Наврӯзи байналмилалиро барномаи бошукӯҳи театрикунонидаи «Корвони наврӯзӣ» идома бахшид.
Тибқи иттилои масъулин, ба чорабинии ҷашнӣ беш аз 10 ҳазор нафар ҷалб гардиданд. Дар барномаи фарҳангӣ — оммавӣ анъанаву русуми аҷдодии бошандагони кишвар ва суннатҳои марбут ба қавму миллатҳои ҷашнгирандаи ҳавзаи Наврӯз таҷассум пайдо карданд, ки басо дилписанд ва хотирмон буданд.
Рақсу бозӣ, иҷрои сурудҳои халқӣ, намоиши омода кардани таомҳои миллии хоси Наврӯз ва ғайра аз бахшҳои асосии намоиш буданд, ки ба ҳозирин хеле писанд омаданд.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳиягарону ҳунармандон барои ташкили чорабинии сатҳи баланд арзи сипос намуданд.
www.president.tj