Сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Остона

№135 (3929) 10.11.2018

30840629007_bb923e8b36_o8 ноябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири мудофиа, котиби Шӯрои амният ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

8 ноябр дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, иҷрокунандаи вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ширкат варзиданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба ҳамгироии давлатҳои аъзои созмон ва дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, ҳисоботи котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва рафти иҷрои қарордодҳои ҷаласаи қаблии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар моҳи ноябри соли 2017, самтҳои ояндадори фаъолият дар давраи раёсати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигар масъалаҳои муҳими марбут ба таъмини амнияту суботи минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки дар ҷаҳони имрӯза хатару таҳдидҳо ба амнияту суботи давлатҳо, аз ҷумла, дар минтақаи масъулияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, дар ҳоли афзоиш қарор доранд ва тақвияти бештари ҳамгироии давлатҳои аъзои созмонро дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуби аср тақозо менамоянд.

Ба таври мушаххас аз афзоиши гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва вазъи мураккаби сиёсию ҳарбӣ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карда шуд.

Дар робита ба ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳои аъзои созмонро ба таҳкими сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон, ки сарҳади ҷанубии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ маҳсуб меёбад, рафти татбиқи минбаъдаи Қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ «Дар бораи расонидани кумак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими марз бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон» ва вусъат бахшидани таҳияи лоиҳаи «Барномаи мақсадноки байнидавлатии таҳкими сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон» ҷалб намуданд.

Муҳимияти тақвияти муборизаи муштарак бо дигар зуҳуроти номатлуби аср, бахусус, муборизаи беамон бар зидди терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои муташаккилу фаромиллӣ, таъкид карда шуд.

Дар ҷаласа Изҳороти Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Изҳороти сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ «Дар бораи чораҳои ҳамоҳангшуда нисбат ба нафароне, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалии террористӣ дар муноқишаҳои ҳарбӣ иштирок намудаанд» ва беш аз 18 қарор доир ба ҳамгироии минбаъда дар самтҳои гуногун ба имзо расид.

Рафти баргузории ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма натиҷагирӣ карда шуд.

www.president.tj