12 июли соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» ташриф оварданд.
Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ба рафти корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуданд, ки кор дар он соли 2018 оғоз гашта, дарозии иншоот бо дарназардошти баромадгоҳ 1750 метр ва қутраш 15 метрро дар бар мегирад.
Иқтидори нақби сохтмонии қабати чорум дар як сония 3500 метри мукааб об буда, дарозии нақбҳои дастрасӣ ва аэротсионӣ (яъне ҳаводиҳӣ) 2319 метрро ташкил медиҳад.
Корҳои лоиҳакашии иншоот аз ҷониби ширкати «ЭФРИ»-и Швейтсария ва ҶСП «Тоҷик Кон» анҷом ёфта, сохтмону васлгарӣ аз ҷониби ҶСК «Тоҷикгидромонтаж» ва ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» идома дорад.
Ҳаҷми умумии корҳои нақбканӣ дар ин қитъа тибқи лоиҳа 417 ҳазору 881 метри мукааб ва бетонхобонӣ 136 ҳазору 286 метри мукааб буда, то ҳол корҳои нақбканӣ 374 ҳазору 102 метри мукааб ва бетонхобонӣ 39 ҳазору 200 метри мукааб иҷро гардидааст.
Айни замон бо ҷалби мутахассисони ватанӣ арматурбандии бетони конструктивии девор, сақфи нақб, корҳои сементатсионии пуркунанда, мустаҳкамкунанда ва дигар корҳои сохтмонӣ ба таври шабонарӯзӣ ҷараён дорад.
Дар камераи дарвозаҳои садамавӣ ва асосии нақби сохтмонии қабати чорум низ, тибқи нақша, корҳои сохтмонӣ бо ҷалби мутахассисон дар ду баст ба роҳ монда шуда, рӯз то рӯз бунёдгузорони он ба марҳилаи ниҳоии кор дар нақби сохтмонии қабати чорум наздик мешаванд.
Нақби сохтмонии қабати чорум дар сурати зарурат барои гузаронидани ҳаҷми оби зиёдатии обанбор дар назар дошта шудааст. Зимни шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар он ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба корҳои анҷомёфта маълумот дода, нақшаҳои оянда муаррифӣ карда шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба масъулон ва сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун» дастур доданд, ки иншоотро дар муҳлати пешбинишуда ва мутобиқ ба талабот мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Ҳамчунин, таъкид намуданд, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» иншооти стратегӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷумлаи нақшаҳои асосии Давлат ва Ҳукумати мамлакат дар самти таҳкими истиқлолияти энергетикӣ буда, сари вақт ва тибқи нақша ба истифода супоридани ҳар қитъаи сохтмонӣ ба рушди иқтисоди миллӣ замина мегузорад ва мардуми тоҷик ба азму ирода, неруи созандаи кормандони муҳандисию техникии Неругоҳи барқи обии «Роғун» эътимоди қавӣ доранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ба рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди асосии Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд.
Ҳаҷми коркард, тахту ҳамворкунӣ ва кандану кашонидани маҳсулоти гуногун ҳангоми тоза кардани паҳлуҳои чапу рост ва таҳкурсии ядрои сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» то ҳол 2,6 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад. Хобонидани бетони ҳамворкунандаи тамғаи М300 аз сатҳи 960 метр мувофиқи релефи маҳал оғоз гардида, дар ҳаҷми 8000 метри мукааб хобонида шудааст.
Баъди ба анҷом расонидани корҳои бетони ҳамворкунанда, хобонидани бетони кӯбида барои таҳкурсии ядрои сарбанд оғоз меёбад. Дарозии таҳкурсии асосӣ аз бетони кӯбида 172 метр, паҳноияш 133 метрро ташкил дода, аз 8 қисм иборат аст. Паҳноии қисмҳо аз 20 то 25 метр ва баландии бетони кӯбида 27 метрро ташкил хоҳад дод. Паҳноии ядро дар сатҳи 1300 метр ба 20 метр ва дар сатҳи 961 ба 172 метр баробар аст. Дарозии шонаи ядро дар сатҳи 1300 ба 750 метр ва дар сатҳи 961 ба 70 метр мебошад. Маҳсулоти истифодашавандаи ядрои асосӣ гилхоки сангрезадор буда, тибқи лоиҳа 7,4 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.
Дар иншоот корҳои сохтмону васлгариро коргарону мутахассисони ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» идома дода, сангу шағалхобонӣ дар сарбанд ба 1125 метр аз сатҳи баҳр расидааст.
Дар сарбанди неругоҳ масолеҳи зиддиполоишии геомембрана аз сатҳи 1000 метр то сатҳи 1080 метр дар масоҳати 66 ҳазор метри мураббаъ хобонида шудааст.
Ҳаҷми умумии корҳои хобонидаи сангу шағал дар сарбанди асосӣ то ҳол 16,7 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, корҳои заминӣ 2 миллиону 195 ҳазору 800 метри мукааб, хобонидани сангу шағал 14 миллиону 367 ҳазору 243 метри мукааб, хобонидани санг 2 миллиону 128 ҳазору 755 метри мукааб ва хобонидани филтр 211 ҳазору 201 метри мукааб.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки ба сифати корҳо диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Айни ҳол оби обанбор дар нишонии 1070 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Андозаи болоии нигоҳдории об баъди обгирии пурраи обанбор 1290 метр аз сатҳи баҳр хоҳад буд. Ҳаҷми хобонидани маводи сарбанд 80 миллион метри мукааб ва масоҳати обанбор ба 170 километри мураббаъ мерасад.
Корҳои сохтмониро дар сарбанди неругоҳ ширкатҳои ватанию хориҷӣ бо ҷалби коргарону мутахассисони дорои таҷрибаи баланди тахассусӣ иҷро менамоянд.
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргарону мутахассисон шабонарӯзӣ фаъолияти босамар намуда, барои иҷрои босифати корҳо аз ҳама имкони мавҷуда истифода мебаранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода, ҳамчунин, дар баромадгоҳи нақби нақлиётии рақами 9 (Т-9) ба ҷараёни корҳои сохтмонию васлгарӣ дар шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунаки доимии агрегатҳои № 1,2,3,4,5 ва 6-и Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошанд, шинос шуданд.
Лоиҳаи иншооти обқабулкунаки доимии агрегатҳои № 1 — 6 аз ҷониби ширкати «ЭФРИ»-и Швейтсария омода гардида, корҳои сохтмону васлгарӣ дар иншоотро мутахассисони филиали Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тунел Садди Ориёно» дар асоси нақша пеш мебаранд.
Тибқи лоиҳа, корҳои таркишӣ ва заминӣ дар он 5 миллиарду 847 миллиону 955 ҳазор метри мукаабро дар бар мегирад ва то ҳол дар ҳаҷми 4 миллиарду 696 миллиону 991 ҳазор метри мукааб ба иҷро расидааст, ки ин нишондод ба 80 фоизи нақша баробар мебошад.
Насби анкерҳои АЖГ аз рӯи лоиҳа 46 ҳазору 115 ва ПНА 1083 адад пешбинӣ шудааст ва то ҳол мутаносибан 22 ҳазору 498 ва 126 адад иҷро гардидааст. Аз ҳаҷми умумии корҳои пошидани маҳлулҳои бетонӣ 95 ҳазору 804 метри мураббаъ ба анҷом расонида шудааст, ки ин 28 фоизи нақшаро дар бар мегирад.
Иншооти обқабулкунаки доимӣ дар сатҳи 1300 метр иборат аз 6 шахта буда, корҳои сохтмону нақбканӣ дар ин иншоот бо ҷалби коргарону мутахассисони Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи таъмирию механикӣ» — и шаҳри Норак дар асоси нақшаи тарҳрезигардида пеш мераванд.
Дар ин қитъаи сохтмон корҳои заминии омода намудани обқабулкунакҳои асосӣ, роҳҳои дастрасӣ ба онҳо, тозаю ҳамвор ва мустаҳкам намудани фарози кӯҳҳо то сатҳи 1 552 метр идома дорад. Тибқи маълумоти масъулон, корҳои нақбканӣ дар шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунаки доимии агрегатҳои 1-6-и Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар ҳаҷми 19,3 ҳазор метри мукааб иҷро шудааст.
Айни замон корҳои нақбканӣ дар шахтаи амудии дарвозаҳои обқабулкунаки агрегати №1 дар ҳаҷми 1858 метри мукааб, дар шахтаи амудии дарвозаи обқабулкунаки агрегати №2 дар ҳаҷми 1834 метри мукааб, дар агрегати №3 дар ҳаҷми 8568 метри мукааб, дар агрегати №4 дар ҳаҷми 7061 метри мукааб иҷро шудааст.
Дар шахтаи амудии дарвозаи обқабулкунаки агрегати №5 корҳои нақбкании фурнел оғоз гардида, дар агрегати № 6 коргарону мутахассисон барои нақбкании фурнел омодагӣ мебинанд. Шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунаки агрегатҳои №1,2 ва 5,6 аз сатҳи 1300 метр то ба 1178 метр мерасад, ки баландии ҳар яки он 122 метрро ташкил хоҳад дод. Шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунаки агрегатҳои №3 ва 4 бошад, то ба сатҳи 1160 метр расонида мешавад.
Корҳои нақбканиро сохтмончиён дар шахтаҳои 3-юму 4-ум, дар маҷмӯъ, 15 ҳазору 629 метри мукааб анҷом додаанд. Тибқи лоиҳа, баландии ин ду шахта 140 метр аст.
Нақбканӣ, пошидани маҳлулҳои бетонӣ, гузоштани аркаҳои оҳанин, пармакунӣ, сементатсионӣ, озмоишӣ ва бетонхобонӣ дар шахтаҳои обқабулкунаки доимии неругоҳ мутобиқ ба меъёрҳо ҷараён дорад.
Шахтаҳои амудии дарвозаҳои обқабулкунакҳои доимии агрегатҳои №1-6 барои танзими дарвозаҳои обқабулкунакҳои доимии агрегатҳо дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр хизмат менамоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ ва фаъолияти коргарону мутахассисон дар суҳбат бо онҳо дастур доданд, ки қабл аз ҳама ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Мутахассисону муҳандисони ботаҷрибаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи таъмирию механикӣ»-и шаҳри Норак барои иҷрои босифати корҳо аз техникаву механизмҳои муосир истифода мебаранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва фаъолияти коргарону мутахассисон дар иншооти дарвозаҳои обқабулкунаки доимии агрегатҳои Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр баҳои баланд доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби нақлиётии Т-18 ва камераи васлгарии нақбҳои обрасони агрегатҳо низ шинос шуданд.
Камераи васлгарии нақби обқабулкунаки доимӣ дар тарози 1 ҳазору 172 метр аз сатҳи баҳр бо дарозии 156 метр, паҳноии 18,4 метр ва баландии 21,2 метр ҷойгир шуда, аз шаш шахтаи обрасон иборат буда, барои васлу насби оҳанфулузоти дохили шахтаҳои обқабулкунаки агрегатҳои №1-6 пешбинӣ гардидааст. Шахтаҳои мазкур барои расонидани об ба агрегатҳо хизмат мерасонанд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки айни замон дар камераи васлгарии нақби обқабулкунаки доимӣ корҳои нақбканию пармакунӣ дар ҳаҷми 55 ҳазору 225 метри мукааб, бетонхобонӣ 725 метри мукааб ва пошидани маҳлулҳои бетонӣ 5 ҳазору 460 метри мураббаъ иҷро шуда, корҳои сохтмону васлгарӣ, тибқи лоиҳаи ширкати «ЭФРИ»-и Швейтсария, аз тарафи корхонаҳои паймонкори иншоот — Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи таҷрибавӣ-механикӣ»-и шаҳри Норак ба роҳ монда шудааст.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарону мутахассисон суҳбат ороста, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.
Шахтаи обқабулкунаки агрегати №1 тибқи лоиҳа, аз сатҳи 1 ҳазору 172 метр оғоз гардида, то ба сатҳи 966 метр мерасад, ки дар маҷмӯъ, баландии он ба 206 метр баробар аст. Ҳаҷми корҳои нақбканӣ дар он аз рӯи лоиҳа 12 ҳазору 540 метри мукааб буда, то ҳол 2 ҳазору 478 метри он иҷро шудааст, ки ин 41 метрро ташкил медиҳад.
Баландии шахтаи обқабулкунаки агрегати №2-юм 206 метр буда, мувофиқи лоиҳа, ҳаҷми корҳои нақбканӣ дар он 12 ҳазору 540 метри мукаабро дар бар мегирад ва 6 ҳазору 223 метри мукааб иҷро шудааст, ки ба 103 метр баробар аст.
Шахтаи обқабулкунаки агрегати №3 186 метр баландӣ дошта, аз рӯи лоиҳа, корҳои нақбканӣ дар он 12 ҳазору 540 метри мукааб пешбинӣ шудааст ва дар ҳаҷми 10 ҳазору 282 метри мукааб иҷро гардидааст, ки 170 метрро ташкил медиҳад.
Баландии шахтаи обқабулкунаки №4 низ 186 метрро дар бар мегирад ва корҳои нақбканӣ дар он аз рӯи лоиҳа 12 ҳазору 540 метри мукааб буда, аз он 10 ҳазору 152 метри мукааб иҷро шуда, ба 168 метр мерасад.
Шахтаҳои обқабулкунаки агрегатҳои №5 ва №6-ум 152 метрӣ баландӣ дошта, корҳои нақбканӣ дар онҳо тибқи лоиҳа, 9 ҳазору 700 метри мукааб буда, пурра иҷро шудааст.
Ҳамин тариқ, ҳаҷми корҳои анҷомёфта дар шахтаҳои обқабулкунаки доимии агрегатҳои №1 ва №2-юм 40 дарсад, дар шахтаҳои обқабулкунаки доимии агрегатҳои № 3 ва №4-ум 70 дарсад ва дар шахтаҳои обқабулкунаки доимии агрегатҳои №5 ва №6-и Неругоҳи барқи обии «Роғун» пурра иҷро гардидаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти назаррасу босамари коргарону мутахассисони ботаҷриба дар маҳалли сохтмони камераи васлгарии обрасони агрегатҳо дар нақби нақлиётии Т-18 изҳори қаноатмандӣ карда, барои боз ҳам вусъат бахшидан ба корҳои созандагӣ ба масъулони иншоот маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба бинои технологӣ ва Дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазӣ ташриф оварданд.
Иншоот 16 ноябри соли 2018 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор андохта шуда, айни замон вобаста ба иқтидори неругоҳ фаъол мебошад.
Бинои технологӣ аз панҷ ошёна иборат буда, дар ошёнаи якуми он шахтаҳои кабелӣ, маҷмӯи дастгоҳҳои тақсимоти 15,75 ва 6кВ, таҷҳизоти ҷараёни тағйирёбандаи 0,4 кВ, дастгоҳҳои идоракунандаи ҷараёни доимӣ ва дигар таҷҳизоти истеҳсолию корӣ насб шудааст. Дастгоҳу таҷҳизоти насбгардидаи он вобаста ба таъинот эҳтиёҷоти хусусии неругоҳ ва бехатарии иншооти гуногунро таъмин менамоянд. Технологияи бинои технологӣ наву истеҳсоли Ҷопон, Фаронса ва Россия буда, фаъолияти он ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ ва барои хизмат расонидан ба шаш агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» пурра омода аст.
Зимни боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки озмоишгоҳи киммёвии иншоот камназир буда, дар он имкон аст ҳама навъи маҳлул аз таҳлили кимиёвию хромографӣ гузаронида шавад. Аз ҷумла, дар он таҳлили пурраи равғанҳо, хоса равғани трансформаторӣ, турбинӣ, компрессорӣ, гидравликӣ ва муҳаррикӣ, инчунин санҷиши обҳои нӯшокӣ ва техникӣ гузаронида мешавад.
Ҳуҷраҳои озмоишгоҳ бо 25 навъ таҷҳизоти санҷишӣ, зарфҳо ва маводи кимиёвӣ таъмин шудаанд. Дастгоҳҳои озмоишгоҳ бо саҳеҳияти баланди ташхисӣ фаъолият намуда, барои назорати равиши кор дар ҳар кадоми он камераҳои мушоҳидавӣ насб гардидааст. Ин низом имкон медиҳад, ки мутахассис аз ҳолати кори дастгоҳҳо сари вақт воқиф гардида, дар сурати сар задани камбудӣ дарҳол онро бартараф намояд.
Дар озмоишгоҳ, ҳамчунин дастгоҳи хроматографӣ мавҷуд аст, ки бо истифода аз он газҳои ҳалшудаи таркиби равғани трансформаторӣ, аз қабили нитроген, оксиген, гидроген, асетилен, метан, этан, этилен, оксиди карбон, дуоксиди карбон, инчунин, миқдори ионол, об ва пайвастагиҳои фуранӣ аз ташхис гузаронида мешаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи самараноку оқилонаи технологияи мавҷуда ва ташхиси дақиқи маҳлулҳоро дар озмоишгоҳ муҳим ва ҳатмӣ шумориданд.
Шахтаҳо ва камераҳои кабелию вентилятсионӣ, таҷҳизоти ҳимоявии Дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазии 500/220кВ дар ошёнаҳои сеюм ва чоруми бино ҷойгир шудаанд.
Дастгоҳи марказии идоравии Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳам дар ошёнаи чорум ҷой дорад. Ин ҷо аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳа навбатдории шабонарӯзӣ ташкил шуда, онҳо тавассути дастгоҳи марказии идоравӣ фаъолияти таҷҳизоти толори мошинҳо, бинои трансформаторҳо ва бинои Дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазии 500/220кВ, инчунин, дигар таҷҳизоти технологӣ ва хатҳои интиқоли барқро ҳамаҷониба назорат ва идора мекунанд.
Дар майдончаи таҷҳизоти берунаи иншоот шаш автотрансформатори 500/220/15.75, се реактори заминпайванди 500 кВ ва ду трансформатори эҳтиёҷоти дохилии неругоҳ насб шудааст, ки мавриди истифода қарор доранд. Ғайр аз ин, дар ин ҷо таҷҳизоти баромади элегаз — ҳаво, трансформаторҳои ҷараёнӣ, трансформаторҳои шиддатӣ ва маҳдудкунандаҳои фузуншиддатӣ барои хатҳои интиқоли барқи 500кВ ва 220кВ васлу насб гардидаанд.
Сипас, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти Дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазии 500/220кВ шинос шуданд.
Вазифаи асосии он тавассути шаш хати интиқоли барқи 500 кВ, аз ҷумла хати интиқоли барқи «Роғун-Шимол», «Роғун- Душанбе-1», «Роғун- Душанбе-2», «Роғун — Ҷануб», «Захиравӣ» ва 2 хати интиқоли барқи 220 кВ, аз қабили хатҳои интиқоли барқи «Роғун-Зеристгоҳи Роғун-1» ва «Роғун — Зеристгоҳи Роғун-2» пайваст намудани барқи дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» истеҳсолгардида ба системаи энергетикии ҷумҳурӣ мебошад.
Айни замон хатҳои интиқоли барқи «Роғун — Душанбе — 1» ва «Роғун — Душанбе — 2» мавриди истифода қарор доранд ва қисмати Дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазӣ зери шиддати 500/220 кВ қарор доранд, амал мекунанд. Аз аввали баистифодадиҳии иншоот то 1 июли соли 2022 ба системаи энергетикии мамлакат 4 миллиарду 593 миллиону 720 ҳазору 560 кВт/соат неруи барқ содирот гардидааст.
Дар назар аст, ки хатҳои интиқоли барқи «Роғун-Зеристгоҳи Роғун-1» ва «Роғун-Зеристгоҳи Роғун-2» то моҳи сентябри соли ҷорӣ ба истифода дода шаванд. Дар бинои Дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазӣ таҷҳизоти хомӯшкунандаи элегазии 220 кВ ва 500 кВ, ҷудокунандаҳо ва заминпайвандҳо, маҷмӯи ноқилҳои ҷараёнгузари 500 кВ ва 220 кВ, инчунин таҷҳизоти иловагӣ ва ёрирасон васлу насб шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз масъулон назорати доимӣ ва истифодаи дурусту босамари таҷҳизоти мавҷуда, истифодаи тӯлонии дастгоҳҳои васлу насбгардидаро талаб карда, онҳоро барои баланд бардоштани сатҳу сифати техникии кормандон муваззаф намуданд.
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун», ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода бо майдончаи назоратии роҳи нақлиётии №5 бо рафти корҳои сохтмону мустаҳкамкунии баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм (СТ-3) шинос шуданд.
Баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм (СТ-3) дар тарози 946-973 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, дорои чоҳи мавҷшикан мебошад. Баландии баромадгоҳи нақб 26 метрро ташкил медиҳад. Корҳои мустаҳкамкунии канораҳои кӯҳ аз тарафи паймонкори иншоот – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Вахш — сохтмон» дар асоси лоиҳа ва нақшаи тасдиқгардида бо сифати баланд ҷараён доранд.
Таъкид гардид, ки нишебиҳои баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм (СТ-3) бо роҳи насби анкерҳо, пошидани маҳлули бетонӣ ва насби лӯлаҳои заҳкаш мустаҳкам карда мешавад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки аз рӯи лоиҳа корҳои заминӣ то ҳол 657 ҳазору 900 метри мукааб ва бетонхобонӣ 142 ҳазору 400 метри мукааб иҷро шуда, дар асоси талабот ва бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ дар иншоот то имрӯз 8 ҳазору 300 тонна арматура истифода гардидааст. Тибқи лоиҳа, корҳои заминӣ дар ин мавзеи сохтмон 5,3 миллион метри мукааб пешбинӣ гардидааст ва аллакай 4 миллиону 900 ҳазор метри мукааби он ба иҷро расонида шудааст.
Тибқи лоиҳа, ҳаҷми умумии пошидани маҳлули бетонӣ дар нишебиҳои баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм (СТ-3) 309 ҳазору 900 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Мутахассисону кормандон дар ин мавзеи сохтмон 265 ҳазору 200 метри мураббаъ маҳлули бетонӣ пошидаанд. Барои устувории кӯҳ дар асоси лоиҳа дар ин қитъаи сохтмонӣ бояд 61 ҳазору 100 метр анкерҳои ПНА ва 195 ҳазору 400 метр анкерҳои АЖГ насб гарданд, ки то ҳол 58 ҳазору 100 метр анкерҳои ПНА ва 173 ҳазору 700 метр анкерҳои АЖГ насб шудаанд.
Бо дарназардошти таъмини устувории баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм (СТ-3), тибқи лоиҳа, дар ин қитъаи неругоҳ 91 ҳазор метр чоҳҳои заҳкаш иҷро карда мешаванд ва ҳоло 70 ҳазору 700 метр чоҳҳои заҳкаш иҷро гардидааст, ки 77 фоизи нақшаи умумии корҳои дар ин самт пешбинишударо ташкил медиҳад.
Раванди бунёдкорӣ дар нишебиҳои баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм (СТ-3)-и иншоот дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи мутахассисони дорои таҷрибаи баланди касбӣ босуръат идома дорад.
Зимни боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ дар баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм (СТ-3) Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони муҳандисию техникӣ дастур доданд, ки минбаъд низ ба иҷрои босифати корҳои бунёдӣ дар ҳама қитъаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» диққати махсус равона созанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ба маҳали сохтмони коллектори агрегатҳои №1, 2 ва 3, бинои трансформаторҳо ва толори мошинҳо, ки аз иншооти муҳими Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба ҳисоб мераванд, ташриф оварданд.
Коллекторҳо дар сатҳи 966 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, барои партофтани оби аз агрегатҳо хориҷшуда тавассути нақбҳои сохтмонии қабатҳои якум ва дуюм хизмат мерасонанд. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2011 оғоз гардида, аз рӯи лоиҳа ҳаҷми умумии корҳои ҳаффорӣ 57 384 метри мукааб ва хобонидани бетони конструктивӣ 12 340 метри мукаабро ташкил медиҳад.
Зимни шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълум гардид, ки ҳаҷми умумии бетонхобонӣ ба 11 600 метри мукааб ва нақбҳои кандашуда ба 33 300 метри мукааб баробар гардидааст. Аз рӯи лоиҳа дарозии коллектори агрегати №1-ум 16,1 метр, №2 – 28,4 ва коллектори агрегати №3-юм 48,4 метрро ташкил медиҳад. Нақби якҷояшавии коллекторҳо 185,84 метр буда, баландии он 17 метр аст.
Корҳои анкергузорӣ ва сементатсионӣ дар ин иншооти неругоҳ аз тарафи мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нурсоз» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Саманд — сохтмон» тибқи лоиҳаи тасдиқшуда ва ҷадвали иҷрои корҳо бо сатҳу сифати баланд пеш бурда мешавад. То ба ҳол дар коллектори агрегатҳои №1, 2 ва 3 корҳои сементатсиониро дар ҳаҷми 10 594 метри тӯлонӣ ба сомон расонида, шумораи анкерҳои насбгардида 40 ададро ташкил медиҳад.
Бинои трансформаторҳои Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар умқи 380 — 400 метр аз сатҳи замин ҷойгир аст. Дарозии иншоот 200 метр, паҳноии он 18 ва баландиаш 42,4 метрро дар бар мегирад. Дар қисми поёнии иншоот мавзеи агрегати 5-6, бинои идоракунии дарвозаҳои таъмирӣ сохта ва бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Дарвозаҳои таъмирӣ тавассути кран идора карда мешаванд. Дар даромадгоҳи иншоот майдончаи васлгарӣ мавҷуд аст ва дар он барои васлу насби таҷҳизоти электрикию гидравликӣ шароит муҳайё мебошад. Ҳаҷми умумии бетони хобонидашуда дар иншоот 68 229 метри мукааб ва корҳои нақбканӣ 169 400 метри мукаабро ташкил медиҳад. Иҷрои чунин корҳоро мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Соҳили нур» пеш мебаранд.
Корҳои сохтмону васлгарӣ дар бинои трансформаторҳо аз рӯи нақша ва бо риояи талаботи соҳа ба сомон расонида мешавад. Дар ин ҷо барои ҳар як агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» трансформатори пуриқтидор ва дигар таҷҳизоти ёрирасон васлу насб мегардад. Дар толори таҷҳизоти электротехникии бино ду маҷмӯи батареяҳои аккумуляторӣ ва дигар таҷҳизоти электротехникӣ насб шудааст. Бунёди ду зеристгоҳи эҳтиёҷоти хусусии агрегатӣ, ду зеристгоҳи умуминеругоҳӣ бо 8 трансформатор, таҷҳизоти Дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи шаш кВ бо 50 маҷмӯи генераторӣ, инчунин трансформатори агрегатҳои №6 ва №5 бо шаш маҳдудкунандаи баландшиддати 500 кВ ва қубурҳои системаи хунуккунии онҳо пурра ба анҷом расида, ноқилҳои ҷараёнгузари элегазӣ бо элегаз таҳти фишори 4.3 атмосфера гузошта шудаанд. Озмоишҳои барқӣ ва химиявии трансформатори агрегати №6 аз тарафи ширкати «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой ба анҷом расонида шудааст. Айни замон трансформатори агрегатҳои №6 ва №5-и Неругоҳи барқи обии «Роғун» мавриди истифода қарор доранд.
Дар толори мошинҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳои нақбканӣ ва бетонгирӣ дар нақбҳои рақамҳои 1,2 ва 3 шинос шуданд.
Корҳои ҳаффорӣ ва бетонхобониро дар нақбҳои зикршуда мутахассисону кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Инвентор», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «ТоҷикСГЭМ» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Гидромонтажи Осиёи Марказӣ» аз рӯи лоиҳа идома медиҳанд. Баландии толори мошинҳо 68,7 метр буда, паҳноии он 20,8 ва дарозиаш 219,7 метрро дар бар мегирад. Дар он корҳои нақбканию бетонхобонӣ бо дарназардошти лоиҳаи тасдиқгардида шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҳаҷми умумии корҳои нақбканӣ ба андозаи 245 400 метри мукааб ба сомон расонида шуда, бетонхобонӣ 64 400 метри мукаабро ташкил медиҳад. Толори мошинҳо барои васлу насби гидроагрегатҳо ва таҷҳизоти гидромеханикӣ пешбинӣ шудааст. Ҳоло дар толор ду гидроагрегат фаъолият дорад ва дар оянда боз чор гидроагрегати дигар ва таҷҳизоти гидромеханикӣ насб мегардад.
Бунёдгузори Неругоҳи барқи обии «Роғун» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз масъулин ва кормандони муҳандисию техникии иншоот риояи пурраи талаботи соҳаро дар вақти сохтмон ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизот талаб намуда, заҳмату талоши шабонарӯзии онҳоро ҷиҳати саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи стратегии мамлакат – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қобили таҳсин хонданд.