27 ноябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба Туркманистон сафар карданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Сарвари давлатро дар сафар вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ карданд.
27 ноябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Ашқободи Туркманистон шуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Ашқобод меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов самимона пазироӣ карданд.
Сарвари кишвари мизбон баъди истиқболи гарм Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд.
Дар маросими истиқболи меҳмони олимақом сурудҳои миллии ҳар ду кишвар садо доданд.
Дар шаҳри Ашқобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов мулоқот карданд.
Дар вохӯрӣ ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон, ҳамчунин, дигар масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз даъват ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва пазироии самимӣ изҳори сипос карда, таъкид намуданд, ки тавофуқоти дар ҷараёни гуфтушунидҳои дуҷониба ҳосилшуда, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории кишварҳо хизмат хоҳанд кард.
Ҷонибҳо зимни вохӯрии самимӣ масъалаи рушду густариши робитаҳо дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёту интиқоли бор ва мусофиркашонӣ, истифодаи бандарҳои обии Туркманистон барои боркашонии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки фаъолияти босамари Комиссияи байниҳукматии Тоҷикистону Туркманистон метавонад ба татбиқи амалии ҳадафҳо мусоидат намояд.
Инчунин, масъалаҳои рушди муносибатҳо дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва тандурустӣ низ баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо зимни баррасии масоили робитаҳои минтақавӣ оид ба авзои кунунии ҷаҳон, ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони Милали Муттаҳид ва дастгирии ташаббусҳои глобалии якдигар дар арсаи байналмилалӣ табодули андеша карданд.
Дар шаҳри Ашқобод, инчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ мулоқот карданд.
Дар он ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Покистон, ҳамчунин, дигар масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ба густариши пайвастаи муносибатҳои ҳамкорӣ бо кишвари дӯсти Покистон таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд.
Ҷонибҳо оид ба рушду густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, афзоиши бештари додугирифт ва интиқоли молу маҳсулот изҳори ҳавасмандӣ карда, барои расидан ба ин ҳадаф тақвияти фаъолияти Комиссияи муштарак оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро зарур донистанд.
Пешниҳод гардид, ки баргузории ҷаласаҳои Шӯрои муштараки соҳибкорони ҳар ду кишвар, ҳамчунин, гурӯҳҳои кории муштарак оид ба нафту газ, масъалаҳои энергетика ва зерсохтор таҳти пайгирии доимии ҳукуматҳои кишварҳо қарор гиранд.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои саноат, энергетика, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва нақлиёт низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Татбиқи лоиҳаи «САSA-1000» дар самти рушди ҳамкории энергетикӣ ва ташаккули долонҳои транзитиву нақлиётӣ аз Тоҷикистон то бандарҳои баҳрии Покистон — Қарочӣ ва Гвадар ҷиҳати тавсеа бахшидани муносибатҳо дар соҳаи нақлиёт, ҳамчун омилҳои муҳими таҳкими робитаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд арзёбӣ гардид.
Сарони кишварҳо барои таъмини амният дар минтақа оид ба муборизаи муштарак алайҳи таҳдидҳои глобалӣ — терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ табодули андеша карданд. Вобаста ба ҳалли қазияи Афғонистон таъкид гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз роҳандозии ҳама гуна тарҳҳо, ки барои эҳёи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини амнияти Афғонистон заруранд, истиқбол мекунад.
28 ноябри соли 2021 дар шаҳри Ашқобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот карданд.
Дар он маҷмӯи масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон, мавзӯъҳои робитаҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат бо итминон изҳор доштанд, ки татбиқи мувофиқаҳои зимни музокирот ҳосилшуда ба рушду тавсеаи равобити дуҷонибаи кишварҳо такони ҷиддӣ хоҳанд бахшид.
Ҷонибҳо зимни баррасии масоили таҳкиму тавсеаи ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар арсаҳои саноату кишоварзӣ, энергетика ва маъдан, дорусозӣ, масолеҳи сохтмониро ба манфиати ҳар ду кишвар арзёбӣ карданд.
Тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои бунёди саддҳо, неругоҳҳо, пул ва нақбҳо, роҳҳои оҳан ва мошингард аз имкониятҳои дигари робитаҳои судовар номида шуд.
Нақши Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ дар таҳкими робитаҳои гуногунҷанбаи ҳар ду кишвар муҳим арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо дар соҳаи нақлиёт пайваст будани шабакаҳои нақлиётии ҳар ду кишвар, аз ҷумла роҳҳои заминӣ ва оҳанро ба бандарҳои обии Эрон зарур шумурданд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, ҳолат ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар чаҳорчӯбаи ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ, баррасӣ гардид.
28 ноябри соли 2021 дар шаҳри Ашқобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот карданд.
Дар он ҳолати кунунии муносибатҳои дӯстию ҳамкории ҳар ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бори дигар самимона табрик гуфтанд.
Таъкид гардид, ки алҳол муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳама самт бомуваффақият инкишоф меёбад ва Тоҷикистон сатҳи бадастомадаи ҳамкориро бо Ӯзбекистон қадр мекунад.
Зимни суҳбат масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ гардида, дурнамои таҳкими минбаъдаи онҳо дар рӯҳияи анъанаҳои бисёрасраи созандаи робитаҳои неки ҳамҷавории мардуми ҳар ду кишвар баррасӣ шуданд.
Аз ҷараёни рушди пайвастаи ҳаҷми гардиши мол байни кишварҳо қаноатмандӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки барои боз ҳам боло бурдани ин нишондод истифодаи имкониятҳо, аз ҷумла рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаи ояндадори таъсиси Ширкати сармоягузориии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, зарур аст.
Барои тавсеаи ҳар чӣ бештари муносибатҳои ҳамкорӣ дар соҳаи саноат, нақлиёти роҳи оҳан, робитаҳои байниминтақавӣ, рақамикунонии иқтисодиёти кишварҳо ва густариши ҳамкории доираҳои илмию фарҳангӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Сарони давлатҳо зимни суҳбати самимӣ ва созанда, ҳамчунин, оид ба масъалаҳои алоҳидаи мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.
Вобаста ба вазъи Афғонистони ҳамсоя Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон омода аст, бо фароҳам овардани имконоти логистикӣ барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми азияткашидаи Афғонистон мусоидат намояд.
Инчунин, дар шаҳри Ашқободи Туркманистон 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид.
Дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Туркия Реҷеп Тайиб Эрдоган, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ, Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Аскар Мамин ва Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Нозирӣ Хусрав иштирок карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедовро барои анҷоми муваффақонаи раисиаш дар Созмони ҳамкории иқтисодӣ табрик гуфта, барои ташкили сатҳи баланди нишаст миннатдорӣ намуд.
Сарвари давлат оид ба буҳрони шадиди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва молиявии ҷаҳонии дар натиҷаи бемории COVID-19 баамаломада, андешаронӣ карда, изҳори умед намуд, ки натиҷаҳои Саммит ба истифодаи беш аз пеши неруи СҲИ ҷиҳати рафъи оқибатҳои пандемия ва таъмини рушди устувор дар минтақаи он мусоидат хоҳад кард.
Бо таҳлили вазъи ҳамкории тиҷоратӣ байни кишварҳои аъзои СҲИ ҳамчун омили рушди босуръати иқтисоди минтақавӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки тиҷорат дар миёни кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ҳашт фоизи ҳаҷми умумии савдои онҳоро ташкил медиҳад ва ин рақам баёнгари истифодаи нокифояи имкониятҳои тиҷоратӣ дар байни давлатҳо мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тавсеа бахшидан ба ҳамкории тиҷоратӣ дар чорчӯбаи СҲИ пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати бартараф кардани маҳдудиятҳои карантинии нақлиётиву транзитии бинобар бемории COVID-19 ҷоригардида, ҳамчунин, баҳри монеаҳои тиҷоратии тарифӣ ва ғайритарифӣ иқдомоти мушаххас анҷом дода шаванд.
Президенти мамлакат, ҳамчунин, сатҳи ҳамкории кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодиро дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, саноат, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти озуқаворӣ таҳлил намуда, густариши робитаҳо ва татбиқи барномаву лоиҳаҳои муҳимро барои таъмини рушди устувор дар минтақа зарур шумурданд.
Таъкид гардид, ки кишварҳои аъзои СҲИ аз захираҳои зиёди меҳнатӣ ва табиӣ, инчунин, имконоти бузурги энергетикӣ ва нақлиётиву коммуникатсионӣ бархӯрдоранд. Ба андешаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истифодаи муштарак ва самараноки ин иқтидорҳо метавонад ба нафъи афзоиши беҳбудӣ ва шукуфоӣ, таъмини шароити мусоиди тиҷорати байниҳамдигарӣ, ҳаракати озоди одамон ва боркашонии нақлиётиву транзитӣ, ҳамчунин, таҳкими сулҳу субот ва амният дар минтақа хидмат намояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таъсиси Бозори минтақавии энергетикӣ ҷонибдорӣ карда, татбиқи лоиҳаи сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқи «CASA-1000», ки нахустин пули энергетикӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ хоҳад буд, иқдоми саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед карданд, ки фаъолияти Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба рафъи мушкилоти мавҷуда ва мусоидат ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои аъзо нигаронда мешавад.
Бо дарназардошти вазъияте, ки дар пасманзари пандемия ба вуқӯъ пайвастааст, Президенти мамлакат, ҳамчунин, таъсиси абзори ҳамкории минтақавии мубориза бар зидди бемориҳои сироятӣ, алалхусус бо COVID-19-ро ба мақсад мувофиқ шумурданд.
Зимни баррасии масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи СҲИ пешниҳод карданд, ки ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиши таҳдидҳои офатҳои табиӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардад.
Изҳори умед карда шуд, ки пешниҳодҳои Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва мушаххас сохтани санаи «Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо», инчунин, таъсиси «Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» аз ҷониби шарикони СҲИ ҷонибдорӣ хоҳанд ёфт.
Дар робита ба тақвияти ҳамкории кишварҳои аъзои СҲИ дар соҳаи сайёҳӣ таъкид шуд, ки шаҳри Душанбе пойтахти сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ барои солҳои 2020 — 2021 эълон гардидааст ва дар идомаи тадбирҳо ҷиҳати рушди бахши сайёҳӣ моҳи августи соли равон дар Тоҷикистон Фестивали байналмилалии «Душанбе — пойтахти сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ» ва Форуми байналмилалӣ оид ба рушди агротуризм баргузор гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон азм дорад, минбаъд низ дар фаъолияти СҲИ дар шаш самти афзалиятнок, ки дар санади бунёдии «Дурнамои Созмони ҳамкории иқтисодӣ — 2025» дарҷ гардидаанд, ширкат дошта бошад.
Ҳамчунин, Пешвои миллат таъкид карданд, ки Тоҷикистон ҳамеша аз таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар СҲИ ба манфиати мардум ҷонибдорӣ мекард ва мекунад.
Дар фарҷом Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар раёсати сермаҳсули Туркманистон дар Саммити Созмони ҳамкории иқтисодиро қайд карда, ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар давраи раисӣ дар СҲИ барори кор орзу намуданд.
Дар охир аз рӯйи натиҷаи кори 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ «Консенсуси Ашқобод оид ба амалҳо» қабул гардид.
Ҳамчунин, дар шаҳри Ашқобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган мулоқот карданд.
Дар он маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Туркия, вазъи ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкону дидору мулоқот изҳори хушнудӣ карда, таъкид доштанд, ки Туркия шарики муҳими Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ буда, хушбахтона, ҳоло муносибатҳои ҳамкорӣ миёни кишварҳо раванди устувор касб намудааст.
Ҷонибҳо зимни мулоқоти самимӣ масъалаҳои таҳкиму тавсеаи робитаҳои ҳар ду кишварро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту боркашонӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ карданд.
Давоми панҷ соли охир гардиши мол байни Тоҷикистону Туркия бештар аз ду миллиард доллари амрикоиро ташкил дод. Таъкид гардид, ки барои боз ҳам боло бурдани ин нишондод имкониятҳои мавҷуда, аз қабили татбиқи муштараки тарҳҳои сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон, фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва форумҳои соҳибкорони Тоҷикистон Туркия, ба таври самаранок истифода карда шавад.
Аз мусоидати Агентии Туркия оид ба ҳамкории байналмилалӣ (ТИКА) дар рушди бахшҳои калидии соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон қаноатмандӣ изҳор карда шуд.
Зимни баррасии масоили муносибати кишварҳо дар соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг ҷонибҳо ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, табодули донишҷӯёну муаллимон ва баргузории рӯзҳои фарҳангиро дар қаламрави ҳамдигар омили муҳими таҳкими муносибатҳои дӯстии мардуми ҳар ду кишвар арзёбӣ намуданд. Ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ яке аз самтҳои ояндадори робитаҳои дуҷониба номида шуд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, атрофи раванди нигаронкунандаи паҳншавии пандемияи COVID-19 дар сатҳи ҷаҳонӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.
Масъалаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи амниятӣ ва муборизаи муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои глобалӣ, аз қабили мубориза бо зуҳуроти терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор дошт.
Дар рафти суҳбат, ҳамчунин, дигар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид.
Дар шаҳри Ашқобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, дар доираи 15-умин Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот карданд.
Зимни он вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ҳар ду кишвар, инчунин, дигар масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонии мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат таъкид карданд, ки Тоҷикистон ба рушди ҳамкории байнидавлатӣ бо Озарбойҷон аҳамияти хоса медиҳад ва аз сатҳи ҳозираи муколамаи сиёсӣ қаноатманд аст.
Ҷонибҳо оид ба ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ мубодилаи афкор намуда, барои густариш ва тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ байни кишварҳо дар бахшҳои саноат, нақлиёт, коммуникатсия, боркашонӣ ва дигар бахшҳои судманд, ҳавасмандӣ ва омодагиро таъкид карданд. Дар ин зимн фаъол гардонидани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ — иқтисодӣ ва татбиқи пурсамару саривақтии санадҳои баимзорасидаи ҳамкорӣ зарур шумурда шуд.
Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг пешниҳод гардид, ки соли 2022 Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон баргузор карда шавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон мусоид бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.
www.president.tj