29 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.
Пешвои миллатро сокинони шаҳр бо эҳтиром ва самимияти хос истиқбол гирифтанд.
Дар он ҷо Сарвари давлат пойгоҳҳои обкашии мавзеи «Қизилӣ» ва «Сексарӣ» — ро баъди таҷдид ва азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Мавриди зикр аст, ки соли 2017 дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ба низом даровардани пойгоҳҳои обкашӣ баъд аз 26 сол каналҳои мавзеи «Қизилӣ» ва «Сексарӣ» аз нав обшор мегарданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки баъди ба фаъолият оғоз кардани пойгоҳҳои обкашии «Қизилӣ» ва «Сексарӣ» ҳолати мелиоративии 4 ҳазор гектар замин беҳтар мегардад. Аз ҷумла, 1300 гектар замини аз кишт берунмонда ба гардиш дароварда, аз ҳисоби заминҳои лалмӣ чарогоҳ ва ғайрикишоварзӣ 1000 гектар замин аз худ карда мешавад.
Масоҳати заминҳои мавзеъ дар маҷмӯъ, 5 ҳазору 930 гектарро ташкил медиҳад, ки 3 ҳазору 300 гектараш замини корами обӣ мебошад.
Баъди обёрии заминҳо ва бунёди боғҳо дар минтақа 5500 оила соҳиби ҷойи кори доимӣ ва даромади хуби иқтисодӣ мегарданд, ки ин яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати иҷтимоии роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат аст.
Тибқи маълумоти мутахассисони соҳа дар минтақаи «Қизилӣ» соли 2017 як ҳазору 279 гектар замин, аз ҷумла 716 гектар фонди махсус ва боқимонда заминҳои захираи давлатӣ аз сабаби номураттаб кор кардани пойгоҳҳои обкашӣ, таъмирталаб будани каналҳои обгузар ва беназоратӣ аз гардиши кишоварзӣ берун монда буданд.
Баъди шиносоӣ бо лоиҳаи обёрии пойгоҳҳо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани дарғот обро ба заминҳои ташналаб сар доданд.
Мутобиқи маълумот, айни замон дар мавзеи «Қизилӣ» ва «Сексарӣ» беш аз 500 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад, ки дар ихтиёри онҳо зиёда аз 2 ҳазор гектар замини корами обӣ мавҷуд аст. Баъди таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ дар мавзеи мазкур 335 гектар замин ба 33 хоҷагии деҳқонии нав вогузор шуд. Барои таъсиси 17 хоҷагии дигар ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани боз 520 гектар замин корҳо идома доранд.
Баъди шиносӣ ба фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ дар як мавзеи хушбоду ҳавои байни шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шинонидани ниҳол ба бунёди боғи интенсивӣ дар майдони 20 гектар асос гузоштанд. Дар он ниҳоли дарахтони себ, олу, гелос ва дигар намуди мевадиҳандаи содиротӣ шинонида шуд.
Дар мавзеи «Қизилӣ» 5035 гектар замини шаҳри Истаравшан ва 3748 гектар замини ноҳияи Деваштич мавҷуд аст, ки аз ин ҳисоб дар шаҳри Истаравшан 580 хоҷагии деҳқонӣ ва дар ноҳияи Деваштич 27 хоҷагии деҳқонию инфиродӣ фаъолият дорад.
Дар мавзеи «Қизилӣ» минбаъд парвариши 3 навъи себ, ду намуди олу, 3 навъи ток, аз ҷумла «Тоифии намрин», «Кишмиши сиёҳ», ангури «Ҳусайнӣ» ва як намуди олуча ба роҳ монда мешавад.
Иқлим ва таркиби заминҳои мавзеи «Сексарӣ» барои равнақ додани соҳаи кишоварзӣ мувофиқ мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи самараноки замин, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, бастабандии маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ, содироти он ва саҳм гузоштан дар яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ ба кишоварзону боғдорон маслиҳатҳои муфид дода, ин мавзеи зебоманзарро «Зарнисор» номгузорӣ карданд.
29 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар идомаи тантанаҳои ҷашни Наврӯз, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд.
Намояндагони илму фарҳангу адаб ва зиёиёни вилояти Суғд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимият ва рӯҳияи наврӯзӣ пазироӣ намуданд.
Шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ободиву ҷилои тоза, сарсабзию шукуфтанҳо аз файзи соҳибистиқлолии кишвар ба ифтихори Наврузи ҷаҳонӣ ва ташрифи Пешвои миллат қабои идона ба бар карда буд. Сокинони вилоят бо шодиву нишот ба кӯчаҳо баромада, Президенти маҳбуби худро истиқбол намуданд.
Боиси қайд аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ҷаҳду талоши бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ободу зебо ва шароити зиндагии сокинон беҳтар гардид. Сокинони вилоят ба саҳми беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор кардани сулҳу субот дар кишвар, сарҷамъ намудани халқи тоҷик арҷ мегузоранд. Истиқболи самимии сокинони вилоят аз ҷонибдории комили сиёсати созандагии Пешвои миллат дарак медод.
29 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба фаъолияти қитъаи нави иншооти истеҳсоли орд дар заминаи ҶДММ «Анҳор» оғози расмӣ бахшиданд.
Ба муносибати ба фаъолият пардохтани корхона дар даромадгоҳи ҶДММ «Анҳор» намоиши маҳсулоти саноатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки асосан аз маҳсулоти нонӣ, коркарду бастабандии меваҳои хушк ва шарбату дигар номгӯйи маҳсулот иборат буд, ташкил карда шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоишгоҳ ба иқтидори саноатии вилоят ва рағбати соҳибкорони маҳаллӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бобати истеҳсоли ҳар чӣ бештари маҳсулоти воридотивазкунанда ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Мавриди зикр аст, ки қитъаи нави иншооти истеҳсоли орд дар заминаи ҶДММ «Анҳор» бо ташаббуси соҳибкор Зикруллохоҷа Самандаров мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Маблағи фондҳои асосӣ 25,8 млн. сомонӣ, аз ҷумла 13 млн. сомонӣ сармояи корхонаи номбурда, 12,8 миллион сомонӣ сармояи ширкати «АЗК ЕСЕНТАЙ»-и Ҷумҳурии Қазоқистон мебошад.
Зимни шиносоӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хабар доданд, ки иқтидори истеҳсолии корхонаи зикршуда 380 тонна коркарди гандум дар як шабонарӯз мебошад. Дар қитъаи нави иншооти истеҳсоли орд 25 нафар ба кор фаро гирифта шудаанд. Бинои корхонаи нав аз 6 ошёна иборат буда, калонтарин иншооти истеҳсолкунандаи орд дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Айни замон дар корхона зиёда аз 20 ҳазор тонна гандум захира гардидааст.
ҶДММ «Анҳор» соли 2011 ба фаъолият оғоз кардааст ва таъиноти аслиаш истеҳсоли орд мебошад. Корхона дар як шабонарӯз танҳо 120 тонна гандумро коркард менамуд ва бо тамғаҳои «Зарзамин», «Беҳтарин» ва «Махсус» ба харидорон пешниҳод мешуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар корхона соли 2017 — ум 30 ҳазор тоннаро ташкил дод. Маблағи умумии маҳсулоти истеҳсолшуда дар ҳамин давра ба 75,7 млн. сомонӣ баробар шуд. Баъди ба фаъолият оғоз кардани қитъаи нави иншооти истеҳсоли орд иқтидори умумии корхона дар як шабонарӯз то 500 тонна пешбинӣ гардидааст. Теъдоди коргарон, ки 62 нафарро ташкил медод, акнун ба 100 нафар наздик мешавад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки соҳибкор дар оянда нақша дорад дар заминаи корхона коргоҳи истеҳсоли макаронро ба роҳ монад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи марҳилаи дуюми қитъаи истеҳсоли орд дар заминаи ҶДММ «Анҳор» ташаббуси соҳибкори маҳаллиро барои бо маҳсулоти худӣ таъмин кардани аҳолӣ муассир арзёбӣ карданд.
29 марти соли 2018 дар маркази вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи нек дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз ба 150 нафар ятими кулл туҳфаҳои идона тақдим намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наврасони ятимро, ки аз 15 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд буданд, бо фарорасии ҷашни зебои эҳёи табиат — Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломатӣ, хониши хубу аъло ва одоби ҳамида орзу карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки таваҷҷуҳи Давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, бахусус, ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд, сол то сол зиёд гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, кору фаъолият ва зиндагии мустақилонаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Марҳила ба марҳила таҳким бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои ятимону бепарасторон имкон дод, ки сифати нигоҳубин ва таълиму тарбия дар онҳо беҳтар гардида, кӯдакону наврасони бо амри тақдир бесаробонмонда таҳти ғамхории Давлату Ҳукумати мамлакат қарор дода шаванд ва дар оянда ҳамчун шахсони фаъолу комилҳуқуқи ҷомеа ба камол расанд.
Боиси хурсандӣ аст, ки дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Сарвари давлат ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону тоҷирон ва шахсони саховатпеша низ ба ятимону кӯдакони бепарастор ғамхорӣ зоҳир карда, дар арафаи иду ҷашнҳо ба онҳо дасти хайру сахо дароз менамоянд.
29 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо бардоштани парда аз болои лавҳа ба фаъолияти Маҷмааи меҳмонхонаи байналмилалии «Парламент» расман оғоз бахшиданд.
Меҳмонхонаи замонавӣ аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар мавзеи хушманзараи шаҳр — кӯчаи Сирдарё, дар соҳили дарё бо тарҳи зебою замонавӣ дар як гектар замин қомат афрохтааст.
Тавре иттилоъ дода шуд, ифтитоҳи ин иншооти замонавӣ дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати Тоҷикистон, хусусан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи туризм ва фароҳамсозии имконоти васеи истироҳату фароғат барои меҳмонони ин шаҳри зебои кишвар мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити меҳмонхона ба сифати корҳои сохтмонию бунёдии он баҳои баланд доданд. Лоиҳаи меҳмонхона аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шаҳрофар» таҳия шудааст ва паймонкори он кооперативи тиҷоратии «Пирӯз» мебошад. «Парламент» дорои 29 ҳуҷра, аз ҷумла, 6 ҳуҷраи дараҷаи ниҳоят олӣ (делюкс), 15 ҳуҷраи олӣ (люкс) ва 8 ҳуҷраи стандартӣ бо 160 ҷой мебошад. Он аз ҷониби соҳибкори ватанӣ бо ҷалби сармояи Тоҷикистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Қирғизистон дар 5 сол бунёд шудааст. Дар ҷараёни сохтмони он то 250 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд.
Дар ошёнаи якуми меҳмонхона нуқтаи савдо ва хизматрасоӣ, тарабхона ҷойгир буда, дар таҳхонаи он ошхона ва ҳаммом бунёд ёфтааст. Таъкид гардид, ки дар марҳалаи аввали кор дар он 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд.
Меҳмонхона, ки бо меъёрҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст, дорои толори фитнес ва саққобозӣ низ мебошад, ки мизоҷон метавонанд, аз шароити варзишии он ба таври васеъ истифода баранд. Дар мағозаи ҷавоҳирот ва туҳфаҳои гуногун, ки дар он ҷойгир аст, ашёҳои гуногун бо рамзу нигоришҳои инъикоскунандаи фарҳангу арзишҳои миллӣ пешниҳоди меҳмонону сайёҳон карда мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити меҳмонхона дар шафати он майдончаи варзиширо барои наздик ба 70 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор доданд. Дар он, ки бо меъёрҳои ҷаҳонӣ сохта шудааст, шароити хуби баргузории бозиҳои гуногун, аз ҷумла футбол, волейбол, баскетбол, бадминтон ва теннис муҳайё мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи он барои ҷалби ҳар чӣ бештари ҷавонону наврасон ба машқу тамрин ва солимгардонӣ ба масъулин дастур доданд. Дар қабати иншооти варзишӣ, ҳамчунин майдончаи хурди футбол барои наврасони то синни 12 — сола бунёд гардидааст.
Ифтитоҳи Маҷмааи меҳмонхонаи байналмилалии «Парламент»-ро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои мардуми Тоҷикистон, хоса сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд, туҳфаи арзанда арзёбӣ намуда, сохта ба истифода додани онро барои ҷалби ҳар чӣ бештари таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистони дорои табиати зебою имконоти зиёди туристӣ муҳим маънидод намуданд.
29 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, ба фаъолияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев ошно гардиданд.
Он ба фаъолияти кишоварзӣ ва чорводорӣ машғул буда, аз калонтарин муассисаҳои кишоварзии ноҳия ба шумор меравад.
Аҳли заҳмат ба муносибати ташрифи Пешвои миллат намоиши маҳсули дастранҷи худро доир намуданд, ки аз анвои гуногуни маҳсулоти соҳа иборат буд.
Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев асосан ба парвариши пахта машғул аст. Ҳамчунин, дар заминҳои корами он ғалладона ва сабзавот низ кишт карда мешавад. ҷамъият дар масоҳати 603,55 гектар боғ бунёд намудааст, ки нашъунамои хуб дорад.
Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев 2245 саҳмдор ва дар ихтиёр 17217, 54 гектар замин дорад. Дар он 659 нафар доимӣ кору фаъолият мекунанд. Ҳамчунин, ҷамъият ба зотпарварии чорвои калони шохдор машғул аст. Айни замон саршумори чорвои он ба 550 адад мерасад.
Ҳамон рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бригадаи рақами 7 — и ҷамъияти ба кишти пахта бо усули зерипардагӣ оғоз бахшиданд.
Тавре маълум шуд, имсол танҳо дар ҳамин бригада дар 75 гектар замин кишти пахта гузаронида мешавад, ки 46 гектари онро кишти пахтаи зерипардагӣ дар бар хоҳад гирифт. Ба иттилои масъулин, кишт бо усули зерипардагӣ аз лиҳози ҳосилнокӣ бартарияти зиёд дорад ва имконият медиҳад, ки пахта қабл аз муҳлати муқаррарӣ барои чидан омода гардад. Ҳамчунин, ин усул ба сарфакорона истифода бурдани замин низ мусоидат хоҳад кард.
Бригадаи рақами 7 — и ҷамъият ғайр аз пахта боз дар масоҳати 2 гектар картошка, 1 гектар сабзавот ва 19 гектари дигар зардолу парвариш мекунад ва ҳар сол аз ин ҳисоб даромади зиёд ба даст меорад.
Аснои суҳбат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи самараноки замин, рӯёнидани ҳосили дилхоҳ ба деҳқонон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Шоми рӯзи 29 март дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои ободонию созандагӣ дар осоишгоҳи «Баҳористон» шинос шуда, ду иншоот — меҳмонхонаҳои наву муосири бо тарҳи замонавӣ бунёдшударо ифтитоҳ бахшиданд.
Пеш аз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бино ба Сарвари давлат навъҳои маҳсулоти ғизоии дар осоишгоҳ истеҳсолшавандаро муаррифӣ карданд.
Тавре маълум гардид, барои ба истироҳаткунандагон пешкаш кардани ғизои солим ва босифату хуштаъми табиӣ дар хоҷагии ёрирасон ва коргоҳҳои он маҳсулоти ширӣ, қаннодӣ, нонӣ, консерваю афшураҳо ва шириниҳо тайёр карда мешавад.
Баъди шиносоӣ бо номгӯйи хӯрокҳои ошхонаҳои осоишгоҳ Президенти мамлакат меҳмонхонаи сеошёнаро бо 70 ҷойи хоб ва дигар шароити муосири истироҳату табобат ба истифода доданд.
Масоҳати умумии меҳмонхона 2446 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Мавриди зикр аст, ки бинои наву хуштарҳ дар 4 моҳ бо сарфи беш аз 6 миллион сомонӣ маблағи даромади софи осоишгоҳ бунёд шудааст. Дар меҳмонхона 30 нафар бо кор таъмин гардиданд.
Роҳбарияти осоишгоҳи «Баҳористон» бо завқи баланди зебоипарастӣ, бо интихоби мизу роҳаткурсиҳо, рахти хоб, таъмини таҷҳизоти муосири техникӣ, нақшу нигори миллӣ меҳмонхонаро ба ҷойи муносиб барои истироҳату фароғат табдил додаанд.
Тавре роҳбарияти осоишгоҳ иттилоъ доданд, соли 2017 ҳамагӣ 750 сайёҳи хориҷӣ меҳмони осоишгоҳ шуданд. Имсол танҳо дар семоҳаи аввал беш аз 2500 нафар барои истироҳату табобат ин ҷойро интихоб кардаанд.
Баъди шиносоӣ бо шароити қабули мизоҷон дар меҳмонхонаи якум Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ истироҳаткунандагон — шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон суҳбати самимии сарироҳӣ доир карданд.
Меҳмонон аз шароити беҳтарини истироҳат, хизматрасонию меҳмоннавозии кормандони осоишгоҳи «Баҳористон» ва табиати зебои он изҳори қаноатмандӣ ва аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори хушҳолӣ намуданд.
Варзишгарони дастаҳои футболи наврасону ҷавонони Ҷумҳурии Қазоқистон низ, ки соли панҷум аст барои машқу тамрин маҳз осоишгоҳи «Баҳористон»-ро интихоб мекунанд, аз шароити майдончаҳои футбол ва дигар иншооти варзишӣ ибрози қаноатмандӣ карданд.
Масофаи умумии роҳравҳои осоишгоҳ, ки 33 километрро ташкил медиҳанд ва пурра чароғон карда шудаанд, барои сайругашт ва истироҳат бисёр диққатҷалбкунанда мебошанд.
Худи ҳамон рӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар осоишгоҳ иншооти дигар — меҳмонсаройи чӯбини бо тарҳи нодир бунёдшударо ба истифода доданд. Он аз 2 ошёна, утоқҳои гуногун, аз ҷумла ошхона, меҳмонхона, ҷойи хоб ва дигар ҳуҷраҳои истироҳатӣ иборат мебошад. Маблағи умумии сохтмони бино, ки 750 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, пурра аз ҳисоби маблағҳои даромади софи осоишгоҳ сарф шудааст.
Кормандони осоишгоҳ давоми сол ҳамчунин аз ҳисоби даромади соф дигар корҳои ободонӣ — чароғонкунии ҳудуди осоишгоҳ, шинонидани гулу буттаҳо, дарахтони ороиширо анҷом ва ин мавзеъро ба баҳористони ҳақиқӣ табдил додаанд.
Ёдовар мешавем, ки осоишгоҳи «Баҳористон» соли 2011 бо дастури бевоситаи Сарвари давлат бунёд шуда, аз 6 бино иборат буда, барои қабули беш аз 800 нафар мизоҷ пешбинӣ гардидааст. Дар он 400 нафар бо маоши миёнаи 1000 сомонӣ ба мардум хизмат мерасонанд. Кормандон бо як вақт хӯроки гарму нақлиёти хизматӣ низ таъмин ҳастанд.
Баъди шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои ободонӣ баҳои арзанда дода, роҳбарияти осоишгоҳро ба идомаи тадбирҳои нек ҳидоят карданд.
www.president.tj