3 январи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагидорон ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.
Дар деҳаи Зарбдор Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо фаъолияти меҳнаткашони хоҷагии деҳқонии «Доно» шинос шуданд.
Дар хоҷагӣ парвариши сабзавоти барвақтӣ — помидор дар шароити гармхона ба роҳ монда шудааст.
Хоҷагӣ (соли 1996 ташкил гардидааст) то ба ҳол бо гирифтани ҳосили баланд дар баробари таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулот, содироти онро ба хориҷи мамлакат ба роҳ мондааст.
Президенти мамлакат ба фаъолияти деҳқонон барои истифодаи мақсадноку оқилонаи замин ва гирифтани ҳосили дилхоҳи маҳсулоти барвақтӣ баҳои баланд доданд ва ба меҳнаткашон ҷиҳати рушди соҳаи афзалиятнок, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти барвақтӣ, бахусус, помидор, маслиҳатҳои муфид доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раиси шаҳри Турсунзода ва хоҷагидорон дастур доданд, ки бо истифода аз имконоти мавҷуда бозорҳои пойтахти мамлакат — шаҳри Душанберо дар ҳама фасли сол, бахусус, зимистон, бо маҳсулоти тару тоза таъмин намоянд.
Сокинони меҳнатқарини шаҳри Турсунзода барои дастгирӣ ва талошҳо баҳри беҳдошти шароити кору зиндагӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипосу миннатдорӣ карданд.
Баъд аз шиносоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кишоварзон ва фаъолони шаҳри Турсунзода суҳбати озоду самимӣ доир намуданд. Сарвари давлат ба кишоварзон оид ба истифодаи оқилонаи замин ва анҷоми саривақтии корҳои саҳроӣ дастуру маслиҳати муфид доданд.
Дар идома Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз «Боғи Сомон», ки яке аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарвари мамлакат ба шумор меравад, дидан намуданд.
Дар 0,50 гектар замини хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» дар моҳи январ ҳосили ангур бо усули нигоҳдории табиӣ дар шохаҳои токзор мавҷуд аст, ки аз фаъолияти босамари аҳли заҳмат башорат медиҳад.
Аҳли заҳмати хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон», ки таҷрибаи бойи нигоҳубини ток ва парвариши ангурро доранд, ҳар сол даҳҳо тонна маҳсулот ҷамъоварӣ намуда, дар таъмини бозори дохилии мамлакат бо ангури хушсифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар фаъолона саҳм мегузоранд.
Дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон», ки 7 намуди ангур, аз ҷумла «Ҳусайнии сиёҳу сафед», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак», «Кишмиши сиёҳу сафед» парвариш карда мешавад, ки тибқи нишондодҳо, соли гузашта нисбат ба солҳои қаблӣ ҳосили бештар доштанд.
Дар хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» баробари парвариши васеи намуди гуногуни ангур, инчунин, ба чорводорӣ низ машғуланд.
Он бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 ташкил ёфтааст ва 1102 нафар саҳмдор дорад.
Барои нигоҳубини ангур низ хоҷагӣ дорои таҷрибаи бойи корӣ ва шароити мусоид мебошад. Ҳар сол зиёда аз 1000 тонна маҳсулот дар сардхонаҳои он нигоҳ дошта мешавад.
Дар маҷмӯъ, хоҷагии зикршуда имконият дорад, ки то 2 ҳазор тонна маҳсулотро дар сардхонаҳо захира намуда, бо дарназардошти талабот дар дигар фаслҳои сол онро ба бозорҳои мамлакат барорад.
Дар хоҷагӣ, ҳамчунин, сардхонаҳо барои нигоҳдории сабзавот, аз ҷумла, сабзӣ, мавҷуд мебошанд. Аҳли заҳмат аз ҳосили соли гузашта ба қадри кофӣ ин намуди маҳсулоти кишоварзиро захира намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баъд аз шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ дар шаҳри Турсунзода ба манзили истиқоматии деҳқони асил — ангурпарвари номӣ шодравон Ҳоҷӣ Камол ташриф оварда, дуову фотиҳа хонданд.
Дар шаҳри Турсунзода хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» бошад, дар майдони 105 гектар замин доман паҳн намудааст, ки 95,6 гектари онро токзори замонавӣ ташкил медиҳад.
Заҳматкашони хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат», ки соли 2015 дар заминаи дастуру ҳидоятҳои роҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи пурсамари замин таъсис ёфтааст, аз қаламчаҳои дар ниҳолхонаи назди хоҷагӣ парваришкарда, ангурҳои навъи «Ҳусайнӣ», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак», «Кишмиши сиёҳу сафед» шинонидаанд ва аз ин ҳисоб ҳосили зиёд ба даст меоранд.
Онҳо дар шаҳри Турсунзода мактаби махсус доранд ва ҳамеша дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош меварзанд, ки майдони киштро боз ҳам васеъ намоянд ва дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм гузоранд.
Дар назди хоҷагӣ сардхона бо ғунҷоиши зиёда аз 500 тонна бо мақсади захираи маҳсулот бунёд гардидааст, ки дорои 12 нуқтаи нигоҳдории маҳсулот мебошад.
Аҳли заҳмати хоҷагӣ, ки дар баробари ангурпарварӣ дар соҳаи ниҳолпарварӣ низ таҷрибаи ғанӣ доранд, ҳамчунин, дар як қитъаи замин 20 номгӯйи ниҳолҳои ороишию мевадиҳандаро парвариш карда истодаанд. Дар маҷмӯъ, хоҷагидорони шаҳри Турсунзода, дар ҳама бахши соҳаи кишоварзӣ дастовардҳои назарраси меҳнатӣ доранд ва дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ фаъолона саҳм мегузоранд.
www.president.tj