18 ноябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ошноӣ бо тарзи зисту зиндагии сокинон, иштирок дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додан ва оғози сохтмони чанд иншооти муҳим ба шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон ташриф оварданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони шаҳри Сарбанд бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ва ҷараёни татбиқи Лоиҳаи барқарорсозии таҷҳизоти истеҳсолии энергияи барқ ошноӣ пайдо карданд. Зикр гардид, ки Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» дар доираи бунёди силсиланеругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Вахш соли 1962 муваққатан ба кор дароварда шуда, соли 1966 пурра ба истифода дода шуд. Тӯли фаъолият он 50 миллиард киловатт — соат қувваи барқ истеҳсол кардааст. Иқтидори лоиҳавии он 240 мегаваттро ташкил медиҳад. Аммо дар натиҷаи фаъолияти тӯлонӣ иқтидори мавҷударо аз даст дода, бо тавоноии 160 мегаватт фаъолият дорад.
Бояд зикр намуд, ки ба шарофати оромию суботи ҷомеа, фазои мусоиди инвеститсионии кишвар ва бо дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати беҳтар намудани соҳаи энергетика, тамоми чора андешида шуда, бо ҷалби сармояи байналмилалӣ татбиқи як қатор лоиҳаҳо дар силсиланеругоҳҳои барқи обии Вахш сомон ёфт.
Дар ҳамин замина Ёддошти ҳамкорӣ байни Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки рушди Осиё оид ба «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» бо иқтидори 240 мегаватт» ба имзо расид, ки маблағи он 136 миллион доллари амрикоӣ буда, аз ду марҳила иборат мебошад ва амалишавии лоиҳа 3 сол ба нақша гирифта шудааст.
Мутобиқи қисми якуми лоиҳа, ба анҷом расонидани таҷдиду азнавсозии гидроагрегатҳои 1, 2, 5, таъмири асосии гидроагрегатҳои 3, 6, таҷдиду азнавсозии дарғоти обпарто, таъмири механизмҳои борбардор, системаи ҳавои фишоршудаи неругоҳ, системаи сӯхторхомӯшкунӣ, иваз намудани автотрансформаторҳои қудратии 2 ва 3, сохтани бинои нави маркази идоракунии неругоҳ, иваз намудани таҷҳизот дар устохонаҳои механикию электрикӣ, соҳилмустаҳкамкунии дарё ва канали пайвасткунанда дар назар аст. Дар қисмати дуюми лоиҳа таҷдиди зеристгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220 ва 110 киловолта, таҷдиду азнавсозии зеристгоҳи тақсимкунандаи кушодаи 35 ва 6 киловолта амалӣ хоҳад шуд. Аз ҷумла, соли 2004 бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти олии сиёсии мамлакат як автотрансформатори нави сефаза бо тавоноии 250 мегаватт ба маблағи 17 миллиону 700 ҳазор сомонӣ иваз карда шуд. Инчунин, дар доираи таҷдиди неругоҳ сохта ба истифода додани хатти барқии 220 киловолта байни НБО-и «Сарбанд» ва НБО-и «Сангтӯда-2» ва иваз кардани 64 адад ҳисобкунаки электронии истеҳсоли Шветсия сурат гирифт. Мувофиқи барномаи ЛОТ-2 бо ҷалби сармояи хориҷӣ таҷдиди гидроагрегати рақами 4-и Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» соли 2012 ба анҷом расонида шуда, айни ҳол дар ҳолати хуби корӣ қарор дорад ва бо тарзи компютерӣ идора мешавад. Маблағи сарфшуда барои анҷоми ин тадбир 13 миллиону 951 359 доллари амрикоиро ташкил дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо кори иншоот ва ҷараёни татбиқи лоиҳа, ба масъулони соҳа дастур доданд, ки тадбирҳои барқарорсозӣ дуруст ба роҳ монда шавад. Тавре хабар дода шуд, дар Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» 160 нафар бо кор таъмин буда, он ба таври муътадил фаъолият мекунад.
Сипас, Роҳбари давлат дар вазъияти тантанавӣ парда аз болои лавҳаи «Лоиҳаи барқарорсозии таҷҳизоти истеҳсолии энергияи барқ»-ро бардошта, ба оғози он асос гузоштанд.
Пудратчии корҳои барқарорсозӣ ширкати «Синоҳайдро»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, роҳбарияти он аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваззаф шуданд, ки корҳои таҷдидро бо суръату сифати баланд ба анҷом расонанд.
Дар ҷараёни боздиди корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури кормандони Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ва сокинону фаъолони шаҳр суханронӣ карда, перомуни амалишавии барномаҳои давлатии рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва тадбирҳои таъмини некуаҳволии сокинон ибрози андеша намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот»-и шаҳри Сарбанд ташриф оварда, барои оғози марҳилаи дуюми таҷдиду азнавсозии он санги асос гузоштанд. Сипас, бо коргарону мутахассисони тоҷик ва намояндагони ширкати чинӣ оид ба аҳамияти корхона дар рушди саноат ва соҳаи кишоварзӣ суҳбати самимӣ доир карданд.
Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» — собиқ Заводи нуриҳои азотии Вахш, нахустин корхонаи бузурги кимиёии ҷумҳурӣ буда, соли 1967 бо ду хатти технологии истеҳсоли аммиак ва карбамид, бо иқтидори умумии 180 ҳазор тонна ба фаъолият оғоз кард. Дар коргоҳҳои он беш аз 1200 нафар кор мекарданд.
Айни замон дар корхона қариб 1000 нафар коргар ба қайд гирифта шудааст.
20 июли соли 2004 зимни сафари корӣ ба шаҳри Сарбанд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз корхона боздид ба амал оварданд. Ҳангоми суҳбат ба коргарону мутахассисон барои афзун кардани истеҳсоли маҳсулот ва кам намудани воридоти нурӣ аз хориҷи кишвар дастур доданд.
Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» карбамид, аммиак, дуоксиди карбон, оксигени газӣ ва нитрогени моеъ истеҳсол мекунад. Карбамид дар хоҷагии халқ, аммиак барои истеҳсолот, дуоксиди карбон дар саноати сабуки хӯрокворӣ ва эҳтиёҷоти технологии корхона, инчунин оксигени газӣ барои тиб, кафшери газӣ ва нитрогени моеъ бошад, дар хоҷагиҳои чорвопарварӣ истифода бурда мешавад.
Дар корхона ба ғайр аз истеҳсоли аммиак, карбамид, буғу обтаъминкунӣ боз коргоҳҳои ёрирасони таъмири механикӣ, таъмири таҷҳизотҳои барқӣ, барқтаъминкунӣ, асбобҳои назоратию ченкунанда ва автоматика, нақлиётӣ, сохтмону таъмирӣ, шуъбаи марказонидашудаи назорати техникӣ ва ташхисгоҳи санитарӣ мавҷуд аст. Маҳсулоти он ба хориҷи кишвар, аз ҷумла, ба ҷумҳуриҳои Афғонистон, Эрон, Туркманистон, Украина, Маҷористон, Лаҳистон, Словакия ва Руминия содирот шудааст.
Баъди шиносоӣ бо фаъолият ва иқтидори истеҳсолии корхона Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои оғози сохтмони марҳилаи дуюми Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» санги асос гузоштанд.
Ёдовар мешавем, ки 3 сентябри соли 2016 бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Хэнан Чжун-Я гурӯҳи холдингӣ»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Созишномаи сармоягузорӣ «Оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиак ва карбамид дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон дар заминаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» ба имзо расонида шуд.
Барои таҷдиди дастгоҳу таҷҳизоти технологӣ ҷиҳати ба фаъолият даровардани онҳо бо истифода аз ангишт ва бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолии аммиак ва карбамид 360 миллион доллари ИМА ҷудо карда мешавад.
Лоиҳаи таҷдиди корхона ва бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолӣ дар ду марҳила анҷом меёбад. Марҳилаи якум лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба таҷдид ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиаки сунъӣ ва карбамид бо иқтидори умумии 320 ҳазор тонна дар як сол.
Корхона дар масоҳати 6 гектар ҷойгир шуда, сарфи солонаи ангишти он барои истеҳсолот 200 ҳазор тонна мебошад. Муҳлати татбиқи лоиҳа якуним солро ташкил медод. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ширкати чинӣ дастур доданд, ки дар муҳлати як солу ду моҳ корҳои таҷдиду барқарорсозиро ба анҷом расонида, корхонаро моҳи феврали соли 2018 мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. Инчунин, супориш шуд, ки дар рафти корҳо беш аз 95 фоизи коргарон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шаванд. Марҳилаи дуюми лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба бунёд ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли аммиаки сунъӣ ва карбамид бо иқтидори умумии истеҳсолии 500 ҳазор тонна дар як сол буда, дар масоҳати 45 гектар бунёд мегардад. Маблағ барои сохтмони марҳилаи дуюми корхона 325 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, сарфи солонаи ангишт 500 ҳазор тонна дар як сол мебошад. Муҳлати татбиқи лоиҳа 3 солро дар бар мегирад.
Тибқи маълумоти пешакӣ бо анҷом ёфтани лоиҳаи таҷдиди корхона ва бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолӣ 1000 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад.
Дар шаҳри Сарбанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарони корхонаи «Азот» ва фаъолони шаҳр мулоқоти судманд баргузор карданд.
Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро бо маросими оғози таҷдиду азнавсозии иншооти ҳаётан муҳими соҳаи энергетика — Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ва корхонаи калони истеҳсоли нуриҳои минералӣ — Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» табрику таҳният гуфтанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба саҳм ва аҳамияти Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот» дар рушди иқтисодиёти кишвар андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки фаъолияти пурсамари НБО-и «Сарбанд» дар расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва корхонаи саноатӣ дар таъмини талаботи соҳаи кишоварзии мамлакат бо нуриҳои азотӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
Таъкид гардид, ки Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Азот»-и шаҳри Сарбанд соли 2011 аз фаъолият бозмонд ва бо шарофати сиёсати созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ корҳои таъмиру таҷдиди он оғоз гардид ва баъди ба истифода додан бо истифода аз ангишти худӣ маҳсулот истеҳсол менамояд. Бо дарназардошти талаботи корхонаҳои саноатии мамлакат ба сӯзишвории алтернативии ангишт Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати саноат ва технологияҳои навро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати тадриҷан зиёд кардани истихроҷи ангишт ва таъмини талаботи корхонаҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳадафи асосии Давлату Ҳукумати кишвар тавассути воридоти таҷҳизоту технологияҳои пешрафта ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, яъне таҷдиди иқтидорҳои истеҳсолии амалкунанда, таъсиси корхонаҳои хурду миёна ва бузурги саноатӣ, таҳкими инфрасохтор, таъмин намудани пешрафти устувори иқтисодӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад.
www.president.tj