Сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Турсунзода

№107 (4369) 26.08.2021

51403454056_c5428b96ca_o26 августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ ва боздид аз вазъи соҳаи кишоварзӣ ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали корхонаи истеҳсоли профили алюминийи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Алюмин Проф»-ро ба истифода дода, барои бунёди марҳилаи дуюми он санги асос гузош­танд.

Зикр гардид, ки коргоҳи навтаъсис имконият дорад дар як сол 7200 тонна алюминийро коркард намуда, аз он наздик ба 100 навъи маҳсулоти ниҳоии саноатӣ истеҳсол намояд. Дар корхона намудҳои гуногуни профилҳои алюминий барои истеҳсоли дару тиреза, профилҳо барои ороиши берунаи биноҳои баландошёна, ки бо истифода аз шиша оро дода мешаванд, қисмҳои алоҳидаи мебел, карнизҳои гуногун барои овехтани парда ва чанд номгӯйи маҳсулоти дигар истеҳсол карда мешавад.

Маҳсулоти ниҳоии корхона, ҳамчунин, таъиноти содиротӣ дошта, дар марҳилаи аввал ҳадаф он аст, ки ба бозорҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба фурӯш бароварда шавад.

Роҳбари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо хатҳои истеҳсолии корхонаи навтаъсис шинос шуда, барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ба масъулин дастур доданд.

«Алюмин Проф» аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба амалишавии «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 — 2025» мусоидат хоҳад кард. Дар доираи барномаи зикршуда дар шаҳри Турсунзода сохтмони 10 корхонаи саноатӣ дар назар дошта шудааст.

Марҳилаи дуюми иншоот дар зарфи ду соли оянда бунёд гардида, ба ин васила ҳам ҳаҷми истеҳсолот ва ҳам ҷойҳои кори доимӣ афзоиш дода мешавад.

Бо ба истифода додани марҳилаи дуюм, дар маҷмӯъ, коркарди солонаи алюминий дар корхона ба 15 ҳазор тонна баробар гардида, шумораи кормандони ҷамъият аз 60 нафар ба 200 нафар расонида мешавад. Дар марҳилаи баъдӣ, инчунин, истеҳсоли номгӯйи нави маҳсулоти саноатӣ, ки аз алюминий омода мешавад, роҳандозӣ хоҳад шуд.

Дар саҳни корхонаи нав­таъсис намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Турсунзода ташкил шуд, ки аз он Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боздид намуданд. Дар он 10 корхона гӯшаҳои алоҳида ташкил карда, аз рушду равнақи соҳаи саноат дар шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки нишондиҳандаҳои соҳа дар шаҳр ҳар сол рӯ ба болоравӣ дош­та, ҳиссаи бахши саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии шаҳр ба тарзи чашмрас зиёд мегардад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисашаванда дар нимсолаи аввали соли 2021-ум 422 миллиону 182,9 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 — ум 8,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Зимни боздиду суҳбатҳои самимӣ, саноатчиёни шаҳри Турсунзода ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳи доимиашон нисбат ба рушди бахши саноат, фароҳам сохтани имтиёзҳои гуногун ва дастгирии пайваста изҳори миннатдорӣ намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии таълимии «Литсей – интернати шаҳри Турсунзода»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имконоти муосири таълиму тарбия дар он шинос шуданд

Муассиса аз ду бинои дуошёна иборат буда, ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бо иқдоми соҳибкори ватанӣ, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Эҳёи Сомониён» Ҷӯрабек Муҳибов сохта шудааст. Масоҳати умумии он се гектарро дар бар гирифта, корҳои сохтмониро 20 нафар мутахассиси маҳаллӣ тайи камтар аз як сол бо сифати баланд ба анҷом расонданд.

Бинои таълимии «Литсей – интернати шаҳри Турсунзода» аз 44 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла химия, физика, биология, математика, геометрия, омодагии дифои ҳарбӣ ва компютерӣ иборат буда, барои 1000 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Дар ин даргоҳ бо мақсади расидан ба ҳадафҳои асосии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040» дар асоси роҳнамоиҳои бевоситаи Сарвари мамлакат ба омӯзиши илмҳои дақиқ таваҷҷуҳи бештар дода,  барои хонандагони болаёқат шароити муосир муҳайё шудааст.

Дар саҳни муассисаи таълимӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагону наврасон ба солимгардонӣ майдончаи муосири варзишӣ бунёд ёфтааст. Масоҳати он 621 метри мураббаъро дар бар гирифта, барои баргузории машғулиятҳо бо хонандагон мувофиқ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз синфхонаҳои таълимӣ ва шиносоӣ бо имконоти фароҳамкарда барои насли наврас иқдоми соҳибкори ватаниро шоистаи дастгирӣ арзёбӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бинои нави Муас­сисаи давлатии Мактаби кӯдаконаи санъатро мавриди истифода қарор доданд.

Он дар асоси роҳнамоиҳои ҳамешагии Сарвари фарҳангпарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бунёд ёфтааст.

Бинои нави сеошёнаи иншооти фарҳангӣ – маърифатӣ аз 15 синф­хонаи муҷаҳҳаз, аз ҷумла рассомӣ, фортепианно, рубобҳои гуногун, дутор, карнай, доира, эстрадию шашмақом, хореографӣ, толори хурди консертӣ, китобхона ва се утоқи маъмурият, иборат мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имконоти фароҳамгардида дар бинои нави муассисаи фарҳангӣ дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати истифодаи пурраю самаранок аз шароити фароҳамгардида бо мақсади тарбияи дурусти насли наврас ба омӯзгорон дастурҳои мушаххас доданд.

Дар Мактаби кӯдаконаи санъати шаҳри Турсунзода барои омӯзиши нозукиҳои гуногуни санъат ба 220 ҳунаромӯз 25 омӯзгори ботаҷриба ба фаъолият ҷалб шудаанд.

 Омӯзиш дар мактаби санъат 5 — 7 солро дар бар мегирад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои нави Мактаби кӯдаконаи санъат дар шаҳри Турсунзодаро дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ, 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорону ҳунаромӯзон туҳфаи арзишманди Давлату Ҳукумати мамлакат маънидод карда, ба масъулон ҷиҳати тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги пурғановату оламшумули миллӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳри Турсунзода Боғи фарҳангу фароғатии шаҳрро, ки аз нав сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он дар масоҳати умумии 3,6 гектар аз ҷониби соҳибкорони ташаббускори шаҳр бо тарҳи муосир ва унсурҳои шаҳрсозии милливу санъати баланди меъморӣ бунёд ёфта, дохил ва роҳравҳояш пурра бо гулу буттаҳои ороишию мавсимӣ сабзазор гардонида шудааст. Хусусан, барои хуррамгардонӣ беш аз 200 бех дарахти ороишӣ, 10 ҳазор гулҳои доимӣ ва 60 ҳазор мавсимӣ шинонда шудааст.

Дар дохили боғи нав қасри шоҳмот, амфитеатр бо 7 мағозаи фурӯши армуғон ва ҳунарҳои мардумӣ, шаҳраки афсонаи «Аладин» бо 12 атраксион, ҳайкалчаҳои ҳайвонот, зиёда аз 200 таҷҳизоти равшанидиҳанда, нишастгоҳҳо, ду майдончаи варзишӣ бо 200 ҷойи нишаст ҷойгир шудаанд.

 Инчунин, лавҳаи ташрифи меҳмонони олиқадр ба шаҳри Турсунзода, қаҳрамонони меҳнат, муҷассамаи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, ошхонаи миллӣ, се нуқтаи бозӣ ва ҳавзи шиноварии кӯдакона бунёд ёфтаанд, ки барои истироҳату фароғати сокинон муносиб мебошанд.

Дар дохили Боғи фарҳангу фароғатии шаҳри Турсунзода амфитеатр низ сохта шудааст. Он аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо сифати баланд бунёд гардида, дорои қариб 700 ҷойи нишаст мебошад. Масоҳати умумии он се ҳазору 100 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Атрофи амфитеатр низ сабзу хуррам гардонида шуда, ба макони зебою дилписанди сокинон табдил ёфтааст.

51404040900_b7064f6f4f_oПрезиденти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода гармхонаи хоҷагии деҳқонии «Ғайрат-2020»-ро аз назар гузарониданд.

Он дар деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Урунбой Нурматов бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. Дар гармхона, ки масоҳати 0,54 гектарро ташкил медиҳад, ду навъи помидор ва ду навъи бодиринг кишт шуда, нашъунамои хуб доранд. Навъҳои помидори киштшуда «Замира» ва «Муалла», инчунин бодиринг «Орзу» ва «Ғайрат» мебошад. Ҳосили интизории помидорро деҳқонон 600 ва бодирингро 400 — 500 сентнер пешбинӣ намудаанд. Гуфта мешавад, ки ҷамъоварии ҳосил аз гармхона нимаи дуюми моҳи сентябр оғоз гардида, беш аз се моҳ идома меёбад.

Зироат дар иншооти замонавӣ аз тариқи қатрагӣ обёрӣ мешавад. Технологияи обёрии қатрагӣ ба таври автоматӣ кор мекунад ва муҳлат, инчунин ҳаҷми об дар ҷӯя тавассути компютер идора мешавад. Ин низом, ки мутамарказ мебошад, аз чанд ҷониб ба манфиат аст. Аз як тараф об ва аз тарафи дигар неруи барқ сарфа мегардад. Барои обёрии зироат дар гармхона соҳибкор чоҳи амудӣ бунёд намудааст.

Бо бунёд гардидани гармхонаи замонавӣ дар шаҳри Турсунзода 13 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, дар мавсими ҷамъоварии ҳосил боз чанд нафар сокини маҳаллӣ ба кори мавсимӣ ҷалб мешаванд. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳосили аз гармхонаи хоҷагии деҳқонии «Ғайрат-2020» ба дастомада асосан дар бозори дохили мамлакат, аз ҷумла бозорҳои шаҳри Душанбе, ба фурӯш гузошта мешавад.

Дар гӯшаи дигари гармхона занону бонувони ҳунарманди шаҳри Турсунзода самбӯса, кулча, чаппотӣ ва дигар намуд маҳсулоти нонӣ омода намуда, ба маъраз гузоштанд.

Маврид ба таъкид аст, ки дар баробари бунёди гармхона, ҳамчунин, соҳибкор беш аз 2 километр роҳи деҳаи Ғайратро асфалтпӯш намудааст. Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор ҷиҳати саҳм гузош­тан дар корҳои ободонӣ ва фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ барои мардум изҳори сипос намуда, иқдомҳои созандаи ӯро шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат барои ҳар шахси ватандӯсту меҳанпараст ҳисобиданд.

Роҳбари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғайрати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 49-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иншоот сеошёна буда, дорои 16 синфхонаи таълимӣ, китобхона,  ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст, озмоишгоҳ, синфхонаи компютерӣ, китобхона, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад ва барои 850 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Он дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Урунбой Нурматов бунёд гардид.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои куҳнаи муассиса соли 1958 сохта шуда, аз се синфхона ва ҳуҷраи омӯзгорон иборат буд.

Қаблан дар муассисаи таълимӣ 9 омӯзгор ба таълиму тарбияи 106 хонанда машғул буданд. Дар мактаби куҳна норасоии ҷойи нишаст барои хонандагон ва набудани имкони созгори таҳсил аз мушкилоти асосӣ дониста мешуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори маҳаллиро шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат хонда, дар арафаи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи дониш ифтитоҳи онро туҳфаи арзанда ба омӯзгорону хонандагон ва қадами устувор дар самти рушди соҳаи маорифи шаҳр маънидод намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Боғи Сомон» бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур шинос шуданд. Он дар деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода соли 2008 бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон таъсис ёфта, масоҳати умумиаш 589 гектарро дар бар мегирад. Самти асосии фаъолияти хоҷагӣ ангурпарварӣ буда, 480 гектари он токзор мебошад.

Ҳоло дар хоҷагӣ зиёда аз 10 ­навъи ангур, аз ҷумла «Ҳусайнии сиёҳ ва сафед», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак», «Кишмиши сиёҳу сафед» «Президент», ки асосан навъҳои маҳаллии серҳосил мебошанд, парвариш меёбанд. «Боғи Сомон» аз калонтарин хоҷагии ангурпарварии мамлакат ба шумор рафта, саҳмдорони он таҷрибаи бойи нигоҳубини ток ва апгурпарварӣ доранд. Роҳбарии хоҷагиро Маҳмадамин Камолов — писари боғпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ шодравон ҳоҷӣ Камол Мадумаров ба уҳда дорад.

Дар хоҷагӣ 1100 нафар саҳмдор фаъолияти босамар дошта, дар таъмини бозори дохилии мамлакат бо ангури хушсифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар саҳми босазо доранд. Соли ҷорӣ ҳосил дар токзор фаровон буда, беш аз 900 тонна маҳсулот ба бозори истеъмолӣ бароварда шудааст. Маҳсулоти истеҳсолгардида, ки дорои сифати баланд ва таъми лазиз аст, дар баробари таъмини фаровонии бозори дохилӣ ба Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Афғонистон ва Покис­тон содирот карда мешавад. Соли гузашта хоҷагидорон беш аз 5 ҳазор тонна ангурро ба хориҷи кишвар содирот карданд ва имсол низ нақша доранд, ки наздики 6 ҳазор тонна маҳсулот содирот намоянд.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти боғпарварон ва боздид аз токзори намунавии хоҷагӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба фаъолияти сермашаққату пурсамари боғдорон баҳои баланд дода, инчунин, бо дастовардҳои меҳнаткашон ва деҳқонон, ки ба намоиш гузошта шуд, шинос гардиданд. Дар намоиш навъҳои гуногуни ангур, ки солҳои охир бештар парвариш ва истеҳсол мегарданд, муаррифӣ гардид. Ҳамчунин, аҳли заҳмати хоҷагӣ мураббо ва шарбату афшураҳо аз меваҷотро, ки барои захира пешбинӣ шудаанд, ба намоиш гузоштанд.

Саҳмдорони хоҷагӣ қитъаи муайяни заминро дар ихтиёр дошта, бо аъзои хонавода бо истифода аз таҷрибаи бойи ангурпаварӣ машғули кор мебошанд. Дар 9 гектари хоҷагӣ боғи мевадиҳанда мавҷуд буда, ҳар сол ҳосили фаровон ба даст оварда мешавад. Роҳбарияти хоҷагӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаю бунёдкоронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби даромади соф иншооти гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла бунгоҳҳои тиббӣ ва майдончаҳои варзишӣ дар деҳаҳои Саъдии Шерозӣ ва Заркамари шаҳри Турсунзода сохта, дар вусъати бунёдкориҳо саҳми назаррас мегузоранд. Соли гузашта бо дастгирии хоҷагӣ ба таври ҳашар муассисаҳои таълимӣ ва қариб се километр роҳи деҳаҳои атрофи хоҷагӣ таъмир гардида, имсол низ қариб ду километр роҳ асфалтпӯш шудааст.

Дар хоҷагӣ баробари ангурпарварӣ ба чорводорӣ низ диққати махсус равона шудааст. Айни ҳол дар он зиёда аз 5200 сар гӯсфанд парвариш мешавад. Барои истеҳсоли гӯшт низ хоҷагӣ дар ихтиёр беш аз 50 сар чорвои калон дорад. Бояд тазаккур дод, ки шоликориву кишти хӯроки чорво ҳам дар хоҷагӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Барои боз ҳам баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва истеҳсолу содироти навъҳои гуногуни ангур ба хориҷи мамлакат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти хоҷагӣ маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.

51403682843_4e2c04e675_oПрезиденти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода аз хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Ҳоҷӣ Неъмат» низ боздид намуданд. Он соли 2011 таъсис ёфта, дар ихтиёр 105 гектар замин дорад ва аз ин ҳисоб 100 гектараш токзор мебошад. Дар он 165 нафар саҳмдор фаъолият карда, асосан ангури ­навъҳои «Шоҳона», «Ҳусайнӣ», «Ғалаба», «Кардинал»-ро, ки хуштаъму болаззат ва аз лиҳози экологӣ тозаю табиӣ мебошанд, истеҳсол мекунанд.

Соли дуюм аст, ки дар хоҷагӣ парвариши ангури навъи «Президент» ба роҳ монда шудааст, ки ҳосилнокии баланд дорад. Бояд тазаккур дод, ки муассиси хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Ҳоҷӣ Неъмат» деҳқони ботаҷриба ва токпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ Неъмат Усмонов мебошад ва ҳоло роҳбарии хоҷагиро писари ӯ Расул Неъматов ба уҳда дорад. Аҳли заҳмати хоҷагӣ бо истифода аз обу ҳавои мусоид ва усулҳои санҷидашудаи парвариши боғи ангур ҳар сол ҳосили фаровон ба даст меоранд.

Ба иттилои мутахассисон, аз ҳар гектар боғ 30 — 40 тонна ҳосили ангур рӯёнида мешавад. Яке аз самтҳои дигари фаъолияти хоҷагӣ ниҳолпарварӣ мебошад. Дар 0,35 гектар замин парвариши беш аз 40 намуди ниҳоли дарахтони ороишию сояафкани нодир ва мевадиҳанда, ки ба иқлими Тоҷикистон мувофиқ мебошанд, парвариш карда мешаванд.

Бо дарназардошти таҷрибаи бойи ин деҳқони асил дар соҳаи ангурпарварӣ Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар заминаи хоҷагӣ машғулиятҳои амалии саҳроӣ бо ҷалби мутахассисони хоҷагиҳои токпарварии мамлакат ҳар сол ташкил ва баргузор карда шавад. Ҳадаф аз роҳандозии ин тадбир амалан хубтару беҳтар омӯхтани нозукиҳои бунёди боғу токзор буда, ба ин восита барқарор ва васеъ кардани замини боғҳои ангур дар мамлакат мебошад. Истифодаи босамари ин таҷриба имкон медиҳад, ки истеҳсоли ангур дар ҷумҳурӣ ба маротиб зиёд гардида, он ба хориҷи кишвар бештар содирот шавад.

Ҳамчунин, дар беш аз 1,5 гектар замини хоҷагӣ кишту парвариши саб­завоту полезӣ ба роҳ монда шуда, ҳар қитъа замин босамар истифода мегардад. Самти дигари фаъолияти хоҷагӣ чорвопарварӣ мебошад, ки ду ҳазор сар гӯсфанд парвариш мешавад. Барои таъмини ғизо ба чорво дар қитъа­ҳои алоҳидаи хоҷагӣ ҷуворимакка ва юнучқа кишту ҷамъоварӣ шуда, чорвои майда дар ҳама фасли сол бо хӯроки хушсифат таъмин аст. Дар хоҷагӣ ба масофаи зиёда аз 5 километр роҳҳо асфалтпӯш шудааст.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки соли ҷорӣ дар баробари таъмини бозори дохилӣ аз ҳисоби хоҷагӣ қариб 500 тонна ангур ба хориҷи кишвар содирот шудааст ва ин раванд бомаром идома дорад. Бо мақсади беталаф нигоҳ доштани маҳсулот ва дар ҳама фасли сол ба мардум пешниҳод кардани ангури тару тоза дар хоҷагӣ сардхонаи замонавӣ бунёд гардида, иқтидори ғунҷоиши он 1000 тоннаро ташкил медиҳад. Сардхона дорои 12 нуқтаи нигоҳдории маҳсулот мебошад.

Бо роҳнамоиҳои Сарвари давлат ва ҷиҳати дастгирии сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат роҳбарияти хоҷагии ангурпарварии «Ҳоҷӣ Неъмат» дар амалӣ кардани корҳои хайру савоб низ саҳми назаррас доранд. Аз ҷониби роҳбари хоҷагӣ ташкилоти хайриявии «Эҳсони Сомониён» таъсис ёфта, сарпарастии 50 нафар шахси ниёзмандро ба уҳда дорад. Инчунин, хоҷагӣ дар бунёду навсозии роҳу пулҳо, корҳои соҳилбандӣ, таъмир ва сохтмони муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, ободонии маҳал ва чароғонкунии кӯчаҳо саҳмгузор аст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз натиҷаи заҳмати боғдорон бо хоҷагидорон суҳбати самимӣ ороста, барои истеҳсоли навъҳои ангур, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ ва боло бурдани иқтидори содиротии мамлакат, анҷоми корҳои хайр ва саҳм гузоштан дар ободонии як гӯшаи диёр ба роҳбарияти хоҷагӣ изҳори сипос карда, ба онҳо барори кор таманно намуданд.

www.president.tj