Сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Роғун

№128 (4234) 15.10.2020

50478222006_6c56756a91_o14 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» ташриф оварданд.

Бунёдгузори иншооти азими аср — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Нахуст Пешвои миллат бо ҷараёни корҳо дар сарбанди неругоҳ, ки яке аз иншооти муҳим ва асосии сохтмон ба ҳисоб меравад, шинос шуданд.

Бояд гуфт, ки бо азми қавӣ ва иродаи устувор бунёдгарон хобондану шибба кардани омехтаи сангу шағал ва дигар ҷинсҳои кӯҳиро дар танаи сарбанд идома дода, обанборро то ба сатҳи 1080 метр аз сатҳи баҳр расондаанд.

Маводи хобондашуда дар сарбанд 11,8 млн. метри мукааб, аз ҷумла, дар қисми болоии он 8,3 млн. метри мукааб ва дар қисми поёнӣ 3, 5 млн. метри мукаабро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми умумии корҳои иҷрошаванда дар доираи лоиҳа дар сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» 79,4 млн. метри мукааб мебошад. Ҳоло сатҳи обанбор дар нишонии 1070 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад.

Зимни шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълум гардид, ки барои кашонидан ва қабат ба қабат хобондани маводи сарбанд беш аз 100 адад техника, аз қабили мошинҳои гаронвазни боркаш, булдозерҳо, экскаваторҳо ва дигар механизмҳои зарурӣ сафарбар карда шудааст. Кор дар сарбанд дар ду баст шабонарӯзӣ сурат мегирад ва то 35 ҳазор метри мукааб мавод хобонида мешавад. Ҳаракати бетаваққуфи мошину механизмҳои гуногунтамға дар ин корзори нангу номус дарки масъулияти ватандорӣ ва худшиносию худогоҳии ҳар як сохтмончиро бозгӯ мекунад.

Дар заминаи дастгирии ҳамешагӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёдгарони Кохи нур талош доранд, ки бо иҷрои саривақтӣ ва таъмини сифатноки корҳо дар самти расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ҳиссаи сазовор гузоранд.

Баробари иҷрои корҳои заминӣ сохтмончиён, ҳамчунин, дар ин ­қитъаи сохтмон васлу насби асбобҳои санҷишӣ-ченкуниро низ идома дода истодаанд.

Сифати корҳо дар сарбанди неругоҳ пурра таҳти назорати ҷиддии мутахассисон қарор дорад. Баъди хобонидани ҳар қабат коргарони озмоишгоҳ намуна гирифта, таркиби донабандии сарбандро аз ташхис мегузаронанд ва дар сурати ба даст омадани натиҷаи мусбат ба хобонидани қабати навбатӣ иҷозат медиҳанд.

Дар қисми пеши сарбанд, ба хотири нагузаштани об, то сатҳи 1080 метр зиёда аз 65 ҳазор метри мураб­баъ маводи зиддиполоишии геомембрана, ки асосан дар кишварҳои Аврупо истеҳсол мегардад, насб шудааст. Тибқи маълумот, чунин мавод дар Осиёи Марказӣ ҳанӯз дар ягон кишвар истифода нагардидааст.

Дар дигар мавзеъҳои сарбанд, яъне ду тарафи соҳил, корҳои ҳамворкунӣ, бетонпошӣ, анкерхобонӣ ва дигар корҳои зарурӣ бо ҷӯшу хурӯш идома доранд.

Корҳои сохтмониро дар сарбанди неругоҳ ширкатҳои ватанию хориҷӣ бо ҷалби мутахассисони баландихтисос ва дорои таҷрибаи ғанӣ иҷро менамоянд.

Зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар сарбанди неругоҳ Сарвари давлат ба роҳбарияти Ширкати «Вибилд» дастур доданд, ки бунёди сарбанд дар муҳлати муайянгардида ва бо сифати баланду ҷавобгӯ ба талаботи сохтмонӣ ба анҷом расонида шаванд.

Дар баробари мутахассисони дорои таҷрибаи зиёди корӣ, дар корзори «Роғун» ҷавонони ватандӯсту меҳанпараст низ бо дасту дили гарм ва умед ба ояндаи боз ҳам шукуфони Ватан баҳри иҷрои корҳои сохтмонӣ камар бастаанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба иродаи устувор ва неруи созандаи кормандони муҳандисию техникии Неругоҳи барқи обии «Роғун» аҳсан хонданд.

Дар мавзеи бунёди НБО-и «Роғун» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуданд.

50478347432_c8372399d9_oКорҳои сохтмонӣ дар он соли 2018 оғоз гардидааст. Дарозии иншоот 1750 метр ва қутраш 15 метрро ташкил медиҳад.

Қобилияти обгузаронии нақби сохтмонии қабати чорум дар як сония 3500 метри мукаабро дар бар мегирад.

То ҳол ҳаҷми умумии корҳои нақбканӣ 342,3 ҳазор метри мукааб, корҳои бетонхобонӣ 92,2 ҳазор ­метри мукааб ва гузоштани анкерҳои ПНА 21 ҳазор метр иҷро гардидааст.

Дар камераи дарвозаҳои садамавӣ ва асосии нақби сохтмонии қабати чорум корҳои нақбканӣ 73,3 ҳазор, бетонхобонӣ 3,3 ҳазор метри мукааб ва корҳои васлу насби оҳанфулузот дар ҳаҷми 181 тонна иҷро гардидааст.

Корҳои лоиҳакашии иншоотро ширкати «Гидропроект»-и Москва, «Эфри»-и Швейтсария, ҶСП «Тоҷик Кон» ва лоиҳакашии корҳои васлу насби оҳану фулузотро ҶСК «Тоҷикгидромонтаж» анҷом медиҳанд. Корҳои сохтмону васлгариро ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» идома дода истодаанд.

Чун дигар қитъаҳои сохтмонӣ коргарону мутахассисони соҳибтаҷриба бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ ва масъулиятшиносӣ бо истифода аз муосиртарин нақлиёту механизми соҳавӣ корро дар нақби сохтмонии қабати чорум шабонарӯзӣ анҷом дода истодаанд.

Дар рафти бунёди иншоот ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Масолеҳи сохтмонӣ қабл аз истифода санҷида мешавад.

Муҳайё будани шароити мукаммали корӣ барои кормандони муҳандисиву техникии ин иншооти азим омили асосии марҳила ба марҳила дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонидани корҳо гардидааст.

Фаъолияти дастаҷамъона ва дарки баланди масъулиятшиносии кормандон буд, ки ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда шуд. Агрегатҳои дигари ин иншооти азими гидро­энергетикии мамлакат низ мувофиқи нақша дар муҳлатҳои муайяншуда мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳанд шуд.

Аснои шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар ин қитъа Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодааст. Бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷумлаи нақшаҳои асосии давлат дар самти расидан ба ин ҳадафи стратегӣ мебошад. Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки иншооти стратегӣ ба ҳисоб меравад, дар ояндаи наздик Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истиқлолияти комили энергетикӣ расонида, пешрафти иқтисоди миллиро дар мамлакат пурра таъмин сохта, барои ҳар шаҳрванд зиндагии шоистаро ­фароҳам меорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти обқабулкунаки доимии Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд.

Корҳои сохтмонию васлгарӣ дар ин иншоот аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ориёно» босуръат идома дорад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти коргарону мутахассисон ошно шуда, ба онҳо дастур доданд, ки қабл аз ҳама, ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати зарурӣ диҳанд.

Дар обқабулкунакҳои асосӣ, бо дарназардошти роҳҳои дастрасӣ ба онҳо ва мустаҳкам намудани фарози кӯҳҳо, то ҳол 4,3 миллион метри мукааб корҳои заминӣ, 4,1 ҳазор метр гузоштани анкерҳои ПНА ва 134,4 ҳазор метри мураббаъ пошидани маҳлулҳои бетонӣ ба анҷом расидааст.

Фаъолияти босамар ва шабонарӯзии коргарону мутахассисон имкон фароҳам овардааст, ки дар иншоот корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд ва тибқи нақшаи пешбинишуда вусъат ёбанд.

Корҳои нақбкании шахтаҳои дарвозаҳои обрасон дар сатҳи 1300 метр аз ҷониби коргарони «Заводи таҷрибавӣ – механикӣ»-и Норак тибқи риояи талабот ва меъёрҳои сохтмонӣ анҷом ёфта истодааст.

Дар иншооти обқабулкунаки дои­мии Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз техникаву механизмҳои муосир истифода мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба рафти корҳои сохтмонӣ ва фаъолияти коргарону мутахассисон дар иншоот баҳои баланд доданд.

Қобили зикр аст, ки коргарону мутахассисон бо азму иродаи созанда ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон шабонарӯзӣ заҳмат кашида, ба хотири анҷоми муваффақона ва босифати корҳо беш аз ҳарвақта саъю талош варзида истодаанд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар нақби нақлиётии Т-18, нақбҳои обрасони агрегатҳо ва шахтаҳои турбинаҳои Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки босуръат идома доранд, шинос шуданд.

50478374322_4b504a583b_oДар қитъаи дигари сохтмони иншооти обқабулкунаки доимии неругоҳ, аз ҷумла, камераи васлгарӣ низ, фаъолияти коргарону мутахассисон назаррас аст. То ба ҳол ҳаҷми умумии корҳои нақбканӣ 58,2 ҳазор метри мукааб ва бетонпошӣ 9,8 ҳазор метри мураббаъ иҷро гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар шахтаҳои турбинаҳо, нақби нақлиётии Т-18 ва нақбҳои обрасони агрегатҳо бо истифодаи техникаҳои пуриқтидору муосир ва ҷалби коргарону мутахассисони соҳибтаҷриба идома дорад.

Дар иншоот то кунун 67 ҳазору 877 метри мукааб корҳои нақбканӣ анҷом дода шудааст. Корҳои бетонхобонӣ ба 22 ҳазору 843 метри мукааб расидааст.

Коргарону мутахассисон дар иҷрои корҳои сохтмони шахтаҳои турбинаҳо ва нақбҳои обрасони агрегатҳо фаъолияти босамару натиҷабахш нишон дода истодаанд.

Дар шахтаҳои амудӣ нақбкании фурнелҳо то сатҳи зарурӣ анҷом ёфтааст. Барои кушодсозии шахтаҳои обрасон коргарону мутахассисон бо истифода аз техникаҳои замонавӣ пурсамар фаъолият доранд.

Техникаю механизмҳои муосиру камназир барои иҷрои саривақтӣ ва босифати корҳои нақбканӣ, пармакунӣ то умқи бештар аз 200 метр ва кандани шахтаҳои турбинаҳо дар ин қитъаҳои сохтмонии муҳиму зарурии Неругоҳи барқи обии «Роғун» мусоидат намудаанд.

Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи таҷрибавӣ-механикӣ»-и шаҳри Норак, ки дорои техникаҳои муосири нақбканию пармакунӣ ва дигар механизмҳои зарурӣ мебошад, дар самти истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридотии босифат ва ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ низ нақши муҳим дорад.

Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона дар сохтмони иншооту инфрасохтори Неругоҳи барқи обии «Роғун» васеъ истифода мешавад.

Иншооти шахтаи ҳаводиҳанда аз тарафи институти «Гидропроект» лоиҳакашӣ шудааст. Барои иншооти мазкурро дар муҳлатҳои муайяншуда ба истифода додан ширкатҳои ватанию хориҷӣ бо техникаву механизмҳои пуриқтидор ва замонавӣ ҷалб гардидаанд. Айни замон иншооти шахтаи ҳаводиҳии толори мошинҳо ва трансформаторҳо ба кор омода мебошад.

Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» коргарони соҳибкасбу баландихтисос, мутахассисони нақбкану пармагар, кафшергару васлгар солҳои охир ба камол расидаанд ва фаъолияти босамари онҳо дар қитъаҳои сохтмонӣ баръало ба назар мерасад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти коргарону мутахассисон дар маҳали сохтмони шахтаҳои турбинаҳо, нақбҳои обрасони агрегатҳо ва шахтаи ҳаводиҳӣ баҳои сазовор доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дидбонгоҳи кони рақами 17 ҷараёни корҳоро дар баромадгоҳи нақбҳои сохтмонии СТ-3 ва СТ-4 мушоҳида карданд.

Нақбҳои сохтмонии СТ-3 ва СТ-4 дар давраҳои серобӣ барои гузаронидани об аз сатҳҳои зарурӣ пешбинӣ шудааст.

Тарҳи иншоот аз тарафи институтҳои лоиҳакашии «Гидропроэкт», «AFRY» (Поири) — Швейтсария ва Ширкати лоиҳакашии «Тоно энержи байналмилал» мураттаб гаштааст.

Алҳол бунёдгарони ин кохи нур дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрои корҳоро дар ҳама қитъаи сохтмонӣ вусъат бахшида, ба хотири рушди устувори Ватани маҳбуб азму талош намуда истодаанд.

Барои бунёди баромадгоҳи нақби сохтмонии СТ-3 чор ширкати ватанӣ — ҶДММ «Вахш Сохтмон», ҶСК «Тоҷикгидромонтаж», ҶСП «ЗТМ» ва ҶДММ «Гушикай ЛТД» ҷалб гардидаанд, ки дар онҳо садҳо нафар мутахассиси корозмуда ва дорои таҷрибаи баланди касбӣ фаъолият мекунанд.

Айни замон корҳои хокбардорӣ ва мустаҳкамкунии нишебиҳо аз тарафи пудратчиҳо ҷараён доранд.

Дар баромадгоҳи нақби сохтмонии СТ-3 корҳои заминӣ ва мустаҳкамкунии канораҳои кӯҳ идома дорад.

Дар ин ҷо зиёда аз 4,3 млн. метри мукааб корҳои заминӣ, 233 ҳазор метри мураббаъ корҳои бетонхобонӣ, 99,8 ҳазор метр гузоштани анкерҳои ПНА ва дар масоҳати 168 ҳазор метри мураббаъ пошидани маҳлулҳои бетонӣ иҷро гардидааст.

Ҷиҳати мустаҳкамкунии канораҳои кӯҳ кор шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Сифати корҳои сохтмонӣ мавриди таваҷҷуҳи мутахассисони озмоишгоҳ қарор дорад.

Таваҷҷуҳи махсус ва назорати бевоситаву дастуру нишондодҳои Сарвари давлат дар иншооти тақдирсози аср-НБО «Роғун» боис гардидааст, ки кор дар асоси нақша ва аз рӯйи лоиҳаи тасдиқгардида идома ёбад.

Зимни муаррифии баромадгоҳи нақби сохтмонии СТ-4 иттилоъ дода шуд, ки тарҳи он аз тарафи Ширкати лоиҳакашии «AFRY» (Поири)-и Швейтсария иҷро шудааст.

Тибқи лоиҳа, ҳаҷми корҳои хокбардорӣ ба 581,2 ҳазор метри мукааб, бетонхобонӣ 33, 3 ҳазор метри мукааб, гузоштани анкерҳои оҳану бетонӣ ба 114,8 ҳазор метр баробар карда, дар масоҳати 97, 8 ҳазор мет­ри мукааб маҳлулҳои бетонӣ пошида шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони муҳандисию техникии НБО «Роғун» дастур доданд, ки минбаъд низ ба иҷрои сифатноки корҳои сохтмонӣ диққати махсус равона созанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун», ҳамчунин, ба толори мошинҳо ташриф оварда, бо ҷараёни корҳо дар агрегати рақами 4 шинос шуданд.

Корҳои сохтмону васлгарӣ дар толори мошинҳо аз соли 2008 оғоз ёфта, бо суръат ва сифати баланд идома доранд. Сохтмони иншоот дар асоси лоиҳаи Институти лоиҳакашии «Гидропроект» сурат гирифта истодааст. Дарозии толор 219,7 метр ва паҳноии он 21 метрро ташкил медиҳад. Баландии бино аз сатҳи поёнӣ то сақф 70 метр, аз сатҳи болои фарш 20 метр мебошад.

Айни замон дар мавзеи агрегатҳои рақамҳои 5 ва 6 корҳои сохт­мону васлгарӣ ба анҷом расидааст ва ду агрегат дар ҳолати корӣ қарор доранд. Дар мавзеи агрегати рақами 4 бошад, корҳои оҳану бетонӣ дар атрофи камераи спиралӣ то сатҳи 964,1 метр анҷом ёфтааст. Дар маҷмӯъ, дар ин иншоот корҳои нақбканӣ ба андозаи 214 ҳазор метри мукааб, бетони пуркунанда 2278, бетони конструктивӣ 35 ҳазор метри мукааб, сементатсияи мустаҳкамкунанда 34, 4 ҳазор метри тӯлонӣ иҷро, анкерҳои АЖГ 3212 ва анкери ПНА 891 адад насб шудааст.

Корҳои сохтмонию васлгарӣ дар мавзеи агрегати рақами 4 дар асоси нақшаи муайянгардида, аз рӯи нишондодҳои техникӣ ва бо риояи меъёрҳои пазируфтаи сохтмони неругоҳ ба анҷом расонида шудаанд.

Дар агрегати 3-юми иншоот кор бо суръату сифати баланд идома дорад.

Тибқи лоиҳа, 80 дарсади иншооти НБО «Роғун» зеризаминӣ буда, дар қалби кӯҳҳои сарбафалак ҷой гирифтаанд. Корҳои сохтмонӣ дар нақбҳои ҷаббандаи агрегатҳои рақами 1, 2 ва 3 оғоз гардидаанд. Дарозии ҳар кадоми ин нақбҳо 76,7 метри тӯлонӣ, масоҳати миёнаи буриши кундалангии онҳо 134 метри мураббаъ мебошад. Шакли буриши кундалангии ин нақбҳо аз ҷониби толори мошинҳо даврашакл ва дар қисмати моилӣ доирашакл мебошад. Корҳои нақбканӣ дар қисми горизонталии ин нақбҳо қисман иҷро гардидааст. Ба зери толори мошинҳо ва ҳам ба зери бинои трансформаторҳо аз ҳар се нақб фурнел зада шудааст.

Ҳаҷми корҳои иҷрогардида дар самти нақбканӣ дар нақбҳои ҷаббандаи агрегатҳои рақамҳои 1, 2 ва 3 ба андозаи 25,5 ҳазор метри мукааб ва корҳои бетони пуркунанда 575 метри мукаабро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумоти сохтмончиён, корҳои сохтмонӣ дар қисмати горизонталии поёнӣ ва шахтаи вертикалии нақбҳои обрасони агрегатҳои 1 — 6 тибқи лоиҳаи Ширкати «AFRY» (Поири) иҷро гардида истодааст.

Дар шахтаҳои вертикалӣ нақбкании фурнелҳо то сатҳи зарурӣ анҷом ёфтааст. Барои кушодсозии шахтаҳои обрасонии 2,3, 4,5 ва 6 аз сатҳи 1171 ба поён, корҳои нақбканӣ ба андозаи 19988 метри мукааб иҷро карда шудааст.

Ду агрегати иншоот, ки аввалин 16 ноябри соли 2018 ва дуюмин 9 сент­ябри соли 2019 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буданд, беш аз 210 мегаватт иқтидор доштанд. Вобаста ба баланд бардоштани сатҳи обанбор, иқтидори ҳар кадом аз агрегатҳо то 130 мегаватт боло рафт. Тибқи иттилоъ, то ҳол ду агрегат ба миқдори 1 миллиарду 900 миллиону 475 ҳазору 900 киловатт/соат неруи барқ истеҳсол кардаанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар агрегати чоруми НБО «Роғун» ба суръату сифати корҳо баҳои баланд доданд.

www.president.tj